Ояти Ҷалд

Аз wikishia
Ояти Ҷалд
Маълумот дар бораи оят
Номи оятОяти Ҷалд
Воқеъ дар сураиНур
Шумораи оят2
Ҷузъ18
Макони нузулМадина
МавзуъФиқҳӣ
Дар бораиҲадди зино
Оёти муртабитОяти ҷазои фаҳшо


Ояти Ҷалд (арабӣ: آية الجَلْد) ё ояти зино ояти дуюми сураи Нур аст ва дар он ҷазои шаръӣ барои мардон ва занони зинокор баён шудааст. Дар ин оят ҷазои зино 100 зарба шаллоқ аст, ки бояд дар ҳузури гурӯҳе аз муъминон анҷом шавад. Инчунин дар иҷро кардани ҳукми шаллоқ нисбат ба зинокорон дилсӯзӣ кардан манъ аст. Бар асоси назари фақеҳон, ин оят дар бораи зинокороне аст, ки барда ва муҳсин (шахсе, ки ба алоқаи ҷинсии ҳалол дастрасӣ дорад) набошанд. Ба эътиқоди баъзе муфассирон ин оят, ояти 15 сураи Нисо дар бораи занони зинокорро насх (лағв) кардааст.

Аҳамияти ояти Ҷалд

Ба ояти 2 сураи Нур ояти Ҷалд ё ояти зино гуфта мешавад.[1] Ин оят аз оёт-ул-аҳком аст ва фақеҳон бо истинод ба ин оят муҷозоти зинокорро баён кардаанд.[2] Дар ин оят омадааст:

Ба гуфта бархе аз муфассирон ба се матлаб ишора дорад:

  • Таъини сад зарба тозиёна ба унвони ҷазои зинокор;
  • Наҳй аз аъмоли эҳсосот ва муҳаббати беҷо дар ҳаққи шахси зинокор;
  • Дастур ба ҳузури иддае аз муъминон дар саҳнаи муҷозоти зинокор барои ибрат гирифтан.[3]

Корбурди фиқҳӣ

Дар китоби Шароеъ-ул-Ислом, муҷозоти сад зарба тозиёна барои зинокоре дониста шудааст, ки муҳсин (касе ки ба робитаи ҷинсии ҳалол дастрасӣ дорад) набошад. Муҷозоти муҳсини зинокор, раҷм (сангсор) аст.[4]

Аллома Ҳиллӣ дар китоби Таҳрир-ул-аҳком бар ин бовар аст, ки марди зинокорро бояд урён тозиёна зад, аммо аз сар, рӯй ва фарҷаш дар муқобили тозиёна муҳофизат мешавад ва бо истинод ба иборати وَلَا تَأْخُذْكُمْ بِهِمَا رَأْفَةٌ فِي دِينِ اللَّه; (дар [кори] дини Худо нисбат ба он ду дилсӯзӣ накунед) ҳукм ба шадид будани зарбаҳои тозиёна додааст.[5]

Шайхи Тусӣ бо истинод ба иборати «وَ لْيَشْهَدْ عَذٰابَهُمٰا طٰائِفَةٌ مِنَ الْمُؤْمِنِينَ؛; пас бояд гурӯҳе аз муъминон дар муҷозоти онҳо ҳузур ёбанд» муътақид аст, ки волӣ бояд мардумро огоҳ кунад, то дар ҳангоми иҷрои ҳад бар зинокор ҳузур ёбанд ва дар ҳузури мардум ҳаддро ҷорӣ кунад, то мардум аз иртикоби чунин амале боз дошта шаванд.[6] Шоиста аст касоне ки дар саҳнаи муҷозот ҳозир мешаванд аз мардумон некӯкор бошанд.[7] Ба гуфтаи Табарсӣ дар тафсири Маҷмаъ-ул-баён муфассирон мисдоқи тоифат(طٰائِفَةٌ مِنَ الْمُؤْمِنِينَ = гурӯҳе аз муъминон)-ро як, ду, се нафар ва бештар донистаанд.[8]

Ояти 2 сураи Нурро ҳамчунин носихи ояти муҷозоти фаҳшо донистаанд. Ба гуфтаи Сайид Муҳаммадҳусайни Таботабоӣ - нависандаи тафсири ал-Мизон, ояти Ҷалд, ояти 15 сураи Нисоро насх кардааст; зеро дар ояти сураи Нисо омадааст, ки «Агар занони шумо, муртакиби зино шуданд онҳоро дар хонаҳо нигоҳ доред, то маргашон фаро расад ё Худо роҳе барои онон қарор диҳад».[9] Ба ақида ӯ иборати «أَوْ یجْعَلَ اللَّهُ لَهُنَّ سَبیلا» баёнгари ин аст, ки ин оят насх хоҳад шуд.[10]

Нукоти тафсирӣ

Табарсӣ - аз муфассирони шиа, дар тавзеҳи ин оят ба чанд нукта ишора мекунад:

  1. Ин оят дар мавриди баёни зан ва марди ғайримуҳсини ҳур (озод) аст. Агар зинокор, каниз ё ғулом бошад бар асоси ояти 25 сураи Нисо нисфи ин миқдор тозиёна мехӯрад.[11] Зеро дар ояти 25 сураи Нисо омадааст, ки: пас чун (канизон) ба издивоҷи [шумо] даромаданд, агар муртакиби фаҳшо шуданд, пас бар онон ниме аз азоб[муҷозот]-и занони озод аст.[12]
  2. Хитоби ин оят ба аимма (а) ва касоне аст, ки аз ҷониби онҳо қарор дода шудаанд; зеро касе ғайр аз имом ва волиёни ӯ ҳаққи иқома ҳудудро надорад.[13]
  3. Дар ин оят иборати аз-зония (зани зинокор) пеш аз таъбири аз-зонӣ (марди зинокор) омадааст. Табарсӣ чанд далел барои ин тақаддум нақл кардааст:
  • Зино барои занон зишттар аст.[14]
  • Шаҳват ва ғалабаи он дар занҳо бештар аст.[15]
  • Зино ба далели ҳомилагӣ барои занон осебзанандатар аст.[16]

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. Хуросонӣ, “Оёти номдор”, ҷ.1, саҳ.380.
  2. Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароиъ-ул-Ислом, ҷ.4, саҳ.137; Аллома Ҳиллӣ, Таҳрир-ул-аҳком, 1420ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.319; Шайхи Тусӣ, ан-Ниҳоя, 1400ҳ.қ., саҳ.701.
  3. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.14, саҳ.359 - 360.
  4. Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароиъ-ул-Ислом, ҷ.4, саҳ.137.
  5. Аллома Ҳиллӣ, Таҳрир-ул-аҳком, 1420ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.319.
  6. Шайхи Тусӣ, ан-Ниҳоя, 1400ҳ.қ., саҳ.701.
  7. Шайхи Тусӣ, ан-Ниҳоя, 1400ҳ.қ., саҳ.701.
  8. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1415ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.220.
  9. Сураи Нисо, ояти 15.
  10. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.235.
  11. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1415ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.219.
  12. Сураи Нисо, ояти 25.
  13. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1415ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.219.
  14. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1415ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.219.
  15. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1415ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.219.
  16. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1415ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.219.

Сарчашма

  • Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Таҳрир-ул-аҳком-иш-шаръия ала мазҳаб-ил-имомия, таҳқиқи Иброҳим Баҳодурӣ, Қум, муассисатул-Имом ас-Содиқ (а), чопи аввал, 1420ҳ.қ.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири Намуна, Теҳрон, Дорулкутубил-исломия, чопи сиюдувум, 13
  • Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Ҷаъфар ибни Ҳасан, Шароиъ-ул-Ислом фи масоил-ил-ҳароми ва-л-ҳалол, таҳқиқи Абдулҳусайн Муҳаммадалӣ Баққол, Қум, муассисаи Исмоилиён, чопи дувум, 1408ҳ.қ.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён, таҳқиқи гуруҳе аз муҳаққиқин, Бейрут, муассисатул-Аъламӣ, чопи аввал, 1415ҳ.қ.
  • Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, муассисатул-Аъламӣ, чопи дувум, 1390ҳ.қ.
  • Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ан-Ниҳоя фи муҷаррад-ил-фиқҳ ва-л-фатовӣ, Бейрут, Дорулкитобилъарабӣ, чопи дувум, 1400ҳ.қ.
  • Хуросонӣ, Алӣ, “Оёти номдор”, дар доиратулмаорифи Қуръони Карим, Қум, муассисаи Бустони китоб, 1382ҳ.ш.