Ояти Таяммум

Аз wikishia
Ин мақола дар бораи ояти Таяммум аст. Барои ошноӣ бо аҳкоми фиқҳии таяммум мадхали Таяммумро бубинед.

Ояти Таяммум бахшҳои поёнии ояти 6-и сураи Моида ва 43-и сураи Нисо ва аз оётул-аҳкоми Қуръон аст, ки фуқаҳои мусулмон бо истинод ба он, аҳкоме ҳамчун ҷавози таяммум ба ҷои вузуъ (таҳорат) ва ғусл ва чигунагии анҷоми онро истинбот кардаанд.

Фуқаҳои мусулмон ҳамчунин бо тавваҷуҳ ба ин оят гуфтаанд, дар мавориде, ки дастрасӣ ба об мақдур нест ё ба сабаби беморӣ наметавон аз об истифода кард, метавон ба ҷои вузуъ ва ғусл таяммум кард.

Ихтилофи назар дар маъонии бархе вожагони оят, сабаби ихтилофи фатво дар чигунагии анҷоми таяммум ва маҳдудаи он шудааст. Барои намуна, бештари фуқаҳои имомия, бо истинод ба ин оят мегӯянд, дар таяммум кофӣ аст танҳо бахше аз рӯй (пешонӣ) масҳ шавад, дар ҳоле ки фуқаҳои аҳли суннат, масҳи ҳамаи рӯйро воҷиб медонанд.

Ҳамчунин имомия бар ин назаранд, ки дар оят, манзур аз масҳи даст, кашидани кафи даст бар пушти дасти дигар, аз сари ангуштон то банди даст аст, вале фатвои бархе фуқаҳои аҳли суннат ин аст, ки бояд аз сари ангуштон то оринҷро масҳ кард.

Матни оя

Ояти Таяммум дар ду ҷои Қуръон омадааст: яке дар бахши поёнии ояти 6-и сураи Моида ва дигаре дар бахши поёнии ояти 43-и сураи Нисо:

يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا لَا تَقْرَبُوا الصَّلَاةَ وَأَنْتُمْ سُكَارَى حَتَّى تَعْلَمُوا مَا تَقُولُونَ وَلَا جُنُبًا إِلَّا عَابِرِي سَبِيلٍ حَتَّى تَغْتَسِلُوا وَإِنْ كُنْتُمْ مَرْضَى أَوْ عَلَى سَفَرٍ أَوْ جَاءَ أَحَدٌ مِنْكُمْ مِنَ الْغَائِطِ أَوْ لَامَسْتُمُ النِّسَاءَ فَلَمْ تَجِدُوا مَاءً فَتَيَمَّمُوا صَعِيدًا طَيِّبًا فَامْسَحُوا بِوُجُوهِكُمْ وَأَيْدِيكُمْ إِنَّ اللَّهَ كَانَ عَفُوًّا غَفُورًا

Эй касоне ки имон овардаед! Дар ҳоли мастӣ ба намоз наздик нашавед, то замоне, ки бидонед чӣ мегӯед ва [низ] дар ҳоли ҷанобат, [вориди намоз нашавед] магар инки раҳгузар бошед то ғусл кунед ва агар беморед, ё дар сафаред, ё яке аз шумо аз қазои ҳоҷат омад, ё бо занон омезиш кардаеду об наёфтаед, пас, бар хоки пок таяммум кунед ва рӯй ва дастҳоятонро масҳ намоед, ки Худо бахшанда ва омурзанда аст[1]

يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا إِذَا قُمْتُمْ إِلَى الصَّلَاةِ فَاغْسِلُوا وُجُوهَكُمْ وَأَيْدِيَكُمْ إِلَى الْمَرَافِقِ وَامْسَحُوا بِرُءُوسِكُمْ وَأَرْجُلَكُمْ إِلَى الْكَعْبَيْنِ وَإِنْ كُنْتُمْ جُنُبًا فَاطَّهَّرُوا وَإِنْ كُنْتُمْ مَرْضَى أَوْ عَلَى سَفَرٍ أَوْ جَاءَ أَحَدٌ مِنْكُمْ مِنَ الْغَائِطِ أَوْ لَامَسْتُمُ النِّسَاءَ فَلَمْ تَجِدُوا مَاءً فَتَيَمَّمُوا صَعِيدًا طَيِّبًا فَامْسَحُوا بِوُجُوهِكُمْ وَأَيْدِيكُمْ مِنْهُ مَا يُرِيدُ اللَّهُ لِيَجْعَلَ عَلَيْكُمْ مِنْ حَرَجٍ وَلَكِنْ يُرِيدُ لِيُطَهِّرَكُمْ وَلِيُتِمَّ نِعْمَتَهُ عَلَيْكُمْ لَعَلَّكُمْ تَشْكُرُونَ

Эй касоне ки имон овардаед! Чун ба [қасди] намоз бархезед рӯй ва дастҳоятонро то оринҷ бишӯед ва сару пойҳои худатонро то баромадагии [ҳар ду по] масҳ кунед ва агар ҷунубед худро пок кунед [= ғусл намоед] ва агар бемор ё дар сафар будед, ё яке аз шумо аз қазои ҳоҷат омад, ё бо занон наздикӣ кардаеду обе наёфтед, пас бо хоки пок таяммум кунед ва аз он ба рӯй ва дастҳоятон бикашед, Худо намехоҳад бар шумо танг бигирад, лекин мехоҳад шуморо пок ва неъматашро бар шумо тамом гардонад, бошад ки сипоси [Ӯ] бидоред![2]

Ҷойгоҳ

Ояти Таяммум аз оётул-аҳкоми Қуръон аст, ки фақеҳони мусулмон бо истинод ба он, ҷавози таяммум ба ҷои вузӯъ ва ғусл ва шарт будани он барои намозро дар ҷое ки имкони вузӯъ ва ғусл нест, истинбот мекунанд.[3] Фақеҳон ҳамчунин чигунагии анҷоми таяммумро бо истинод ба ин оят баён кардаанд.[4] Аз онҷо ки дар ин оят, ҳукми ҷавози таяммум ба ҷои вузӯъ ва ғусл ташреъ шудааст, онро бо унвони ояти «рухсат» низ мешиносанд.[5]

Ҷое, ки таяммум ҷоиз аст

Фақеҳони мусулмон бо тавваҷуҳ ба оят, маворидеро ки дар онҳо ба ҷои вузӯъ ва ғусл бояд таяммум гирифт, ба ин шарҳ номбар кардаанд:

  • Беморӣ: бо тавваҷуҳ ба ҷумлаи «وَإِن کنتُم مَّرْضَیٰ; агар бемор будед», гуфтаанд, агар мукаллаф бемор бошад, ба тавре ки истифода аз об барои ӯ зарар дошта бошад, ба ҷои вузӯъу ғусл, метавонад таяммум кунад.[6]
  • Наёфтани об: дар иборати «فَلَمْ تَجِدُوا مَاءً/агар обе наёфтед» баён кардааст, ки агар бо вуҷуди ҳадаси асғар ва ҳадаси акбар, мукаллаф ба андозаи кифоят барои вузуъ ва ғусл, об пайдо накард, ё ба он дастрасӣ надошт, дар ин сурат метавонад ба ҷои вузӯъ ва ғусл, таяммум кунад.[7]

Сафар

Фуқаҳо ва муфассирон дар хусуси иборати «أَوْ عَلَیٰ سَفَرٍ; ё дар сафар будед» гуфтаанд, мусофират аз умуре нест, ки вузуъ ё ғуслро бар мукаллаф воҷиб созад ва зикри он дар ибтидои ин бахш аз оят ба ин ҷиҳат аст, ки гоҳе иттифоқ меафтад барои касе ки дар сафар аст, қудрати дастрасӣ ба об вуҷуд надорад ва ё обе ба ҳамроҳ дораду тарси он дорад, ки агар барои вузуъ ё ғусл истифода кунад, тишнагӣ бар ӯ фишор биоварад ва ҷонаш ба хатар афтад. Дар ин ҳолат, метавонад ба ҷои вузуъ ва ғусл, таяммум кунад.[8]

Ихтилофи назар дар маънои вожагони оят

Дар маънои бархе аз муфрадоти оят ихтилофи назарҳое вуҷуд дорад, ки мунҷар ба орои фиқҳии мухталифе шудааст:

"لامَسْتُم/ ломастум"

Калимаи «ломастум/ لَامَسْتُمُ» ки аз модаи «ламс/لَمْس» аст, ба бовари муфассирон ва фуқаҳои имомия сирфан ба маънои ламс кардани занон нест, балки киноя аз алоқаи ҷинсӣ бо онон аст, ки ғусли ҷанобатро воҷиб мекунад.[9] Бархе ҳамчун Фозили Миқдод дар китоби Канз-ул-ирфон ва Рашидризо дар тафсири ал-Манор, ба Шофеӣ нисбат додаанд, ки ӯ сирфи тамоси бадании зан ва марди номаҳрам бо якдигарро сабаби шикастани таҳорат медонист.[10] Фатвои Молик ибни Анас – яке аз пешвоёни мазҳабҳои чаҳоргонаи фиқҳии аҳли суннат ҳам ин аст, агар тамоси баданӣ бо номаҳрам ҳамроҳ бо шаҳват бошад, вузуъро мешиканад.[11]

"صعید/ саъид"

Ихтилофи назари фуқаҳо дар инки таяммум бар чӣ чизҳое саҳеҳ аст, ношӣ аз ихтилофи назар дар маънои вожаи «саъид/صعید» аст.[12] Фақеҳони шиа муътақиданд, вожаи «саъид», бар ҳарчизе ки унвони замин бар он сидқ мекунад, итлоқ мегардад; монанди санг, кулух ва сангреза.[13] Бархе ҳамчун Ҷавҳарии луғатдон, онро сирфан ба маънои хок донистаанд.[14]

Дар бораи тавсифи вожаи «саъид» ба «таййиб» дар иборати «саъидан таййибо/ صَعِیدًا طَیبًا», Таботабоӣ дар ал-Мизон гуфтааст, манзур он аст, ки замин, хоҳ хок ё санг, аз ҳолати табииаш хориҷ нашуда бошад ва монанди гач, оҳак ва монанди онҳо набошад, ки бо пухта шудану ҳарорат додан, ҳолати аслӣ ва табиъии худро аз даст додаанд.[15] Бархе низ вожаи «таййиб»-ро ба маънои «пок» дониста ва бар ин назаранд, замине, ки бар он таяммум мекунанд, бояд наҷас набошад.[16]

Маънои таяммум

Мақолаи аслӣ: Таяммум Бархе, вожаи таяммум дар оятро ба маънои «қасд», яъне маънои луғавии он дар назар гирифтаанд.[17] Бархе низ бар ин назаранд, ки ин вожа бар маънои шаръии он далолат дорад[18] ва иборат аст аз: задани дастҳо бар рӯи хок ва масҳи рӯй ва пушти дастҳо бо ҳамон дастҳое, ки бар рӯи хок зада шудааст.[19]

Чигунагии таяммум

Мақолаи аслӣ: Таяммум Фуқаҳои мусулмон бо тавваҷуҳ ба « فَامْسَحُوا بِوُجُوهِکمْ وَأَیدِیکم; рӯй ва дастҳоятонро [бо хок] масҳ кунед!», ба баёни чигунагии анҷоми таяммум ва миқдоре, ки лозим аст масҳ шавад, пардохтаанд.[20] Бештари фуқаҳои имомия бар ин назаранд, ки ҳарфи «бо» дар «бивуҷуҳикум» ба маънои «баъзе» аст ва дар таяммум, масҳи қисмате аз рӯй кифоят мекунад.[21] Онҳо ҳамчунин бо истинод ба суннати Пайғамбар (с) ва имомони маъсум (а), бар ин назаранд, ки ин қисмати рӯй бояд пешонӣ бошад ва воҷиб аст, ки масҳи он, бо ҳарду даст, аз боло то абрӯйҳо ва болои бинӣ бошад.[22] Ҳамчунин аз назари имомия, пас аз масҳи пешонӣ, воҷиб аст пушти дастҳо бо дасти дигар, аз банди даст то интиҳои ангуштон масҳ шавад.[23]

Ба гуфтаи Муҳаммадҷавод Муғния, мазоҳиби чаҳоргонаи аҳли суннат ва Шайх Садуқ аз имомия, муътақиданд, ки манзур аз рӯй дар оят, ҳамаи рӯй аст ва на қисмате аз он, ба ҳамин хотир воҷиб аст, ки дар таяммум, ҳамаи рӯй, ҳатто риш, масҳ шавад.[24] Шофеия ва ҳанафия бар ин назаранд, ки манзур аз «даст» дар оят, аз сари ангуштон то оринҷ аст; яъне ҳамон миқдоре, ки дар вузуъ воҷиб аст шуста шавад. Лизо воҷиб аст, ки дар таяммум низ ҳамин маҳдуда масҳ шавад.[25] Моликия ва ҳанобила муътақиданд, ки масҳи даст аз сари ангуштон то атрофи банди даст, воҷиб, ва то оринҷ мустаҳаб аст.[26]

Эзоҳ

  1. Сураи Нисо, ояти 43.
  2. Сураи Моида, ояти 6.
  3. Фозили Миқдод, Канз-ул-ирфон фи фиқҳ-ил-Қуръон, 1373ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.27; Иравонӣ, Дурусун тамҳидийя фи тафсири оёт-ил-аҳком, 1428ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.76.
  4. Фозил Ҷавод, Масолик-ул-афҳом ило оёт-ил-аҳком, 1365ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.66 - 67; Баҳронӣ, Ҳадоиқ-ун-нозира, 1363ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.243 - 244.
  5. Суютӣ, ад-Дурр-ул-мансур, Дорул-фикр, ҷ.3, саҳ.26.
  6. Фахри Розӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, 1420ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.309; Фозил Ҷавод, Масолик-ул-афҳом ило оёт-ил-аҳком, 1365ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.63.
  7. Фозили Миқдод, Канз-ул-ирфон, 1373ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.26.
  8. Муҳаққиқи Ардабилӣ, Зубдат-ул-баён, ал-Мактабатул-Муртазавийя ли эҳёил-осорил-Ҷаъфарийя, саҳ.19; Фахри Розӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, 1420ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.310; Таботабоӣ, ал-Мизон, 1363ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.226.
  9. Фозили Миқдод, Канз-ул-ирфон, 1373ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.25; Фозил Ҷавод, Масолик-ул-афҳом ило оёт-ил-аҳком, 1365ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.63.
  10. Фозили Миқдод, Канз-ул-ирфон, 1373ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.25; Рашидризо, тафсири ал-Манор, 1990м, ҷ.5, саҳ.97.
  11. Олусӣ, Руҳ-ул-маъонӣ, 1415ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.41; Фозили Миқдод, Канз-ул-ирфон, 1373ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.25.
  12. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.120.
  13. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.118; Сабзаворӣ, Муҳаззаб-ул-аҳком, Дорул-тафсир, ҷ.4, саҳ.377.
  14. Ҷавҳарӣ, Сиҳоҳ-ул-луғат, 1407ҳ.қ., зайли вожа «саъид».
  15. Таботабоӣ, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, 1417ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.229.
  16. Муҳаққиқи Ардабилӣ, Зубдат-ул-баён, ал-Мактабатул-Муртазавийя ли эҳёил-осорил-Ҷаъфарийя, саҳ.19; Фозил Ҷавод, Масолик-ул-афҳом ило оёт-ил-аҳком, 1365ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.66.
  17. Барои намуна ниг.: Муҳаққиқи Ардабилӣ, Зубдат-ул-баён, ал-Мактабатул-Муртазавийя ли эҳёил-осорил-Ҷаъфарийя, саҳ.19; Рашидризо, тафсири ал-Манор, 1990м., ҷ.5, саҳ.100.
  18. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1415ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.91; Баҳронӣ, ал-Ҳадоиқ-ун-нозира, 1363ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.244.
  19. Омилӣ, Мадорик-ул-аҳком, 1429ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.175.
  20. Муҳаққиқи Ардабилӣ, Зубдат-ул-баён, ал-Мактабатул-Муртазавийя ли эҳёил-осорил-Ҷаъфарийя, саҳ.19; Фахри Розӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, 1420ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.313.
  21. Фозили Миқдод, Канз-ул-ирфон, 1373ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.27; Фозил Ҷавод, Масолик-ул-афҳом ило оёт-ил-аҳком, 1365ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.66.
  22. Фозили Миқдод, Канз-ул-ирфон, 1373ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.27.
  23. Фозили Миқдод, Канз-ул-ирфон, 1373ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.27; Муғния, ал-Фиқҳу ала-л-мазоҳиб-ил-хамса, 1421ҳ.қ., саҳ.71.
  24. Муғния, ал-Фиқҳу ала-л-мазоҳиб-ил-хамса, 1421ҳ.қ., саҳ.70.
  25. Муғния, ал-Фиқҳу ала-л-мазоҳиб-ил-хамса, 1421ҳ.қ., саҳ.70.
  26. Ҷазирӣ, ал-Фиқҳу ала-л-мазоҳиб-ил-арбаъа, 1419ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.248; Муғния, ал-Фиқҳу ала-л-мазоҳиб-ил-хамса, 1421ҳ.қ., саҳ.70.

Сарчашма

  • Баҳронӣ, Юсуф, Ҳадоиқ-ун-нозира, Қум, муассисаи ал-Фикрул-исломӣ, 1363ҳ.ш.
  • Иравонӣ, Муҳаммадбоқир, Дурусун тамҳидийя фи тафсири оёт-ил-аҳком, Қум, Дорул-фиқҳ лил-табоъати вал-нашр, чопи сеюм, 1428ҳ.қ.
  • Муғния, Муҳаммадҷавод, ал-Фиқҳу ала-л-мазоҳиб-ил-хамса, Бейрут, Дорул-таёрил-ҷадид, 1421ҳ.қ.
  • Муҳаққиқи Ардабилӣ, Аҳмад ибни Муҳамад, Зубдат-ул-баён фи аҳком-ил-Қуръон, Теҳрон, ал-Мактабатул-Муртазавийя ли эҳёил-осорил-Ҷаъфарийя, бе то.
  • Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ 1362ҳ.ш.
  • Олусӣ, Маҳмуд ибни Абдуллоҳ, Тафсири Руҳ-ул-маъонӣ, Бейрут, Дорул-кутубил-илмийя, 1415ҳ.қ.
  • Рашидризо, Муҳаммад, тафсири ал-Манор, Миср, ал-Ҳайатул-мисрийятил-оммати лил-китоб, 1990м.
  • Сабзаворӣ, Сайид Абдулаъло, Муҳаззаб-ул-аҳком, Қум, Дорул-тафсир, бе то.
  • Суютӣ, Ҷалолиддин, ад-Дурр-ул-мансур, Бейрут, Дорул-фикр, бе то.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён, Бейрут, муассисатул-Аъламӣ лил-матбуъот, 1415ҳ.қ.
  • Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи-т-тафсир-ил-Қуръон, Қум, интишороти Исмоилиён, 1363ҳ.ш.
  • Фахри Розӣ, Муҳаммад ибни Умар, ат-Тафсир-ул-кабир, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, 1420ҳ.қ.
  • Фозил Ҷавод, Ҷавод ибни Саид, Масолик-ул-афҳом ило оёт-ил-аҳком, Теҳрон, интишороти Муртазавӣ, 1365ҳ.ш.
  • Фозили Миқдод, Миқдод ибни Абдуллоҳ, Канз-ул-ирфон фи фиқҳ-ил-Қуръон, Теҳрон, интишороти Муртазавӣ, 1373ҳ.ш.
  • Ҷавҳарӣ, Абунаср Исмоил ибни Ҳаммод, ас-Сиҳоҳ тоҷ-ул-луғат ва сиҳоҳ-ил-арабия, Бейрут, Дорул-илми лил-малоин, чопи чаҳорум, 1407ҳ.қ.