Ояти маваддат
| Маълумот дар бораи оят | |
|---|---|
| Номи оят | Ояти маваддат |
| Воқеъ дар сураи | Шӯро |
| Шумораи оят | 23 |
| Ҷузъ | 25 |
| Шаъни нузул | Муаррифии муҳаббати Аҳли Байт (а) ба унвони музди рисолати ҳазрати Муҳаммад (с) |
| Макони нузул | Мадина |
| Дар бораи | Муҳаббати Аҳли Байт (а) |
Ояти маваддат (форсӣ: آیه مودت) бахше аз ояти 23-юми сураи Шӯро аст, ки танҳо подоши рисолати Пайғамбари акрам (с)-ро Маваддати қурбо (хешовандони Пайғамбар) муаррифӣ мекунад. Уламоии шиа ва бархе аз аҳли суннат ба истиноди ривоятҳое гуфтаанд, ки мурод аз «ал-Қурбо» дар ин оят, Аҳли Байти Пайғамбар (с), яъне ҳазрати Алӣ (а), ҳазрати Фотима (с) ва имомони шиа аз насли онҳо, ҳастанд. Афзун бар он чи дар китобҳои тафсирӣ омадааст, нависандагони мусалмон китобҳое низ ба сурати мустақил дар бораи ояти маваддат навишта ва гуфтаанд, ки ин оят ғайр аз фазилати Аҳли Байти Пайғамбар (с) бар имомати Имом Алӣ (а) низ далолат дорад.
Маваддатро гунае аз муҳаббат донистаанд, ки фаротар аз дӯстии қалбӣ ва ҳамроҳ бо ибрози амалӣ ва осори айнӣ бошад. Бар асоси Қуръон, ба ҷуз Пайғамбари Ислом (с), дигар пайғамбарон аз мардум подоше барои рисолат нахостаанд. Ба гуфтаи Аллома Табатабоӣ, фалсафаи тавсияи Пайғамбар ба муҳаббат ва маваддати Аҳли Байт (а), фиристодани мардум ба самти онҳо барои огоҳӣ аз маонӣ ва тафсири Қуръон ва дин будааст ва маваддати Аҳли Байт дар воқеъ роҳкоре барои ҳифз ва идомаи рисолати Пайғамбари Ислом (с) аст.
Бино бар ривоятҳои нақлшуда аз муфассирони шиа ва аҳли суннат, ояти маваддат замоне нозил шуд, ки пас аз ҳиҷрати Пайғамбар ба Мадина, гурӯҳе аз ансор аз Расули Худо (с) хостанд, дар сурати ниёз, аз амволи онҳо истифода кунад.
Аҳамияти ояти маваддат дар боварҳои шиаён
Ояти маваддат, ки бахше аз ояти 23 сураи Шӯро аст, аз ҷумлаи оятҳоест, ки ба бовари шиаён дар бораи фазилати Аҳли Байти Пайғамбар (с) ва мақоми вижаи онҳо нозил шудааст ва ҳокӣ аз лозим будани муҳаббат варзидан ба онҳо аст.[1] Ҳамчунин бархе ин оятро аз ҷумлаи далелҳои имомат ва афзалияти ҳазрати Алӣ (а) шумурдаанд.[2]
| “ | [Эй Пайғамбар!] бигӯ дар ивази он [рисолат] подоше аз шумо намехоҳам, магар дӯстӣ дар бораи хешовандон. |
” |
Муфассирони шиа[3] ва аҳли суннат[4] ба нақл аз Ибни Аббос овардаанд, пас аз ҳиҷрати Пайғамбар (с) ба Мадина ва устувор шудани пояҳои Ислом, гурӯҳе аз ансор аз Пайғамбар (с) хостанд, дар сурати рӯй додани мушкилоти молӣ аз амволи онҳо бидуни ҳеч қайду шарт истифода кунад, ки ояти маваддат нозил шуд ва музди рисолатро танҳо Маваддати Аҳли Байти Пайғамбар донист.
Такнигорӣ
Аҳамияти ояти маваддат боис шудааст, ки уламоии шиа ва суннӣ ба таври хос дар бораи ин оят ва тафсири он китобҳои мустақил нависанд. Китоби «Муътиёти ояти маваддат» навиштаи Сайид Маҳмуд Ҳошимии Шоҳрӯдӣ; бо тарҷумаи форсӣ ба номи «Дарсҳое аз ояти маваддат», «Меҳрварзӣ ба Аҳли Байт (а) аз дидгоҳи Қуръон ва суннат» ба қалами Алӣ Ҳусайнии Милонӣ,[5] «Фараза-л-муҳабба фи тафсири оят-ил-мавадда» таълифи Шаҳобуддини Хафоҷӣ; ки бо номи «Маваддати Аҳли Байт дар оинаи ваҳй» ба забони форсӣ тарҷума шудааст,[6] ҳамчунин китоби «Маваддати Аҳли Байт (а)» ба қалами Муҳаммадмуҳсин Ҳоҷиҳайдарӣ,[7] «Рисолаи маваддат» навиштаи Сайид Муҳаммадҳусайни Теҳронӣ[8] ва Симои Аҳли Байт дар ояти маваддат навиштаи Фидоҳусайн Обидӣ[9] аз осоре ҳастанд, ки ба тафсири ояти маваддат пардохтаанд.
Маънои маваддат
Маваддатро ба муҳаббат кардан ва дӯст доштан маъно кардаанд,[10] Роғиби Исфаҳонӣ шиддати муҳаббат ва ҳамроҳӣ бо маҳбубро низ ҷузъе аз маънои маваддат донистааст.[11] Ба гуфтаи Табатабоӣ, муфассири шиа, бар асоси корбурдҳои маваддат дар Қуръон, ин вожа ба маънои муҳаббате аст, ки дорои осори берунӣ ва амалӣ аст[12] ва бо пайравӣ ва табаият ҳамроҳ аст, чунон ки дар ояти 31 Оли Имрон аз забони Пайғамбар омадааст, ки агар маро дӯст доред, аз ман пайравӣ кунед.[13] Бар ин асос, маваддатро навъе дӯстӣ таъриф кардаанд, ки дар он пайвастагӣ, вобастагӣ ва тааҳҳуд ёфт мешавад ва низ душманӣ ва кина дар он ёфт намешавад. Дар маваддат таъсирпазирӣ низ вуҷуд дорад.[14]
Аҷри рисолат ва маваддати Аҳли Байт
Дар 17 ояти Қуръони карим дар бораи аҷру музди пайғамбарӣ сухан гуфта шудааст[15] ва оятҳои мутааддиде ишора шудааст, ки пайғамбарон аз мардум аҷру музде дар баробари анҷоми вазифаи пайғамбарӣ намехоҳанд.[16] Дар бораи Пайғамбари Ислом (с) низ аз ҳамин даст оятҳо нозил шудааст, ки барои анҷоми рисолати худ подоше дархост намекунад.[17] Вале дар ду оят дар бораи аҷри рисолати Пайғамбари Ислом (с) сухан гуфта шудааст, ки яке аз онҳо ояти маваддат аст ва дар он ба сароҳат аз мардум дархости подош шудааст.[18]
Фалсафаи маваддати Аҳли Байт (а)
Ба гуфтаи бархе пажӯҳишгарон, дархости аҷр барои рисолат, ки махсуси Пайғамбари Ислом аст, ба ин хотир буда, ки баъд аз ӯ пайғамбари дигаре намеомад ва лозим буд, ки барои ҳифзи паёми илоҳии Пайғамбар, роҳе вуҷуд дошта бошад ва Худованд ин ҳадафро аз тариқи воҷиб кардани маваддати амалӣ ба хонадони Пайғамбар дастрас қарор дод.[19] Дар ҳамин росто Табатабоӣ низ бо такя ба ривоятҳое аз ҷумла ҳадиси Сақалайн ва ҳадиси Сафина, далели воҷиб будани маваддат ва муҳаббат ба Аҳли Байтро ҳамин донистааст, ки Аҳли Байт марҷаъи илмии мардум қарор гиранд. Ба ин тартиб, маваддат ба Аҳли Байт чизе ҷуз бақо ва идомаи рисолати Пайғамбар (с) нест. Ва ин аҷр низ дар ҳақиқат нафъест, ки оиди худи муъминон мешавад.[20] Чунон ки дар ояти 47 сураи Сабаъ дархости аҷр дар қиболи рисолатро ба нафъи худи мусалмонон медонад.[21]
Ҷаводӣ Омулӣ, муфассири шиа, низ бар ин нукта таъкид дорад, ки дар «маваддати қурбо» нафъи шахсӣ матраҳ нест, балки муқаддимаи ба бор нишастани заҳматҳои рисолат аст ва фоидаи бевоситаи он ба худи мардум бармегардад; чун онҳо (Аҳли Байт (а)) чароғҳои ҳидоят ва киштиҳои наҷоти уммат ҳастанд ва фақат касе аз ин нур баҳра мегирад ва ё бар ин киштӣ савор мешавад, ки ба онҳо алоқа дошта бошад.[22]
Мурод аз «қурбо» кист
Вожаи «қурбо» низ ба маънои наздикони насабӣ ва хешовандон аст.[23] Уламои шиа бо истинод ба ривоятҳо бар инанд, ки мурод аз «ал-қурбо» дар ояти маваддат, Аҳли Байти Пайғамбар (с), яъне ҳазрати Алӣ (а) ва Фотима (с) ва ёздаҳ имом аз насли онҳо ҳастанд ва тибқи ин тафсир, мурод аз «ал-маваддат фи-л-қурбо», дӯст доштани Аҳли Байти Расули Худо (с) аст.[24] Ба гуфтаи Фазл ибни Ҳасани Табрасӣ, ривоятҳои мутавотир, ки аз тариқи шиа ва аҳли суннат дар бораи воҷиб будани муҳаббати Аҳли Байт (а) нақл шудааст, ин тафсирро таъйид мекунад.[25] Ба гузориши чанд тан аз муфассирони аҳли суннат монанди Фахри Розӣ[26] ва Замахшарӣ[27] ва Саълбӣ[28] низ ҳамин тафсирро пазируфтаанд.
Ҳокими Ҳасканӣ аз муҳаддисони аҳли суннат дар қарни панҷуми ҳиҷрии қамарӣ, дар китоби Шавоҳид-ут-танзил, ҳафт ривоятро нақл кардааст, ки бар асоси онҳо мурод аз «ал-қурбо» ҳазрати Алӣ (а), Фотима (с) ва Ҳасанайн (а) ҳастанд,[29] Ба гузориши Бобоӣ, пажӯҳишгари тафсири Қуръон, дар китоби Эҳқоқ-ул-ҳақ аз 46 ровии аҳли суннат ном бурда шудааст, ки ривоятҳои марбут ба Ояти маваддатро нақл кардаанд.[30] Баҳронӣ, муҳаддиси шиа, низ 17 ривоят аз тариқи аҳли суннат ва 22 ривоят аз тариқи шиа дар ин маврид зикр кардааст.[31]

Нақл кардаанд, ки Имом Ҳасан (а) пас аз шаҳодати падараш Имом Алӣ (а), дар хутбае ки барои мардум хонд, бо тиловати ояти маваддат тасреҳ кард, ки мо аз хонадоне ҳастем, ки Худованд муҳаббати онҳоро бар ҳар мусалмон воҷиб кардааст.[32] Аз Имом Саҷҷод (а) нақл шудааст, ки дар посух ба пурсише роҷеъ ба ояти маваддат, мурод аз ин оятро дӯст доштани Аҳли Байти Пайғамбар (с) донистаанд.[33] Чунонки аз Имом Боқир (а) низ нақл шудааст, ки имомони маъсум масдоқи ояти маваддат ҳастанд.[34]
Дар тафсирҳои аҳли суннат
Уламоии аҳли суннат дар тафсири масодиқи «қурбо» ихтилофи назар доранд; Олусӣ, муфассири қарни сенздаҳуми ҳиҷрии қамарӣ, бар ин аст, ки воҷиб будани маваддати Аҳли Байт, ҳамаи хешовандони Пайғамбар ва ҳамаи фарзандони Абдулмутталибро шомил мешавад.[35] Бино бар гузориши Олусӣ, аз муфассирони аҳли суннат, назарҳои дигаре низ дар ин бора вуҷуд дорад, ки мақсуд аз «қурбо» Омина, модари Пайғамбар будааст,[36] ё он ки мурод аз маваддат ба қурбо, дӯстии мусалмонон бо хешовандони худашон аст; яъне силаи раҳим.[37]
Ба бовари Замахшарӣ, вожаи «қурбо» ба маънои қаробат ва хешовандӣ аст, на хешованд ва хешовандон[38] ва ба ин тартиб яъне Худованд ба Пайғамбар дастур медиҳад, ки аз Қурайш бихоҳад, агар имон намеоваранд, ҳадди ақал ба далели қаробат ва хешовандӣ, бо Пайғамбар душманӣ накунанд.[39] Табрасӣ, муфассири шиа низ ин қавлро ба унвони яке аз ақвол аз Ибни Аббос овардааст.[40]
Ҷусторҳои вобаста
Эзоҳ
- ↑ Бобоӣ, «Пажӯҳише дар ояти маваддат», саҳ.63
- ↑ Аллома Ҳиллӣ, Наҳҷ-ул-ҳақ, бе таърих, саҳ.175
- ↑ Ниг.: Абуҳамза Самолӣ, Тафсир-ул-Қуръон-ил-карим, 1420ҳ.қ., саҳ.294; Табрасӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.9, саҳ.44; Ҳувайзӣ, Тафсири Нур-ус-сақалайн, 1415ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.587
- ↑ Ниг.: Олусӣ, Рӯҳ-ул-маонӣ, 1415ҳ.қ., ҷ.13, саҳ.38; Даруза, ат-Тафсир-ул-ҳадис, Қоҳира, 1383ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.457
- ↑ Ҳусайнии Милонӣ, Меҳрварзӣ ба Аҳли Байт (а) аз дидгоҳи Қуръон ва суннат, 1389ҳ.ш., шиносномаи китоб
- ↑ مودت اهل بیت در آیینه وحی, Хонаи китоб ва адабиёти Эрон
- ↑ Ҳоҷиҳайдарӣ, Маваддати Аҳли Байт (а), 1392ҳ.ш., шиносномаи китоб
- ↑ رساله مودت, Хонаи китоб ва адабиёти Эрон
- ↑ اهل بیت در آیه مودت, Хонаи китоб ва адабиёти Эрон
- ↑ Ибни Манзур, Лисон-ул-араб, 1419ҳ.қ., ҷ.15, саҳ.247
- ↑ Роғиби Исфаҳонӣ, Муфрадоти алфози Қуръон, 1412ҳ.қ., саҳ.861
- ↑ Табатабоӣ, ал-Мизон, 1393ҳ.қ., ҷ.16, саҳ.166
- ↑ Сайид Алавӣ, «Аҷри рисолат аз дидгоҳи Қуръон», саҳ.28
- ↑ Ориёнфар, «Падоши рисолат», саҳ.175
- ↑ Сайид Алавӣ, «Аҷри рисолат аз дидгоҳи Қуръон», саҳ.28
- ↑ Ориёнфар, «Падоши рисолат», саҳ.169
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.20, саҳ.409
- ↑ Ориёнфар, «Падоши рисолат», саҳ.172
- ↑ Ориёнфар, «Падоши рисолат», саҳ.176–177
- ↑ Табатабоӣ, ал-Мизон, 1393ҳ.қ., ҷ.18, саҳ.46
- ↑ Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.18, саҳ.144
- ↑ Ҷаводӣ Омулӣ, Адаби фанои муқаррабон, 1394ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.160
- ↑ Фирӯзободӣ, ал-Қомус-ул-муҳит, 1415ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.152; Ибни Манзур, Лисон-ул-араб, 1419ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.84
- ↑ Барои намуна ниг.: Фуроти Куфӣ, Тафсири Фуроти Куфӣ, 1410ҳ.қ., саҳ.197; Табрасӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.9, саҳ.44; Ҳувайзӣ, Тафсири Нур-ус-сақалайн, 1415ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.572 ва 573
- ↑ Табрасӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.9, саҳ.44
- ↑ Фахри Розӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, 1420ҳ.қ., ҷ.27, саҳ.594–595
- ↑ Замахшарӣ, ал-Кашшоф, ҷ.4, бе таърих, саҳ.220–221
- ↑ Саълбӣ, ал-Кашф ва-л-баён, 1422ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.310–312
- ↑ Ҳасканӣ, Шавоҳид-ут-танзил, 1411ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.189–196
- ↑ Бобоӣ, «Пажӯҳише дар ояти маваддат», саҳ.65
- ↑ Бобоӣ, «Пажӯҳише дар ояти маваддат», саҳ.65
- ↑ Алӣ ибни Ҷаъфар, Масоили Алӣ ибни Ҷаъфар, 1409ҳ.қ., саҳ.328
- ↑ Куфӣ, Тафсири Фуроти Куфӣ, 1410ҳ.қ., саҳ.392
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.413, ҳ.7
- ↑ Олусӣ, Рӯҳ-ул-маонӣ, 1415ҳ.қ., ҷ.13, саҳ.32
- ↑ Олусӣ, Рӯҳ-ул-маонӣ, 1415ҳ.қ., ҷ.13, саҳ.30
- ↑ Олусӣ, Рӯҳ-ул-маонӣ, 1415ҳ.қ., ҷ.13, саҳ.31
- ↑ Замахшарӣ, ал-Кашшоф, бе таърих, ҷ.4, саҳ.219
- ↑ Табарӣ, Ҷомеъ-ул-баён, бе таърих, ҷ.25, саҳ.15
- ↑ Табрасӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.9, саҳ.44
Сарчашма
- Абуҳамза Самолӣ, Собит ибни Динор, Тафсир-ул-Қуръон-ил-карим ли Абиҳамза Собит ибни Динор ас-Самолӣ, таҳқиқ: Абдурраззоқ Муҳаммадҳусайн Ҳарзуддин, Бейрут, Дор-ул-муфид, чопи аввал, 1420ҳ.қ.
- Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Наҳҷ-ул-ҳақ ва Кашфус-сидқ, Бейрут, Дорул-китобул-Лубнонӣ, бе таърих.
- Баҳронӣ, Ҳошим ибни Сулаймон, Ғоят-ул-маром ва ҳуҷҷат-ул-хисом, таҳқиқ: Алӣ Ошур, Бейрут, Муассисаи таърихи арабӣ, бе таърих.
- Бобоӣ, Алиакбар, «Пажӯҳише дар ояти маваддат», Моҳномаи Маърифат, №48, 1380ҳ.ш.
- Даруза, Муҳаммад Иза, ат-Тафсир-ул-ҳадис, Қоҳира, Дор эҳё-ил-кутуб-ил-арабӣ, 1383ҳ.қ.
- Замахшарӣ, Муҳаммад ибни Умар, ал-Кашшоф, таҳқиқ: Мустафо Ҳусайн Аҳмад, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-арабӣ, бе таърих.
- Ибни Манзур, Муҳаммад ибни Макрам, Лисон-ул-араб, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, 1419ҳ.қ.
- Ибни Ҳанбал, Аҳмад, Фазоили Амирулмуъминин Алӣ ибни Абитолиб, таҳқиқ: Сайид Абдулазиз Табатабоӣ, Қум, Дар-ут-тафсир, 1433ҳ.қ.
- Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, таҳқиқ: Алиакбар Ғаффорӣ, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, чопи чаҳорум, 1407ҳ.қ.
- Куфӣ, Фурот ибни Иброҳим, Тафсири Фуроти Куфӣ, таҳқиқ: Муҳаммад Козим, Теҳрон, Вазорати фарҳанг ва иршоди исломӣ, 1410ҳ.қ.
- Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири намуна, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, Теҳрон, 1374ҳ.ш.
- Олусӣ, Маҳмуд ибни Абдуллоҳ, Рӯҳ-ул-маонӣ фи тафсир-ил-Қуръон-ил-азим, муҳаққиқ: Алӣ Абдулборӣ Атия, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, чопи аввал, 1415ҳ.қ.
- Ориёнфар, Маҳдӣ, «Падоши рисолат», Фаслномаи Пажӯҳишҳои қуръонӣ, №46–47, тобистон ва поизи 1385ҳ.ш.
- Роғиби Исфаҳонӣ, Ҳусайн ибни Муҳаммад, Муфрадоти алфози Қуръон, Бейрут, чопи аввал, 1412ҳ.қ.
- Сайид Алавӣ, Сайид Иброҳим, «Аҷри рисолат аз дидгоҳи Қуръон: нақд ва баррасии назароти бархе муфассирон ва мутакаллимон», Фаслномаи Байинот, №6, тобистони 1374ҳ.ш.
- Саълбӣ, Аҳмад ибни Муҳаммад, ал-Кашф ва-л-баён маъруф ба Тафсири Саълбӣ, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, 1422ҳ.қ.
- Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Ҷомеъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Дорул-маърифа, бе таърих.
- Табатабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Муассисаи Алаъламӣ лилматбуъот, 1393ҳ.қ.
- Табрасӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, Теҳрон, Насир Хусрав, чопи сеюм, 1372ҳ.ш.
- Фахри Розӣ, Муҳаммад ибни Умар, ат-Тафсир-ул-кабир, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, 1420ҳ.қ.
- Фирӯзободӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Қомус-ул-муҳит, Бейрут, чопи аввал, 1415ҳ.қ.
- Шуштарӣ, Нуруллоҳ ибни Шарифуддин, Эҳқоқ-ул-ҳақ ва изҳоқ-ул-ботил, таҳқиқ: Шаҳобуддини Мараъшӣ, Қум, Китобхонаи Оятуллоҳ Мараъшӣ, 1409ҳ.қ.
- Ҳасканӣ, Убайдуллоҳ ибни Аҳмад, таҳқиқ: Муҳаммадбоқир Маҳмудӣ, Шавоҳид-ут-танзил лиқавоид-ит-тафзил, Теҳрон, Созмони чоп ва интишороти Вазорати иршоди исломӣ, чопи аввал, 1411ҳ.қ.
- Ҳувайзӣ, Абдулӣ ибни Ҷумъа, Тафсири Нур-ус-сақалайн, Қум, Исмоилиён, чопи чаҳорум, 1415ҳ.қ.
- Ҳусайнии Милонӣ, Алӣ, Меҳрварзӣ ба Аҳли Байт (а) аз дидгоҳи Қуръон ва суннат, Қум, Маркази ҳақоиқи исломӣ, 1389ҳ.ш.
- Ҷаводӣ Омулӣ, Абдуллоҳ, Адаби бинои муқаррабон, ҷилди 1, Қум, Нашри Исро, 1394ҳ.ш.
- رساله مودت, Хонаи китоб ва адабиёти Эрон.
- مودت اهل بیت در آیینه وحی, Хонаи китоб ва адабиёти Эрон.
- سیمای اهل بیت در آیه مودت, Хонаи китоб ва адабиёти Эрон.