Асмо духтари Умайс

Аз wikishia
Асмо духтари Умайс
Номи комилАсмо бинти Умайс
Маҳалли зиндагӣМаккаМадина
НасабҚабилаи Хасъам
Санаи вафотпас аз соли 38ҳ.қ.
ХешовандонҶаъфар ибни АбитолибАбубакрИмом Алӣ (а)Муҳаммад ибни АбибакрАбдуллоҳ ибни Ҷаъфар
ФаолиятҳоКумак кардан ба Имом Алӣ (а) дар ғусл додану кафан кардани ҳазрати Фотимаи Заҳро (с)
Шинохташуда бароиНақли ҳадис аз Пайғамбар (с)


Асмо духтари Умайс (арабӣ: أسماء بنت عميس) (ваф.пас аз 38ҳ.қ.) аз саҳобаи Пайғамбари Ислом (с) ки дар ғусл додани ҷинозаи Фотима (с) ба Имом Алӣ (а) кумак кард. Асмо ҳамсари Ҷаъфар ибни Абитолиб буд, ки пас аз шаҳодати Ҷаъфар, ба издивоҷи Абубакр ибни Абиқуҳофа даромад ва пас аз даргузашт Абубакр бо Имом Алӣ (а) издивоҷ кард. Асмо модари Абдуллоҳ ибни Ҷаъфар (шавҳари ҳазрати Зайнаб (с)) ва Муҳаммад ибни Абибакр, коргузори Имом Алӣ (а) дар Миср, буд.

Асмо бинобар васияти ҳазрати Фотима (с) ба ҳамроҳи Имом Алӣ (а), бадани ӯро ғусл дод. Ҳамчунин ӯ нахустин тобут дар Исломро барои Фотима (с) сохт то бадани ӯ намоён набошад ва бинобар ривояте дар лаҳазоти охири умри Фотима, дар канори ӯ буд ва лаҳазоти охири умри ӯ ва низ мувоҷиҳаи ҳасанайн (а) ва ҳазрати Алӣ (а) бо ҷинозаи Фотимаро гузориш кардааст.

Асмо аз нахустин мусулмонон буд ӯ ба ҳамроҳи ҳамсараш Ҷаъфар ба Ҳабаша ва Мадина муҳоҷират кард. Ӯ аҳодисе аз Пайғамбар (с) нақл кардааст.

Зиндагинома

Асмо духтари Умайс ибни Маъад буд. Падараш аз қабилаи Банӣ Хасъам ва модараш Ҳинд духтари Авн буд.[1] хоҳарони вай иборатанд аз:

Асмо бо Ҷаъфар ибни Абитолиб бародари Имом Алӣ (а) издивоҷ кард. Ӯ ҷузви нахустин мусулмонон буд ва қабл аз вуруди Пайғамбар (с) ба хонаи Арқам Ислом оварад.[3] Асмо дар соли панҷуми беъсат[4] ҳамроҳи ҳамсараш Ҷаъфар ба Ҳабаша ҳиҷрат кард[5] ва дар соли ҳафтуми қамарӣ, ба Мадина муҳоҷират кард.[6] Пас аз он ки дар соли 8 қамарӣ Ҷаъфар дар ҷанги Мута шаҳид шуд,[7] Асмо ба ҳамсарии Абубакр даромад ва пас аз даргузашти Абубакр, ҳамсари Имом Алӣ (а) шуд.[8]

Дар ривояте аз Имом Содиқ (а), Асмо аз занони биҳиштӣ шумурда шудааст.[9]

Робитаи Асмо бо ҳазрати Фотима (с)

Асмо бинобар васияти Фотима (с) ба кумаки Алӣ ибни Абитолиб (а), ҷинозаи ҳазрати Фотима (с)-ро ғусл дод.[10] Бар асоси ҳадисе ки дар манобеи ривоии шиа нақл шуда асмо нахустин тобутро дар Ислом барои ҳазрати Фотима (с) сохт. Ҳангоме ки Фотима дар бистари беморӣ буд аз Асмо хост замоне ки аз дунё рафт ҷинозаи ӯро рӯи тобуте, ки баданаш намоён бошад қарор надиҳад, аз ин рӯ Асмо тобутеро ки дар Ҳабаша дида буд барои ӯ сохт ва Фотима бо дидан он хушҳол шуд.[11] [ёддошти 1] Ҳамчунин бинобар ривояте ӯ дар сооти поёнии умри ҳазрати Фотима дар канори бистари вай будааст ва он лаҳазот ва низ чигунагии мувоҷиҳаи ҳасанайн (а) ва ҳазрати Алӣ (а) бо ҷинозаи Фотимаро гузориш кардааст.[12] Дар маросимҳои азодорӣ ки ба муносибати шаҳодати ҳазрати Фотима (с) баргузор мешавад аз Асмо ва ин гузориши ӯ сухан ба миён меояд.[13]

Бар асоси бархе ривоёт Асмо дар маросими издивоҷи Имом Алӣ (а) бо ҳазрати Фотима (с) низ ҳозир буд.[14] Ҳамчунин бинобар ривояте ҳангоми зоймони ҳазрати Фотима ба дастури Пайғамбар (с) ба унвони қобила дар канори ӯ ҳозир будааст.[15] Ба гуфтаи Алӣ ибни Исо Ирбилӣ мутакаллими шиаи қарни ҳафтуми қамарӣ, дар сабти ин ривоёт миёни Асмо бинти Язиди Ансорӣ ва Асмо бинти Умайс иштибоҳ шудааст; чароки издивоҷи Фотима дар соли 2 ё 3 қамарӣ буда ва Асмо бинти Умайс то замони фатҳи Хайбар (соли 7 қамарӣ) дар Ҳабаша будааст.[16] Ирбилӣ ҳамчунин эҳтимол дода ки миёни Асмо ва Салмо бинти Умайс ҳамсари Ҳамза иштибоҳ рух дода бошад; зеро Асмо машҳуртар аз Салмо буда ба ҳамин ҷиҳат аз ӯ ривоят кардаанд ва ё ин ки як ровӣ дар нақли қавл иштибоҳ карда ва дигарон ҳам аз ӯ пайравӣ кардаанд.[17] [ёддошти 2]

Ҳамчунин Асмо ба ҳангоми беморӣ, ки мунҷар ба реҳлати Пайғамбар (с) шуд бар болини ӯ ҳозир буд.[18]

Нақли ҳадис

Асмо аҳодисе аз Пайғамбар (с) ривоят кардааст.[19] Ҳамчунин фарзандаш Абдуллоҳ, Саид ибни Мусайяб, Урва ибни Зубайр ва дигарон аз вай ривоят кардаанд.[20] Фотима духтари ҳазрати Алӣ (а), ҳадиси манзалат[21] ва радд-уш-шамсро[22] аз ӯ ривоят кардааст.

Аҳмад ибни Абияъқуб таърихнигор қарни сеюм, аз китобе назди Асмо ном бурда, ки дарбардорандаи суханони Пайғамбар (с) будааст.[23]

Фарзандон

Асмо Абдуллоҳ, Муҳаммад ва Авнро барои Ҷаъфар ибни Абитолиб ба дунё оварад.[24] Ӯ ҳамчунин Муҳаммад ибни Абибакрро барои Абубакр ба дунё оварад,[25] ки коргузори Имом Алӣ (а) дар Миср буд.[26] Ӯ Яҳё барои Имом Алӣ (а) ба дунё оварад,[27] ки дар кӯдакӣ аз дунё рафт.[28]

Даргузашт

Ибни Касири Димишқӣ, таърихнигори қарни ҳаштуми қамарӣ, даргузашти Асморо дар ҳаводиси сол 38ҳ.қ. овардааст.[29] Албатта дар бархе манобеъ, даргузашти ӯ пас аз шаҳодати Имом Алӣ (а) (40ҳ.қ.) зикр шудааст.[30] Қабре дар қабристони Боб-ус-сағир дар Димишқ ба вай мансуб аст.[31]

Эзоҳ

  1. Ибни Калбӣ, Насабу Маъади ва-л-Яман-ил-кабир, 1408ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.356 - 358
  2. Ибни Калбӣ, Насабу Маъади ва-л-Яман-ил-кабир, 1408ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.358 - 359
  3. Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1410ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.219
  4. Мақризӣ, Имтоъ-ул-асмоъ, 1420ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.116
  5. Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавийя, Дор-ул-маърифа, ҷ.1, саҳ.323
  6. Ибни Абдулбарр, ал-Истиъоб, 1412ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.242
  7. Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1410ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.219
  8. Ибни Абдулбарр, ал-Истиъоб, 1412ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.1784 - 1785
  9. Шайхи Садуқ, ал-Хисол, 1362ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.363
  10. Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1959м, ҷ.1, саҳ.405
  11. Ирбилӣ, Кашф-ул-ғамма, 1381ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.503
  12. Ирбилӣ, Кашф-ул-ғамма, 1381ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.500 - 501
  13. Барои намуна ниг.: «روضه و توسل بسیار جانسوز_ویژه فاطمیه», пойгоҳи Хаймагоҳ
  14. Барои намуна ниг.: Ганҷӣ Шофеъӣ, Кифоят-ут-толиб, Дору эҳёи туроси Аҳл-ил-Байт, саҳ.306; Ирбилӣ, Кашф-ул-ғамма, 1381ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.365 - 366
  15. Ирбилӣ, Кашф-ул-ғамма, 1381ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.551
  16. Ирбилӣ, Кашф-ул-ғамма, 1381ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.373
  17. Ирбилӣ, Кашф-ул-ғамма, 1381ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.366 - 367
  18. Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1959м, ҷ.1, саҳ.545
  19. Ҳамидӣ, ал-Муснад, 1996м, ҷ.1, саҳ.328; Воқидӣ, ал-Мағозӣ, 1409ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.766
  20. Заҳабӣ, Сияру аълом-ин-нубало, 1427ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.519
  21. Ибни Абдулбарр, ал-Истиъоб, 1412ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.1097
  22. Ҳурри Омилӣ, Исбот-ул-ҳудот, 1425ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.414
  23. Яъқубӣ, Таърихи Яъқубӣ, Дору содир, ҷ.2, саҳ.101
  24. Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1410ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.219
  25. Ибни Абдулбарр, ал-Истиъоб, 1412ҳ.қ., саҳ.1784 - 1785
  26. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.555 - 556
  27. Ибни Абдулбарр, ал-Истиъоб, 1412ҳ.қ., саҳ.1784 - 1785
  28. Абулфараҷи Исфаҳонӣ, Мақотил-ут-толибийин, Дор-ул-маърифа, саҳ.37
  29. Ибни Касир, албдоияу ан-Ниҳоя, 1407ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.318
  30. Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, Тақриб-ут-таҳзиб, 1406ҳ.қ., саҳ.743
  31. Қоидон, Амокини зиёратӣ-саёҳатии Сурия, 1387ҳ.ш., саҳ.105

Сарчашма

  • «روضه و توسل بسیار جانسوز_ویژه فاطمیه», Пойгоҳи Хаймагоҳ, санаи дарҷи матлаб: 17 баҳмани 1395ҳ.ш., санаи боздид: 24 хурдоди 1401ҳ.ш.
  • Абулфараҷи Исфаҳонӣ, Алӣ ибни Ҳусайн, Мақотил-ут-толибийин, таҳқиқи Сайид Аҳмад Сақр, Бейрут, Дор-ул-маърифа, бе то.
  • Балозурӣ, Аҳмад ибни Яҳё, Ансоб-ул-ашроф, таҳқиқи Муҳаммади Ҳамидуллоҳ, Миср, Дор-ул-маориф, 1959м.
  • Воқидӣ, Муҳаммад ибни Умар, ал-Мағозӣ, таҳқиқи Марсден Ҷонес, Бейрут, Муассисат-ул-аъламӣ, 1409ҳ.қ./1989м.
  • Ганҷии Шофеъӣ, Муҳаммад ибни Юсуф, Кифоят-ут-толиби фи маноқиби Алӣ ибни Абитолиб, Дору эҳё-ит-туроси Аҳл-ил-Байт, бе то.
  • Заҳабӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, Сияру аълом-ин-нубало, Қоҳира, Дор-ул-ҳадис, 1427ҳ.қ./2006м.
  • Ибни Абдулбарр, Юсуф ибни Абдуллоҳ, ал-Истиъоби фи маърифат-ил-асҳоб, таҳқиқи Алӣ Муҳаммад ал-Баҷовӣ, Бейрут, Дор-ул-ҷил, 1412ҳ.қ./1992м
  • Ибни Калбӣ, Ҳишом ибни Муҳаммад, Насабу Маъади ва-л-Яман-ил-кабир, таҳқиқи ноҷаии Ҳасан, Бейрут, Олам-ул-кутуб, 1408ҳ.қ./1988м.
  • Ибни Касир, Исмоил ибни Умар, албдоияу ан-Ниҳоя, Бейрут, Дор-ул-фикр, 1407ҳ.қ./1986м.
  • Ибни Саъд, Муҳаммад, ат-Табақот-ул-кубро, таҳқиқи Муҳаммад Абдулқодир Ато, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, 1410ҳ.қ./1990м.
  • Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, Аҳмад ибни Алӣ, Тақриб-ут-таҳзиб, таҳқиқи Муҳаммад Аввома, Дор-ур-рашид, Суриё, 1406ҳ.қ./1986м.
  • Ибни Ҳишом, Абдулмалик ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавийя, таҳқиқи Мустафои саққо ва дигарон, Қоҳира, Бейрут, Дор-ул-маърифа, бе то.
  • Ирбилӣ, Алӣ ибни Исо, Кашф-ул-ғаммаи фи маърифат-ил-аимма, тасҳеҳи Сайид Ҳошим Расулии Маҳаллотӣ, Банӣ Ҳошимӣ, Табрез, 1381ҳ.қ.
  • Мақризӣ, Аҳмад ибни Алӣ, Имтоъ-ул-асмоъ, таҳқиқи Муҳаммад Абдулҳамид ан-Нумайсӣ, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, 1420ҳ.қ./1999м.
  • Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, таҳқиқи Муҳаммади Абулфазли Иброҳим, Бейрут, Дор-ут-турос, 1387ҳ.қ./1967м.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, ал-Хисол, тасҳеҳи Алиакбари Ғаффорӣ, Қум, Ҷомеъаи мударрисин, 1362ҳ.ш.
  • Яъқубӣ, Аҳмад ибни Абияъқуб, Таърихи Яъқубӣ, Бейрут, Дору содир, бе то.
  • Қоидон, Асғар, Амокини зиёратӣ-саёҳатии Сурия, Теҳрон, Машъар, 1387ҳ.ш.
  • Ҳамидӣ, Абдуллоҳ ибни Зубайр, ал-Муснад, таҳқиқи Ҳасан Салим ад-Доронӣ, Димишқ, Дор-ус-сақо, Димишқ, 1996м.
  • Ҳурри Омилӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Исбот-ул-ҳудоти би-н-нусуни ва-л-муъҷизот, Аъламӣ, Бейрут, 1425ҳ.қ.