Суханони Имом Алӣ (а) ҳангоми хоксупории ҳазрати Фотима (с)

Аз wikishia

Суханони Имом Алӣ (а) ҳангоми хоксупории Фотима (с) (форсӣ: سخنان امام علی(ع) در خاکسپاری حضرت فاطمه(س)) иборат аст аз дарди дили ҳазрати Алӣ (а) бо Пайғамбар (с) дар мотами Фотима. Ин суханон дар "Наҳҷ-ул-балоға" омадааст. Имом дар ин суханон аз сангинӣ ва доимӣ будани ғами худ дар шаҳодати ҳазрати Фотима (с) сухан гуфта, аз Пайғамбар (с) мехоҳад, ки аз Фотима (а) дар бораи ҳодисаҳои баъд аз вафоти ҳазраташ пурсад.

Шореҳони Наҳҷ-ул-балоға муътақиданд, ки ҳазрати Алӣ (а) бо иборати куллии "аз Фотима бипурс", ба ҳодисаҳое ҳамчун ғасби Фадак, моҷарои ҳамла ба хонаи Фотима ва сиқти Муҳсин ишора кардааст. Ҳамчунин аз иборатҳои ин хутба бардоштҳои дигаре ҳамчун дафни Фотима дар наздикии қабри Пайғамбар шудааст.

Ин суханон, дар китобҳои ривоии шиа, монанди ал-Кофӣ ва ал-Амолии Шайхи Тусӣ ва китобҳои аҳли суннат, монанди Тазкират-ул-хавос омадааст.

Заминаи судур ва аҳамият

Суханони Имом Алӣ (а) хитоб ба Пайғамбар, ҳангоми дафни Фотима (с)-ро нишондиҳандаи ғамгинии Имом аз фироқи ҳамсараш ва баёнкунандаи азамати ҳазрати Фотима (с) медонанд.[1] Ба гуфтаи Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ дар Шарҳи Наҳҷул-балоға, ин суханон, бахше аз ҳақоиқ ва воқеиятҳои муҳими таърихии садри Исломро ба таври ғайримустақим, аммо гуёву пурмаъно инъикос мекунад.[2]

Шореҳони Наҳҷул-балоға, зайли ин хутба, ба масоиле ҳамчун моҷарои Фадак, ғасби хилофат, иллати махфӣ будани қабри ҳазрати Фотима, замони шаҳодати он ҳазрат,[3] муддати зиндагии ӯ[4] ва лақабҳои Фотима[5] пардохтаанд.

Муҳтаво

Суханони Имом Алӣ ҳангоми дафни Фотима муштамил бар дарди дили он ҳазрат бо Пайғамбар ва низ мусибати худаш дар фироқи Фотима аст.[6] Ӯ дар ин суханон, аз сангинӣ ва доимӣ будани ғами худ дар шаҳодати ҳазрати Фотима (с) сухан мегӯяд ва аз Худо талаби сабр мекунад. Имом Алӣ аз Пайғамбар (с) мехоҳад, ки дар иттифоқоти пас аз реҳлати худ аз Фотима (с) суол кунад. Ӯ, дар ин суханон, Фотимаро амонате дар дасти худ муаррифӣ мекунад, ки акнун онро ба Пайғамбар бармегардонад.[7]

Бардоштҳои муҳтавоӣ

Дар шарҳҳои Наҳҷ-ул-балоға дар зайли ин хутба, шореҳон нукоте бардошт кардаанд, ки бархе ба шарҳи зер аст:

  • Пайванди отифии бисёре байни Алӣ ва Фотима: бархе аз шореҳон иборати «أَمَّا حُزْنِی فَسَرْمَدٌ وَ أَمَّا لَیلِی فَمُسَهَّدٌ; аммо ғуссаи ман абадӣ ва шабам ҳамроҳи бедорӣ аст»-ро нишонгари шиддати андӯҳи Имом Алӣ дар фироқи Фотима ва баёнгари пайванди отифӣ ва рӯҳонии амиқу решадори он ду ба ҳамдигар медонанд. Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ муътақид аст, дар байтҳое, ки мансуб ба ҳазрати Алӣ (а) аст, ба ҳамин матлаб ишора шудааст.[8]
  • Наздикии қабри Фотима ба қабри Пайғамбар: бархе аз шореҳон иборати «النَّازِلَةِ فِي جِوَارِكَ; дар ҷавори ту манзил карда»-ро нишондиҳандаи наздикии қабри Фотима (с) ба қабри Пайғамбар (с) медонанд.[9] Ба гуфтаи Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ, ин иборат назарияи касоне ки муътақиданд Фотима дар манзили худ дафн шудаастро тақвият мекунад.[10]
  • Мазлум воқеъ шудани ҳазрати Фотима: ба гуфтаи Ибни Майсами Баҳронӣ (ваф.679 ё 699ҳ.қ.) иборати «فَأَحْفِهَا السُّؤَالَ; бепарда аз ӯ бипурс», ишора ба ин дорад, ки ба ҳазрати Фотима зулм шудааст ва Алӣ (а) аз он шикоят мекунад.[11] Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ низ гуфтааст, ин иборат куллӣ аст ва ба ҳодисаҳое ҳамчун, ҳуҷум ба хонаи Фотима, сиқти Муҳсин ва бурдани Имом ба масҷид барои байъат бо Абубакр ишора дорад.[12] Дар тарҷумаи Файзулислом низ дар шарҳи ин иборат ба ғасби Фадак, нашнохтани ҳаққи Фотима ва шикастани паҳлуӣ ӯ ишора шудааст.[13]
  • Шарик будани ҳамаи мардум дар зулми бар Фотима: дар бораи иборати «بِتَضَافُرِ أُمَّتِکَ عَلَی هَضْمِهَا; уммати ту дар ситам кардан ба ӯ даст ба дасти ҳам дода буданд» гуфтаанд, калимаи «тазофур» ба маънои ҳамкорӣ аст, аммо чун бисёре аз уммат бо сукуташон ин корро таъйид карданд, ин амал ба ҳамаи уммат нисбат дода шудааст.[14]
  • Наздикии замони шаҳодати Фотима ба вафоти Пайғамбар: бархе аз шореҳони Наҳҷ-ул-балоға гуфтаанд, иборати «السَّرِيعَةِ اللَّحَاقِ بِكَ; ба суръат ба ту мулҳақ шуд» ба наздик будани шаҳодати Фотима (с) ба вафоти Пайғамбар (с) ишора мекунад.[15] Албатта аз назари бархеи дигар, ин иборат ишорае аст ба ранҷҳою мусибатҳои шадиди ҳазрати Фотима, ки бар асари онҳо дар ҷавонӣ ба шаҳодат расид.[16]
Шумораи хутба дар нусхаҳои мухталифи Наҳҷ-ул-балоға
Номи нусха Рақами хутба
Ал-Муъҷам-ул-муфаҳрас ли алфози Наҳҷ-ул-балоға 202
Тасҳеҳи Наҳҷ-ул-балоға асари Субҳӣ Солеҳ 202
Тарҷума ва шарҳи Наҳҷул-балоғаи Файзулислом 193
Мисбоҳ-ус-соликин асари Ибни Майсам 193
Минҳоҷ-ул-бароъат асари Ҳабибуллоҳ Хуӣ 201
Шарҳи Наҳҷул-балоға асари Муллосолеҳи Қазвинӣ 201
Шарҳи Наҳҷ-ул-балоға асар Ибни Абилҳадид 195
Шарҳи Наҳҷул-балоғаи Муҳаммад Абдуҳ 195
Танбеҳ-ул-ғофилини Муллофатҳуллоҳи Кошонӣ 230
Фи зилоли Наҳҷ-ул-балоға асари Муҳаммадҷавод Муғния 200[17]

Санади хутба

Тибқи баррасии китоби Масодиру Наҳҷ-ил-балоға ва асонидуҳ, суханони Имом Алӣ (а) хитоб ба Пайғамбар (с) дар ҳангоми дафни ҳазрати Фотима (с), бо миқдоре тафовут дар китобҳое ҳамчун ал-Кофӣ навиштаи Муҳаммад ибни Яъқуби Кулайнӣ (ваф.329ҳ.қ.) ба нақл аз Имом Ҳусайн (а),[18] Далоил-ул-имомат, асари Муҳаммад ибни Ҷарири Табарии Сағир ба нақл аз Имом Ҷаъфари Содиқ (а),[19] ал-Амолии Шайхи Тусӣ (таълиф: 458ҳ.қ.) ба нақл аз Имом Ҳусайн (а)[20] ва Тазкират-ул-хавоси навиштаи Сибт ибни Ҷавзии Ҳанафӣ (ваф. 654ҳ.қ.)[21] омадааст.[22]

Ҳамчунин ин суханон, дар Наҳҷ-ул-балоға омадааст.[23] Шумораи хутба дар нусхаҳои Наҳҷ-ул-балоға мутафовит аст.[24]

Такнигорӣ

Ҳузни сармад, номи китобе аст, ки Камолиддин Имодии Соравӣ дар шарҳи хутбаи 202-и Наҳҷ-ул-балоға навиштааст. Ин китоб бо номи фаръии Сӯгномаи Амири муъминон Алӣ (а) бар мазори ҳазрати Фотимаи Заҳро (с) тавассути нашри Фикрат дар соли 1383ҳ.ш. чоп ва мунташир шуд.

Матн ва тарҷума

Хитоб ба Пайғамбар (с) дар сӯги ҳазрати Заҳро (с)

Матни тарҷума[25]

Аз суханони он ҳазрат аст. Ин суханро ба ҳангоми дафни сарвари занони ҷаҳон - ҳазрати Фотима саломуллоҳи алайҳо гуфт, гӯё бо Пайғамбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ бар сари қабраш дарди дил мекард:

Эй расули Худо, аз ману духтарат бар ту салом бод, ки дар ҷавори ту омад, ва ба суръат ба ту мулҳақ шуд. Эй Расули Ҳақ, аз дурии духтари баргузидаат шикебоиям кам шуд, ва тоқатам аз даст рафт, ҷуз онки маро дар фироқи азими ту ва сангинии мусибатат ҷои таслият (дар мусибати Фотима) аст; зеро ман будам, ки бо дасти худ туро дар оғуши хок ҷой додам ва сарат бар синаи ман буд, ки рӯҳи покат аз қафаси тан парид!

Мо аз Худоем ва ба Худо бозмегардем. Ҳамоно, амонат баргардонда шуд, ва гаравгон дарёфт гардид. Аммо ғуссаи ман абадӣ аст ва шабам қарини бедорист то замоне ки Худованд барои ман ҷойгоҳеро ки ту дар он иқомат дорӣ ихтиёр кунад! Ба зудӣ духтарат аз ҳамдастии уммат барои ситам бар ӯ ба ту хабар хоҳад дод, дар пурсидан аз ӯ исрор кун ва хабари вазъиятро аз ӯ бихоҳ, дар ҳоле ки байни мо ва ту фосилаи зиёде нашуда ва замона аз ёдат холӣ нагашта, ин ҳама ситам ба мо шуд. Ба ҳар ду нафари шумо салом бод; саломи видоъкунанда, на саломи ранҷидахотири дилтанг! Агар аз канори марқадат биравам, на аз боб малолат аст, ва агар бимонам на, аз ҷиҳати бадгумонӣ ба ончи Худованд ба собирон ваъда додааст.

Эзоҳ

  1. Макорими Шерозӣ, Паёми Имом Амиралмуъминин, 1386ҳ.ш., ҷ.8, саҳ.32.
  2. Макорими Шерозӣ, Паёми Имом Амиралмуъминин, 1386ҳ.ш., ҷ.8, саҳ.30.
  3. Макорими Шерозӣ, Паёми Имом Амиралмуъминин, 1386ҳ.ш., ҷ.8, саҳ.40 - 56.
  4. Хуӣ, Минҳоҷ-ул-бароъат, 1358ҳ.ш., ҷ.13, саҳ.10 - 11.
  5. Хуӣ, Минҳоҷ-ул-бароъат, 1358ҳ.ш., ҷ.13, саҳ.4 - 8.
  6. Макорими Шерозӣ, Паёми Имом Амиралмуъминин, 1386ҳ.ш., ҷ.8, саҳ.30.
  7. Ниг.: Субҳӣ Солеҳ, Наҳҷ-ул-балоға, 1414ҳ.қ., саҳ.319.
  8. Макорими Шерозӣ, Паёми Имом Амиралмуъминин, 1386ҳ.ш., ҷ.8, саҳ.37.
  9. Хуӣ, Минҳоҷ-ул-бароъат, 1358ҳ.ш., ҷ.13, саҳ.8 - 9.
  10. Макорими Шерозӣ, Паёми Имом Амиралмуъминин, 1386ҳ.ш., ҷ.8, саҳ.32.
  11. Ибни Майсам, Ихтиёру мисбоҳ-ис-соликин, 1366ҳ.ш., саҳ.393.
  12. Макорими Шерозӣ, Паёми Имом Амиралмуъминин, 1386ҳ.ш., ҷ.8, 37 - 38.
  13. Файзулислом, Тарҷума ва шарҳи Наҳҷул-балоға, 1371ҳ.ш., саҳ.653.
  14. Макорими Шерозӣ, Паёми Имом Амиралмуъминин, 1386ҳ.ш., ҷ.8, саҳ.38.
  15. Хуӣ, Минҳоҷ-ул-бароъат, 1358ҳ.ш., ҷ.13, саҳ.9 - 10.
  16. Макорими Шерозӣ, Паёми Имом Амиралмуъминин, 1386ҳ.ш., ҷ.8, саҳ.33.
  17. Даштӣ ва Муҳаммадӣ, ал-Муъҷам-ул-муфаҳрас ли алфози Наҳҷ-ул-балоға, 1357ҳ.ш., саҳ.513
  18. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.458.
  19. Табарӣ, Далоил-ул-имомат, 1413ҳ.қ., саҳ.137.
  20. Тусӣ, ал-Амолӣ, 1414ҳ.қ., саҳ.109.
  21. Ибни Ҷавзӣ, Тазкират-ул-хавос, 1426ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.361.
  22. Ҳусайнии Хатиб, Масодиру Наҳҷ-ул-балоға ва асонидуҳ, 1985м., ҷ.3, саҳ.85 - 87.
  23. Субҳӣ Солеҳ, Наҳҷ-ул-балоға, 1414ҳ.қ., саҳ.319; Файзулислом, Тарҷума ва шарҳи Наҳҷул-балоға, 1371ҳ.ш., саҳ.651; Ибни Абилҳадид, Шарҳи Наҳҷул-балоға, 1404ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.265; Абдуҳ, Шарҳи Наҳҷул-балоға, Матбаъатул-истиқомат, саҳ.182.
  24. Даштӣ ва Муҳаммадӣ, ал-Муъҷам-ул-муфаҳрас ли алфози Наҳҷ-ул-балоға, 1357ҳ.ш., саҳ.513.
  25. Тарҷума аз Ҳусайни Ансориён.

Сарчашма

  • Абдуҳ, Муҳаммад, Шарҳи Наҳҷул-балоға, Қоҳира, Матбаъатул-истиқомат, бе то.
  • Даштӣ, Муҳаммад ва Козим Муҳаммадӣ, ал-Муъҷам-ул-муфаҳрас ли алфози Наҳҷ-ул-балоға, Қум, муассисаи фарҳангӣ-таҳқиқотии Амиралмуъминин, 1375ҳ.ш.
  • Девон-ул-Имом Алӣ, таҳқиқи Абдулмунъим Хаффоҷӣ, Девон-ул-Имом Алӣ, Дору Ибни Зайдун, бе то.
  • Ибни Абилҳадид, Иззуддини Абуҳомид, Шарҳи Наҳҷул-балоға, Қум, китобхонаи умумии Оятуллоҳ Маръашии Наҷафӣ, 1404ҳ.қ.
  • Ибни Майсами Баҳронӣ, Майсам ибни Алӣ, Ихтиёру мисбоҳ-ис-соликин; Шарҳи Наҳҷул-балоғат-ил-васит, таҳқиқи Муҳаммадҳодии Аминӣ, Машҳад, Бунёди пажуҳишҳои исломии Остони Қудси Разавӣ, 1366ҳ.ш.
  • Ибни Ҷавзӣ, Юсуф ибни Қазоуғлӣ, Тазкират-ул-хавос мин-ал-уммат би зикри хасоис-ил-аимма, Қум, ал-Маҷмаъул-оламӣ ли Аҳли-л-Байт алайҳимус-салом, 1426ҳ.қ.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломия, 1407ҳ.қ.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Паёми Имом Амиралмуъминин, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломия, 1386ҳ.ш.
  • Наҳҷ-ул-балоға, тасҳеҳи Субҳӣ Солеҳ, Қум, Дорул-ҳиҷрат, 1414ҳ.қ.
  • Табарӣ Омулии Сағир, Муҳаммад ибни Ҷарир ибни Рустам, Далоил-ул-имомат, Қум, Беъсат, 1413ҳ.қ.
  • Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Амолӣ, Қум, Дорул-сақофа, 1414ҳ.қ.
  • Файзулислом, Алии Нақӣ, Тарҷума ва шарҳи Наҳҷул-балоға, Теҳрон, интишороти Файзулислом, 1371ҳ.ш.
  • Хуӣ, Абулқосим, Минҳоҷ-ул-бароъат, Теҳрон, Мактабул-исломия, 1358ҳ.ш.
  • Ҳусайнии Хатиб, Сайид Абдуззаҳро, Масодиру Наҳҷ-ул-балоға ва асонидуҳ, Бейрут, Дорул-азвоъ, 1985м.