Намози Расули акрам (с)
Намози Расули акрам (с) (форсӣ: نماز رسول اکرم(ص)) намози мустаҳаббии дуракаатӣ ва мансуб ба Пайғамбари акрам (с) аст, ки барои омурзиши гуноҳон ва бароварда шудани ҳоҷатҳо тавсия шудааст. Хусусияти ин намоз, қироати 15 бор сураи Қадр дар ҳолатҳои мухталиф (210 бор дар маҷмуъ) аст. Пас аз анҷоми намоз низ дуои махсус хонда мешавад.
Ин намозро метавон дар ҳар соати шабонарӯз ба ҷо овард ва маҳдуд ба замони мушаххасе нест.
Аҳамияти намоз
Намози Расули акрам (с), аз намозҳои машҳур аст, ки ҳам шиа ва ҳам аҳли суннат онро дар китобҳои худ зикр кардаанд.[1] Сайид ибни Товус дар китоби Ҷамол-ул-усбуъ, ривояте аз Имом Ризо (а) нақл кардааст, ки дар он, шахсе дар бораи намози Ҷаъфари Тайёр мепурсад. Имом Ризо (а) дар посух, ӯро ба хондани намози Пайғамбар (с) тавсия намуда ва баён мекунад:
«Чун аз намоз фориғ шавӣ, ҳеҷ гуноҳе барои ту боқӣ намемонад магар ин ки омурзида шуда бошад ва ҳар ҳоҷате ки талаб кунӣ, бароварда хоҳад шуд.»[2]
Вақти адои намоз
Ба гуфтаи Аллома Маҷлисӣ, гарчанде дар баъзе манбаъҳо, намози Расули акрам (с) аз намозҳои махсуси рӯзи ҷумъа дониста шудааст, аммо чунин бардошт аз ривоёт ба даст намеояд. Аз назари ӯ, ин намоз мустаҳаб аст ва метавон онро дар ҳамаи рӯзҳои ҳафта ба ҷо овард, на танҳо дар рӯзи ҷумъа.[3]
Чогунии хондани намоз
Намози Расули акрам (с), ду ракаат дорад ва дар ҳар ракаат маҷмуан 105 бор сураи Қадр хонда мешавад. Дар ҳар яке аз ҳолатҳои зерин 15 бор сураи Қадр хонда мешавад:
- Пас аз қироати сураи Ҳамд;
- Дар рукуъ;
- Пас аз рукуъ (дар ҳолати истода);
- Дар саҷдаи аввал;
- Пас аз сар бардоштан аз саҷдаи аввал (дар ҳолати нишаста);
- Дар саҷдаи дуюм;
- Пас аз сар бардоштан аз саҷдаи дуюм (дар ҳолати нишаста);
Сипас ташаҳҳуд ва саломи намоз ва пас аз он ин дуо хонда мешавад:
لَا إِلٰهَ إِلّا اللّٰهُ رَبُّنا وَرَبُّ آبائِنَا الْأَوَّلِینَ، لَاإِلٰهَ إِلّا اللّٰهُ إِلٰهاً واحِداً وَ نَحْنُ لَهُ مُسْلِمُونَ
لَاإِلٰهَ إِلّا اللّٰهُ لَانَعْبُدُ إِلّا إِیاهُ مُخْلِصِینَ لَهُ الدِّینَ وَ لَوْ کَرِهَ الْمُشْرِکُونَ
لاٰ اِلـٰهَ اِلَّا اللهُ، وَحْدَهُ وَحْدَهُ [وَحْدَهُ]، اَنْجَزَ وَعْدَهُ، وَ نَصَرَ عَبْدَهُ، وَ اَعَزَّ جُنْدَهُ، وَ هَزَمَ الأَحْزٰابَ وَحْدَهُ
فَلَهُ الْمُلْکُ وَ لَهُ الْحَمْدُ، وَ هُوَ عَلىٰ کُلِّ شَىْءٍ قَدیرٌ
اَللّـٰهُمَّ اَنْتَ نُورُ السَّمٰوٰاتِ وَ الْأَرْضِ وَ مَنْ فیهِنَّ
فَلَکَ الْحَمْدُ، وَ اَنْتَ قَیّٰامُ السَّمٰوٰاتِ وَ الْأَرْضِ وَ مَنْ فیهِنَّ
فَلَکَ الْحَمْدُ، وَ اَنْتَ الْحَقُّ وَ وَعْدُکَ الْحَقُّ، فَقَوْلُکَ حَقٌّ، وَ اِنْجٰازُکَ حَقٌّ، وَ الْجَنَّةُ حَقٌّ، وَ النّٰارُ حَقٌّ
اَللّـٰهُمَّ لَکَ اَسْلَمْتُ، وَ بِکَ آمَنْتُ، وَ عَلَیْکَ تَوَکَّلْتُ، وَ بِکَ خٰاصَمْتُ، وَ اِلَیْکَ حٰاکَمْتُ
یٰا رَبِّ یٰا رَبِّ یٰا ربِّ، اِغْفِرْ لى مٰا قَدَّمْتُ وَ مٰا اَخَّرْتُ، وَ مٰا اَسْرَرْتُ وَ اَعْلَنْتُ
اَنْتَ اِلٰهى لاٰ اِلـٰهَ اِلّٰا اَنْتَ، صَلِّ عَلىٰ مُحَمَّدٍ وَ آلِ مُحَمَّدٍ
وَ اغْفِرْ لى وَ ارْحَمْنى، وَ تُبْ عَلَىَّ اِنَّکَ اَنْتَ التَّوٰابُ الرَّحیمُ.[4]
Маъбуде нест ҷуз Худо, Парвардигори мо ва Парвардигори падарони пешини мо, маъбуде нест ҷуз Худо маъбуди ягона ва мо таслими Ӯем.
Маъбуде нест ҷуз Худо ва напарастем ҷуз Ӯро ва дини мо холис барои Ӯст гарчанде нохуш доранд мушрикон.
Маъбуде нест ҷуз Худои ягона, ягонаи ягона ки ба ваъдааш вафо кард ва бандаашро ёрӣ намуд ва сипоҳи хешро азиз гардонид ва аҳзоб(-и душман)-ро ба танҳоӣ шикаст дод.
Пас салтанат хосси Ӯст ва ситоиш аз они Ӯст ва Ӯст бар ҳар коре тавоно.
Худоё Туӣ равшанибахши осмонҳо ва замин ва он чи дар онҳост.
Пас ситоиш хосси Туст ва Туӣ барподорандаи осмонҳо ва замин ва он чи дар онҳост.
Пас (боз ҳам) ситоиш хосси Туст ва Ту худ ҳаққӣ ва ваъдаат ҳақ аст пас гуфторат ҳақ аст ва вафои ту ҳақ аст ва биҳишт ҳақ аст ва дӯзах ҳақ аст.
Худоё дар баробарат таслимам ва ба Ту имон дорам ва бар Ту таваккул кунам ва ба умеди Ту бо хасм рӯ ба рӯ шавам ва ба сӯи Ту қазоватро меоварам.
Парвардигоро! Парвардигоро! Парвардигоро! Бибахш бароям гуноҳоне ки аз пеш кардам ва аз ин пас кунам ва он чи дар пинҳон кардам ва он чи ошкор кардам.
Ту маъбуди манӣ, Худое ҷуз ту нест, дуруд фирист бар Муҳаммад ва оли Муҳаммад.
Ва бибахш маро ва ба ман раҳм кун ва тавбаам бипазир, ки ба ростӣ Туӣ тавбапазири меҳрубон.[6]
Эзоҳ
- ↑ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, ҷ.88, саҳ.170.
- ↑ Сайид ибни Товус, Ҷамол-ул-усбуъ, саҳ.246 - 247.
- ↑ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, ҷ.88, саҳ.170.
- ↑ Сайид ибни Товус, Ҷамол-ул-усбуъ, саҳ.246 ва 247; Маҷлисӣ, Зод-ул-маод, саҳ.404 ва 405.
- ↑ «نماز پيغمبر اکرم (صلّی الله علیه وآله)», Тарҷума аз сайти Мафотиҳи Навин - Дафтари Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ.
- ↑ «نماز پيغمبر اکرم (صلّی الله علیه وآله)», Тарҷума аз сайти Мафотиҳи Навин - Дафтари Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ.
Сарчашма
- Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, 1404ҳ.қ.
- Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Зод-ул-маод, Бейрут, Муассисат-ул-аъламӣ ли-л-матбуот, 1423ҳ.қ.
- Сайид ибни Товус, Алӣ ибни Мусо, Ҷамол-ул-усбуъ би-камол-ил-амал-ил-машруъ, Теҳрон, Дор-ур-ризо, 1408ҳ.қ.
- «نماز پيغمبر اکرم (صلّی الله علیه وآله)» (Намози Пайғамбари акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ)), тарҷумаи сайти Мафотиҳи Навин Дафтари Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ, санаи боздид: 8 ноябри 2026.