Янбуъ

Аз wikishia
Ҷойгиршавии ҷуғрофиёии шаҳри Янбуъ

Янбуъ шаҳре дар ғарби Мадина аст, ки ба чашмаҳои фаровонаш машҳур аст ва куҳи Разво дар он қарор дорад.

Мусулмонон ин шаҳрро дар соли дуюми ҳиҷрӣ забт фатҳ карданд.

Янбуъ пас аз руйдодҳое дар ихтиёри Имом Алӣ (а) қарор гирифт ва ӯ бо беҳбуди зироату кишоварзӣ, ин минтақаро ба мавқуфае барои Алавиён табдил кард ва фарзандони Имом Ҳасан (а) низ дар ин минтақа маскан гирифтанд.

Паноҳ додани Имом Саҷҷод (а) ба хонаводаи Марвон ибни Ҳакам ҳангоми воқеаи Ҳарра ва пинҳон шудани Нафси Закия дар он минтақа аз ҷумлаи руйдодҳои таърихӣ дар ин минтақа аст.

Ҷойгиршавӣ ва номгузорӣ

Янбуъ шаҳре дар соҳили Баҳри Сурх[1] аз навоҳии Ҳиҷоз[2] ба унвони бахше аз Мадина[3] ва дар ғарби он[4] ба фосилаи ҳафт[5] ва ё нуҳ манзилии[6] он қарор гирифтааст. Ин шаҳр ҳудуди 225 километр бо Мадина фосила дорад.[7]

Дар гузашта ин ноҳия нахлистонҳо, зироату кишоварзӣ[8] ва чашмаҳои фаровоне[9] дошт, ки аз сабаби фаровонии чашмахое, ки аз замин меҷушид, Янбуъ номида шуд.[10]

Янбуъ дар масири корвонҳои Ҳаҷ, ки аз Миср[11] ва Шом[12] ба Мадинаю Макка ҳаракат мекарданд, ҷойгир буд. Кӯҳи Разво дар фосилаи як манзилии он қарор дорад.[13] Нафси Закия дар аҳди Мансур муддате дар кӯҳи Разво пинҳон шуд.[14]

Вақфҳои Алӣ (а)

Янбуъ дар дуюмин ғазваи Пайғамбар (с)[15] ба номи ғазваи Зулъашира, дар соли дувуми ҳиҷрии қамарӣ, бидуни ҷанг ба дасти мусулмонон афтод.[16] Пайғамбар (с) ин минтақаро ба баъзе аз мусулмонон вогузор кард.[17] Имом Алӣ (а) онро аз онҳо харид ва дар он ба кишту заръ ва баровардани об пардохт.[18] Албатта бархе муътақиданд, ки ин минтақаро Пайғамбар (с)[19] ва ё Умар[20] ба Алӣ (а) ба сурати иқтоъ вогузор гардид.

Дар манобеъ аз мавқуфоти фаровони Амири муъминон (а) дар ин минтақа сухан гуфта шудааст.[21] Имом Ҳусайн (а) фоидаи маҳсулоти ин минтақаро дар ихтиёри Абдуллоҳ ибни Ҷаъфар ибни Абутолиб қарор дод ва ӯ низ пас аз муддате ин маконро ба Муъовия ибни Абусуфён супорид;[22] албатта барои Оли Алӣ ҳамчунон дар он минтақа амволи ғайриманқуле боқӣ буд; ба гунае ки Имом Саҷҷод (а) дар замони воқеаи Ҳарра ба Янбуъ рафт[23] ва бино ба нақле, хонаводаи Марвонро низ ба ҳамроҳи хонаводаи худ ба Янбуъ бурд.[24]

Абдуллоҳ ибни Ҳасани Мусанно дар аҳди Саффоҳ талош кард, то онро аз халифа бигирад[25] ва боис шуд, ки баҳсу мунозирае байни фарзандони Алӣ (а) бар сари вақфҳои Янбуъ рух диҳад[26] ва дар ниҳоят Маҳдии Аббосӣ онро ба дар ихтиёри Алавиён қарор дод.[27]

Аҳолии минтақа

Дар маъхазҳо аксари сокинони Янбуъ ансор[28], Ҳасаниён,[29] ва Зайдия[30] ва албатта қабилаи Ҷуҳания[31] дониста шудаанд. Яке аз чеҳраҳои маъруфи ин минтақа Ҳасан ибни Қосим ибни Муҳаммад аст, ки дар соли 664-и ҳиҷрии қамарӣ аз Янбуъ ба Мағриб рафт.[32] Ӯ аз аҷдоди Алавии Мағриб буд, ки дар он минтақа ҳукумат ташкил дод.[33]

Ҷусторҳои вобаста

Обори Алӣ

Эзоҳ

  1. Зириклӣ, ал-Аълом, 1989м., ҷ.6, саҳ.283; Аҳмад, Ҳиҷоз дар садри Ислом, 1375ҳ.ш., саҳ.97.
  2. Муқаддасӣ, Аҳсан-ут-тақосим, 1411ҳ.қ., саҳ.29.
  3. Самъонӣ, ал-Ансоб, 1382ҳ.қ., ҷ.13, саҳ.528.
  4. Сабрипошо, Мавсуъату миръот-ил-ҳарамайн, 1424ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.146.
  5. Саховӣ, ал-Булдониёт, 1422ҳ.қ., саҳ.298; Ёқут Ҳамавӣ, Муъҷам-ул-булдон, 1995м., ҷ.5, саҳ.450.
  6. Масъудӣ, ат-Танбиҳу ва-л-ишроф, Қоҳира, саҳ.203.
  7. Сабрипошо, Мавсуъату миръот-ил-ҳарамайн, 1424ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.146.
  8. Ҳофиз Абрӯ, Ҷуғрофиё, 1375ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.218.
  9. Ёқут Ҳамавӣ, Муъҷам-ул-булдон, 1995м., ҷ.5, саҳ.450; Самҳудӣ, Вафо-ул-вафо, 2006, ҷ.4, саҳ.166.
  10. Ёқут Ҳамавӣ, Муъҷам-ул-булдон, 1995м., ҷ.5, саҳ.450; Самҳудӣ, Вафо-ул-вафо, 2006, ҷ.4, саҳ.166.
  11. Саховӣ, ал-Булдониёт, 1422ҳ.қ., саҳ.298.
  12. Ёқут Ҳамавӣ, Муъҷам-ул-булдон, 1995м., ҷ.5, саҳ.450.
  13. Ибни Абдулҳақи Бағдодӣ, Маросид-ул-иттилоъ, 1412ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.1485; Ёқут Ҳамавӣ, Муъҷам-ул-булдон, 1995м., ҷ.5, саҳ.450.
  14. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.535.
  15. Масъудӣ, Муруҷ-уз-заҳаб, 1412ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.281.
  16. Яъқубӣ, Таърих-ул-Яъқубӣ, Бейрут, ҷ.2, саҳ.66; Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.408.
  17. Воқидӣ, ал-Мағозӣ, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.20.
  18. Самҳудӣ, Вафо-ул-вафо, 2006, ҷ.4, саҳ.166; Аҳмад, Ҳиҷоз дар садри Ислом, 1375ҳ.ш., саҳ.98.
  19. Ёқут Ҳамавӣ, Муъҷам-ул-булдон, 1995м., ҷ.5, саҳ.450.
  20. Балозурӣ, Футуҳ-ул-булдон, 1988ҳ.қ., саҳ.24; Ибни Абдулҳаққи Бағдодӣ, Маросид-ул-иттилоъ, 1412ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.1485.
  21. Аҳмад, Ҳиҷоз дар садри Ислом, 1375ҳ.ш., саҳ.98, Ёқут Ҳамавӣ, Муъҷам-ул-булдон, 1995м., ҷ.5, саҳ.450.
  22. Аҳмад, Ҳиҷоз дар садри Ислом, 1375ҳ.ш., саҳ.99.
  23. Балъамӣ, Таърихномаи Табарӣ, 1373ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.718.
  24. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.485.
  25. Аҳмад, Ҳиҷоз дар садри Ислом, 1375ҳ.ш., саҳ.99.
  26. Абулфараҷи Исфаҳонӣ, Мақотил-ут-толибиин, Бейрут, саҳ.189.
  27. Аҳмад, Ҳиҷоз дар садри Ислом, 1375ҳ.ш., саҳ.99.
  28. Ибни Ҷавзӣ, ал-Мунтазам, Бейрут, ҷ.1, саҳ.142.
  29. Ёқут Ҳамавӣ, Муъҷам-ул-булдон, 1995м., ҷ.5, саҳ.450.
  30. Саховӣ, ал-Булдониёт, 1422ҳ.қ., саҳ.298.
  31. Ибни Ҳабиб, ал-Мунаммақ, 1405ҳ.қ., саҳ.133.
  32. Саловӣ, ал-Истиқсо, 1428ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.427.
  33. Саловӣ, ал-Истиқсо, 1428ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.427.

Сарчашма

  • Абулфараҷи Исфаҳонӣ, Алӣ ибни Ҳусайн, Мақотил-ут-толибиин, таҳқиқи Сайид Аҳмад Сақр, Бейрут, Дорул-маърифат, бе то.
  • Аҳмад, Алӣ Солеҳ, Ҳиҷоз дар садри Ислом, тарҷумаи Абдулмуҳаммад Оятӣ, Теҳрон, нашри Машъар, 1375ҳ.ш.
  • Балозурӣ, Аҳмад ибни Яҳё, Футуҳ-ул-булдон, Бейрут, Дору мактабатил-ҳилол, 1988м.
  • Балъамӣ, Таърихномаи Табарӣ, таҳқиқи Муҳаммад Равшан, Теҳрон, Албурз, чопи сеюм, 1373ҳ.ш.
  • Воқидӣ, Муҳаммад ибни Умар, ал-Мағозӣ, таҳқиқи Морсиден Ҷонс, Бейрут, муассисатул-Аъламӣ, чопи сеюм, 1409ҳ.қ.
  • Зириклӣ, Хайриддин, ал-Аълом қомусу тароҷим ли ашҳар-ир-риҷоли ва-н-нисо мин-ал-араби ва-л-мустаърабина ва-л-мусташриқин, Бейрут, Дорул-илми лил-малоин, чопи ҳаштум, 1989ҳ.қ.
  • Ибни Абдулҳаққи Бағдодӣ, Сафиюддин Абдулмуъмин, Маросид-ул-иттилоъ ала асмо-ил-амкинати ва-л-биқоъ, Бейрут, Дорул-ҷил, 1412ҳ.қ.
  • Ибни Ҳабиби Бағдодӣ, Муҳаммад, ал-Мунаммақ фи ахбори Қурайш, таҳқиқи Хуршед Аҳмад Форуқ, Бейрут, Оламул-кутуб, 1405ҳ.қ.
  • Ибни Ҷавзӣ, Абдурраҳмон ибни Алӣ, ал-Мунтазам фи таърих-ил-умами ва-л-мулук, таҳқиқи Муҳаммад Абдуқодир Ато, Бейрут, Дорул-кутубил-илмийя, бе то.
  • Масъудӣ, Алӣ ибни Ҳусайн, ат-Танбиҳу ва-л-ишроф, тасҳеҳи Абдуллоҳ Исмоил ал-Совӣ, Қоҳира, Дорул-Совӣ, бе то.
  • Масъудӣ, Алӣ ибни Ҳусайн, Муруҷ-уз-заҳаб ва маодин-ул-ҷавҳар, таҳқиқи Асъад Доғир, Қум, Дорул-ҳиҷрат, чопи дувум, 1409ҳ.қ.
  • Муқаддасӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, Аҳсан-ут-тақосим фи маърифат-ил-ақолим, Қоҳира, Мактабат Медбулӣ, чопи сеюм, 1411ҳ.қ.
  • Сабрипошо, Айюб, Мавсуъату миръот-ил-ҳарамайн, Қоҳира, Дорул-офоқил-арабийя, чопи аввал, 1424ҳ.қ.
  • Саловӣ, Аҳмад, ал-Истиқсо ли ахбор-ид-дувал-ил-Мағриб-ил-ақсо, Бейрут, Дорул-кутубил-илмийя, 1428ҳ.қ.
  • Самҳудӣ, Алӣ ибни Аҳмад, Вафо-ул-вафо би ахбори дор-ил-Мустафо, Бейрут, Дорул-кутубил-илмийя, 2006м.
  • Самъонӣ, Абдукарим ибни Муҳаммад, ал-Ансоб, таҳқиқи Абдурраҳмон ибни Яҳё ал-Муъаллимӣ, Ҳайдаробод, Маҷлиси доиратулмаориф-ил-Усмонийя, 1382ҳ.қ.
  • Саховӣ, Муҳаммад ибни Абдурраҳмон, ал-Булдониёт, таҳқиқи Ҳисом ибни Муҳаммад Қаттон, Риёз, Дорул-ато, 1422ҳ.қ.
  • Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, таҳқиқи Муҳаммад Абулфазл Иброҳим, Бейрут, Дорул-турос, чопи дувум, 1387ҳ.қ.
  • Ҳамавӣ, Ёқут ибни Абдуллоҳ, Муъҷам-ул-булдон, Бейрут, Дорусодир, чопи дувум, 1995м.
  • Ҳофиз Абрӯ, Абдуллоҳ ибни Лутфуллоҳ, Ҷуғрофиёи Ҳофиз Абрӯ, таҳқиқи Содиқи Саҷҷодӣ, Теҳрон, Мероси мактуб, 1375ҳ.ш.
  • Яъқубӣ, Аҳмад ибни Абияъқуб, Таърих-ул-Яъқубӣ, Бейрут, Дорусодир, бе то.