Jump to content

Сукути 25-солаи Имом Алӣ (а)

Аз wikishia

Сукути 25-солаи Имом Алӣ (а) (форсӣ: سکوت ۲۵ساله امام علی(ع)) ба давраи хонанишинии ҳазрати Алӣ ишора дорад, ки аз замони вафоти Пайғамбар (с) (11ҳ.қ.) то қабули халифат аз ҷониби ӯ дар соли 35ҳ.қ. идома ёфт. Имом Алӣ (а) дар ин давра барои ҳифзи манфиатҳои динӣ ва ваҳдати исломӣ, аз ҳаққи худ (ҷонишинии Пайғамбар) чашм пӯшид ва бо халифахои сегона ҳамкорӣ кард.

Пас аз вафоти Пайғамбар (с), воқеаи Сақифаи Банӣ Соида боиси интихоби Абӯбакр ҳамчун халифа шуд, ки бо мухолифати Алӣ ибни Абутолиб ва баъзе саҳоба ҳамроҳ буд; аммо набудани ёру ёвар, тарси ба хатар афтодани ҷони аҳли байт ва мусулмонон, пешгирӣ аз фурӯпошии ҷомеаи исломӣ боиси он шуд, ки ӯ 25 сол сокут кунад.

Бо ин ҳама, ба гуфтаи муаррихон ва муҳаддисон, Алӣ (а) дар баробари тағйирот ва воқеаҳои асосии ҷомеаи мусулмонон, роҳбурди фаъолона дошт. Имом Алӣ (а) дар ин давра бо ҷамъоварии Қуръон, машварат додан ба халифахои сегона дар мушкилот ва масъалаҳои сиёсӣ ва кор барои таъмини зиндагии бечорагон нақши худро иҷро кард.

Аҳамият ва ҷойгоҳ

Сукути 25‌-сола қисме аз зиндагонии Алӣ (а) дар давраи ҳукмронии халифаҳои сегона аст, ки ӯ аз ҳаққи худ, яъне ҷонишинии Пайғамбари Ислом (с) чашм пӯшид. Ин давра аз замони вафоти Пайғамбар (с) оғоз шуд ва то қабули ҳукмронии ӯ дар соли 35ҳ.қ. анҷом ёфт.[1] Баъзе нависандагон сукути 25‌-солаи Имом Алиро намунае аз тақияи имомон[2] ва аз навъи тақияи мудороӣ донистаанд.[3] Агарчи дар давраи сукути 25‌-сола, Имом Алӣ (а) аз хилофат манъ шуд, аммо мувофиқи ҳадисе аз Имом Ризо (а) дар ҳамон давра ҳам мақоми имоматро бар ӯҳда дошт.[4]

Ҷаводи Муҳаддисӣ, муаллифи китоби "Фарҳанги Ғадир", ибораи "сукути 25‌-сола"-ро таъбири дақиқе намедонад; зеро Алӣ (а) барои исботи ҳаққонияти худ борҳо ҳуҷҷат кард ва ба амалкарди халифаҳои сегона, бархурди интиқодомез ва насиҳатгарона дошт.[5] Ба гуфтаи Расули Ҷаъфариён, муаррихи шиа, ихтилофи Имом Алӣ (а) бо мухолифонаш, рӯз ба рӯз ошкортар мешуд ва мушкилотеро дар муносибати онҳо пайдо кард; монанди ҳамла ба хонаи Алӣ (а), қаҳри ҳазрати Фотима (с) бо шайхайн ва шаҳодати ӯ.[6] Аз он ҷо ки Алӣ (а) ба даст овардани мақоми хилофатро дар тазод бо ҳадафҳояш (ҳифзи Ислом ва заҳматҳои Пайғамбар) медид, маҷбур ба сукут шуд.[7]

Алӣ ибни Абутолиб дар хутбаи шиқшиқия масъалаҳои марбут ба хилофати Пайғамбар (с)-ро ошкоро баён карда[8] ва аз халифа шудани халифаҳои пеш аз худ шикоят намудааст.[9] Дар ин хутба, давраи комили таърихи се халифаи аввал аз назари Имом (а) баён мешавад. Сабаби сукути 25‌-сола ва ангезаҳои қабули хилофат аз дигар мавзуъҳои асосии ин хутба аст.[10] Ба гуфтаи баъзе нависандагон, мардум бо дидани камбудиҳои ҳукмронии халифаҳои сегона, ба арзиши Алӣ (а) пай бурданд. Ба ҳамин далел, бо кушта шудани Усмон барои ҳоким шудани Имом Алӣ (а) пофишорӣ карданд.[11]

Улгу гирифтан аз сукути 25‌-солаи Имом Алӣ ба мақсади дастёбӣ ба ваҳдати исломӣ, аз умури зарурӣ барои мусулмонон дониста шудааст, то бо воситаи он аз тасаллути душманони Ислом пешгирӣ кунанд.[12]

Чароии сукут

Ба бовари шиа, агарчи Алӣ ибни Абутолиб нахустин ҷонишини Пайғамбар буд,[13] барои ҳифзи манфиатҳои ҷомеаи динӣ ва ваҳдати исломӣ сукут намуд ва бо халифаҳо ҳамкорӣ кард.[14] Ба назари Муҳаммадтақӣ Мисбоҳи Яздӣ, Алӣ (а) дар давраи 25‌-сола метавонист бар мардум ҳукмронӣ кунад ва ҳукмронии ӯ машруият дошт; аммо аз он ҷо ки мардум бо ӯ байъат накарда буданд ва ҳукмронии ӯ назди мардум мақбулият надошт, аз ҳукмронӣ кардан бар онҳо худдорӣ кард ва ҳукмронии худро бо зӯру қудрат бар мардум таҳмил накард.[15]

Дар муқобили ин дидгоҳ, Маҳдӣ Бозаргон ва Маҳдӣ Ҳоирии Яздӣ, аз пажуҳишгарони шиа, муътақиданд, ки ҳаққи ҳукумат фақат бо интихоби мардум аст ва Худову пайғамбарон ва имомон, ба худии худ, ҳаққи ҳукмротӣ надоранд.[16] Ба назари онҳо, сукути Имом Алӣ (а) дар ҳамин роҳ тафсир мешавад.[17] Аҳли суннат низ муътақиданд, ки масъалаи ҷонишинии Пайғамбар ба мардум вогузор шудааст.[18] Онҳо фикр мекунанд, ки Алӣ (а) худро ҷонишини таъйиншуда аз ҷониби Пайғамбар намедонист. Ба ҳамин далел, вақте ки баъд аз кушта шудани Усмон, мардум аз Алӣ (а) хостанд, ки халифа шавад, ӯ аз қабули хилофат худдорӣ мекард.[19]

Бе ёру ёвар

Алӣ (а) дар хутбаи 26 Наҳҷулбалоға, яке аз далелҳои сукути 25‌-солаи худро надоштани ёру ёвар эълон кардааст.[20] Ҳамчунин бар асоси ривояте, ки дар китоби "Амолӣ"-и Шайх Тусӣ аз Имом Ҳасан (а) нақл шудааст, ӯ далели хориҷ шудани Пайғамбар аз Макка, сукути 25‌-солаи падараш ва ҳамчунин сулҳи худ бо Муовияро ҳамроҳӣ накардани мардум эълон кардааст.[21]

Тарси ба хатар афтодани ҷони аҳли байт ва мусулмонон

Дар хутбаи 26[22] ва 217 Наҳҷулбалоға[23] тарси ба хатар афтодани ҷони хонадони Имом Алӣ (а) аз далелҳои сукути Алӣ (а) дониста шудааст.[24] Дар ривояте ҳам, ки Ибни Абилҳадид, аз шарҳдиҳандагони суннии Наҳҷулбалоға, аз Алӣ (а) нақл кардааст, ӯ аз ба хатар афтодани ҷони мусулмонон низ ҳазар дошт.[25]

Набудани шароити муносиб

أَفْلَحَ مَنْ نَهَضَ بِجَنَاحٍ أَوِ اسْتَسْلَمَ فَأَرَاحَ هَذَا مَاءٌ آجِنٌ‏ وَ لُقْمَةٌ يَغَصُّ بِهَا آكِلُهَا وَ مُجْتَنِي الثَّمَرَةِ لِغَيْرِ وَقْتِ إِينَاعِهَا كَالزَّارِعِ بِغَيْرِ أَرْضِهِ

Ҳар кас бо ёваре бархост рӯи растагорӣ бинад; вагарна гардан ниҳад ва ором нишинад, ки хилофат ба ин тавр, ҳамчун оби бадмаза ва дилнопазир аст, ва луқмае гулӯгир, ва он ки меваро норасида чинад, ҳамчун кишоварзе аст, ки замини дигареро барои кишт интихоб кунад.

Наҳҷулбалоға, тасҳеҳи Субҳӣ Солеҳ, 1414ҳ.қ., хутбаи 5, саҳ.52


Ибни Майсами Баҳронӣ, муаллифи китоби Мисбоҳ-ус-соликин, бо истинод ба хутбаи 5 Наҳҷулбалоға, муътақид аст, ки Алӣ ибни Абутолиб пас аз ҷараёни Сақифа, шароити мусоид барои барқарори хилофат намедид ва ба ҳамин далел, талаби ҳаққи худро чидани мева дар замони номусоид медонист.[26] Муҳаммадтақии Ҷаъфарӣ, аз шарҳдиҳандагони Наҳҷулбалоға, низ муътақид аст, ки хушбинии мардум ба якдигар ва шоеаи ризоияти Алӣ (а) ба моҷарои Сақифа, мардумро аз омодагии қабули ҳукмронии Имом Алӣ маҳрум сохт.[27]

Пешгирӣ аз фурӯпошии ҷомеаи исломӣ

Шайх Муфид дар китоби ал-Фусул-ул-мухтора, пешгирӣ аз тафриқа байни мусулмононро далели сукути Имом Алӣ (а) донистааст.[28] Мувофиқи ривояте, ки ӯ дар китоби Амолӣ нақл кардааст, Алӣ (а) далели чашмпӯшии худ аз хилофатро ҳифзи иттиҳоди исломӣ ва эҳсоси хатар аз бозгашти куфр донистааст;[29] чунки дар номаи 62 Наҳҷулбалоға низ ба ин далел ишора шудааст.[30] Ҳамчунин, вақте ки ҳазрати Фотима (с) ҳамсарашро ба барқарории хилофат ташвиқ кард, Алӣ (а) бо ишора ба садои азон, ки ба гӯш мерасид, боқӣ мондани Исломро далели сукути худ донист.[31]

Хатари ҳамлаи румиён

Маҳдӣ Пешвоӣ, таърихпажӯҳи шиа, хатари эҳтимолии ҳамлаи румиён ба мусулмононро аз дигар далелҳои сукути 25‌-солаи Алӣ (а) донистааст.[32] Румиён мусулмононро хатаре ҷиддӣ барои худ медонистанд. Аз ин рӯ, онҳо дар садади фурсате мусоид барои ҳамла ба мусулмонон буданд ва ихтилофи дохилии мусулмонон метавонист ин имкониятро барои онҳо фароҳам орад.[33] Дар давраи Пайғамбар (с) румиён се бор рӯ ба рӯи мусулмонон қарор гирифта буданд.[34]

Пайравӣ аз равиши пайғамбарон

Мувофиқи ривояте, ки аз Имом Алӣ (а) нақл шудааст,[35] ӯ дар посух ба ин ки чаро дар баробари Оиша, Талҳа ва Зубайр ҷангид, аммо дар баробари халифаҳои сегона сукут кард, далели сукути худро пайравӣ аз равиши шаш пайғамбар, яъне Иброҳим (а), Лут (а), Юсуф (а), Мусо (а), Ҳорун (а) ва Муҳаммад (с) донист, ки онҳо низ барои муддате дар баробари қавми худ, маҷбур ба сукут шуданд.[36]

Воқеаҳои давраи 25‌-сола ва мавзеъгириҳои Имом Алӣ (а)

Мустафо Дилшоди Теҳронӣ, таърихпажӯҳи шиа, 25 сол сукути Имом Алиро ба маънои рафтори мунфаилонаи ӯ намедонад ва муътақид аст, ки Имом Алӣ (а) дар баробари тағйирот ва воқеаҳои асосии ҷомеаи мусулмонон, роҳбурди фаъолона дошт.[37]

Ҷамъоварии Қуръон

Мақолаи аслӣ: Яксонсозии мусҳафҳо

Пас аз вафоти Пайғамбар (с), Алӣ (а) Қуръонро дар як муcҳаф ҷамъ кард.[38] Баъзе саҳоба ин муcҳафро қабул накарданд. Ба ҳамин далел, Алӣ (а) онро аз дастраси умум берун кард.[39] Бо ин ҳама, Имом Алӣ аз ҳаракати Усмон дар якҷоясозии қуръонҳо, ки ба шаклгирии муcҳафи Усмонӣ анҷом ёфт, ҳимоят кард ва баъд аз халифа шудан низ ҳамон Қуръонро риоя мекард.[40]

Футуҳоти мусулмонон

Мақолаи аслӣ: Футуҳоти мусулмонон

Ба гуфтаи Масъудӣ дар китоби Муруҷ-уз-заҳаб, вақте ки Умар аз Алӣ (а) дархост кард, ки дар фатҳи Эрон ширкат кунад, Алӣ (а) қабул накард;[41] бо ин ҳама, дар давраи хилофатии Абубакр ва Умар, гоҳе дар мавриди футуҳот, машваратҳое ба онҳо медод.[42]

Қатли Усмон

Мақолаи аслӣ: Қатли Усмон

Шӯришу нооромиҳо дар давраи ҳукмронии халифаи сеюм - Усмон ибни Аффон, аз воқеаҳои таъсиргузори давраи 25-солаи ҳукмронии халифаҳост.[43] Ба гуфтаи Расули Ҷаъфариён, Имом Алӣ бисёре аз интиқодҳоеро, ки ба Усмон мешуд, қабул дошт; аммо аз назари сиёсӣ, бо куштани Усмон мухолиф буд ва онро ба нафъи Муовия медонист.[44] Ӯ шӯришгаронро насиҳат мекард ва хатоҳояшонро ёдовар мешуд.[45]

Фаъолиятҳои Имом дар давраи сукут

Ҷаъфари Субҳонӣ, аз мароҷеи таклиди шиа, баъзе аз фаъолиятҳои Имом Алӣ (а) дар ин давраро чунин баршумордааст:

  • Тафсири Қуръон ва тарбияти шогирдоне чун Ибни Аббос;
  • Посух ба саволҳои донишмандони ҷаҳон, бахусус донишмандони яҳудӣ ва насронӣ;
  • Баёни аҳкоми воқеаҳои навпайдо;
  • Машварат додан ба халифаҳои сегона дар мушкилот ва масъалаҳои сиёсӣ;
  • Парвариши инсонҳое бо замири пок;
  • Кор барои таъмини зиндагии бечорагон.[46]

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. Рафеъӣ, Зиндагии аимма (а), Пажуҳишгоҳи таҳқиқоти исломӣ, саҳ. 34-35
  2. Резвонфар, Фарҳанги ахлоқии маъсумин (а), 1387 ҳ.ш., саҳ.400
  3. Мӯсавӣ, Мабонии фиқҳии тақияи модоротӣ, 1392 ҳ.ш., саҳ.120; Камолӣ Ардаконӣ, Пажуҳише дар бораи иқтидо ба омма, Созмони ҳаҷ ва зиёрат, саҳ.43
  4. Шайх Садуқ, Уюну ахбори Ризо (а), 1378ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.81-82
  5. Муҳаддисӣ, Фарҳанги Ғадир, 1386ҳ.ш., саҳ.313-314
  6. Ҷаъфариён, Ҳаёти фикрӣ-сиёсии имомони шиа, 1390ҳ.ш., саҳ.58
  7. Пешвоӣ, Сираи пешвоён, 1397ҳ.ш., саҳ.71
  8. Макорими Шерозӣ, Паёми Имом (а), 1386ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.318
  9. Баҳронӣ, Шарҳи Наҳҷулбалоға, 1404ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.251
  10. Ниг.: Наҳҷулбалоға, тасҳеҳи Субҳӣ Солеҳ, 1414ҳ.қ., хутбаи 3, саҳ.48-50
  11. Замонӣ, Наҳҷулбалоға, 1369ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.134
  12. Ҷабборӣ, «Иттиҳод ва интизом, зарурати таърихӣ», саҳ.4
  13. Барои дидани баъзе истидлолҳо ниг.: Сайид Муртазо, Аз-захира, 1411ҳ.қ., саҳ.437-483; Ибни Навбахт, ал-Ёқут, 1413ҳ.қ., саҳ.80-86; Ҳимсӣ Розӣ, ал-Мунқиз мина-т-тақлид, 1412ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.299-365; Муҳаққиқ Лоҳиҷӣ, Гавҳари мурод, 1383ҳ.ш., саҳ.485-538
  14. Дониш, «Таомули Имом Алӣ (а) бо хулфо дар ҷиҳати ваҳдати исломӣ», саҳ.110
  15. Мисбоҳи Яздӣ, Посух ба пурсишҳо, 1391ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.29
  16. Бозаргон, Беъсат (2), 1387ҳ.ш., саҳ.298; Ҳоирӣ, Ҳикмат ва ҳукумат, 1388ҳ.ш., саҳ.209-212
  17. Бозаргон, Беъсат (2), 1387ҳ.ш., саҳ.299
  18. Тафтозонӣ, Шарҳ-ул-мақосид, 1412ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.262
  19. Ибни Абилҳадид, Шарҳи Наҳҷулбалоға, 1404ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.34
  20. Наҳҷулбалоға, тасҳеҳи Субҳӣ Солеҳ, 1414ҳ.қ., хутбаи 26, саҳ.68
  21. Шайх Тӯсӣ, ал-Амолӣ, 1414ҳ.қ., саҳ.560
  22. Наҳҷулбалоға, тасҳеҳи Субҳӣ Солеҳ, 1414ҳ.қ., хутбаи 26, саҳ.68
  23. Наҳҷулбалоға, тасҳеҳи Субҳӣ Солеҳ, 1414ҳ.қ., хутбаи 217, саҳ.336
  24. Пешвоӣ, Сираи пешвоён, 1397ҳ.ш., саҳ.72
  25. Ибни Абилҳадид, Шарҳи Наҳҷулбалоға, 1404ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.308
  26. Баҳронӣ, Шарҳи Наҳҷулбалоға, 1404ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.278
  27. Ҷаъфарӣ, Шарҳи Наҳҷулбалоға, 1376ҳ.ш., хутбаи 5
  28. Шайх Муфид, ал-Фусул-ул-мухтора, 1413ҳ.қ., саҳ.258
  29. Шайх Муфид, ал-Амолӣ, 1413ҳ.қ., саҳ.155
  30. Наҳҷулбалоға, тасҳеҳи Субҳӣ Солеҳ, 1414ҳ.қ., номаи 62, саҳ.451
  31. Ибни Абилҳадид, Шарҳи Наҳҷулбалоға, 1404ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.113
  32. Пешвоӣ, Сираи пешвоён, 1397ҳ.ш., саҳ.77
  33. Пешвоӣ, Сираи пешвоён, 1397ҳ.ш., саҳ.77
  34. Пешвоӣ, Сираи пешвоён, 1397ҳ.ш., саҳ.77
  35. Шайх Садуқ, Илал-уш-шароеъ, 1385ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.149
  36. Оли Қатит, Вақфату маъа-д-дуктур ал-Бути фи масоилиҳ, 1417ҳ.қ., саҳ.112-114
  37. Дилшод Теҳронӣ, «Интисоби 25 сол сукут ба Имом Алӣ (а) иштибоҳ аст», Хабаргузории Тасним
  38. Ибни Надим, ал-Феҳрист, 1417ҳ.қ., саҳ.45; Саҷистонӣ, Китоб-ул-масоҳиф, 1423ҳ.қ., саҳ.59
  39. Маърифат, Улуми қуръонӣ, 1381ҳ.ш., саҳ.122
  40. Маърифат, Улуми қуръонӣ, 1381ҳ.ш., саҳ.138
  41. Масъудӣ, Муруҷ-уз-заҳаб, 1409ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.310
  42. Ранҷбар, «Мавозеи Имом Алӣ дар баробари футуҳоти хулафо», саҳ.62
  43. Ҷаъфариён, Таърихи хулафо, 1394ҳ.ш., саҳ.185
  44. Ҷаъфариён, Таърихи хулафо, 1394ҳ.ш., саҳ.180
  45. Барои намуна ниг.: Ибни Асир, ал-Комил, 1385ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.173
  46. Субҳонӣ, «Фарозҳое ҳассос аз зиндагонии Амири муъминон (а): Бисту панҷ сол сукут чаро?», саҳ.52-53

Сарчашма

  • Қуръон  
  • Дониш, Исмоил, «Таомули Имом Алӣ (а) бо хулафо дар ҷиҳати ваҳдати исломӣ», Маҷаллаи Андешаи тақриб, № 4, тирамоҳи 1384ҳ.ш.  
  • Бозаргон, Маҳдӣ, «Охират ва Худо, ҳадафи баъсат», Маҷаллаи Киён, № 28, зимистони 1374ҳ.ш.  
  • Дилшод Теҳронӣ, Мустафо, «انتساب ۲۵ سال سکوت، به امام علی(ع) اشتباه است», Хабаргузории Тасним, таърихи нашр: 16 баҳман 1392, таърихи боздид: 13 обон 1398.  
  • Замонӣ, Мустафо, Наҳҷулбалоға, Қум, Аз-заҳро, 1369ҳ.ш.  
  • Ибни Абилҳадид, Абдулҳамид ибни Ҳибатуллоҳ, Шарҳи Наҳҷулбалоға, Қум, Китобхонаи Оятуллоҳ Маръашии Наҷфӣ, 1404ҳ.ш.  
  • Ибни Асир, Алӣ ибни Аби-л-Карим, ал-Комил фи-т-таърих, Байрут, Дор соҳир, 1385ҳ.қ.  
  • Ибни Мисом Баҳронӣ, Мисом ибни Алӣ, Шарҳи Наҳҷулбалоға, Теҳрон, Дафтари нашри китоб, чапи дуюм, 1404ҳ.қ.  
  • Ибни Навбахт, Иброҳим, ал-Ёқут фи илми-л-калом, Қум, Китобхонаи Оятуллоҳ Маръашии Наҷфӣ, 1413ҳ.қ.  
  • Ибни Надим, Муҳаммад ибни Исҳоқ, ал-Феҳрист, Байрут, Дор-ул-маърифа, 1417ҳ.қ.  
  • Камолӣ Ардаконӣ, Ҳамид, Пажуҳише дар бораи иқтидо ба омма, Теҳрон, Созмони ҳаҷ ва зиёрат, б.т.  
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Паёми Имом (а) Амирмуъминон (а), Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1386ҳ.ш.  
  • Масъудӣ, Алӣ ибни Ҳусайн, Муруҷ-уз-заҳаб ва маъодину-л-ҷавҳар, Қум, Дору-л-ҳиҷрат, 1409ҳ.қ.  
  • Маърифат, Муҳаммадҳодӣ, Улуми қуръонӣ, Қум, Ат-тамҳид, чапи чорум, 1381ҳ.ш.  
  • Маърифат, Муҳаммадҳодӣ, Улуми қуръонӣ, Қум, Муассисаи фарҳангии нашриётии Ат-тамҳид, 1381ҳ.ш.  
  • Мисбоҳи Яздӣ, Муҳаммадтақӣ, Посух ба пурсишҳо, Қум, Муассисаи таълимӣ ва пажуҳишии Имом Хумайнӣ (р), 1391ҳ.ш.  
  • Муҳаддисӣ, Ҷавод, Фарҳанги Ғадир, Қум, Нашри маъруф, 1386ҳ.ш.  
  • Муҳаққиқ Лоҳиҷӣ, Абдурраззоқ ибни Алӣ, Гавҳари мурод, Теҳрон, Нашри соя, 1383ҳ.ш.  
  • Мӯсавӣ, Сайид Муҳаммадяъқуб, Мабонии фиқҳии тақияи модоротӣ, Қум, Маркази фиқҳии аиммаи атҳор(а), 1392ҳ.ш.
  • Оли Қатит, Ҳошим, Вақфату маъа-д-дуктур ал-Бути фи масоилиҳ, Байрут, Дор-ул-маҳаҷҷат-ул-байзо, 1417ҳ.қ.  
  • Пешвоӣ, Маҳдӣ, Сираи пешвоён, Қум, Муассисаи Имом Содиқ(а), 1397ҳ.ш.  
  • Ранҷбар, Муҳсин, «Мавозеи Имом Алӣ дар баробари футуҳоти хулафо», Маҷаллаи таърихи Ислом дар оинаи пажуҳиш, № 2, баҳори 1382ҳ.ш.  
  • Рафеъӣ, Алӣ, Зиндагии аимма (а), Теҳрон, Пажуҳишгоҳи таҳқиқоти исломӣ, б.т.  
  • Резвонфар, Аҳмад, Фарҳанги ахлоқии маъсумин (а), Қум, Маркази пажуҳишҳои исломии садо ва симо, 1387ҳ.ш.  
  • Сайид Муртазо, Алӣ ибни Ҳусайн, Аз-захира фи илми-л-калом, Қум, Дафтари нашри исломӣ, 1411ҳ.қ.  
  • Сайид Разӣ, Муҳаммад ибни Ҳусайн, Наҳҷулбалоға, тасҳеҳи Субҳӣ Солеҳ, Қум, Ҳиҷрат, 1414ҳ.қ.  
  • Саҷистонӣ, Абдуллоҳ ибни Сулаймон, Китоб-ул-масоҳиф, Қоҳира, Ал-форӯқу-л-ҳадиса, 1423ҳ.қ.  
  • Субҳонӣ, Ҷаъфар, «Фарозҳое ҳассос аз зиндагонии Амири муъминон (а): Бисту панҷ сол сукут чаро?», Маҳномаи Дарсҳое аз мактаби Ислом, соли 16, № 8, мордоди 1354ҳ.ш.  
  • Тафтозонӣ, Масъуд ибни Умар, Шарҳ-ул-мақосид, Қум, Аш-Шариф ар-Разӣ, 1412ҳ.қ.  
  • Шайх Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Амолӣ, Қум, Конгресси Шайх Муфид, 1413ҳ.қ.  
  • Шайх Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Фусул-ул-мухтора, Конгресси Шайх Муфид, 1413ҳ.қ.  
  • Шайх Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Илалу-ш-шароъиъ, Қум, Китобфурӯши Доварӣ, 1385ҳ.ш.  
  • Шайх Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Уюну ахбори Ризо (а), Теҳрон, Нашри ҷаҳон, 1378ҳ.қ.  
  • Шайх Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Амолӣ, Қум, Дору-с-сақофа, 1414ҳ.қ.  
  • Ҳимсӣ Розӣ, Садидуддин, ал-Мунқиз мина-т-тақлид, Қум, Дафтари нашри исломӣ, 1412ҳ.қ.  
  • Ҳоирӣ Яздӣ, Маҳдӣ, Ҳикмат ва ҳукумат, Лондон, Нашри мавҷи озодӣ, 1388ҳ.ш.  
  • Ҷабборӣ, Муҳаммадризо, «Иттиҳод ва интизом, зарурати таърихӣ», Маҷаллаи маърифат, № 114, хурдади 1386ҳ.ш.  
  • Ҷаъфариён, Расул, Таърихи хулафо аз раҳлат Пайғамбар (с) то заволи умавиён, Қум, Далели мо, 1394ҳ.ш.  
  • Ҷаъфариён, Расул, Ҳаёти фикрӣ-сиёсии имомони шиа, Теҳрон, Нашри илм, 1390ҳ.ш.  
  • Ҷаъфарӣ, Муҳаммадтақӣ, Шарҳи Наҳҷулбалоға, Теҳрон, Дафтари нашри фарҳанги исломӣ, 1376ҳ.ш.