Jump to content

Ояти Аҳилла

Аз wikishia
Ояти Аҳилла
Маълумот дар бораи оят
Воқеъ дар сураиБақара
Шумораи оят189
Ҷузъ2
Шаъни нузулСавол аз Пайғамбар (с) дар бораи ҳикмати тағйироти ҳилоли моҳ
Макони нузулМадина
МавзуъБаён кардани ҳикмати ҳилоли моҳ, рад кардани хурофоти замони ҷоҳилият
Оёти муртабитОяти 5 сураи Юнус, Ояти 12 сураи Исро


Ояти Аҳилла (форсӣ: آیه اَهِلَّه) ё ояти 189 сураи Бақара, дар посух ба пурсише дар бораи ҳилоли моҳ, фалсафаи вуҷудии онро дар танзими тақвим ва аҳкоми шаръӣ монанди ҳаҷ ва рӯза баён мекунад. Ҳамчунин ин оят дар баробари даъват ба тақво, боварҳои хурофии ҷоҳилият, монанди аз пушти дар ворид шудан ба хонаҳо дар ҳоли эҳромро рад мекунад ва некӯкориро дар парҳезгорӣ муаррифӣ менамояд.

Дар ривоятҳо, ишора ба «ворид шудан аз дар» дар ин оят, рамзе аз таваҷҷӯҳ ба Аҳли Байт (а) ҳамчун роҳи ҳидоят баён шудааст. Дар тафсирҳои фалсафӣ, иҷтимоӣ ва ахлоқии ин оят, иртиботи миёни табиат ва шариат, инчунин аҳамияти усули ахлоқӣ барҷаста шудааст.

Нақши ҳилоли моҳ дар таъйини вақтҳои шаръӣ

Ояти 189-и сураи Бақара, ки ба унвони «Ояти Аҳилла» низ шинохта мешавад,[1] ба мавзуе фиқҳӣ ва иҷтимоӣ ишора мекунад ва посухест ба саволе, ки аз Пайғамбар (с) дар бораи ҳикмати ҳилоли моҳ пурсиданд. Гуфта шудааст, ки фалсафаи вуҷуди ҳилоли моҳ тибқи ин оят, гоҳшуморӣ барои мардум ва таъйини айёми ҳаҷ мебошад.[2]

Ба гуфтаи Аллома Табатабоӣ, ояти аҳилла ҳилоли моҳро абзоре барои танзими умури шаръӣ муаррифӣ мекунад.[3] Фақеҳони шиа дар мавзуъҳои фиқҳии марбут, монанди руъяти ҳилол,[4] таъйини ҳудуди соли қамарӣ,[5] ва моҳ[6] ба ин оят истинод кардаанд. Абдуллоҳ Ҷаводии Омулӣ, аз муфассирони шиа, ин оятро ҳаммазмун бо ояти 5 сураи Юнус ва ояти 12 сураи Исро медонад, ки ба корбурди тағйироти моҳ дар ҳисобу китоби рӯзҳо ишора доранд.[7]

Ояти мазкур, дар идомаи баёни ҳикматҳои тағйири ҳилоли моҳ барои танзими умури шаръӣ, мусалмононро ба дурӣ аз хурофот ва аъмоли беасос ва тақвияти рафторҳои маъқул ва муттакӣ бар тақво даъват мекунад.[8]


Марҷаияти Аҳли Байт (а) дар умури дин

Ояти 189-и сураи Бақара, яке аз 15 ояти Қуръон аст, ки бо ибораи یَسْأَلُونَکَ «Яасъалунака» (Аз ту мепурсанд) оғоз мешавад. Такрори ин таъбир дар Қуръон, далеле бар марҷаияти Пайғамбар (с) барои посух ба саволҳо ва истиқболи ӯ аз ин кор дониста шудааст.[9]

Дар ривоёти шиа, ки нозир ба ин оят ворид шудаанд, гуфта шудааст, ки вуруд ба хонаҳо аз тариқи дарҳояшон дар ин оят, ишора ба Аҳли Байт (а) дорад. Али ибни Иброҳими Қумӣ, муҳаддис ва муфассири шиа дар қарни севуми ҳиҷрӣ, бо ишора ба ҳадиси Мадинат-ул-илм, мақсуди оят аз дарро Ҳазрати Алӣ (а) медонад.[10] Муҳаммад ибни Ҳасан Саффори Қумӣ (ваф.290ҳ.қ.) низ ривояте аз Имом Боқир (а) нақл кардааст, ки бар асоси он Пайғамбар (с) ва Оли ӯ дарҳое ҳастанд, ки барои ҳаракат ба сӯи Худо, бояд аз тариқи онҳо ворид шуд.[11] Бар асоси гузорише аз тафсири Фурот ибни Иброҳими Куфӣ (ваф.352ҳ.қ.), Пайғамбар (с) худро «Бобуллоҳ» ва Ҳазрати Алӣ (а)-ро «Боби худ» муаррифӣ мекунад ва баён мекунад, ки агар касе аз роҳи дигар равад, ба мақсад нахоҳад расид.[12] Барои исботи эътибори суханони маъсумон (а) низ ба ин оят истинод шудааст.[13]

Рӯйкардҳои тафсирӣ дар бораи оят

Муфассирони шиа дар тафсири ин оят равишҳои гуногун доштаанд. Аллома Табатабоӣ дар тафсири ал-Мизон бо равиши фалсафӣ, ин оятро баёнгари иртиботи миёни табиат ва шариат дониста, гуфтааст, ки тағйироти ҳилоли моҳ, ҷилвае аз низоми Илоҳӣ дар табиат аст, ки ба танзими умури шаръӣ ва иҷтимоӣ кӯмак мекунад.[14] Абдулло Ҷаводии Омулӣ ва Акбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ, аз муфассирони шиа дар қарни чаҳордаҳуми ҳиҷрӣ, бо равиши иҷтимоӣ ба оят, онро нишондиҳандаи ислоҳи суннатҳои ҷоҳилӣ ва ҷойгузинии онҳо бо усулҳои мантиқӣ ва ахлоқӣ донистаанд. Ба гуфтаи онҳо, Қуръон дар ин оят ба ҷомеаи исломӣ меомӯзад, ки некӯкорӣ дар гарави рафторҳои ахлоқӣ ва мантиқӣ аст, на аъмоли зоҳирии бемантиқ.[15] Ҳамчунин Абдуллоҳ Ҷаводии Омулӣ ва Муҳсини Қироатӣ бо равиши ахлоқӣ ба оят, тасреҳ кардаанд, ки тақво ба унвони меҳвари некӯкорӣ дар ин оят муаррифӣ шудааст, ва вуруд аз дарҳои хона ба сурати рамзӣ, нишондиҳандаи риояи усули ахлоқӣ ва парҳез аз миёнбурҳои бемантиқ дар зиндагӣ мебошад.[16]

Шаъни нузул

Бар асоси ривоятҳои тафсирӣ, шаъни нузулҳое барои ояти 189 сураи Бақара баён шудааст:

  • Бар асоси гузориши Тафсири намуна, дар замони ҷоҳилият бархе муътақид буданд, ки вуруд ба хонаҳо аз дарҳо дар вақти эҳром аз муҳаррамоти эҳром аст ва бояд онро тарк кард. Қуръон ин боварро рад карда, таъкид мекунад, ки некӣ дар тақво аст, на дар пайравӣ аз одатҳои хурофӣ ва дастур медиҳад, ки аз роҳи оддӣ ба хонаҳо ворид шавед.[19]
  • Бар асоси гузориши дигар, дар даврони ҷоҳилияти пеш аз Ислом, агар касе дар коре ноком мешуд, ба ҷойи вуруд аз дари хона, аз пушти он ворид мешуд ва ин одатро як сол идома медод. Худованд дар ин оят чунин рафтори хурофиро манъ кардааст ва таъкид намудааст, ки некӯкорӣ дар параҳезгорӣ ва таваккал ба Худо аст, на дар пайравӣ аз чунин боварҳои бемантиқ.[20]

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. Ҳошимии Шоҳрудӣ, Фарҳанги фиқҳ, 1385ҳ.ш., саҳ.183
  2. Қироатӣ, Тафсири нур, 1388ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.297
  3. Табатабоӣ, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, 1390ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.56
  4. Барои намуна ниг.: Сайид Муртазо, Расоили аш-Шариф ал-Муртазо, 1405ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.158; Аллома Ҳиллӣ, Мухталаф-уш-шиа, 1374ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.497
  5. Барои намуна ниг.: Шайх Тӯсӣ, ал-Мабсут, 1387ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.254
  6. Барои намуна ниг.: Шайх Тӯсӣ, ал-Хилоф, 1407ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.60
  7. Ҷаводии Омулӣ, Тафсири тасним, 1388ҳ.ш., ҷ.9, саҳ.536–537
  8. Ҷамъе аз пажӯҳишгарон, Мавсуъат-ул-фиқҳ-ил-исломӣ, 1423ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.339–340
  9. Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.13–14
  10. Қумӣ, Тафсири Қумӣ, 1404ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.68
  11. Саффор, Басоир-уд-дароҷот, 1404ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.499
  12. Куфӣ, Тафсири Фурот ал-Куфӣ, 1410ҳ.қ., саҳ.63–64
  13. Буруҷердӣ, Манобеъи фиқҳи шиа, 1387ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.420
  14. Табатабоӣ, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, 1390ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.56
  15. Ҷаводии Омулӣ, Тафсири тасним, 1388ҳ.ш., ҷ.9, саҳ.546–547; Ҳошимии Рафсанҷонӣ, Тафсири роҳнамо, 1386ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.477–478
  16. Ҷаводии Омулӣ, Тафсири тасним, 1388ҳ.ш., ҷ.9, саҳ.549–550; Қироатӣ, Тафсири нур, 1388ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.299
  17. Табрасӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1408ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.508
  18. Фахри Розӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, 1420ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.281
  19. Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.12
  20. Ибни Кайсон, Тафсири Абӯбакр ал-Асамм, 1428ҳ.қ., саҳ.120

Сарчашма

  • Ибни Кайсон, Абдурраҳмон, Тафсири Абӯбакр ал-Асамм, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, нашри аввал, 1428ҳ.қ.
  • Буруҷердӣ, Сайид Ҳусайн, Манобеъи фиқҳи шиа, Теҳрон, Фарҳанги Сабз, нашри аввал, 1386ҳ.ш.
  • Ҷамъе аз пажӯҳишгарон, Мавсуъат-ул-фиқҳ-ил-исломӣ тибқи мазҳаби Аҳли Байт (а), Қум, Муассисаи Доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ бар мазҳаби Аҳли Байт (а), нашри аввал, 1423ҳ.қ.
  • Ҷаводии Омулӣ, Абдуллоҳ, Тафсири тасним, Қум, Исро, 1388ҳ.ш.
  • Сайид Муртазо, Алӣ ибни Ҳусайн, Расоили аш-Шариф ал-Муртазо, Қум, Дор-ул-Қуръон-ил-карим, нашри аввал, 1405ҳ.қ.
  • Шайх Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Китоб-ул-Хилоф, Қум, Дафтари интишороти исломӣ вобаста ба Ҷомеаи мударрисин, нашри аввал, 1407ҳ.қ.
  • Шайх Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Мабсут фи фиқҳ-ил-имомия, Теҳрон, Китобхонаи Муртазавия, нашри сеюм, 1387ҳ.қ.
  • Саффор, Муҳаммад ибни Ҳасан, Басоир-уд-дароҷот, Қум, Китобхонаи Оятуллоҳ Маръашии Наҷафӣ, нашри дувум, 1404ҳ.қ.
  • Табатабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, ал-Аълами фи-л-матбуъот, 1390ҳ.қ.
  • Табрасӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Дор-ул-маърифа, нашри дувум, 1408ҳ.қ.
  • Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Мухталаф-уш-шиа фи аҳком-иш-шариа, Қум, Дафтари интишороти исломӣ вобаста ба Ҷомеаи мударрисин, нашри дувум, 1374ҳ.ш.
  • Фахри Розӣ, Муҳаммад ибни Умар, ат-Тафсир-ул-кабир, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, нашри сеюм, 1420ҳ.қ.
  • Қироатӣ, Маҳсан, Тафсири нур, Теҳрон, Маркази фарҳангии дарсҳое аз Қуръон, нашри аввал, 1388ҳ.ш.
  • Қумӣ, Алӣ ибни Иброҳим, Тафсири Қумӣ, Қум, Дор-ул-китоб, нашри сеюм, 1404ҳ.қ.
  • Куфӣ, Фурот ибни Иброҳим, Тафсири Фурот ал-Куфӣ, Теҳрон, Муассисаи табъ ва нашр дар Вазорати иршоди исломӣ, нашри аввал, 1410ҳ.қ.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири намуна, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, нашри сию дувум, 1374ҳ.ш.
  • Ҳошимии Рафсанҷонӣ, Акбар, Тафсири роҳнамо, Қум, Бӯстони китоб, нашри панҷум, 1386ҳ.ш.
  • Ҳошимии Шоҳрудӣ, Маҳмуд, Фарҳанги фиқҳ мувофиқи мазҳаби Аҳли Байт (а), Қум, Муассисаи Доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, 1385ҳ.ш.