Jump to content

Уммисаид духтари Урва ибни Масъуд

Аз wikishia
Уммисаид духтари Урва ибни Масъуд
Номи комилУммисаид духтари Урва ибни Масъуд ибни Мутъаб ибни Молики Сақафӣ
Маҳалли зиндагӣМадина
НасабҚабилаи Сақаф
ЗодгоҳТоиф
ХешовандонУрва ибни Масъуди Сақафӣ
Шинохташуда бароиҲамсари Имом Алӣ (а)


Уммисаид духтари Урва ибни Масъуд (форсӣ: ام‌سعید دختر عروة بن مسعود) аз ҳамсарони Имом Алӣ (а) буд[1], ки падараш (Урва ибни Масъуди Сақафӣ) аз асҳоби Паёмбар (с) ва аз бузургони қабилаи Сақаф ба шумор мерафт[2] ва дар роҳи таблиғи Ислом ба шаҳодат расид.[3]

Ба гуфтаи Шайхи Муфид, Уммисаид аз Имом Алӣ (а) ду фарзанд ба номи Уммиҳасан ва Рамла ба дунё овард.[4] Тибқи нақли Мантаҳа-л-омол Уммиҳасан ҳамсари Ҷаъда ибни Ҳубайра фарзанди Уммиҳонӣ хоҳари Имом Алӣ (а) буд ва пас аз даргузашти Ҷаъда ба ҳамсарии Ҷаъфар ибни Ақил даромад[5] ва пас аз шаҳодати Ҷаъфар дар вақеаи Карбало, ҳамсари Абдуллоҳ ибни Зубайр шуд.[6] Рамла низ бо Абулҳаёҷ Абдуллоҳ ибни Абусуфён ибни Ҳорис ибни Абдулмутталиб издивоҷ кард.[7] Бо ин ҳол Ибни Шаҳрошӯб, аз муҳаддисони шиа дар қарни шашум, фарзандони Имом Алӣ (а) аз Уммисаидро ба номҳои Нафиса, Зайнаби Суғро, Руқайяи Суғро зикр кардааст ва Уммиҳасан ва Рамларо духтарони Имом аз Уммишуайби Махзумия донистааст.[8] Бар асоси гузориши китоби Аъён-уш-шиа, Уммисаид бо номи Уммисаъд низ шинохта мешавад ва Уммикулсуми Суғро фарзанди ӯ аз Имом Алӣ (а) аст.[9]

Эзоҳ

  1. Мусавӣ, Таърихи Имом Ҳусайн (а), 1378ҳ.ш., ҷ.9, саҳ.97; Сипеҳри Кошонӣ, Носих-ут-таворих, 1394ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.335
  2. Қумӣ, Мантаҳа-л-омол, 1379ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.187
  3. Табарӣ, Таърих-ул-умам ва-л-мулук, Бейрут, ҷ.3, саҳ.97
  4. Ибни Саъд, Тақоботи Кубро, 1374ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.14; Муфид, ал-Иршод, 1376ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.342; Масъудӣ, Муруҷ-уз-заҳаб, 1374ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.67
  5. Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, Дор-ул-маориф, ҷ.2, саҳ.193
  6. Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, Дор-ул-маориф, ҷ.2, саҳ.193
  7. Қумӣ, Мантаҳа-л-омол, 1379ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.361
  8. Ибни Шаҳрошӯб, ал-Маноқиб, 1379ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.304
  9. Амин, Аъён-уш-шиа, 1421ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.136

Сарчашма

  • Ибни Саъд, Муҳаммад ибни Саъд, ат-Тақобот-ул-кубро, Теҳрон, Фарҳанг ва Андеша, 1374ҳ.ш.
  • Ибни Шаҳрошӯб, Муҳаммад ибни Алӣ, Маноқиби Оли Абитолиб (а), Қум, Аллома, 1379ҳ.қ.
  • Амин, Сайид Маҳсон, Аъён-уш-шиа, Бейрут, Дор-ут-таоруф, 1421ҳ.қ.
  • Балозурӣ, Аҳмад ибни Яҳё, Ансоб-ул-ашроф, Миср, Дор-ул-маориф, б.т.
  • Сипеҳри Кошонӣ, Муҳаммадтақӣ ибни Муҳаммадалӣ, Носих-ут-таворих, Қум, Матбуоти динӣ, 1394ҳ.ш.
  • Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Таърих-ул-умам ва-л-мулук, Бейрут, б.н., б.т.
  • Қумӣ, Шайх Аббос, Мантаҳа-л-омол фи таворих-ин-набийи ва-л-ол, Теҳрон, Китобфурӯшии Исломия, 1379ҳ.қ.
  • Масъудӣ, Алӣ ибни Ҳусейн, Муруҷ-уз-заҳаб ва маодин-ул-ҷавҳар, Теҳрон, Интишороти илмӣ ва фарҳангӣ, 1374ҳ.ш.
  • Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Иршод фи маърифати ҳуҷаҷ-ил-лоҳи ала-л-ибод, Теҳрон, Китобфурӯшии исломия, 1376ҳ.ш.
  • Мусавӣ, Акрам, Таърихи Имом Ҳусайн (а), Теҳрон, Созмони Пажӯҳиш ва барномарезии омӯзишӣ, 1378ҳ.ш.