Ояти Вилоят

Аз wikishia
Ояти Вилоят
Маълумот дар бораи оят
Номи оятВилоят
Воқеъ дар сураиМоида
Шумораи оят55
Ҷузъ6
Шаъни нузулИнфоқи Имом Алӣ (а) дар ҳоли рукуъ
Макони нузулМадина
МавзуъЭътиқодӣ
Дар бораиИмомат ва вилояти Имом Алӣ алайҳиссалом
Оёти муртабитОяти таблиғ ва ояти икмол


Ояти Вилоят (Моида: 55) баёнгари вилоят ва раҳбарии Худо, Пайғамбар (с) ва муъминоне аст, ки дар рукуъи намоз инфоқ мекунанд. Аз назари муфассирони шиа ва аҳли суннат, шаъни нузули ин оят, инфоқи ҳазрати Алӣ (а) дар рукуъи намоз будааст. Бар ҳамин асос, шиаён барои исботи вилоят ва ҷонишинии ҳазрати Алӣ (а) ба ин оят истинод мекунанд.

Олимони аҳли суннат, калимаи «валӣ/ولیّ»-ро ба маънои «дӯст» медонанд ва истидлоли шиа ба ин оят барои исботи вилояти ҳазрати Алӣ (а)-ро намепазиранд. Дар муқобил, олимони шиа мегӯянд, аз шаъни нузул ва инҳисори мисдоқи «валӣ» бармеояд, ки дар ин ҷо «валӣ» наметавонад ба маънои «дӯстӣ» бошад, балки маънои он вилоят ва сарпарастӣ аст.

Аз ин оят дар китобҳои тафсирӣ, каломӣ ва фиқҳӣ баҳс мешавад. Фақеҳон аз ин оят, аҳкомеро истинбот кардаанд, аз ҷумлаи онҳо ин аст, ки ҳаракатҳои андаки изофӣ, намозро ботил намекунад.

Матни оят

Ҷойгоҳ

Ояти Вилоят яке аз далелҳои шиа бар исботи вилояти Имом Алӣ (а) ва ҷонишинии ӯ барои Пайғамбари Ислом (с) аст.[1] Бархе онро қавитарин далел бар имомати он Имом шумурдаанд.[2]

Муфассирони шиа[3] ва суннӣ[4] сабаби нузули ин оятро инфоқи ҳазрати Алӣ (а) ба камбизоат дар ҳоли намоз медонанд. Аз ин рӯ, ин оят ва ҳамчунин моҷарои хотамбахшӣ аз фазоили Имом Алӣ (а) ба шумор меояд, ки дар Қуръон ба он ишора шудааст. Дар китоби «ал-Мустаршаду фи-л-имомат» омадааст, ки Имом Алӣ (а) дар шӯрои шашнафара, барои исботи ҳаққонияти худ, ба шаъни нузули ин оят дар бораи худ истинод кардааст.[5]

Аз ин оят дар китобҳои каломӣ,[6] тафсирӣ[7] ва фиқҳӣ[8] баҳс шудааст. Ихтилофи назари шиа ва суннӣ дар бораи маънои «валӣ» сабаби баҳсҳои зиёде дар тафсири ин оят шудааст.

Шаъни нузул

Мақолаи аслӣ: Хотамбахшӣ

Бинобар он чи дар ривоёт нақл шудааст, рӯзе камбағале вориди масҷиди Пайғамбар (с) шуду ёрдам талаб кард, вале ҳеҷ кас ба ӯ ёрдам накард. Ӯ дасти худро ба осмон бардошту гуфт: «Худоё, шоҳид бош, ки ман дар масҷиди расули Ту, ёрдам талаб кардам, вале ягон кас ба ман чизе надод!» Дар ҳамин ҳол, Имом Алӣ (а) ки дар ҳоли рукуъ буд, ба ангуштаре, ки дар дасташ буд ишора кард. Фақир наздик омада ангуштарро аз дасти ӯ бароварду гирифт ва ин оят нозил шуд.[9]

Шайхи Муфид таърихи ин моҷаро ва нузули ояти Вилоятро 24 зилҳаҷҷа донистааст.[10]

Эътибори ривоёти шаъни нузул

Аллома Таботабоӣ:

«Агар ин ҳама ривоят дар бораи шаъни нузули ин оят нодида гирифта шавад, бояд ба таври куллӣ аз тафсири Қуръон чашм пӯшид; чароки вақте ба ин ҳама ривоят итминон накунем, чӣ гуна метавонем ба як ё ду ривояте, ки дар тафсири дигар оёти Қуръон нақл шудааст, итминон намоем?»

Ривояти шаъни нузули ояти Вилоятро аз саҳобае чун Ибни Аббос,[12] Аммор,[13] Анас ибни Молик,[14] Абурофеъ Маданӣ[15] ва Миқдод[16] нақл кардаанд. Ба гуфтаи Қозӣ Иҷӣ, олими аҳли суннат, муфассирон бар нузули ин оят дар шаъни ҳазрати Алӣ (а) иҷмоъ доранд.[17] Бо ин ҳол, Ибни Таймия,[18] Ибни Касир[19] ва Фахри Розӣ[20] ҳадиси марбут ба ин оятро заъиф шумурдаанд. Ҳамчунин дар бархе тафосири аҳли суннат дар бораи ин ки оят дар шаъни кӣ нозил шудааст, чор назар матраҳ шудааст: Имом Алӣ (а), Убода ибни Сомит, Абубакр ибни Абиқаҳофа ва тамоми мусулмонон.[21]

Ибни Шуъбаи Ҳарронӣ дар китоби «Туҳаф-ул-уқул» аҳодиси шаъни нузули ояти Вилоятро аҳодиси саҳеҳ ва ҷузви ривоёте донистааст, ки уламо бар онҳо иҷмоъ доранд.[22] Аз назари Аллома Таботабоӣ дар тафсири ал-Мизон, ривоёти шаъни нузули ин оят, мувофиқи Қуръон аст.[23] Ба гуфтаи вай, бузургони тафсир ва ҳадис ин аҳодисро нақл карда, бо онҳо мухолифат накардаанд ва бархе ҳамчун Ибни Таймия, ки мухолифат кардаанд, душманиро ба ниҳоят расонидаанд.[24]

Далолат бар вилояти Имом Алӣ (а)

Сангнавиштае мутааллиқ ба қарни шашуми қамарӣ, марбут ба қадамгоҳи Имом Ризо (а) дар шаҳри Язд, ки дар музеи Остони Қудси Разавӣ нигаҳдорӣ мешавад. Ояти Вилоят дар ҳошияи асар, ҳаккокӣ шудааст.

Олимони шиа ин оятро далеле бар вилоят ва хилофати Имом Алӣ (а) медонанд. Аз назари онон, ин оя бо калимаи «иннамо» (ба маънои фақат) оғоз шудааст ва дар адабиёти араб, вақте ҷумлае бо «иннамо» оғоз шавад, мафҳуми ҷумларо инҳисор мекунад;[25] яъне дар ин оят, вилоят мунҳасир шудааст дар Худо, Пайғамбар (с) ва касоне ки дар рукуъ инфоқ мекунанд; фақат ин се вилоят доранд.[26] Бар асоси шаъни нузули ин оят, мисдоқи касе ки дар рукуъ инфоқ мекунад, Имом Алӣ (а) аст.[27]

Дар ривояте аз Имом Содиқ (а), барои фарз будани итоат аз авсиёи Илоҳӣ, ба ин оят ва ояти Улул-амр истинод шудааст.[28]

Фарқи маънои валӣ дар дидгоҳи шиа ва суннӣ

Бисёре аз уламои аҳли суннат, нузули ин оятро дар шаъни ҳазрати Алӣ (а) медонанд, аммо аз назари онон, калимаи «валӣ» ба маънои «дӯст» ва «ёвар» аст, на «сарпараст».[29] Аммо уламои шиа калимаи «валӣ»-ро ба маънои «сарпараст» ва «соҳибихтиёр» медонанд.[30] Ба гуфтаи Макорими Шерозӣ, дӯстӣ махсуси касоне нест, ки дар рукуъ, закот медиҳанд, балки ҳукми умумӣ аст ва ҳамаи мусулмонон бояд якдигарро дӯст дошта бошанд ва ёрӣ кунанд. Дар ҳоле ки мутобиқи шаъни нузули оят, мисдоқи «валӣ» дар ин оят, танҳо ҳазрати Алӣ аст. Пас «валӣ» дар оят ба маънои вилояту сарпарастӣ аст; ба хусус ин ки ин вилоят дар радифи вилояти Пайғамбар (с) ва Худо қарор гирифтааст.[31]

Ҳамчунин бубинед: Вилояти Имом Алӣ (а)

Истифодаҳои фиқҳӣ

  • Ботил нашудани намоз бо ҳаракоти ҷузъӣ: бархе аз фақеҳони шиа барои исботи ин ки ҳаракоти ҷузъии бадан, намозро ботил намекунад, ба хотамбахшии ҳазрати Алӣ (а) дар ҳоли рукуъ истинод кардаанд.[32]
  • Закот, шомили садақаи мустаҳаб ҳам мешавад: дар ин оят аз хотамбахшӣ бо унвони закот ёд шудааст. Бархе аз фақеҳон натиҷа гирифтаанд, ки закот шомили садақаи мустаҳаб низ мешавад.[33]
  • Бархе аз фақеҳон барои исботи ин ки ният, амали қалбӣ аст ва лозим нест бо забон ҷорӣ шавад, ба ин оят истидлол кардаанд.[34]
  • Зиддият надоштани инфоқ дар намоз бо ҳузури қалб: ба гуфтаи Аллома Маҷлисӣ, тавваҷуҳ ба як ибодати дигаре дар намоз, зиддияте бо камоли намоз ва ҳузури қалб дар он надорад.[35] Ҳамчунин гуфтаанд, ки ҳам намоз ва ҳам, инфоқи ҳазрати Алӣ барои Худо будааст. Аз ин рӯ, зиддияте надорад, ки Имом дар намоз овози фақирро шунавад ва барои ризои Худо ба ӯ инфоқ кунад.[36] Бинобар ривояте, ки дар Илал-уш-шароеъ нақл шудааст, Пайғамбар (с) низ ҳаргоҳ дар ҳоли намоз, овози гиряи кӯдакеро мешунид, намозро зудтар аз ҳамеша ба поён мебурд, то модари кӯдак ба суроғи ӯ биравад.[37]

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. Шайхи Муфид, ал-Ифсоҳ фи-л-имомат, ал-Муътамарул-оламӣ лиалфият аш-Шайхил-Муфид, саҳ.134; Тусӣ, ат-Тибён, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, ҷ.3, саҳ.559.
  2. Тусӣ, Талхис-уш-шофӣ, 1382ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.10.
  3. Барои намуна ниг.: Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.324; Тусӣ, ат-Тибён, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, ҷ.3, саҳ.558-559; Файзи Кошонӣ, Тафсир-ус-Софӣ, 1415ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.44; Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.8.
  4. Барои намуна ниг.: Ҳокими Ҳасконӣ, Шавоҳид-ут-танзил, 1411ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.209 - 239
  5. Табарӣ, ал-Мустаршад, 1415ҳ.қ., саҳ.353.
  6. Барои намуна ниг.: Сайиди Муртазо, аз-Захира, 1431ҳ.қ., саҳ.439.
  7. Барои намуна ниг.: ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.8.
  8. Барои намуна ниг.: Фозили Миқдод, Канз-ул-ирфон, 1425ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.158.
  9. Ҳокими Ҳасконӣ, Шавоҳид-ут-танзил, 1411ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.209 - 239; Қумӣ, Тафсир-ул-Қумӣ, 1404ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.170; Айёшӣ, Тафсир-ул-Айёшӣ, 1380ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.327, ҳадиси 137.
  10. Шайхи Муфид, Масорр-уш-шиъа, 1414ҳ.қ., саҳ.41.
  11. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.8
  12. Ҳокими Ҳасконӣ, Шавоҳид-ут-танзил, 1411ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.232.
  13. Суютӣ, ад-Дурр-ул-мансур, 1403ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.106.
  14. Ҳокими Ҳасконӣ, Шавоҳид-ут-танзил, 1411ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.225.
  15. Табаронӣ, ал-Муъҷам-ул-кабир, бе то, ҷ.1, саҳ.320 - 321, ҳадиси 9559.
  16. Ҳокими Ҳасконӣ, Шавоҳид-ут-танзил, 1411ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.228.
  17. Иҷӣ, ал-Мавоқиф, Оламул-кутуб, саҳ.405.
  18. Ибни Таймия, Минҳоҷ-ус-суннат, 1406ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.9 - 7.
  19. Ибни Касир, Тафсир-ул-Қуръон-ил-Азим, Дорул-кутубил-илмийя, ҷ.3, саҳ.125 - 127.
  20. Фахри Розӣ, Тафсир-ул-Фахр-ир-Розӣ, 1420ҳ.қ., ҷ.12, саҳ.383 - 385.
  21. Ибни Ҷавзӣ, Зод-ул-масир, Дор-ул-китоб-ил-арабӣ, ҷ.1, саҳ.561.
  22. Ибни Шуъбаи Ҳарронӣ, Туҳаф-ул-уқул, 1404ҳ.қ., саҳ.459.
  23. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.20.
  24. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.25.
  25. Ибни Ҳишом, Муғнӣ-л-лабиб, 1410ҳ.қ., ҷ.1, 39.
  26. Сайиди Муртазо, аз-Захира, 1431ҳ.қ., саҳ.439.
  27. Шуштарӣ, Эҳқоқ-ул-ҳақ, 1409ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.400; Ҳокими Ҳасконӣ, Шавоҳид-ут-танзил, 1411ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.209 - 239.
  28. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., саҳ.187.
  29. Иҷӣ, ал-Мавоқиф, Оламул-китоб, ҷ.1, 405.
  30. Ниг.: Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.8; Файюмӣ, ал-Мисбоҳ-ул-мунир, 1414ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.672; Шуштарӣ, Эҳқоқ-ул-ҳақ, 1409ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.408.
  31. Макорим, Тафсири Намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.423.
  32. Фозили Миқдод, Канз-ул-ирфон, 1425ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.158.
  33. Фозили Миқдод, Канз-ул-ирфон, 1425ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.158.
  34. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.81, саҳ.281.
  35. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.81, саҳ.281.
  36. Табасӣ, «Нишони вилоят ва ҷараёни хотамбахшӣ», саҳ.49.
  37. Садуқ, Илал-уш-шароеъ, Маншурот-ул-мактабат-ил-Ҳайдарийя ва матбаъатуҳо фи-н-Наҷаф, ҷ.2, саҳ.344.

Сарчашма

  • Айёшӣ, Муҳаммад ибни Масъуд, Тафсир-ул-Айёшӣ, таҳқиқ: Ҳошим Расулӣ, Теҳрон, Мактабатул-илмийтил-исломийя, чопи аввал, 1380ҳ.қ.
  • Ибни Касир, Исмоил ибни Умар, Тафсир-ул-Қуръон-ил-Азим, таҳқиқи Муҳаммадҳусайн Шамсиддин, Бейрут, Дорул-кутубил-илмийя, бе то.
  • Ибни Таймия, Аҳмад ибни Абдулҳалим, Минҳоҷ-ус-суннат-ин-набавийя фи нақзи калом-иш-шиъа, таҳқиқи Рашод Солим, Риёз, Ҷомеъат-ул-имом Муҳаммад ибни Сауд ал-исломийя, 1406ҳ.қ.
  • Ибни Ҳишом, Абдуллоҳ ибни Юсуф, Муғнӣ-л-лабиб ан китоб-ил-аъориб, таҳқиқи Муҳаммад Муҳйиддин Абдулҳамид, Қум, Мактабат Оятуллоҳил-Маръашӣ, 1410ҳ.қ.
  • Ибни Ҷавзӣ, Абдурраҳмон ибни Алӣ, Зод-ул-масир фи илм-ит-тафсир, таҳқиқи Абдурразоқ Маҳдӣ, Бейрут, Дорул-китобил-арабӣ, бе то.
  • Ибни Шуъбаи Ҳарронӣ, Ҳасан ибни Алӣ, Туҳаф-ул-уқул, тасҳеҳ ва таҳқиқи Алиакбари Ғаффорӣ, Қум, Ҷомеъаи мударрисин, чопи дувум, 1404ҳ.қ.
  • Иҷӣ, Абдурраҳмон, ал-Мавоқиф фи илм-ил-калом, Бейрут, Оламул-кутуб, бе то.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, тасҳеҳи Алиакбари Ғаффорӣ ва Муҳаммади Охундӣ, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломийя, 1407ҳ.қ.
  • Қумӣ, Алӣ ибни Иброҳим, Тафсир-ул-Қумӣ, тасҳеҳ ва таҳқиқ: Таййиб Мусавии Ҷазоирӣ, Қум, Дорул-китоб, чопи сеюм, 1404ҳ.қ.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири Намуна, Қум, Дафтари таблиғоти исломӣ, 1374ҳ.ш.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир ибни Муҳаммадтақӣ, Биҳор-ул-анвор, таҳқиқи Алиакбари Ғаффорӣ ва дигарон, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, 1368ҳ.ш./1403ҳ.қ.
  • Сайиди Муртазо, Алӣ ибни Ҳусайн, аз-Захира фи илм-ил-калом, таҳқиқи Сайид Аҳмад Ҳусайнӣ, Қум, Муассисаи ал-нашрул-исломӣ, 1431ҳ.қ.
  • Суютӣ, Ҷалолиддин, ад-Дурр-ул-мансур фи-тафсири би-л-маъсур, Бейрут, Дорул-фикр, 1403ҳ.қ.
  • Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, ал-Мустаршад фи имомати Алӣ ибни Абитолиб (а), тасҳеҳ: Аҳмад Маҳмудӣ, Қум, Қушонпур, чопи аввал, 1415ҳ.қ.
  • Табаронӣ, Сулаймон ибни Аҳмад, ал-Муъҷам-ул-кабир, таҳқиқи Ҳамдӣ Абдулмаҷид ал-Салафӣ, Бейрут, Дору эҳёил-турос, чопи дувум, бе то.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, тасҳеҳи Фазлуллоҳ Яздии Таботабоӣ ва Ҳошим Расулӣ, Теҳрон, Носири Хисрав, чопи сеюм, 1372ҳ.ш.
  • Табасӣ, Муҳаммадҷавод, «Нишони вилоят ва ҷараёни хотамбахшӣ», фарҳанги Кавсар, № 48, исфанди 1379ҳ.ш.
  • Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Муассисатул-Аъламӣ лил-матбуъот, чопи дувум, 1390ҳ.қ.
  • Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ат-Тибён фи тафсир-ил-Қуръон, таҳқиқи Аҳмад Ҳабиб Омилӣ, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, бе то.
  • Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Талхис-уш-шофӣ, Қум, интишоротул-Муҳиббин, 1382ҳ.ш.
  • Файзи Кошонӣ, Муҳаммад ибни Шоҳ Муртазо, Тафсир-ус-Софӣ, муқаддима ва тасҳеҳ: Ҳусайн Аъламӣ, Теҳрон, Мактабатус-Садр, чопи дувум, 1415ҳ.қ.
  • Файюмӣ, Аҳмад ибни Муҳаммад, ал-Мисбоҳ-ул-мунир, Қум, Муассисаи Дорул-ҳиҷрат, 1414ҳ.қ.
  • Фахри Розӣ, Муҳаммад ибни Умар, Тафсир-ул-Фахр-ир-Розӣ, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, ал-табъатус-солиса, 1420ҳ.қ.
  • Фозили Миқдод, Миқдод ибни Абдуллоҳ, Канз-ул-ирфон фи фиқҳи-л-Қуръон, Қум, интишороти Муртазавӣ, 1425ҳ.қ.
  • Ҳокими Ҳасконӣ, Убайдуллоҳ, Шавоҳид-ут-танзил ли қавоъид-ит-тафзил, таҳқиқи Муҳаммадбоқир ал-Маҳмудӣ, Қум, Маҷмаъу эҳёил-сақофатил-исломийя, чопи дувум, 1411ҳ.қ.
  • Шайхи Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Ифсоҳ фи-л-имомат, Қум, ал-Муътамарул-оламӣ лиалфиятиш-Шайхил-Муфид, бе то.
  • Шайхи Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, Масорр-уш-шиъа, Бейрут, Дорул-Муфид, 1414ҳ.қ./1993м.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Илал-уш-шароиъ, муқаддимаи Сайид Муҳаммадсодиқ Баҳрулъулум, Қум, Мактабатул-Доварӣ, бе то.
  • Шуштарӣ, Нуруллоҳ ибни Шарифиддин, Эҳқоқ-ул-ҳақ ва изҳоқ-ул-ботил, Қум, Мактабат Оятуллоҳил-Маръашӣ, 1409ҳ.қ.

Пайванд ба берун