Ҳазрати Зайнаб саломуллоҳи алайҳо

Аз wikishia
ЗАЙНАБ
Ҳарами ҳазрати Зайнаб (а)
НақшШоҳиди воқеаи Карбало ва ровии он ҳодиса; духтари Имом Алӣ (а) ва хоҳари Имом Ҳасан (а) ва Ҳусайн (а)
Лақабҳо
  • Ақилаи Банӣ-Ҳошим
  • Олимаи ғайримуаллама
  • Комила
  • Фозила
  • Орифа
  • Обидаи Оли Алӣ
  • Аминатуллоҳ
  • Ноибатуззаҳро
  • Мувассақа
Зодрӯз5 ҷамодилаввали соли 5 ё 6ҳ.қ.
ЗодгоҳМадина
Маҳалли зиндагӣ
  • Мадина
  • Кӯфа
ШаҳодатВафот: 15 раҷаби соли 62ҳ.қ.
Тӯли умр57 сол
пайвандон
ПадарИмом Алӣ (а)
МодарҲазрати Заҳро (с)
ҲамсарАбдуллоҳ ибни Ҷаъфар
Фарзандон

Зайнаб (арабӣ: زینب) (5 ё 6 ҳ.қ. – 62 ҳ.қ.) духтари Имом Алӣ (а) ва ҳазрати Заҳро (с) буд. Бар асоси ривоёт, номгузории ҳазрати Зайнаб (а), тавассути Пайғамбари Ислом (с) сурат гирифт. Ӯ ба ҳангоми ҳузури Амиралмуъминин Алӣ (а) дар Кӯфа ба занон тафсири Қуръон таълим медод.

Зайнаб ҳамсари Абдуллоҳ ибни Ҷаъфар буд ва дар воқеаи Карбало дар канори бародараш Имом Ҳусайн (а) ҳузур дошт. Имом Ҳусайн (а) ҳангоми видоъ дар рӯзи Ошӯро аз ҳазрати Зайнаб хост ӯро дар намози шабаш дуо кунад. Бо поён ёфтани ҷанг, Зайнаб ва дигар бозмондагони корвони Имом (а) ба асорат даромаданд ва ба Кӯфа ва аз онҷо ба Шом бурда шуданд.

Хутбаи ҳазрати Зайнаб дар Кӯфа ва низ дар Шом (дар маҷлиси Язид), маъруф аст. Хутбаи ӯ дар маҷлиси Язид, ҳозиронро таҳти таъсир қарор дод ва Язид маҷбур шуд ҷиноят ва қатли Имом Ҳусайн (а)-ро ба гардани Ибни Зиёд биандозад ва ӯро лаън кунад.

Ӯро ба сабаби мусибатҳои фаровоне, ки дида, “уммулмасоиб”; яъне модари ғамҳову мусибатҳо лақаб додаанд. Дар бораи маҳалли дафни Зайнаб (с) ихтилоф аст ва ҳарами ҳазрати Зайнаб дар Шом ва “мақом-ус-Саййида Зайнаб” дар Миср мансуб ба ӯст.

Насаб, вилодат, ном, лақаб ва куня

Зайнаб духтари Имом Алӣ (а) ва ҳазрати Фотима (с) аст.[1] Зайнаб ба маънои «дарахти некӯманзару хушбӯй»[2] ё «зинати падар» аст.[3] Бино бар бархе манобеъ, ҳазрати Зайнаб (с) дар 5-уми ҷамодӣ-л-аввали соли панҷум[4] ё соли шашуми қамарӣ дар Мадина таваллуд шуд.[5]

Бар асоси ривоёти мутаъаддид, номгузории ҳазрати Зайнаб (с), тавассути Пайғамбари Ислом, ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) сурат гирифт. Гуфта шудааст, ки Ҷабраил аз сӯи Худованд ин номро ба пайғамбар (с) расонда аст.[6] Дар китоби «ал-Хасоис-уз-Зайнабийя» омада аст, Пайғамбар (с) ӯро бӯсиду фармуд: «ҳозирони умматам, ғоибонро аз каромати ин духтарам Зайнаб огоҳ кунанд; ҳамоно ӯ монанди ҷаддааш Хадиҷа аст!».[7]

Барои ӯ, алқоби фаровоне нақл шудааст, ҳамонанди ақилаи Банӣ Ҳошим, олимаи ғайри мутааллима, орифа, мувассақа, фозила, комила, обидаи оли Алӣ, маъсумаи суғро, аминатуллоҳ, ноибатуззаҳро, ноибатулҳусайн, ақилатуннисо, шарикатушшуҳадо, балиға, фасеҳа ва шарикатулҳусайн.[8]

Ҳазрати Зайнаб (с)-ро ба сабаби сахтиҳои бисёре, ки дар зиндагӣ дид, уммулмасоиб низ лақаб додаанд.[9] Даргузашти ҷаддаш Пайғамбар (с), беморӣ ва ба шаҳодат расидани модараш, шаҳодати падараш Амиралмуъминин Алӣ (а), шаҳодати бародараш Имом Муҷтабо (а), воқеаи Карбало ва ба асорат рафтан дар Кӯфа ва Шом аз ҷумлаи вақоеъи сахт ва талхи зиндагии ӯ ба шумор меояд.[10]

Ҳамсар ва фарзандон

Ҳазрати Зайнаб соли 17 ҳиҷрии қамарӣ дар сини 11 ё 12 солагӣ бо писаръамми худ Абдуллоҳ ибни Ҷаъфар, издивоҷ кард. Дар бархе манобеъ аз чаҳор писар ба номҳои: Алӣ, Авн, Аббос, Муҳаммад ва як духтар ба номи Уммукулсум ба унвони фарзандони Зайнаб ва Абдуллоҳ ном бурда шудааст.[11]

Машҳур аст, ки ду тан аз шуҳадои Карбало (Авн ва Муҳаммад[12]), фарзандони ҳазрати Зайнаб будаанд.[13] Аммо бархе аз манобеи торихӣ Муҳаммадро фарзанди Хавсо бинти Ҳафса ибни Сақиф аз Абдуллоҳ ибни Ҷаъфар донистаанд.[14] Шохае аз фарзандони Алӣ «занабиюн» хонда шудаанд.[15]

Муъовия барои фарзандаш Язид аз Уммукулсум духтари ҳазрати Зайнаб (с) хостгорӣ кард, вале Имом Ҳусайн (а) ӯро ба ҳамсарии писараммаш Қосим ибни Муҳаммад ибни Ҷаъфар ибни Абитолиб даровард.[16]

Вижагиҳо, фазоил ва маноқиб

Илм ва суханварӣ

Илму суханварӣ Суханон ва хутбаҳои Зайнаб (с)-ро дар Кӯфа ва ҳамчунин дар дарбори Язид, ки ҳамроҳ бо истидлол ба оёти Қуръон буд, баёнгари илм ва дониши ӯ донистаанд.[17] Ӯ аҳодисе аз модараш ҳазрати Заҳро (с) нақл кардааст.[18] Ончунонки дар китоби Мақотил-ут-толибин гузориш шуда Абдуллоҳ ибни Аббос суханони ҳазрати Заҳро (с) дар мавриди Фадакро ба нақл аз ҳазрати Зайнаб (с) ривоят кардааст. Дар ин ривоят, Ибни Аббос аз ӯ бо унвон «ақилатуно Зайнаб бинти Алӣ (а)» ёд мекунад.[19] Муҳаммад ибни Амр, Ато ибни Соиб, Фотима бинти-л-Ҳусайн низ аз ӯ ҳадис нақл кардаанд.[20]

Зайнаб ҳангоми ҳузури Имом Алӣ (а) дар Кӯфа, барои занони онҷо тафсири Қуръон ироа медод.[21]

Суханронии ӯ дар Кӯфа барои шунавандагон, ёдовари хутбаҳои падараш Амирулмуъминин Алӣ (а) буд.[22] Суханонаш дар Кӯфа ва маҷлиси Язид ва низ гуфтугӯҳои ӯ бо Убайдуллоҳ ибни Зиёд, монанди хутбаҳои Имом Алӣ (а) ва хутбаи Фадакияи модараш Заҳро (с) дониста шудааст. [ниёзманди манба] Башир бен Хузайми Асадӣ мегӯяд:

«وَ نَظَرْتُ الَی زَیْنَبَ بِنْتِ عَلِیٍّ یَوْمَئِذٍ وَ لَمْ ارَ خَفِرَةً وَ اللهِ انْطَقَ مِنْها کَانَّها تَفَرَّعُ مِنْ لِسانِ امیرِ الْمُؤْمِنینَ عَلِیِّ بْنِ ابِی طالِبٍ (علیه‌السّلام)»

Дар рӯзи вуруди ин қофила, ман нигоҳ кардам ва Зайнаб (саломуллоҳи алайҳо)-ро дидам. Ман дар он рӯз ҳеҷ занеро, ки саропои вуҷудаш шарму ҳаё бошад, дар суханронӣ нотиқтар ва тавонотару чирадасттар аз Зайнаб надидам. Гуё дар суханронӣ, шогирди мактаби падари бузургвораши Алӣ буд».

«وَ قَدْ اوْمَاتْ الَی النّاسِ انِ اسْکُتوا، فَارْتَدَّتِ اْلانْفاسُ وَ سَکَنَتِ اْلاجْراسُ»

Зайнаб як ишора ба ҷамъият кард, ҳамин ҷамъияте, ки доштанд заҷҷа мезаданду гиря мекарданд, ва як идда ҳам сару садо мекарданд, як ишора кард, ки сокит! Нафасҳо дар синаҳо ҳабс шуд. Ва ҷарасҳо ҳам аз садо афтод. Ҳатто дигар садои зангулаи ҳайвонот ҳам шунида нашуд.[23] Ҳангоми суханронии ӯ дар Кӯфа, пирамарде гирён гуфт: «падару модарам фидои эшон, ки солхурдагонашон беҳтарин солхурдагон ва кӯдакони эшон беҳтарини хурдсолон, занонашон беҳтарини занон ва насли онон волотару бартар аз ҳамаи наслҳост».[24]

Ибодат

Ҳазрати Зайнаб (с) шабҳо ба ибодат мепардохт ва дар даврони зиндагӣ, ҳеҷ гоҳ таҳаҷҷудро тарк накард. Ончунон ба ибодат иштиғол варзид, ки мулаққаб ба «обидаи Оли Алӣ» шуд.[25] Шабзиндадории ӯ ҳатто дар шаби даҳум ва ёздаҳуми муҳаррам тарк нашуд. Фотима духтари Имом Ҳусайн (а) мегӯяд: «аммаам Зайнаб дар тамоми шаби Ошӯро дар ҷои ибодаташ истода буд ва ба Парвардигори хеш истиғоса мекард».[26]

Иртиботи ҳазрати Зайнаб (с) бо Худо онгуна буд, ки Имом Ҳусайн (а) дар рӯзи Ошӯро ҳангоми видоъ, ба хоҳараш фармуд : «хоҳарам! Маро дар намози шаб фаромуш накун!».[27]

Сабру истиқомат

Имом Мусо Садр: «Нақши қаҳрамононаи ҳазрати Зайнаб дар баробари мост. Мо ба ин зан эҳтиром мегузорем ва ӯро бузург медорем.... ҳамонгуна, ки мард метавонад Ҳусайн бошад, зани мусулмон низ метавонад Зайнаб бошад. Агар Имом Ҳусайн намунае аст барои қаҳрамонон ва камоле аст барои мардон. Зайнаб низ намунае аст барои занон. Ончунон ки мардр мусулмон метавонад қаҳрамон ва муҷоҳид бошад, зани мусулмон низ метавонад қаҳрамон ва муҷоҳид бошад!».[28]

Ҳазрати Зайнабро таҷассум ва намоди сабри ҷамил номидаанд.[29] Муқовимат дар роҳи посдорӣ аз ҳарими дин, кантроли нафси худ дар баробари номулоимот ва заъф нишон надодан дар муқобили душман ва адами шиква дар ҳузури мардумро аз ҷумлаи вижагиҳои сабри Зайнаб (с) ном бурдаанд.[30] Ӯ дар рӯзи Ошӯро, ҳангоми дидани пайкари хунини бародараш чунин гуфт: «Бор Худоё, ин қурбонӣ ва кушта дар роҳи худатро аз мо (хонадони Пайғамбар) бипазир!».[31] Ҳамчунин ӯ дар посухи Ибни Зиёд, ки пурсид кори Худоро бо бародар ва аҳли байтат чигуна дидӣ, фармуд: «مَا رَأَیْتُ إلّا جَمِیلاً»; чизе ҷуз зебоӣ надидам!».[32]

Ӯ борҳо ҷони Имом Саҷҷод (а)-ро аз марг наҷот дод, аз ҷумла дар маҷлиси Ибни Зиёд, пас аз эҳтиҷоҷи Имом Саҷҷод (а) бо Ибни Зиёд, ки дастури куштани Имомро содир кард. Дар ин ҳангом ҳазрати Зайнаб (с) даст дар гардани фарзанди бародар андохту фармуд: «то зиндаам, нахоҳам гузошт ӯро бикушед».[33]

Дар воқеаи Карбало

Навиштори аслӣ: воқеаи Карбало

Ҳазрати Зайнаб дар воқеаи Карбало ба ҳамроҳи бародарон, фарзандон ва ёрони Имом Ҳусайн (а) ҳузур ёфт ва пас аз шаҳодати Имом Ҳусайн (а) ва ёронаш, бо дигар бозмондагон асир шуд ва ба Шом рафт. [ ёддошти 1 ]

Дар Карбало

Навиштори аслӣ: шаби Ошӯро

Шайхи Муфид аз Имом Саҷҷод (а) нақл кардааст, ки дар шаби Ошӯро, Зайнаб (с) канори ӯ нишаста буд, ки Имом Ҳусайн (а) ба хаймае рафт ва ашъорӣ дар бораи бевафоии дунё хонд. [ ёддошти 2 ] Имом Саҷҷод гӯяд: аммаам бар асари риққати қалб бо шунидани он шеър, тоқат наёвард ва бо шитобу бетобӣ назди падарам рафту гуфт: «вомусибатоҳ! Эй кош маргам фарорасад, имрӯз модарам Фотима (с) ва падарам Алӣ (а) ва бародарам Ҳасан (а) аз дунё рафтанд, эй ҷонишини гузаштагон ва эй додраси бозмондагон!». Пас Ҳусайн (а) ба ӯ нигоҳе карду фармуд: «хоҳарам, шайтон бурдбориро аз ту нагирад!».

Сипас чашмонаш пур аз ашк шуду фармуд: «агар парандаи қуто (мурғи сангхор)-ро ба ҳоли худ бигузоранд, мехобад». Зайнаб (с) гуфт: «эй вой бар ман! Оё ҷони туро ба зӯр мегиранд? Ин диламро хунинтар мекунад ва бар ман ногувортар аст». Сипас ба сурати худ силӣ заду гиребонро пора кард ва беҳуш афтод. Ҳусайн (а) об бар сураташ рехту ба ӯ фармуд: «хоҳарам! Парҳезкорӣ аз Худо пеша кун ва ба сабру бурдборӣ ва таслияти Худованд муттакӣ бош ва бидон, ки аҳли замин мемиранд ва аҳли осмон боқӣ намемонанд ва ҳамаи чиз рӯ ба ҳалокату фано аст, магар ваҷҳуллоҳ... Падарам, модарам ва бародарам аз ман беҳтар буданд ва Расули Худо (с) барои ман ва барои ҳар мусулмони дигаре намуна ва улгӯ аст». Бо ин суханон ӯро дилдорӣ дод ва фармуд: «эй хоҳар! Туро савганд медиҳам, савгандамро нашкан! Ҳеҷгоҳ ба хотири ман гиребонатро чок накун ва сурататро силӣ назан ва вақте аз дунё рафтам ҷазаъу бетобӣ накун!». Сипас ӯро овард ва назди ман нишонд, ва худ ба тарафи ёронаш рафт.[34]

Таблои асри Ошӯро.

Сӯгвории муҳаррам

Рӯйдодҳо

Воқеаи Карбалоасирони Карбалорӯзшумори воқеаи Ошӯрорӯзи Ошӯрономаҳои кӯфиён ба Имом Ҳусайн (а)воқеаи Ошӯро (аз нигоҳи омор)

Афрод

Имом Ҳусайн (а)

Алии АкбарАлии АсғарАббос ибни Алӣҳазрати Зайнаб (с)Сакина бинти ҲусайнФотима духтари Имом ҲусайнМуслим ибни Ақилшаҳидони Карбалоасирони Карбало

Ҷойҳо

Ҳарами Имом Ҳусайн (а)талли Зайнабийяҳарами ҳазрати Аббос (а)гӯдоли қатлгоҳбайнулҳарамайннаҳри Алқама

Муносибатҳо

ТосуъоОшӯродаҳаи муҳаррамарбаъиндаҳаи сафар

Маросим

Марсияхонӣ • навҳатаъзиятравзазанҷирзанӣсиназанӣсаққохонасанҷу димомдастаи азодорӣШоми ғарибонташтгузорӣнахлгардонӣқамазанӣроҳпаймоии арбаъинтобутгардонӣмаросими тобут

Навиштори аслӣ: рӯзи Ошӯро

Асри Ошӯро ҳангоме, ки ба дастури Шимр, бадани Имом Ҳусайн (а)-ро тирборон карданд ва атрофи ӯро гирифтанд, ҳазрати Зайнаб (с) аз хайма берун омада, Умар ибни Саъд (фармондеҳи лашкари душман)-ро ингуна мавриди хитоб қарор дод: “یابن سَعد! اَیُقتَلُ اَبُو عبدالله وَ أنتَ تَنظُرُ اِلَیهِ؟؛”; фарзанди Саъд! оё Абуабдулло (Имом Ҳусайн (а)) кушта мешавад ва ту тамошо мекунӣ?!».[35] Ӯ ҳеҷ ҷавобе надод ва Зайнаб (с) фарёд баровард: «вой бародарам! Вой сарварам! Вой аҳли байтам! Эй кош осмон бар замин вожгун мешуд! Ва эй кош кӯҳҳо хурду пароканда бар ҳомун мерехт!».[36]

Зайнаб (с), ҳангом расидан бар болини бародараш гуфт: «Худоё! Ин қурбониро аз мо бипазир!»[37] ҳамчунин нақл шудааст, ки рӯ ба сӯи Мадина намуду хитоб ба Пайғамбар (с) гуфт:

«эй Паёмбар! Инон духтарони шумоянд, ки ба асирӣ мераванд. Инон фарзандони шумоянд, ки бо баданҳои хунин, рӯи замин афтодаанд ва боди сабо бар пайкари онон мевазад! Эй Расули Худо! Ин Ҳусайн аст, ки сарашро аз қафо буридаанд ва салаву ридояшро ба ғорат бурдаанд. Падарам фидои касе ки сипоҳиён, ӯро ғорат карданд, сипас хаймагоҳашро сарнагун сохтанд! Фидои он мусофире, ки дигар умеди бозгашташ нест!» суханон ва нолаҳояш, дӯсту душманро таҳти таъсир қарор дод ва ҳамагонро ба гиря водошт.[38]

Дар Кӯфа

Навиштори аслӣ: хутбаи ҳазрати Зайнаб дар Кӯфа

Баъд аз Ошӯро, асиронро ба Кӯфа бурданд ва дар онҷо бо вазъи дилхароше гардонданд. Ҳангоми вуруд ба Кӯфа, Зайнаб (с) барои ҳозирон хутбае хонд ба тавре, ки ҳама шигифтзада шуданд ва таҳти таъсири он қарор гирифтанд.[39] Ҳузайм ибни Шарики Асадӣ дар бораи хутбаи ҳазрати Зайнаб (с) мегӯяд: «савганд ба Худо! Касеро монанди Зайнаб, дар суханварӣ тавоно надидам; чунонки гӯйӣ аз забони Амиралмуъминин Алӣ (а) сухан мегӯяд. Бар мардум наҳиф зад: хомӯш бошед! Бо ин наҳиф, на танҳо он ҷамоати анбӯҳ сокит шуданд, балки занги шутурон низ аз садо афтод!».[40] Дар поёни хутба, ки ошӯби шаҳр ва қиём бар алайҳи ҳукумат эҳсос мешуд, фармондеҳи неруҳои низомӣ барои ҷилавгирӣ аз он, асирони Карбалоро ба Дорул-имора, маркази ҳукумати Убайдуллоҳ Ибни Зиёд фиристод.[41]

Ҳазрати Зайнаб (с) ҳамроҳ бо асирон вориди Дорул-иморати Кӯфа шуд ва дар онҷо бо Убайдуллоҳ Ибни Зиёд ҳокими Кӯфа ба мухосима пардохт.[42] Суханони ҳазрати Зайнаб (с) бар мардум, асаре, амиқ гузошт ва хонадони умавиро расво сохт, сипас Убайдуллоҳ дастури зиндонӣ кардани ононро содир кард. Хутбаи Зайнаб (с) ва низ суханони Имом Саҷҷод (а) ва Уммукулсум ва Фотима бинти-л-Ҳусайн дар Кӯфа ва Дорул-иморат ва низ эътирозҳои Абдуллоҳ ибни Афифи Аздӣ ва Зайд ибни Арқам ба мардуми Кӯфа ҷуръат бахшид ва заминаи қиём барзидди ҳукумати зулмро фароҳам сохт.[43]

Ҳазрати Зайнаб (с) хитоб ба Язид

Ҳар ҳилае дорӣ ба кор бар. Ва аз ҳар кӯшише ки тавонӣ даст мадор. Ва дасти душманӣ аз остин барор, ки ба Худо ин ор ҳаргиз аз ту шуста нашавад. Сипос Худоро, ки поёни кори содоти ҷавонони биҳиштро саодату омурзиш муқарар дошт ва биҳиштро барои онон воҷиб ингошт. Аз Худо мехоҳам, ки пояи қадри ононро воло ва фазли фаровони хеш ба эшон ато фармояд, ки Ӯ мададкори тавоност. Шаҳидӣ, Зиндагонии ҳазрати Фотимаи Заҳро, саҳ.260.

Дар Шом

Ҳазрати Зайнаб (с) хитоб ба Язид

Ба зудӣ онки туро бар ин маснад нишонда ва гардани мусулмононро зери фармони ту кашонда, хоҳад донист, ки зиёнкор кист ва хору бе ёр чӣ касе аст! Дар он рӯз, довар, Худо ва додхоҳ, Мустафо ва гувоҳ бар ту, дасту пост. Аммо эй душман ва душманзодаи Худо! Ман ҳам акнун туро хор медорам ва сарзаниши туро ба чизе намешуморам, аммо чӣ кунам, ки дидаҳо гирён аст ва синаҳо сӯзон, ва дарде, ки аз кушта шудани Ҳусайн ба дил дорем, бедармон. Сипоҳи шайтон [яъне Убайдуллоҳ Ибни Зиёд ва сипоҳён ӯ], моро ба ҷамъи сафеҳон [яъне Язид ва касони ӯ] мефиристанд, то моли Худоро ба подоши ҳатки ҳурмати Худо ба ӯ диҳанд. Ин дасти ҷиноят аст, ки ба хуни мо меолоянд. Ва гушти мо аст, ки зери дандон мехоянд. Ва пайкари поки шаҳидон аст, ки гургони биёбон аз ҳам мерубоянд. Агар моро ба ғанимат мегирӣ, ғаромати худро мегирем, дар он рӯз, ҷуз кардаи зишт, чизе надорӣ. Шаҳидӣ, Зиндагонии ҳазрати Фотимаи Заҳро, саҳ.259.

Навиштори аслӣ: Хутбаи ҳазрати Зайнаб дар Шом

Пас аз воқеаи Карбало, Язид аз Убайдуллоҳ хост, то корвони асиронро ҳамроҳи сарҳои шаҳидон ба Шом бифиристад. Хонадони Имом Ҳусайн (а) ба тарафи Шом роҳӣ шуданд.[44] Мавқеъияти ҳукумати Язид ҳангоми вуруди усаро ба Шом бисёр муҳкам буд; шаҳре, ки мардуми он солҳо буғзи хонадони Алӣ (а)-ро доштанд; зеро солҳо таблиғоти дудмони Абусуфёнро шунида буданд. Ба ҳамин ҷиҳат «ҳангоми вуруди усаро ба Шом, мардум либосҳои нав бар тан карданд ва шаҳрро зинат доданд. Шодмонӣ чунон мардумро фаро гирифта буд, ки гӯё Шом якпорча ғарқ дар сурур буд».[45] Аммо хитобаҳои ҳазрати Зайнаб ва Имом Саҷҷод (а) дар Шом, аз як сӯй, душмании шомиён нисбат ба Аҳли-л-Байт (а)-ро ба муҳаббат бадал намуд ва аз сӯи дигар, хашми умумиро мутаваҷҷеҳи Язид сохт ва Язид мушоҳида кард, ки куштани Имом Ҳусайн (а) ба ҷои онки мавқеъияти ӯро беҳтар кунад, зарбаҳои кӯбандае бар пояҳои ҳукуматаш ворид овард. [ниёзманди манба]

Язид маҷлисе тартиб дода буд, ки ашроф ва сарони Шом дар он ширкат доштанд.[46] Ӯ дар ҳузури хонадони Пайғамбар (с) ки монанди асирон дар ҳузураш буданд, шеърҳои куфромезе хонд ва дар бораи пирӯзии худ, матолибе гуфт ва оёти Қуръонро ба нафъи худ таъвил кард.[47] Ӯ бо чубдастие, ки дар даст дошт, нисбат ба сари буридаи Имом Ҳусайн (а) ҷасорат кард.[48] Ӯ ашъоре аз Ибни Забаърӣ хонд ва чанд байт ба он изофа кард, ки мазмуни онҳо ин буд:

«кош сарони қабилаи ман, ки дар Бадр кушта шуданд, мебуданд ва медиданд, ки тоифаи Хазраҷ чигуна аз шамшерҳои мо ба нола омаданд, то аз хушҳолӣ фарёд мезаданд: эй Язид! дасти ту шул мабод! мо бузургони Банӣ Ҳошимро куштем ва онро ба ҳисоби ҷанг Бадр гузоштем ва ин пирӯзиро дар баробари он шикаст қарор додем. Ҳошим бо ҳукумат бозӣ кард, вагарна, на хабаре аз осмон омад ва на ваҳйе нозил шуд.[49]

Ман аз насли хиндиф [ёддошти 3] нестам агар аз фарзандони Аҳмад интиқом нагирам!». Ногаҳон Зайнаб (с) аз гӯшаи маҷлис бо суханони Язид ба муқобила бархост ва бо овози расо, хутбае эрод кард. Хутбаи ҳазрати Зайнаб (с) дар кохи Язид, ҳаққонияти Имом Ҳусайн (а) ва ботил будани аъмоли Язидро ошкор сохт. Ин хутба, ҳозиронро таҳти таъсир қарор дод ба гунае, ки Язид маҷбур шуд нисбат ба усаро, андаке нармишу инъитоф нишон диҳад ва аз ҳаргуна вокуниш сахт парҳез кунад.[50]

Дар асари равшангарии ҳазрати Зайнаб (с), Язид маҷбур шуд ҷиноят ва қатли Имом Ҳусайн (а)-ро ба гардани Ибни Зиёд биандозад ва ӯро лаън кунад.[51] Имодуддини Табарӣ дар китоби Комили баҳоӣ гузориш карда, Зайнаб (с) хост дар Шом барои Имом Ҳусайн (а) азодорӣ кунад ва Язид пазируфт.[52]

Язид аз атрофиёни худ назар хост, ки бо асирон чӣ кунад? Баъзе гуфтанд: инҳоро низ ба сарнавишти рафтагонашон мубтало гардон, вале Нӯъмон ибни Башир, ба ӯ тавсия кард, то рафтори мулоиме дошта бошад.[53]

Занони оли Абусуфён аз ҷумла Ҳинд ҳамсари Язид, дар хароба ба пешвози Аҳли Байт (а) рафтанд ва дасту пои духтарони Расули Худо (с)-ро мебӯсиданд, гиряву зорӣ мекарданд ва се рӯз азодорӣ бапо доштанд.[54] Дар ин азодориҳо мардум ончунон таҳти таъсир қарор гирифтанд, ки мехостанд, Язидро бикушанд. Марвони Ҳакам, Язидро аз ин ки салтанати ӯ тавассути ин занон табоҳ шавад, тарсонд. Аз ин рӯ, Язид Имом Саҷҷод (а)-ро фарохонд ва гуфт агар ӯ бо Имом Ҳусайн (а) мувоҷеҳ мешуд, намегузошт кор ба инҷо бирасад. Язид хост ба онҳо ҳадяҳое диҳад, ки қабул накарданд. Саранҷом, асирони хонадони Пайғамбар (с) бо такриму эҳтиром, ба Мадина бозгаштанд.[55]

Даргузашт

Ҳарами ҳазрати Зайнаб (с) дар Сурия

Гуфта шуда дар бораи замону макон ва чигунагии даргузашти ҳазрати Зайнаб, дар манобеи торихӣ то садаи ҳаштуми ҳиҷрӣ иттилооти дақиқе вуҷуд надорад ва иттилооти мавҷуд фақат то замонеро Шомил мешавад, ки корвони асирон вориди Мадина мешавад.[56] Дар айни ҳол гуфта шудааст ҳазрати Зайнаб (с) якшанбе, 15 раҷаби соли 62 ҳиҷрии қамарӣ даргузашт.[57] Бархе низ даргузашташро 14 раҷаб донистаанд.[58]

Дар мавриди маҳалли дафни ҳазрати Зайнаб (с) се дидгоҳ вуҷуд дорад:

  1. Шом: машҳур ин аст, ки қабри ҳазрати Зайнаб (с) дар Шом аст.[59] Ин макон акнун дар ҷануби Димишқ қарор дорад. Ба сабаби вуҷуди ҳарами ҳазрати Зайнаб (с), ин минтақа «шаҳраки Ас-Сайида Зайнаб» ном гирифтааст.[60]
  2. Миср: бархе аз муаррихон қабри Зайнаб (с)-ро дар Миср донистаанд.[61] Ин боргоҳ дар Қоҳира дар минтақаи Саййида Зайнаб қарор дорад ва дар соли 1173 ҳиҷрии қамарӣ бозсозӣ шудааст. Ин макон ба мақоми ас-Сайида Зайнаб ва масҷиди ас-Сайиида Зайнаб машҳур аст.[62]
  3. Қабристони Бақиъ: Сайидмуҳсини Амин қабристони Бақиъ дар Мадинаро маҳалли дафни ҳазрати Зайнаб (с) донистааст.[63]

Ҳуҷум ба ҳарам

Дар пайи буҳрон ва ҷанг дар Сурия иқдомоте тавассути гуруҳҳои террористӣ ва ДИИШ барои тахриби ҳарами ҳазрати Зайнаб (с) дар соли 2011 то 2014 сурат гирифт, ки мунҷар ба осебдидагии бахше аз ҳарам аз ҷумла гунбад ва ҳамчунин шаҳодати бархе аз сокинон ва зоирони ҳарам шуд.[64]

Дар фарҳанг ва адабиёти шиъа

Рӯзи парастор: дар Эрон рӯзи вилодати ҳазрати Зайнаб (с) ба унвони рӯзи парастор номгузорӣ шудааст.[65] Бархе сабаби ин номгузориро парастории ӯ аз Имом Саҷҷод (а) ва дигар беморон ва асирони Карбало донистаанд.[66] Шиъаён ба муносибати солрӯзи таваллуди ҳазрати Зайнаб (с) дар нуқоти мухталиф маросими ҷашн баргузор мекунанд.

Азодорӣ: шиъаён дар солрӯзи вафоти ҳазрати Зайнаб (с) (15 раҷаб), маросими азодорӣ баргузор мекунанд. Дар ин маросим зимни баёни фазоили ҳазрати Зайнаб (с), мусибатҳо ва саргузашти зиндагии ӯро ёдовар мешаванд.[67]

Номгузории духтарон: бисёре аз шиъаён номи духтарони худро Зайнаб мегузоранд.[68] Тибқи омори эъломшуда дар соли 2012 дар Эрон, номи Зайнаб ҷузви даҳ номи аввали духтарон қарор гирифтааст.[69]

Конгресс ва ҳамоишҳо: дар соли 2010 дар шаҳри Қум, конгресси байналмилалии ҳазрати Зайнаб (с) баргузор шуд.[70] Дар ин конгресс осори фаровоне, аз ҷумла донишномаи ҳазрати Зайнаб (с) мунташир шуд.[71] Ҳамчунин ҳамоишҳое дар бораи ҳазрати Зайнаб (с) дар ҳарами Имом Ҳусайн (а), Ардабил, Бушеҳр ва Теҳрон баргузор шудааст.[72]

Шеър ва адабиёт: шоирони бисёре дар бораи ҳазрати Зайнаб (с) ба забонҳои мухталиф шеър сурудаанд.[73] Бархе аз ин ашъор дар мавзуъоти мухталифе аз ҷумла мадҳ, марсия ва ҳузури Зайнаб (с) дар Карбало аст.

Наййири Табрезӣ, шоири машҳури эронӣ, дар бораи ҳузури ҳазрати Зайнаб (с) дар рӯзи Ошӯро абёте чунин сурудааст:

Зайнаб, чу дид пайкари он шаҳ ба рӯи хок

Аз дил кашид нола ба сад дарди сӯзнок

К-эй хуфтаи хуш ба бистари хун!

Дида боз кун аҳволи мо бибину сипас, хоби ноз кун

Эй вориси сарири имомат!

Ба по хез бар куштагони бекафани худ намоз кун

Тифлони худ, ба вартаи баҳри бало нигар

Дасте ба дастгирии эшон, дароз кун

Бархез, субҳ шом шуд, эй мири корвон!

Моро савор бар шутури бе ҷиҳоз кун[74]

Ҳамчунин шеъри дигаре, ки шӯҳрат ёфтааст:

Сирри най, дар Найнаво мемонд, агар Зайнаб набуд

Карбало дар Карбало мемонд, агар Зайнаб набуд

Чеҳраи сурхи ҳақиқат баъд аз он тӯфони ранг

Пушти абре аз риё мемонд, агар Зайнаб набуд

Чашмаи фарёди мазлумияти лабташнагон

Дар кавири тафта, ҷо мемонд, агар Зайнаб набуд

Дар убури бистари таърих, сайли инқилоб

Пушти кӯҳи фитна ҷо мемонд, агар Зайнаб набуд[75]

Китобшиносӣ

Дар бораи ҳазрати Зайнаб беш аз 200 асар то кунун чоп шуда,[76] ки бархе аз онҳо иборат аст аз:

  1. Симои ҳазрати Зайнаб алайҳо-с-салом, Муҳаммадмаҳдии Тоҷи Лангрӯдӣ, Теҳрон, нашри Мумтоз, 1375 ҳ.ш.
  2. Хасоиси Зайнабийя, Сайиднуриддини Ҷазоирӣ, Қум, интишороти Масҷиди муқаддаси Ҷамкарон, 1381 ҳ.ш.
  3. Ас-Сайида Зайнаб, баталат-ут-таърих ва роидат-ул-ҷиҳод фи-л-Ислом, Боқиршариф ал-Қурашӣ, Бейрут, Дор-ул-муҳаҷҷат-ул-байзо 1422 ҳ.қ.
  4. Модари мусибатҳо (сӯгномаи ҳазрати Зайнаб), Алиризо Риҷолии Теҳронӣ, Қум, интишороти Нубуғ, 1380 ҳ.ш.
  5. Зеботарин шикеб, зиндагонии ҳазрати Зайнаб алайҳо-с-салом, Маҳдии Ризоӣ, Теҳрон, интишороти Бунёди мустазъафон, 1379 ҳ.ш.
  6. Бонуи Ошӯро, ҳазрати Зайнаб, Расули Сайф, Теҳрон, Созмони пажӯҳиш ва барномарезии омӯзишӣ, интишороти Мадраса, 1377 ҳ.ш.
  7. Ҳазрати Зайнаб, бузургбонуи Карбало, Абдуламир Фулодзода, Қум, конуни нашри андешаҳои исломӣ, 1370 ҳ.ш.
  8. Паёмовари Карбало, ҳазрати Зайнаб, Муртазо Фаҳими Кирмонӣ, Теҳрон, интишороти Дор-ус-салом, 1376 ҳ.ш.
  9. Усваҳои исор (нигоҳе ба зиндагонии ҳазрати Зайнаб), Аббоси Қадёнӣ, Теҳрон, интишороти Фардобеҳ, 1381 ҳ.ш.
  10. Ҳазрати Зайнаб, паёмрасони шаҳидони Карбало, Муҳаммад Муҳаммадии Иштиҳордӣ, Теҳрон, нашри Мутаҳҳар, 1376 ҳ.ш.

Ҷусторҳои вобаста

Адабиёт

  1. Ибни Асир, Усд-ул-ғоба, 1409 ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.132.
  2. Ибни Манзур, Лисон-ул-араб, 1414 ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.453, зери калимаи «занаба».
  3. Муртазо Зубайдӣ, Тоҷ-ул-арус, 1414 ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.60.
  4. Каҳҳола, Аълом-ун-нисо, 2008, ҷ.2, саҳ.91.
  5. Абулҳасан ал-Алавӣ, Ахбор-уз-Зайнабийёт, 1410 ҳ.қ., саҳ.23.
  6. Шариф ал-Қурашӣ, ас-Сайида Зайнаб, 1422 ҳ.қ., саҳ.39.
  7. Ҷазоирӣ, ал-Хасоис-уз-Зайнабийя, 1425 ҳ.қ., саҳ.44.
  8. Ҷазоирӣ, ал-Хасоис-уз-Зайнабийя, 1425 ҳ.қ., саҳ.52 - 53.
  9. Амин, Аъён-уш-шиъа, 1406 ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.137.
  10. Амин, Аъён-уш-шиъа, 1406 ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.137.
  11. Ибни-л-Асир, Усд-ул-ғоба, 1409 ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.133.
  12. Муфид, ал-Иршод, 1372 ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.125.
  13. Абулфараҷи Исфаҳонӣ, Мақотил-ут-толибин, 1419 ҳ.қ., саҳ.95/ Имодуддин Табарӣ, Комили баҳоӣ, 1383 ҳ.ш., саҳ.674.
  14. Абулфараҷи Исфаҳонӣ, Мақотил-ут-толибин, 1419 ҳ.қ., саҳ.95 – 96/ Имодиддин Табарӣ, Комили баҳоӣ, 1383 ҳ.ш., саҳ.674.
  15. Муртазо Зубайдӣ, Тоҷ-ул-арус, 1414 ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.60/ Каҳола, Муъҷаму қабоил-ил-араб, 1414 ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.493.
  16. Амин, Аъён-уш-шиъа, 1406 ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.137.
  17. Ниг: Каҳҳола, Аълом-ун-нисо, 2008, ҷ.2, саҳ.92 - 97.
  18. Каҳҳола, Аълом-ун-нисо, 2008, ҷ.2, саҳ.91.
  19. Абулфараҷи Исфаҳонӣ, Мақотил-ут-толибин, 1385 ҳ.ш., саҳ.60.
  20. Каҳҳола, Аълом-ун-нисо, 2008, ҷ.2, саҳ.91.
  21. Маҳаллотӣ, Раёҳин-уш-шариъат, 1349 ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.57.
  22. Нигоҳ кунед ба: Табарсӣ, ал-Эҳтиҷоҷ, 1413 ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.109.
  23. Ат-Табарсӣ, ал-Эҳтиҷоҷ, ҷ.2, саҳ.2.
  24. Сайид ибни Товус, ал-Луҳуф, 1378 ҳ.ш., саҳ.179/ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403 ҳ.қ., ҷ.45, саҳ.110.
  25. Ҷаъфар ан-Нақдӣ, Зайнаб-ул-кубро бинт-ул-Имом, 1361 ҳ.қ., саҳ.61.
  26. Маҳаллотӣ, Раёҳин-уш-шариъат, 1349 ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.62.
  27. Маҳаллотӣ, Раёҳин-уш-шариъат, 1349 ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.62.
  28. «Имом Мусо Садр дар мавриди Арбаъин чӣ гуфт?», сайти интихоб.
  29. Ниг: Маҳдизода, «Сабр ва пойдории ҳазрати Зайнаб (а)», пойгоҳи итилоърасонии Ҳавза; «ҳазрати Зайнаб (а), намоди сабри ҷамил», хабаргузории ҳавза.
  30. «Ҳазрати Зайнаб (с), намоди сабри ҷамил», хабаргузории Ҳавза.
  31. Файзулислом, Хотуни ду саро, 1366 ҳ.ш., саҳ.185.
  32. Сайид ибни Товус, ал-Луҳуф, Анвор-ул-ҳудо, саҳ.94.
  33. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403 ҳ.қ., ҷ.45, саҳ.117.
  34. Муфид, ал-Иршод, 1372 ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.93 - 94.
  35. Муфид, ал-Иршод, 1372 ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.112.
  36. Сайид ибни Товус, ал-Луҳуф, 1378 ҳ.ш., саҳ.159 ва 161.
  37. Файзулислом, Хотуни ду саро, 1366 ҳ.ш., саҳ.185.
  38. Абумихнаф, Вақъат-ут-таф, 1427 ҳ.қ., саҳ.295/ Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1358 ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.348 – 349/ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403 ҳ.қ., ҷ.45, саҳ.59.
  39. Нигоҳ кунед ба: Табарсӣ, ал-Эҳтиҷоҷ, 1413 ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.113.
  40. Нигоҳ кунед ба: Табарсӣ, ал-Эҳтиҷоҷ, 1413 ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.109 - 110.
  41. Содиқии Ардастонӣ, Зайнаби қаҳрамон духтари Алӣ, 1372 ҳ.ш., саҳ.246.
  42. Абумихнаф, Вақъат-ут-таф, 1427 ҳ.қ., саҳ.299 – 300/ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403 ҳ.қ., ҷ.45, саҳ.117.
  43. Нигоҳ кунед ба: Муфид, ал-Иршод, 1372 ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.117 ва саҳ.115.
  44. Ҳошиминажод, Дарсе, ки Ҳусайн ба инсонҳо омухт, 1369 ҳ.ш., саҳ.326.
  45. Муҳаммадии Иштиҳордӣ, Ҳазрати Зайнаб, фурӯғи тобони Кавсар, 1379 ҳ.ш., саҳ.327 - 328.
  46. Ҳошиминажод, Дарсе, ки Ҳусайн ба инсонҳо омухт, 1369 ҳ.ш., саҳ.330.
  47. Муҳаммадии Иштиҳордӣ, Ҳазрати Зайнаб, фурӯғи тобони Кавсар, 1379 ҳ.ш., саҳ.248.
  48. Нигоҳ кунед ба: Табарсӣ, ал-Эҳтиҷоҷ, 1413 ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.122.
  49. Абумихнаф, Вақъат-ут-таф, 1427 ҳ.қ., саҳ.306 – 307/ Сайид ибни Товус, ал-Луҳуф, 1378 ҳ.ш., саҳ.213.
  50. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403 ҳ.қ., ҷ.45, саҳ.135/ Сайид ибни Товус, ал-Луҳуф, 1378 ҳ.ш., саҳ.221.
  51. Илоҳӣ, Зайнаби Кубро, ақилаи Банӣ Ҳошим, 1375 ҳ.ш., саҳ.244/ Суютӣ, Таърих-ул-хулафо, 1425 ҳ.қ., саҳ.158.
  52. Имодуддин Табарӣ, Комили баҳоӣ, 1383 ҳ.ш., саҳ.644.
  53. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403 ҳ.қ., ҷ.45, саҳ.135/ Сайид ибни Товус, ал-Луҳуф, 1378 ҳ.ш., саҳ.221.
  54. Абумихнаф, Вақъат-ут-таф, 1427 ҳ.қ., саҳ.311.
  55. Имодуддин Табарӣ, Комили баҳоӣ, 1383 ҳ.ш., саҳ.645.
  56. Партав, «Зайнаб бинти Алӣ ибни Абитолиб», саҳ.153.
  57. Қазвинӣ, Зайнаб-ул-Кубро мин-ал-маҳди ила-л-лаҳад, 1424 ҳ.қ., саҳ.591.
  58. Қурашӣ, ас-Сайида Зайнаб, 1422 ҳ.қ., саҳ.298.
  59. Қурашӣ, ас-Сайида Зайнаб, 1422 ҳ.қ., саҳ.299.
  60. Қурашӣ, ас-Сайида Зайнаб, 1422 ҳ.қ., саҳ.299.
  61. Қурашӣ, ас-Сайида Зайнаб, 1422 ҳ.қ., саҳ.299.
  62. Каҳола, Аълом-ун-нисо, 2008, ҷ.2, саҳ.99.
  63. Амин, Аъён-уш-шиъа, 1406 ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.140 - 141.
  64. «Ҳамлаи террористӣ ба ҳарами ҳазрати Зайнаб дар Сурия», сайти шабакаи Хабар; «ҳамла ба ҳарами ҳазрати Зайнаб (с)», сайти Тобнок.
  65. «Иллати номгузории рӯзи мелоди ҳазрати Зайнаб (с) ба рӯзи парастор», пойгоҳи итилоърасонии Ҳавза.
  66. «Иллати номгузории рӯзи мелоди ҳазрати Зайнаб (с) ба рӯзи парастор», пойгоҳи итилоърасонии Ҳавза.
  67. Солрӯзи реҳлати ҳазрати Зайнаб (с) дар Машҳад баргузор шуд, хабаргузории ЭРНО.
  68. Асомии духтарон ва писарон дар 10 соли ахир кадоманд?».
  69. «Панҷоҳ номи аввали духтарон дар соли 1392 гузориши сабти аҳвол», сайти сабти аҳвол.
  70. «Конгресси миллии ҳазрати Зайнаб (с) дар Қум ба кори худ поён дод», хабаргузории ЭРНО.
  71. «Конгресси миллии ҳазрати Зайнаб (с) дар Қум ба кори худ поён дод», хабаргузории ЭРНО.
  72. «Ҳамоиши ҳазрати Зайнаб (с) дар ҳарами Имом Ҳусайн (а) баргузор шуд», хабаргузории Ҳавза/ раҳравони ҳазрати Зайнаб (с) дар Ардабил», хабаргузории садо ва симо; «ҳамоиши ҳазрати Зайнаб, улгӯи истодагӣ дар Бушеҳр баргузор шуд», хабаргузории дифои муқаддас; «ҳамоиши раҳравони ҳазрати Зайнаб», сайти идораи кулли авқофи Теҳрон.
  73. Амини Муқаддасӣ, «Баррасии шеъри ошӯроӣ дар ду адаби форсӣ ва арабӣ бо такя бар Шаҳриёр ва Ҷавоҳирӣ», саҳ.79.
  74. Муҳаммадии Рейшаҳрӣ, Донишномаи Имом Ҳусайн, 1388 ҳ.ш., ҷ.10, саҳ.373.
  75. Муҳаммадзода, Донишномаи шеъри ошӯрои инқилоби Ҳусайнӣ, 1386 ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.1478.
  76. Аҳмадӣ, Китобшиносии имомзодагон, 1384 ҳ.ш., саҳ.17.

Сарчашма

  • Ибни-л-Асир ал-Ҷазарӣ, Алӣ ибни Муҳамад, Усд-ул-ғоба фи маърифат-ис-саҳоба, Бейрут, Дор-ул-фикр, 1409 ҳ.қ.
  • Амини Муқаддасӣ, АбулҲасан, «Баррасии шеъри ошӯроӣ дар ду адаби форсӣ ва арабӣ бо такя бар Шаҳриёр ва Ҷавоҳирӣ», дар маҷаллаи адабиёти пойдорӣ, донишгоҳи шаҳид Боҳунари Кирмон, пойиз ва зимистони 1391 ҳ.ш.
  • Ибни Манзур, Муҳамад ибни Мукаррам, Лисон-ул-араб, Бейрут, Дору содир, чопи сеюм, 1414 ҳ.қ.
  • Абулфараҷи Исфаҳонӣ, Алӣ ибни Ҳусайн, Мақотил-ут-толибин, Бейрут, Муассисат-ул-аъламӣ ли-л-матбуъот, 1419 ҳ.қ.
  • Абумихнаф, Тут ибни Яҳё, Вақъат-ут-таф, таҳқиқи Муҳаммадҳодӣ Юсуфии Ғаравӣ, Қум, Маҷмаъ-ул-оламӣ лиаҳл-ил-байт, чопи дувум, 1427 ҳ.қ.
  • Илоҳӣ, Ҳасан, Зайнаби Кубро, ақилаи Банӣ Ҳошим, Теҳрон, Офарина, 1375 ҳ.ш.
  • Амин, Сайидмуҳсин, Аъён-уш-шиъа, таҳқиқи Ҳасан ал-Амин, Бейрут, Дор-ут-таъоруф, 1406 ҳ.қ./ 1986 м.
  • Партав, Марям, «Зайнаб бинти Алӣ ибни Абитолиб», дар Донишномаи ҷаҳони Ислом, Теҳрон, Бунёди доират-ул-маъорифи исломӣ, 1396 ҳ.ш.
  • Ҷазоирӣ, Сайиднуриддин, ал-Хасоис-уз-Зайнабийя, Қум, интишороти ал-Мактабат-ул-ҳайдарийя, 1425 ҳ.қ.
  • «Ҳазрати Зайнаб (с), намоди сабри ҷамил», хабаргузории Ҳавза, таърихи дарҷи матлаб: 9 шаҳривари 1399 ҳ.ш., таърихи боздид: 5 меҳри 1399 ҳ.ш.
  • «Панҷоҳ номи аввали духтарон дар соли 1392 гузориши сабти аҳвол», сайти созмони сабти аҳвол, таърихи боздиди матлаб: 14 баҳмани 1397 ҳ.ш.
  • Ҷаъфар ан-Нақдӣ, Зайнаб-ул-кубро бинт-ул-Имом, ан-Наҷаф-ул-ашраф, ал-Мактабат-ул-ҳайдарийя, 1361 ҳ.қ.
  • Раҷабии Давонӣ, Ҳусайн, «чаро ҳамсари ҳазрати Зайнаб (с) эшонро дар Карбало ҳамроҳӣ накард?», пойгоҳи хабарии бошгоҳи хабарнигорони ҷавон, таърихи интишор: 25 баҳмани 1394 ҳ.ш., таърихи мушоҳида: 19 фарвардини 1398 ҳ.ш.
  • Сайид ибни Товус, Сайидалӣ ибни Мусо, ал-Луҳуф, тарҷумаи Ақиқии Бахшоишӣ, Қум, Дафтари нашри навиди Ислом, чопи панҷум, 1378 ҳ.ш.
  • Сайид ибни Товус, Сайидали ибни Мусо, ал-Луҳуф фи қатло-т-туфуф, Қум, Анвор-ул-ҳудо, бе то.
  • Суютӣ, Абдурраҳмон ибни Абибакр, Таърих-ул-хулафо, муҳаққиқ Ҳамдӣ ад-Дамардош, Риёз, Мактабату Назор Мустафо-л-Боз, 1425 ҳ.қ.
  • Содиқии Ардастонӣ, Аҳмад, Зайнаби қаҳрамон, духтари Алӣ, Теҳрон, Мутаҳҳар, 1372 ҳ.ш.
  • Табарсӣ, Аҳмад ибни Алӣ, ал-Эҳтиҷоҷ, таҳқиқи Шайх Иброҳим Баҳодурӣ, Қум, Усва, 1413 ҳ.қ.
  • Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, Қоҳира, Матбаат-ул-истиқомат, 1358 ҳ.қ.
  • Араб Зайдободӣ, Абдурризо, «Абдуллоҳ ибни Ҷаъфар ва қиёми Карбало», маҷаллаи Таърихи Ислом дар оинаи пажӯҳиш, шумораи 21, соли шашум, баҳори 1388 ҳ.ш.
  • Имодиддин Табарӣ, Ҳасан ибни Алӣ, Комили баҳоӣ, Теҳрон, интишороти Муртазавӣ, чопи аввал, 1383 ҳ.ш.
  • «Иллати номгузории рӯзи мелоди ҳазрати Зайнаб (с) ба рӯзи парастор», пойгоҳи итилоърасонии Ҳавза, таърихи дарҷи матлаб: 15 обони 1389 ҳ.ш., таърихи боздид: 22 дайи 1397 ҳ.ш.
  • Файзулислом, Сайидалии Нақӣ, Хотуни ду саро сайидатано Зайнаб-ил-Кубро, Теҳрон, нашри осори Файзулислом, чопи дувум, 1366 ҳ.ш.
  • Қурашӣ, Боқиршариф, ас-Сайида Зайнаб баталат-ут-таърих ва роидат-ул-ҷиҳод фи-л-Ислом, Бейрут, Дор-ул-муҳаҷҷат-ил-байзо, 1422 ҳ.қ.
  • Қазвинӣ, Сайидмуҳаммадкозим, Зайнаб-ул-Кубро (с) мин-ал-маҳди ило-л-лаҳад, Қум, Дор-ул-ғадир, чопи дувум, 1424 ҳ.қ.
  • Каҳҳола, Умарризо, Аълом-ун-нисо фи оламай-ил-араб ва-л-Ислом, Бейрут, Муассисат-ур-рисола, 2008 м.
  • Каҳҳола, Умарризо, Муъҷаму қабоил-ил-араб, Бейрут, Муассисат-ур-рисола, 1414 ҳ.қ.
  • Маҳаллотӣ, Забеҳуллоҳ, Раёҳин-уш-шариъат дар тарҷумаи бонувони донишманди шиъа, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломийя, 1349 ҳ.ш.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, Муассисат-ул-вафо, чопи сеюм, 1403 ҳ.қ.
  • Муҳаммадии Иштиҳордӣ, Муҳаммад, Ҳазрати Зайнаб, фурӯғи тобони Кавсар, Теҳрон, Бурҳон, чопи сеюм, 1379 ҳ.ш.
  • Муҳаммадии Рейшаҳрӣ, Муҳаммад, Донишномаи Имоми Ҳусайн (а), Қум, Дор-ул-ҳадис, 1388 ҳ.ш.
  • «Маҳбубтарин асомии духтарон ва писарон дар 10 соли ахир кадоманд?», бошгоҳи хабарнигорони ҷавон, таърихи дарҷи матлаб: 18 баҳмани 1396 ҳ.ш., таърихи боздид: 14 баҳмани 1397 ҳ.ш.
  • Муртазо Зубайдӣ, Муҳаммад ибни Муҳаммад, Тоҷ-ул-арус мин ҷавоҳир-ил-қомус, Бейрут, Дор-ул-фикр, 1414 ҳ.қ.
  • Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Иршод, Қум, ал-Муътамар-ул-оламӣ лиалфият-иш-Шайх-ил-Муфид, 1372 ҳ.ш.
  • Маҳдизода, Заҳро, «Сабр ва пойдории ҳазрати Зайнаб (с)», пойгоҳи итилоърасонии Ҳавза, таърихи дарҷи матлаб: 10 меҳри 1396 ҳ.ш., таърихи боздид: 5 меҳри 1399 ҳ.ш.
  • Ҳошиминажод, Сайидабдукарим, Дарсе, ки Ҳусайн ба инсонҳо омухт, Машҳад, Ҳошиминажод, чопи ёздаҳум, 1369 ҳ.ш.


Пайванд ба берун