Jump to content

Боб-ус-суъбон

Аз wikishia
Боб-ус-суъбони масҷиди Кӯфа

Боб-ус-суъбон, (арабӣ: بابُ الثُّعبان) ё Боб-ул-фил (арабӣ: بابُ الفیل) ва ё Боб-ур-раиса (арабӣ: باب الرئیسة)[1] яке аз дарҳои шимолии масҷиди Куфа аст[2], ки номгузориаш ба рӯйдоде марбут ба Имом Алӣ (а) ишора дорад.

Ба гузориши Шайхи Муфид (ваф.413ҳ.қ.) дар ал-Иршод, дар ҳини суханронии Имом Алӣ (а) дар Масҷиди Куфа, мори бузурге (суъбон) бар минбар зоҳир шуд. Имом бо мор гуфтугӯ кард ва бо посух ба пурсиши он, ҳувияти морро ҳамчун фармонравои ҷинҳо ошкор намуд ва аз куштани он ҷилавгирӣ кард.[3] Ин воқеа сабаб шуд, ки аҳолии Куфа ин дарвозаро «Боб-ус-суъбон» (Дари аждаҳо) номгузорӣ кунанд.[4] Албатта, дар бораи ҷузъиёти ин рӯйдод дар китобҳои Маноқиби Ибни Шаҳрошӯб,[5] Мадинат-ул-маоҷиз[6] ва Машориқ-ул-анвор-ил-яқин[7] ривоятҳои гуногун нақл шудааст.

Ин ривоят ҳамчун фазилате барои Имом Алӣ (а) дар китобҳое чун Минҳоҷ-ул-карома асари Аллома Ҳиллӣ[8] ва Эҳқоқ-ул-ҳақ асари Қозӣ Нуруллоҳи Шуштарӣ[9] низ омадааст. Ба гузориши Аминулислом Табрасӣ (ваф.548ҳ.қ.), Муовия ибни Абисуфён дастур дод, ки филеро дар канори дари масҷид қарор диҳанд, то ин фазилати Алӣ (а) фаромӯш шавад ва номи дар ба «Боб-ул-фил» табдил ёбад.[10]

Нақшаи масҷиди Кӯфа

Эзоҳ

  1. Турайҳӣ, ал-Атабот-ул-муқаддаса фи-л-Кӯфа, 1406ҳ.қ., саҳ.72
  2. Қоидон, Атаботи олиёти Ироқ, 1387ҳ.ш., саҳ.81
  3. Шайхи Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.348–349
  4. Турайҳӣ, ал-Атабот-ул-муқаддаса фи-л-Кӯфа, 1406ҳ.қ., саҳ.73
  5. Ибни Шаҳрошӯб, Маноқибу Оли Абитолиб, 1379ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.251
  6. Барои намуна ниг.: Баҳронӣ, Мадинат-ул-маоҷиз, 1411ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.274
  7. Барои намуна ниг.: Ҳофиз Барсӣ, Машориқ-ул-анвор-ил-яқин, 1422ҳ.қ., саҳ.121
  8. Аллома Ҳиллӣ, Минҳоҷ-ул-карома, 1379ҳ.ш., саҳ.151
  9. Шуштарӣ, Эҳқоқ-ул-ҳақ, 1409ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.733
  10. Табрасӣ, Эълом-ул-варо, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, саҳ.179

Сарчашма

  • Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Минҳоҷ-ул-карома, Машҳад, Тосуо, 1379ҳ.ш.
  • Баҳронӣ, Ҳошим ибни Сулаймон, Мадинат-ул-маоҷиз, Бейрут, Муассисаи Нуъмон, 1411ҳ.қ./1991м.
  • Ибни Шаҳрошӯб, Муҳаммад ибни Алӣ, Маноқибу Оли Абитолиб, Қум, Аллома, чопи аввал, 1379ҳ.қ.
  • Табрасӣ, Фазл ибни Ҳасан, Эълом-ул-варо, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, бе таърих.
  • Турайҳӣ, Муҳаммад Саид, ал-Атабот-ул-муқаддаса фи-л-Кӯфа, Бейрут, Дор-ул-кутуби ли-л-матбуот, 1406ҳ.қ./1986м.
  • Шайхи Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Иршод фи маърифати ҳуҷаҷ-ил-лоҳ ала-л-ибод, Қум, Конгресси Шайхи Муфид, чопи аввал, 1413ҳ.қ.
  • Шуштарӣ, Нуруллоҳ ибни Шарафуддин, Эҳқоқ-ул-ҳақ ва изҳоқ-ул-ботил, Қум, Китобхонаи умумии Ҳазрати Оятуллоҳ Маръашии Наҷафӣ, 1409ҳ.қ.
  • Қоидон, Асғар, Атаботи олиёти Ироқ, Теҳрон, Машъар, 1387ҳ.ш.
  • Ҳофиз Барсӣ, Раҷаб ибни Муҳаммад, Машориқ-ул-анвор-ил-яқин фи асрори Амирулмуъминин, Бейрут, Муассисат-ул-аъламӣ ли-л-матбуот, 1422ҳ.қ./2001м.