Ояти Машварат
- Ин навиштор дар бораи ояти Машварат аст. Барои огоҳӣ аз ояте, ки дар бораи шуро аст, ояти Шуроро бубинед.
Ояти Машварат (Оли Имрон: 159) зимни баёни нақши ахлоқи зебои Пайғамбари Ислом (с) дар ҷазби мусулмонон, ба ӯ фармон медиҳад, бо мардум машварат кунад.
Далели нозил шудани ин оятро тасдиқи рафтор ва сираи Пайғамбар (с) дар машварат бо асҳоби худ дар ҷанги Уҳуд донистаанд.
Муфассирон, зери ояти Машварат, фоидаҳое барои машварат номбар кардаанд; аз ҷумла: боло бурдани сатҳи тафаккури мардум, эҷоди эҳсоси масъулият дар онҳо дар хусуси умури ҷомеа, интихоби беҳтарини раъй, ислоҳ намудани мардум ва иззату эҳтироми онҳо.
Ба гуфтаи муфассирон, машварати Пайғамбар (с) бо мардум ба корҳои ҷамъиятӣ ва иҷроии ҷомеъа ва читавр пиёда кардани фармонҳои Илоҳӣ иртибот дорад, на ба ҳалолу ҳароми Худо; зеро аҳкоми Илоҳӣ аз ваҳй омадааст ва аз Қуръону суннат гирифта мешавад.
Аз дидгоҳи баъзе мутафаккирони исломӣ, таълимоти шӯроии Қуръон муносибтарин равиш барои ташкили ҳукумати исломӣ дониста шудааст.
Муаррифии иҷмолӣ, матн ва тарҷума
Ояти 159-и сураи Оли Имрон ба унвони ояти Машварат муаррифӣ шудааст.[1] Албатта муфассирон илова бар ин оят,[2] зайли ояти 38-и сураи Шуро низ масъалаи машварат ва аҳамияти онро баррасӣ кардаанд.[3] Дар ояти Машварат, илова бар ёдоварии ахлоқи зебои Пайғамбар, се фармони умумӣ содир шудааст: афви умумӣ, машварат бо мардум ва таваккул бар Худо.[4] Тавсия ба машварат дар ин оят дар зимни маҷмӯае аз дастурҳои ахлоқӣ омадааст.
Ба гуфтаи Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ, Худо дар ояти Машварат бо ишора ба нармхуии Пайғамбар (с) ки боиси ҷалби мусулмонон шуда, аз ӯ мехоҳад, зимни афви хатокорони ҷанги Уҳуд ва талаби мағфират барои кушташудагони ҷанг, дар корҳо низ бо мусулмонон машварат кунад.[5]
Пажуҳишгарони динӣ муътақиданд, оятҳои Машварат сабаби густурда шудани машварат дар ҷомеа шуд ва ҳамаи мардум дар фароянди тасмимгириҳо саҳим шуданд. Ба гуфтаи онон, дар ин оятҳо виҷҳаи ҳукуматии Пайғамбар (с) мавриди хитоб қарор гирифтааст, на ҷанбаи паёмбарии ӯ; зеро паёмоварӣ робитаи мустақиме бо Худо аст ва ниёзе ба халқ надорад; дар ҳоле ки машварат, хислати мусбати ҳукумат аст, ҳатто агар дар раъси он маъсум нишаста бошад.[6]
فَبِمَا رَحْمَةٍ مِّنَ اللَّـهِ لِنتَ لَهُمْ ۖ وَلَوْ كُنتَ فَظًّا غَلِيظَ الْقَلْبِ لَانفَضُّوا مِنْ حَوْلِكَ ۖ فَاعْفُ عَنْهُمْ وَاسْتَغْفِرْ لَهُمْ وَشَاوِرْهُمْ فِي الْأَمْرِ ۖ فَإِذَا عَزَمْتَ فَتَوَكَّلْ عَلَى اللَّـهِ ۚ إِنَّ اللَّـهَ يُحِبُّ الْمُتَوَكِّلِينَ
Пас ба [баракати] раҳмати Илоҳӣ, бо онҳо нармху [ва пурмеҳр] шудӣ, ва агар тундху ва сахтдил мебудӣ, қатъан аз гирди ту пароканда мешуданд. Пас, ононро бибахш ва барояшон мағфират бихоҳ, ва дар кор [ҳо] бо онон машварат кун, ва чун тасмим гирифтӣ, бар Худо таваккул кун; зеро Худованд таваккулкунандагонро дӯст медорад. (Сураи Оли Имрон, ояти 159).
Шаъни нузул
Нузули ояти 159-и сураи Оли Имронро муртабит бо шикасти мусулмонон дар ҷанги Уҳуд донистаанд.[7] Бар асоси матлабе, ки дар Тафсири Намуна омадааст, пеш аз ҷанги Уҳуд, дар бораи чигунагии мувоҷиҳа бо душман, назари Пайғамбар (с) ҳамроҳ бо иддае аз мусулмонон, ҷанги даруни Мадина буд, вале ӯ ба назари аксарият эҳтиром гузошт ва берун аз шаҳр ба ҷанги мушрикон рафт. Пас аз шикаст, бархе фикр карданд, пайравӣ накардан аз назари Пайғамбар (с) сабаби шикаст шуда ва ӯ дигар набояд бо мусулмонон машварат кунад. Ба ҳамин хотир, ин оят нозил шуд, то ба ин тарзи тафаккур ҷавоб гӯяд ва ба Пайғамбар (с) дастур диҳад, боз ҳам дар корҳо бо онон машварат кунад.[8]
Нармхуӣ ва меҳрубонии Пайғамбар (с) сабаби ҷазб ба Ислом
Ба бовари Аллома Таботабоӣ, агарчӣ мухотаби ояти Машварат, Расулуллоҳ (с) аст, вале дар воқеъ, Худованд умуми мусулмононро мавриди хитоб қарор дода, гуфтааст, осонгирии Пайғамбар (с) дар бархӯрд бо онон ва гузашти ӯ аз хатоҳои онҳо, раҳмате аст аз ҷониби Худо нисбат ба мусулмонон; зеро Ӯ аст, ки Пайғамбар (с)-ро нармхӯю хушахлоқ қарор додааст.[9] Ба гуфтаи Фазл ибни Ҳасани Табарсӣ, натиҷаи нармхӯии Пайғамбар (с), ҷазби мардум ба дини Ислом будааст ва дар муқобил, ин ҳушдорро ба Пайғамбари Ислом (с) додааст, ки агар сангдилу ҷафопеша мебуд, мардум аз атрофаш пароканда мешуданд.[10]
Аҳамияти машварат
Муфассирон зери оятҳои Машварат, фоидаҳое барои он номбар кардаанд, ки иборатанд аз: боло бурдани сатҳи тафаккури мардум, эҳсоси масъулияти онҳо, интихоби беҳтарин назар, ташвиқ ба мушорикат дар корҳои умумии ҷомеа, ислоҳ кардани мардум, муттасиф шудани онҳо ба ахлоқи некӯ ва таҷлил аз мардум.[11]
Таъкиди Қуръон бар анҷоми корҳо бо машваратро ба ин далел донистаанд, ки ҳарчӣ инсон аз назари фикрӣ нерӯманд бошад, боз нисбат ба масоили мухталиф як, ё чанд буъдро менигарад ва аз дигар буъдҳо ғофил хоҳад шуд. Ҳамчунин гуфта шудааст, дар оёти муртабит бо аҳамияти машварат, ин кор як барномаи доимӣ дониста шудааст, ки ҳатто Пайғамбар бо вуҷуди иртибот бо мабдаи ваҳй, дар масоили иҷроӣ, бо мусулмонон машварат мекарду гоҳ назари онҳоро бар назари худ муқаддам медошт.[12]
Аллома Таботабоӣ ояти 159-и сураи Оли Имронро тасдиқи сираи Пайғамбари Ислом (с) медонад ва инки амалкарди Расули Худо бар асоси амри Худо буда ва Худо аз кори ӯ розӣ аст.[13]
Густараи машварати Пайғамбар
Муфассирон машварат кардани Пайғамбар (с) бо мардумро мунҳасир дар корҳои умумӣ ва иҷроии ҷомеъа,[14] умури муртабит бо сарнавишти ҷомеъа, маслиҳати умумӣ ва ҳамчунин чигунагии пиёда кардани аҳкоми Илоҳӣ дониста,[15] гуфтаанд, машварат дар ҳалолу ҳароми Худо[16] ва умури динӣ ҷорӣ намешавад;[17] чароки ин аҳком ношӣ аз ваҳй аст ва аз китобу суннат гирифта мешавад ва муртабит бо вилояти ташреъии Худованд аст.[18]
Муфассироне чун Содиқии Теҳронӣ ва Макорими Шерозӣ, машварат дар амри хилофатро низ беэътибор медонанд; чароки ба бовари онҳо, дар ин масъала аз сӯи Худо ҳукми хоссе нозил шуда ва бо таъйини васӣ ва халифаи Пайғамбар (с) аз тариқи ваҳй, дигар ҷое барои шӯро боқӣ намемонад.[19] Бархе аз муфассирони аҳли суннат, монанди Замахшарӣ, бо истинод ба ин сухан Умар ибни Хаттоб, ки «алхилофату шуро/ اَلخِلافةُ شوریٰ» (хилофат шӯроӣ аст), масъалаи хилофатро дар қаламрави шуро қарор додаанд.[20]
Пайравии Пайғамбар аз натиҷаи машварат дар тасмимгирии ниҳоӣ
Бархе, маъмур шудани Пайғамбар (с) ба машваратро ба хотири эҳтиром ба шахсияти мусулмонон дониста, муътақиданд, тасмимгирандаи ниҳоӣ, чунончӣ оят гуфтааст, Пайғамбари Ислом аст ва Пайғамбар (с) лозим нест аз натиҷаи машварат пайравӣ кунад. Дар муқобил, гуфта шудааст, манзур аз инки дар охири оят, Пайғамбар (с) ба унвони тасмимгирандаи ниҳоӣ муаррифӣ шуда, ин нест, ки ӯ бо мардум машварат кунаду баъд назароти онҳоро нодида бигирад; зеро бо ҳадафи оят носозгор аст ва сабаби беэҳтиромӣ ба афкори умумӣ ва дар натиҷа ранҷиши мусулмонон хоҳад шуд ва натиҷаи баръакс хоҳад дошт.
Ҳамчунин дар сираи Пайғамбар низ дида шудааст, ки ӯ агарчӣ назари ҷамъро мутафовит аз назари худ медид, боз ҳам ба назари ҷамъ амал мекард, то асли машваратро тақвият кунад.[21]
Ба гуфтаи Сайидмаҳмуди Толиқонӣ - муфассири муосир, тасмимгирии ниҳоӣ пас аз машварату огоҳӣ аз фикрҳои дигарон ба уҳдаи ҳоким гузошта шудааст; бо ин тавзеҳ, ки ҳоким барои баррасӣ ва мутолиаи ҷавониби мухталифи масоили иҷтимоӣ бояд ба сурати дастаҷамъӣ ба нуқтаи иштирок бирасад, вале замоне, ки ба марҳалаи тасмимгирӣ расид, агар бо қотеъият тасмим гирифта нашавад ва дучори дудилӣ шавад, корҳо ба ҳарҷу марҷ мунҷар хоҳад шуд.[22]
Ташкили ҳукумат бар асоси таълимоти шӯроии Қуръон
Таълимоти шуроии Қуръон аз манзари бархе андешмандони исломӣ, аз ҷумла Сайид Маҳмуди Толиқонӣ ва Рашид Ризо, муносибтарин муҳтаво барои ташкили ҳукумати исломӣ дар асри нав дониста шудааст, ки метавонад ба буҳронҳои ҷомеаи исломӣ поён диҳад.[23]
Толиқонӣ бо истинод ба оёти 159-и сураи Оли Имрон, 38-и сураи Шуро ва ояти 233-и сураи Бақара эътиқод дорад, вақте Қуръон дар масоили рези хонаводагӣ машваратро асл қарор додааст, бояд ҳар хона марказе бошад барои шӯро ва онро ба идораи ҷомеъа ё кишвар сироят дод.[24] Ба бовари Толиқонӣ, низоми шӯроӣ аз як сӯй истибдодро нафй мекунад ва аз сӯи дигар, бо мардумсолорӣ мунтабиқ аст ва ҳатто болотар аз он муътақид аст, мардумсолорӣ фақат бар ҷанбаҳои моддӣ таъкид дорад, дар ҳоле ки низоми шӯроии Ислом, чун инсонро халифаи Худо медонад, ормонҳои бузурги инсониро дар партави ваҳй барои ӯ дар назар мегирад.[25]
Эзоҳ
- ↑ Макорими Шерозӣ, Паёми Қуръон, 1386ҳ.ш., ҷ.10, саҳ.87 - 88.
- ↑ Муғния, ал-Кошиф, 1424ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.189; Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.3, 142 - 148.
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.18, саҳ.63
- ↑ Ризоии Исфаҳонӣ, Тафсири Қуръони Меҳр, 1387ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.309.
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.140 - 143.
- ↑ Мубаллиғӣ, “Нақши машварату мушорикат дар фароянди тасмимсозӣ бо нигоҳе таърихӣ ва татбиқӣ”, мундараҷ дар портали имом Хумайнӣ.
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.56; Муғния, ал-Кошиф, 1424ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.188; Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.140.
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.143.
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.56.
- ↑ Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.869.
- ↑ Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.869; Мусавии Сабзаворӣ, Мавоҳиб-ур-Раҳмон, 1409ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.9; Таййиб, Аҳсан-ул-баён, 1378ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.409; Қироатӣ, Тафсири Нур, 1383ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.184 - 185.
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.20, саҳ.462 - 463.
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.56.
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.57.
- ↑ Муғния, ал-Кошиф, 1424ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.529.
- ↑ Муғния, ал-Кошиф, 1424ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.529.
- ↑ Мусавии Сабзаворӣ, Мавоҳиб-ур-Раҳмон, 1409ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.8.
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.57; Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.20, саҳ.463.
- ↑ Содиқии Теҳронӣ, ал-Фурқон, 1365ҳ.ш., ҷ.6, саҳ.61 - 62; Макорими Шерозӣ, Паёми Қуръон, 1386ҳ.ш., ҷ.10, саҳ.89.
- ↑ Замахшарӣ, ал-Кашшоф ан ҳақоиқи ғавомиз-ит-танзил, ҷ.4, саҳ.229.
- ↑ Макорими Шерозӣ, Паёми Қуръон, 1386ҳ.ш., ҷ.10, саҳ.88.
- ↑ Толиқонӣ, Партаве аз Қуръон, 1362ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.398.
- ↑ Хонмуҳаммадӣ ва Ҷаъфарӣ, “Ҷойгоҳи шӯро дар ҳукумати исломӣ...” саҳ.23.
- ↑ Толиқонӣ, Табйини рисолат барои қиём ба қист, 1360, саҳ.158.
- ↑ Хонмуҳаммадӣ ва Ҷаъфарӣ, “Ҷойгоҳи шӯро дар ҳукумати исломӣ...” саҳ.32 - 33.
Сарчашма
- Қироатӣ, Муҳсин, Тафсири Нур, Теҳрон, Маркази дарсҳое аз Қуръон, 1382ҳ.ш.
- Макорими Шерозӣ, Носир, Паёми Қуръон, Қум, мадрасаи Амирулмуъминин, 1368ҳ.ш.
- Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири Намуна, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломия, 1371ҳ.ш.
- Мубаллиғӣ, Аҳмад, “Нақши машварату мушорикат дар фароянди тасмимсозӣ бо нигоҳе таърихӣ ва татбиқӣ”, мундараҷ дар портали имом Хумайнӣ, таърихи дарҷ: 2 урдибиҳишти 1396ҳ.ш., таърихи боздид: 6 баҳмани 1401ҳ.ш.
- Муғния, Муҳаммадҷавод, ал-Кошиф фи тафсир-ил-Қуръон, Теҳрон, Дорул-китобил-исломӣ, 1424ҳ.қ.қ.
- Мусавии Сабзаворӣ, Абдулаъло, Мавоҳиб-ур-Раҳмон, Бейрут, муассисаи Аҳли Байт (а), 1409ҳ.қ.
- Содиқии Теҳронӣ, Муҳаммад, ал-Фурқон фи тафсир-ил-Қуръон, Теҳрон, интишороти Фарҳанги исломӣ, 1365ҳ.ш.
- Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, Теҳрон, Носир Хисрав, 1372ҳ.ш.
- Таботабоӣ, Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, муассисатул-Аъламӣ лил-матбуъот, 1390ҳ.қ.
- Таййиб, Сайид Абдулҳусайн, Атяб-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, Теҳрон, интишороти Ислом, 1378ҳ.ш.
- Толиқонӣ, Сайид Маҳмуд, Партаве аз Қуръон, Теҳрон, ширкати Саҳҳомии интишор, 1362ҳ.ш.
- Толиқонӣ, Сайид Маҳмуд, Табйини рисолат барои қиём ба қист, Теҳрон, ширкати Саҳҳомии интишор, 1360ҳ.ш.
- Хонмуҳаммадӣ, Юсуф ва Ҷаъфарӣ, Сайиднодир, «Ҷойгоҳи шӯро дар ҳукумати исломӣ аз дидгоҳи Муҳаммад Рашид Ризо ва Сайид Маҳмуди Толиқонӣ», дар фаслномаи Сиёсати мутаъолия, № 22, 1397ҳ.ш.