Ояти Шоҳид

Аз wikishia
Ояти Шоҳид (Сураи Ҳуд: 17)

Ояти Шоҳид (арабӣ: آية الشاهد) ба тасдиқи иддаои нубуввати Пайғамбар (с) тавассути Қуръон, китобҳои муқаддаси осмонии пешин ва муъминони ҳақиқӣ ишора мекунад. Ин оят баъд аз он ки мушрикон ба Пайғамбар (с) туҳмати дурӯғгӯӣ заданд, барои суботи қадам ва мустаҳкам шудани имони Паёмбар (с) нозил шуд.

Дар манобеъи ривоӣ ва тафсирии шиа ва аҳли суннат манзур аз "шоҳид" дар ин оят Имом Алӣ (а) дониста шудааст, ҳарчанд баъзеҳо онро бар намунаҳо ва мисдоқҳои дигаре монанди Ҷабраил, забони Пайғамбар ва Қуръон низ татбиқ додаанд. Ҳокими Ҳасконӣ дар китоби Шавоҳид-ут-танзил беш аз 16 ривоят барои исботи «шоҳид» будани ҳазрати Алӣ (а) овардааст.

Ба ояти Шоҳид ба унвони далеле бар васият ва хилофати Имом Алӣ (а) истинод шудааст; чароки тибқи оят, шоҳид бояд нафси Пайғамбар (с) бошад ва бар асоси ояти Мубоҳала, Имом Алӣ (а) нафси Пайғамбар (с) муаррифӣ шудааст.

Дар ояти Шоҳид аз мобайни китобҳои пеш фақат ба номи Таврот ишора шудааст; муфассирон далели ин мавзуъро паҳн шудани бештари ақидаҳои яҳудӣ дар муҳити нузули Қуръон донистаанд ва ин ки масеҳиён дар нуқоти дуртаре чун Шомот ва Яман зиндагӣ мекарданд.

Матн ва тарҷума

Ояти 17 сураи Ҳудро ояти Шоҳид номидаанд.[1]

Муҳтаво

Аллома Таботабоӣ дар тафсири ал-Мизон, ояти Шоҳидро заминасози суботи қадам ва тақвияти имони Пайғамбар (с) ба китоби Худо медонад. Ба гуфтаи ӯ ин оят дар муқобили мушрикон, ки туҳматҳои мабнӣ бар дурӯғгӯии Пайғамбар (с) нозил шуд.[2]

Дар тафосири Маҷмаъ-ул-баён ва Намуна ду тафсир барои ин оят зикр шудааст:

  • Дар тафсири аввал фарози «أَفَمَنْ کانَ عَلی بَینَةٍ مِنْ رَبِّهِ»-ро бар худи Пайғамбар (с) татбиқ медиҳад, ки аз се роҳ сидқи набувваташ исбот мешавад: 1.Қуръон, ки баййина ва далели равшан аст; 2.Кутуби осмонии пеш монанди Таврот, ки нишонаҳои ӯро баён кардаанд; 3.Пайравони фидокор ва муъминони ростине ҳамчун Алӣ ибни Абитолиб, ки аз нишонаҳои ҳаққонияти як мактаб аст.[3]
  • Дар тафсири дигар манзур аз ҷумлаи «أَفَمَنْ کانَ عَلی بَینَةٍ مِنْ رَبِّهِ» тамоми муъминоне аст, ки бо далоили равшану қонеъкунанда ва низ шавоҳиде, ки бар сидқи набуввати Пайғамбар (с) дар дар кутуби пеш омадааст, ба Пайғамбари Ислом (с) имон меоваранд ва ба дунболи Қуръон мешитобанд.[4]

Мурод аз калимаи баййина дар оятро умури бисёр возеҳу равшане монанди нур донистаанд, ки натанҳо худро зоҳир мекунад, балки ҳар чизеро ки ба онҳо мулҳақ шавад низ равшан месозад.[5]

Шоҳид кист?

Муфассирон дар бораи ин ки манзур аз калимаи «шоҳид» дар ояти 17 сураи Ҳуд кӣ ё чӣ аст, назароти мухталифе ироа кардаанд; дар бисёре аз кутуби ривоӣ[6] ва тафосири шиа ва аҳли суннат, манзур аз шоҳид дар ин оят Имом Алӣ (а) муаррифӣ шудааст, ки аввалин имоноваранда ба Пайғамбари Ислом (с) буд.[7] Имом Алӣ (а) дар ривояте худро мисдоқи шоҳид дар ин оят донистааст.[8]

Ҳокими Ҳасконӣ дар китоби Шавоҳид-ут-танзил беш аз 16 ривоят барои исботи шоҳид будани Имом Алӣ (а) овардааст; аз ҷумла аз Анас ибн Молик нақл мекунад, ки манзур аз иборати «أَفَمَنْ کانَ عَلی بَینَةٍ مِنْ رَبِّهِ» Муҳаммад (с) ва манзур аз иборати «وَیتْلُوُهُ شاهِد مِنْهُ», Алӣ ибни Абитолиб (а) аст.[9] Дар идомаи ин ривоят омадааст, ки Алӣ (а) забони Расули Худо (с) ба сӯи аҳли Макка ба ҳангоми шикастани паймони онҳо буд.[10] Ҳасконӣ дар ҳадиси дигаре, аз Ибни Аббос нақл мекунад, ки «шоҳид» дар фарози «وَیتْلُوُهُ شاهِد مِنْهُ»-ро танҳо Имом Алӣ (а) донистааст.[11]

Дар бораи мисдоқи «шоҳид» дар ояти мазкур, назароти дигаре низ дар миёни муфассирони мусулмон вуҷуд дорад; бинобар он чи Фазл ибни Ҳасани Табарсӣ дар Маҷмаъ-ул-баён овардааст, Ибни Аббос ва Муҷоҳид, ду тан аз муфассирони мутақаддим, манзур аз шоҳидро Ҷабраил донистаанд, ки Қуръонро аз ҷониби Худо бар Пайғамбар (с) нозил кардааст. Дар назари дигаре «шоҳид»-ро ишора ба забон ва ҳаракоти Пайғамбар (с) донистаанд, ки абзори хондан Қуръон аст. Бархе низ манзур аз баййинаро ҳуҷҷат ва далели ақлӣ ва манзур аз шоҳидро Қуръон донистаанд.[12]

Аллома Таботабоӣ бо радди дигар назарот ва бо истинод ба бархе ривоёт,[13] таъбири «وَیتْلُوُهُ شاهِد مِنْهُ»-ро мунтабиқ бо Имом Алӣ (а) медонад.[14]

Далолат бар вилоят ва хилофати Имом Алӣ (а)

Аз ояти Шоҳид барои исботи мақоми вилояту хилофат, барои Имом Алӣ (а) истифода шудааст. Аз назари бархе пажӯҳишгарон калимаи «وَیتْلُوُهُ» дар ин оя, ба маънои пайравӣ кардан аст, на тиловат; чароки замири «وَیتْلُوُهُ» ва «مِنْهُ» дар ин оят ба «أَفَمَنْ» бармегардад. Дар натиҷа манзур аз «مِنْهُ», шоҳиде аст, ки иртиботи зотӣ ва маънавӣ бо Пайғамбар (с) дошта ва нафси ӯ бошад.[15] Ҳамчунин бо ишора ба ин ки феъли музореъ (وَیتْلُوُهُ) бар давомнокӣ далолат дорад, натиҷаи онро пайравии шоҳид аз Расули Худо (с), дар ҳамаи маротиб ва дар ҳамаи замонҳо донистааст, ки чунин сифатҳое фақат бо мақоми вилоят ва хилофати васийи Расулуллоҳ (с) собит хоҳад шуд ва мисдоқи он ҳам дар ривоёт ва оёте чун ояти Мубоҳала таъйин шудааст, ки Имом Алӣ (а) аст.[16]

Чароии ишора ба Таврот

Дар ояти Шоҳид аз миёни кутуби пеш фақат ба номи Таврот ишора шудааст. Муфассирон далели ин мавзуъро паҳн шудани бештари афкори яҳуд дар муҳити нузули Қуръон донистаанд ва инки масеҳиён дар нуқоти дуртаре монанди Шомот ва Яман зиндагӣ мекарданд.[17] Далели дигар ин ки дар Таврот сифатҳои Пайғамбар (с) ба таври ҷомеътаре ишора шудааст.[18]

Эзоҳ

  1. Аллома Ҳиллӣ, Наҳҷ-ул-ҳақ, 1407ҳ.қ., саҳ.195.
  2. Аллома Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.183.
  3. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.226; Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.9, саҳ.51 - 52.
  4. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.226; Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.9, саҳ.53 - 54.
  5. Аллома Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.183.
  6. Барои намуна ниг.: Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.190; Ибни Ҳаюни Мағрибӣ, Даъоим-ул-Ислом, 1385ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.19.
  7. Ҳувайзӣ, Нур-ус-сақалайн, 1415ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.344 - 346; Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.226 - 227; Суютӣ, ад-Дурр-ул-мансур, 1404ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.324.
  8. Ҳилолӣ, китоби Сулайм ибни Қайс ал-Ҳилолӣ, 1405ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.903; Ибни Уқдаи Кӯфӣ, Фазоилу Амир-ил-муъминин (а), 1424ҳ.қ., саҳ.193.
  9. Ҳасконӣ, Шавоҳид-ут-танзил, 1411ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.359 - 370.
  10. Ҳасконӣ, Шавоҳид-ут-танзил, 1411ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.366.
  11. Ҳасконӣ, Шавоҳид-ут-танзил, 1411ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.365.
  12. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.226 - 227.
  13. Аллома Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.194 - 196.
  14. Аллома Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.185.
  15. Мансурӣ ва Содиқӣ, «Вуҷуҳи мухталифи адабӣ дар иборати оғозини ояти 17 сураи Ҳуд ва бозтоби он дар тафсири иборати шоҳидун минҳу», саҳ.119.
  16. Мансурӣ ва Содиқӣ, «Вуҷуҳи мухталифи адабӣ дар иборати оғозини ояти 17 сураи Ҳуд ва бозтоби он дар тафсири иборати шоҳидун минҳу», саҳ.119.
  17. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.9, саҳ.56.
  18. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.9, саҳ.56.

Сарчашма

  • Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Наҳҷулҳақ, Қум, муассисаи Дорулҳиҷрат, 1407ҳ.қ.
  • Ибни Уқдаи Кӯфӣ, Аҳмад ибни Муҳаммад, Фазоилу Амир-ил-муъминин (а), Қум, далели мо, 1424ҳ.қ.
  • Ибни Ҳаюни Мағрибӣ, Нуъмон ибни Муҳаммад, Даъоим-ул-Ислом ва зикр-ул-ҳалоли ва-л-ҳаром ва-л-қазоё ва-л-аҳком, Қум, муассисаи Олулбайт (а), чопи дувум, 1385ҳ.қ.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, Теҳрон, Дорулкутубил-исломия, 1407ҳ.қ.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири Намуна, Теҳрон, Дорулкутубил-исломия, 1371ҳ.ш.
  • Мансурӣ, Сайид Муҳаммад ва Заҳро Содиқӣ, «Вуҷуҳи мухталифи адабӣ дар иборати оғозини ояти 17 сураи Ҳуд ва бозтоби он дар тафсири иборати шоҳидун минҳу», дар маҷаллаи таҳқиқоти улуми Қуръон ва ҳадис, шумораи 26, 1394ҳ.ш.
  • Суютӣ, Абдурраҳмон ибни Абибакр, ад-Дурр-ул-мансур фи-т-тафсири би-л-маъсур, Қум, китобхонаи Оятуллоҳ Маръашии Наҷафӣ, 1404ҳ.қ.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён, Теҳрон, Носир Хисрав, 1372ҳ.ш.
  • Таботабоӣ, Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, муассисатул-Аъламӣ лилматбуъот, 1390ҳ.қ.
  • Ҳасконӣ, Убайдуллоҳ ибни Абдуллоҳ, Шавоҳид-ут-танзил лиқавоъид-ит-тафзил, Теҳрон, муассисаи табъ ва нашри вазорати Иршод, 1411ҳ.қ.
  • Ҳилолӣ, Сулайм ибни Қайс, китоби Сулайм ибни Қайс ал-Ҳилолӣ, Қум, Алҳодӣ, 1405ҳ.қ.
  • Ҳувайзӣ, Абдулалӣ ибни Ҷумъа, тафсири Нур-ус-сақалайн, Қум, муассисаи Исмоилиён, 1415ҳ.қ.