Ояти Анфол
Ин мақола дар бораи ояти Анфол аст. Барои ошноӣ бо сурае бо ҳамин ном, сураи Анфолро бубинед.
Ояти Анфол (арабӣ: آية الأنفال) ба моликияти Худо ва Расулаш бар ҳамаи амволи бидуни молик, аз чумла ғаниматҳои чангӣ ишора мекунад. Аллома Таботабоӣ ва Макорими Шерозӣ, яке аз муфассирони шиа, ғаниматҳои ҷангиро яке аз намунаҳои анфол донистаанд, аммо Мулло Фаттҳуллоҳи Кошонӣ онро ягона намунаи анфол медонад.
Назари машҳури муфассирони шиа дар бораи моҷарои нозил шудани ояти Анфол ин аст, ки гурӯҳе аз муҳоҷирин ва ансор баъд аз пирӯзӣ дар ҷанги Бадр ба хотири дарёфти ғаниматҳои ҷангӣ ихтилоф карданд ва барои ҳалли ихтилоф ба назди Пайғамбар (с) рафтанд, ояти зикршуда дар посух ба саволи онҳо дар ин бора нозил шуд.
Чанде аз муфассири мусалмон, аз ҷумла Муҷоҳид ибни Ҷабр, эътиқод доштаанд бо нозил шудани ояти Хумс ояти Анфол насх шудааст, аммо бисёре аз муфассирони шиа ва суннӣ бо иддаои насхи мазкур мухолифат кардаанд; зеро эътиқод доранд, ки ин насх далеле надорад ва ду ояти зикршуда таноқуз ва тазодде бо якдигар надоранд.
Матн ва тарҷумаи оят
Аввалин ояти сураи Анфолро ояти Анфол номидаанд.[1]
“ | "Аз ту дар бораи анфол мепурсанд; бигӯ: «Анфол махсуси Худо ва Пайғамбар аст; пас, аз (мухолифати фармони) Худо бипарҳезед ва хусуматҳоеро, ки байни шумост оштӣ диҳед! Ва Худову Пайғамбарашро итоат кунед, агар имон доред! |
” |
Шаъни нузул
Дар тафсирҳои шиа дар бораи ин ки ояти Анфол дар чӣ шароите нозил шуда ва шаъни нузули он чист, ду дидгоҳ вуҷуд дорад; бештари тафосирҳо шаъни нузули оятро ихтилофи баъзе мусулмонон бар сари дастёбӣ ба саҳми бештар донистаанд ва тафсирҳои андаке низ ба тамоюли иддае аз муҳоҷирон барои напардохтани хумси амволи худ ишора кардаанд:
- Бинобар тафсири Маҷмаъ-ул-баён, навиштаи Фазл ибни Ҳасани Табарсӣ, ат-Тибён, таълифи Шайхи Тусӣ, тафсири Минҳоҷ-ус-содиқин, асари Мулло Фатҳуллоҳи Кошонӣ ва Тафсири Намуна, навиштаи Макорими Шерозӣ, ояти мазкур дар бораи ғаниматҳои ҷанги Бадр аст ва пас аз он нозил шуд, ки гурӯҳе аз мусулмонони муҳоҷир ва ансор, барои дастёбӣ ба ғаниматҳо дучори ихтилоф шуданд ва ҳар кадом дар пайи гирифтани саҳми бештаре буданд ва барои ҳалли масъала ба назди Пайғамбар (с) рафтанд.[2]
- Бинобар шаъни нузуле, ки танҳо дар ду китоби Маҷмаъ-ул-баёни Табарсӣ ва ат-Тибёни Шайх Тусӣ оварда шудааст, ояти Анфол баъд аз он нозил шуд, ки иддае аз муҳоҷирон қасд доштанд хумси амволи худро напардозанд.[3]
Мафҳуми анфол
Аллома Таботабоӣ ва Макорими Шерозӣ, аз муфассирони шиа, муътақиданд, ки анфол, шомили ҳамаи амволе мешавад, ки молики хусусӣ надорад ва соҳиби онҳо Худованд, Пайғамбар ва ҷонишинонаш ҳастанд.[4] Бар ин асос, ғаноими ҷангӣ яке аз мисдоқҳои анфол маҳсуб мешавад.[5]
Мулло Фатҳуллоҳи Кошонӣ, муфассири шиаи қарни даҳуми ҳиҷрӣ, ки дар даврони ҳукумати Сафавия мезист, дар тафсири Минҳоҷ-ус-содиқин анфол ва нафлро ба маънои ғаниматҳои ҷангӣ дониста ва ғаниматҳои мазкурро ҳадяи Худо ба муҷоҳидон талаққӣ кардааст.[6]
Анфол дар луғат, ҷамъи нафл ба маънои зиёда бар чизе аст; аз ин рӯ, ба ҳар чизе ки зиёда бар асли худ бошад, нафл ё нофила гуфта мешавад, масалан ба намозҳое, ки қабл ё баъд аз намозҳои фарз хонда мешавад, ба далели ин ки изофа бар фаризаҳо ҳастанд, нофила гуфта мешавад.[7]
Насх ё адами насх ба василаи ояти Хумс
Бар асоси он чи Шайхи Тусӣ дар тафсири Тибён гузориш кардааст, қисмате аз муфассирони аҳли суннат; аз ҷумла Муҷоҳид ибни Ҷабр (21 - 104ҳ.қ.) аз шогирдони Ибни Аббос дар тафсири Қуръон ва Абуалӣ Ҷуббоӣ (235 - 303ҳ.қ.), мутакаллими мӯътазилӣ, бар он будаанд, ки ояти аввали сураи Анфол, бо ояти Хумс насх шудааст.[8] Бо ин ҳол, дигар муфассирони шиа ва суннӣ аз пазириши ҳукми насх дар бораи ояти Анфол худдорӣ кардаанд.[9]
Шайхи Тусӣ насхи ояти Анфолро қабул накардааст; чароки муътақид аст, пазируфтани насх ниёзманди далел аст ва илова бар он, байни ояти Анфол ва ояти Хумс ҳам танофӣ ва тазодде вуҷуд надорад, ки лозим бошад дувумиро мансух пиндорем.[10] Муфассироне монанди Фазл ибни Ҳасани Табарсӣ, Носир Макорими Шерозӣ ва Сайид Муҳаммадҳусайни Таботабоӣ низ танофие байни ду оятро напазируфтаанд.[11]
Аллома Таботабоӣ муътақид аст, ки ояти 41 сураи Анфол, ки ба ояти Хумс машҳур шудааст, табйин ва тафсири ояти аввали сураи Анфол аст; чаро ки дар ояти аввал, ибҳом дар бораи моликияти анфол ҳал шудааст: ба ин сурат, ки ҳеҷ касе молики анфол нест ва анфол, ки ғаниматҳои ҷангӣ яке аз мавориди он аст, мутааллиқ ба Худованд ва Расулаш дониста шудааст, аммо дар ояти 41, дар миқдори аз паннҷ чор ҳиссаи ғаниматҳо иҷозати тасарруф ба мусулмонон дода шуда ва аз панҷ як ҳиссаи он низ ба Худо ва Расулаш махсус гардонда шудааст.[12] Ба назари Таботабоӣ, бо чунин тафсире ҳеҷ тазодду ибҳоме дар бораи мазмуни ин ду оят ба вуҷуд намеояд, то эътиқод ба насх лозим шавад.[13] Баъзе низ муътақиданд, тамоми ин амвол дар ихтиёри ҳокими исломӣ аст ва ӯ аз панҷ чор ҳиссаи ин ғаноимро ба ҷангҷӯён медиҳад.[14]
Эзоҳ
- ↑ Имом Хумайнӣ, Китоб-ул-байъ, 1379ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.22.
- ↑ Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.796; Шайхи Тусӣ, ат-Тибён, Бейрут, ҷ.5, саҳ.72; Қумии Кошонӣ, Минҳоҷ-ус-содиқин, 1330ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.167; Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.80.
- ↑ Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.797; Тусӣ, ат-Тибён, Бейрут, ҷ.5, саҳ.72.
- ↑ Аллома Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.6; Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.81.
- ↑ Аллома Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.6; Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.81.
- ↑ Қумии Кошонӣ, Минҳоҷ-ус-содиқин, 1330ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.167.
- ↑ Шайхи Тусӣ, ат-Тибён, Бейрут, ҷ.5, саҳ.73; Аллома Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.5; Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.81.
- ↑ Шайхи Тусӣ, ат-Тибён, Бейрут, ҷ.5, саҳ.73 - 74.
- ↑ Шайхи Тусӣ, ат-Тибён, Бейрут, ҷ.5, саҳ.74.
- ↑ Шайхи Тусӣ, ат-Тибён, Бейрут, ҷ.5, саҳ.74.
- ↑ Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.798; Тусӣ, ат-Тибён, Бейрут, ҷ.5, саҳ.73 - 74; Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.81 - 82, Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.9 - 10.
- ↑ Аллома Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.9 - 10.
- ↑ Аллома Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.9 - 10.
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.83.
Сарчашма
- Аллома Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Қум, дафтари интишороти исломии ҷомеъаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, 1417ҳ.қ.
- Имом Хумайнӣ, Рӯҳуллоҳ, Китоб-ул-байъ, Теҳрон, маркази нашри осори имом Хумайнӣ, 1379ҳ.ш.
- Қумии Кошонӣ, Мулло Фатҳуллоҳ, Минҳоҷ-ус-содиқин фи илзом-ил-мухолифин, Теҳрон, китобфуршии исломия, 1330ҳ.ш.
- Қуръони Карим, тарҷумаи Макорими Шерозӣ.
- Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири Намуна, Теҳрон, Дорулкутубил-исломия, 1371ҳ.ш.
- Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, Теҳрон, Носир Хисрав, 1372ҳ.ш.
- Шайхи Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ат-Тибёни фи тафсир-ил-Қуръон, тасҳеҳи Аҳмад Ҳабиб Омилӣ, Бейрут, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, бе то.