Намози ҷамоат

Аз wikishia
Намози ҷамоат дар Масҷидулҳаром
Ин мақола дар бораи намози ҷамоат аст. Барои ошноӣ бо шахсе, ки имоми ҷамоат мешавад, мадхали Имоми ҷамоатро бибинед.
Ин мақола як навиштори тавсифӣ дар бораи як мафҳуми фиқҳист ва наметавонад меъёре барои аъмоли динӣ бошад. Барои аъмоли динӣ ба манобеи дигар муроҷиа кунед.

Намози ҷамоат намозе аст, ки дастаҷамъӣ хонда мешавад. Намози ҷамоат аз бофазилаттарин ибодатҳо шуморида шудааст.

Касе ки дар намози ҷамоат дар пеш меистад ва дигарон ба ӯ иқтидо мекунанд, имоми ҷамоат номида мешавад ва касонеро ки ба ӯ иқтидо мекунанд, маъмум мегӯянд.

Ба гуфтаи баъзе фақеҳон, оғози фарз шудани намоз дар шакли ҷамоат буд ва аввалин намози ҷамоатро Пайғамбар (с) ва Имом Алӣ (а) хондаанд.

Дар ривоёт, як намози ҷамоат аз 25 намози фуродо бартар дониста шуда ва ба ҷамоати хондани намоз ба хусус барои ҳамсояи масҷид тавсия шудааст.

Ба эътиқоди шиа, ширкат дар намози ҷамоат мустаҳаби муаккад аст ва танҳо намозҳои фарз; монанди: намозҳои ҳаррӯза, намози оёт, намози ид, ҷаноза ва намози ҷумъаро метавон бо ҷамоат адо кард. Тибқи назари машҳури фақеҳони шиа, ғайр аз намози борон бо ҷамоат хондани намозҳои мустаҳабӣ ҷоиз нест. Аҳли суннат намози таровеҳро ҷамоат мехонанд, аммо шиаён бо ҷамоат хондани онро бидъат медонанд.

Мафҳумшиносӣ

Намози ҷамоат, намозе аст, ки дастаҷамъӣ иқома шавад. Дар ин намоз, имоми ҷамоат дар пеш меистад ва маъмумин ба ӯ иқтидо мекунанд. Намози ҷамоат бо ҳаддиақал ду нафар; яъне имом ва як маъмум шакл мегирад.[1]

Аҳамият

Намози ҷамоат аз мустаҳаботи муаккаде дар дини Ислом аст[2] ва дар ривоёт, тарк бе узри он аз сабабҳои қабул нашудани намоз, ва бетаваҷҷуҳӣ ба намози ҷамоат, ба манзалаи хор шуморидани Худованд дониста шудааст.[3]

Дар Қуръони Карим ба таври мустақим ба намози ҷамоат ишора нашудааст, аммо фақеҳон дар зайли боби фазилати намози ҷамоат ба ояти «وَ أَقیمُوا الصَّلاةَ وَ آتُوا الزَّکاةَ وَ ارْکعُوا مَعَ الرَّاکعین»[4] ишора кардаанд.[5]

Бархе аз муфассирон низ рукуъи дастаҷамъӣ дар ояти мазкурро киноя аз намози ҷамоат донистаанд.[6] Ҳамчунин бархе аз ҷавомеъи ҳадисии шиа, боберо ба фазилати намози ҷамоат ва аҳкоми он ихтисос додаанд.[7]

Оятуллоҳ Буруҷердӣ, бо такя ба бархе ривоёт муътақид аст, ки намоз дар дини Ислом, дар оғоз ба шакли ҷамоат фарз шудааст.[8] Дар ибтидои набуввати ҳазрати Муҳаммад (с), намози ҷамоат ба имомати Расули Худо баргузор мешуд ва ҳазрати Алӣ танҳо маъмуми мард ва ҳазрати Хадиҷа[9] танҳо маъмуми зан будааст.[10] Баъд аз он Ҷаъфари Тайёр низ ба ҷамъи онон мулҳақ шудааст.[11]

Ҳикмати ташреъу қонунгузорӣ

Бар асоси ривояти нақлшуда аз Имом Ризо (а), иллати ташреъи намози ҷамоат, ошкор шудани Ислом, тавҳид ва ихлос дар байни мардум аст.[12] Дар китоби Илал-уш-шароиъ аз Имом Содиқ (а) ривоят шудааст, ки Худо намози ҷамоатро барои ин қарор дод, то касоне ки намоз мехонанд аз касоне ки намоз намехонанд шинохта шаванд ва маълум шавад кӣ вақтҳои намозро риоят мекунад ва кӣ онро зоеъ мекунад.

Ҳамчунин омадааст, ки агар намози ҷамоат намебуд, ягон кас наметавонист дар бораи дигаре шаҳодати нек диҳад.[13]

Фазилат

Барои намози ҷамоат савоб ва фазилатҳои зиёде зикр шудааст. Аз Пайғамбари Акрам (с) ривоят шудааст, теъдоди ҳозирон дар намози ҷамоат ҳарчӣ бештар бошад, назди Худо маҳбубтар[14] ва савоби он бештар аст: агар маъмум як нафар бошад, фазилати намози 150 баробар ва агар ду нафар бошанд 600 баробар аст ва чунончӣ аз нуҳ нафар зиёдтар шаванд, савоби онро ғайри Худо намедонад.[15]

Ҳамчунин дар ривоёт омадааст, ки як намози ҷамоат аз 25 намоз дар ғайри ҷамоат бартар аст[16] ва савоби як намози ҷамоат, бартар аз чиҳил сол намози инфиродӣ дар хона дониста шуда[17] ва фазилати намози ҷамоат ба имомати олим, монанди фазилати намоз ба имомати Пайғамбари Акрам (с) аст.[18]

Осор

Бино бар ривоёт, намози ҷамоат сабаби дурӣ аз нифоқ,[19] бахшида шудани гуноҳон,[20] истиҷобати дуо,[21] осон шудани таҳаммули сахтиҳои қиёмат, вуруд ба биҳишт[22] ва ҷалби ризогии Худо ва малоика[23] мешавад. Ҳамчунин касе ки дар намози ҷамоат ширкат мекунад, метавонад дигаронро шафоат кунад.[24]

Аз Пайғамбари Акрам нақл шудааст, ки ҳар қадаме, ки намозгузор ба тарафи масҷид бардорад, ҳазор ҳасана барояш навишта мешавад, 70 ҳазор дараҷа дарёфт мекунад ва агар дар ин ҳол аз дунё биравад, Худо 70 ҳазор фариштаро маъмур мекунад, то дар қабр ӯро зиёрат кунанд ва дар танҳоии қабр муниси ӯ бошанд то замоне, ки аз қабраш барангехта шавад.[25]

Ҳамчунин ҳувият ёфтани ҷомеаи исломӣ, огоҳии бештари мардум аз якдигар, таовуну ҳамкорӣ, коштани тухми меҳру муҳаббат ва муоширату дӯстии байни мусулмонон, аз фоидаҳои намози ҷамоат дониста шудааст.[26]

Аҳком

Фақеҳони шиа, ширкат дар намози ҷамоатро мустаҳаби муаккад медонанд,[27] хондани намозҳои бомдод, шом ва хуфтан ба ҷамоат таъкиди бештаре шудааст.[28] Ҳамчунин ширкат дар намози ҷамоат барои ҳамсояи масҷид низ таъкиди бештаре дорад.[29] Ва шарти дурустии намози ҷумъа ин аст, ки ба ҷамоат хонда шавад.[30]

Ҳанбалиён ва бархе аз ҳанафиҳо, намози ҷамоатро фарзи айн донистаанд.[31] Аз назари гуруҳе аз шофеиҳо, намози ҷамоат барои мардон дар ғайри сафар, фарзи кифоӣ аст.[32]

Ҷамоат хондани намозҳои мустаҳаб

Аз назари фақеҳони шиа, бо ҷамоати хондани намозҳои мустаҳаб ба ғайр аз намози борон, ҷоиз нест.[33] Бо ин ҳол, ба назари бархе аз фуқаҳои шиа, хондани намози ид дар асри Ғайбат мустаҳаб аст.[34] Бино бар назари машҳури фақеҳони шиа, намози идро чӣ дар сурати фарз ва чӣ дар сурати истиҳбоб бояд ба ҷамоат хонд.[35]

Соҳиби Ҳадоиқ ба бархе аз фақеҳони шиа ҳамчун Абусалоҳи Ҳалабӣ ва Шаҳиди Аввал нисбат додааст, ки ҷамоат хондани намози Ғадирро ҷоиз медонистаанд, Баҳронӣ худ бо ҷамоати хондани ин намозро ҳаром донистааст.[36] Дар муқобил, бештари фақҳони аҳли суннат, бо ҷамоат хондани тамомии намозҳои мустаҳаб монанди намози таровеҳро муҷоз медонанд.[37]

Моликиҳо ва ҳанафиҳо, ҷамоат хондани бархе нофилаҳо дар ғайри намозҳои мустаҳабии моҳи Рамазон ва низ намози оётро макруҳ донистаанд.[38] Аз назари фақеҳони шиа намози таровеҳро ҷамоат хондан бидъат аст.[39]

Шароити имоми ҷамоат

Мақолаи аслӣ: Имоми ҷамоат

Бинобар фиқҳи исломӣ, имоми ҷамоат бояд оқил,[40] болиғ,[41] муъмин[42] ва одил[43] бошад. Ҳамчунин имоми ҷамоат бояд ҳалолзода[44] бошад ва қироати намозаш дуруст бошад.[45] Агар ҳама ё бархе аз маъмумон мард бошанд, имоми ҷамоат бояд мард бошад.[46]

Иқтидо ба аҳли суннат

Яке аз шароити имоми ҷамоат, муъмин будан, ба маънои шиаи дувоздаҳимомӣ аст;[47] аз ин рӯ, фақеҳони шиа иқтидои маъмуми шиа ба имоми ҷамоати аҳли суннатро бо такя ба ривоёте[48] саҳеҳ надонистаанд,[49] аммо дар бораи иқтидо ба аҳли суннат дар шароити хос, масалан аз боби тақия, ихтилофи назар вуҷуд дорад; имом Хумайнӣ ва бархеи дигар, иқтидо ба аҳли суннатро бидуни ишкол донистаанд,[50] ва бархеи дигар, такрори намоз, ё адами иқтидо ва қироати ҳамду сураро шарт донистаанд.[51] Ин ихтилоф ношӣ аз таъорузи ривоёт дар шароити сонавӣ дониста шудааст.[52]

Ҳузури занон дар намози ҷамоат

Бар пояи бархе ривоёт, намоз хондани занон дар хона аз намоз хондани онон дар масҷид ва ба ҷамоат беҳтар аст. Дар ин ривоёт, беҳтарин масҷид барои занон хонаи онҳо,[53] ва савоби намози инфиродии зан дар хона бо намози ҷамоат баробар дониста шудааст.[54]

Гуруҳе аз фақеҳони шиа бо истинод ба ин ривоёт, хондани намози инфиродӣ дар хона тавассути занонро мустаҳаб ва бартар аз намози онон дар масҷид донистаанд.[55] Бархеи дигар аз фақеҳон, ин ривоётро марбут ба шароити хос дониста, муътақиданд, ки намоз хондани занон дар масҷид бо риояти ҳиҷоб беҳтар аст.[56] Ин гуруҳ ба ривоёте истинод кардаанд, ки ба ҳузури бонувон дар намози ҷамоати Пайғамбар далолат дорад.[57]

Аҳкоми дигар

  • Маъмум ба ғайр аз Ҳамду сура дар ракъати аввалу дувум, дигар зикрҳои намозро бояд худаш бихонад.[58]
  • Маъмум бояд дар афъоли намоз аз имоми ҷамоат пайравӣ кунад ва ҳеҷ рукнеро пеш аз имоми ҷамоат анҷом надиҳад.[59]
  • Ҷойгоҳи имоми ҷамоат набояд аз ҷойгоҳи намозгузорон баландтар бошад.[60] Аз ин рӯ, маъмулан дар масҷидҳо, сатҳи меҳроб чуқуртар сохта мешавад.[61]
  • Байни имому маъмум ва ҳамчунин байни сафҳо набояд чизе монанди парда ё девор монеъ бошад. Бо ин ҳол, насби парда байни сафи мардону занон истисно шудааст.[62]
  • Имоми ротиб дар имомати ҷамоат бар дигарон авлавият дорад.[63]
  • Зан дар сурате метавонад имоми ҷамоат бошад, ки маъмумин фақат зан бошанд.[64] Ба қавли машҳур, имомати зан барои занон дар сурати доро будани соири шароити имоми ҷамоат, ҷоиз аст.[65]

Одоби намози ҷамоат

Намози ҷамоат одоб, мустаҳабот ва макруҳоте дорад; бархе аз мустаҳаботи он иборатанд аз:

  • Ҳузури аҳли тақво ва илм дар сафи аввал.[66]
  • Истодани маъмум дар самти рости имоми ҷамоат.[67]
  • Мурооти ҳоли заъифтарин маъмумин ва низ тӯлонӣ накардани намоз ба василаи имоми ҷамоат, магар дар сурате, ки бидонад тамоми маъмумин тулонӣ шудани намозро мехоҳанд.[68]
  • Бархостани маъмумин ҳангоми шунидани «қад қомати-с-салот».[69]
  • Гуфтани «Алҳамду лиллаҳи Раббил-оламин»-и маъмум баъд аз итмоми сураи Ҳамд.[70]

Ҳамчунин бархе аз макруҳоти намози ҷамоат иборатанд аз: истодани маъмум дар як саф ба танҳоӣ бо имкони истодан дар дигар сафҳо, намози нофила хондан баъд аз қад қомати-с-салот ва иқтидои ҳозир ба мусофир ва баръакс, дар намозҳои чаҳор ракъатӣ,[71] ва низ баланд гуфтани зикрҳои намоз тавассути маъмум ба андозае, ки имоми ҷамоат шунавад.[72] Сухан гуфтан баъд аз шунидани «қад қомати-с-салот» аз сӯи муаззин.[73]

Такнигорӣ

Фақеҳон, дар китоби «ас-Салот»-и осори фиқҳии худ, дар бораи намози ҷамоат ва аҳкоми он низ сухан гуфтаанд.[74] Ҳамчунин дар бораи намози ҷамоат, китобҳое ба сурати ҷудогона навишта шудааст; бархе аз онҳо иборатанд аз:

  • Рисолату салот-ил-ҷамоъат, ба забони арабӣ, асари Муҳаммадҳусайн Компанӣ (1296 - 1361ҳ.қ.), фақеҳи шиаи қарни чаҳордаҳуми қамарӣ аст. Дар ин рисола, аҳкоми намози ҷамоат, мавориди вуҷуб, истиҳбоб ва ҳаром будани он баррасӣ шудааст. Муассисаи нашри исломии Қум дар соли 1409ҳ.қ., ин рисоларо дар китобе бо унвони буҳусун фи-л-фиқҳ ва ҳия буҳусун фи салот-ил-ҷамоъати ва-л-мусофири ва-л-иҷора чоп ва мунташир кардааст.[75]
  • Китоби «Набзатун ҳавла салот-ил-ҷамоъат», баргирифта аз мабоҳиси Оятуллоҳ Буруҷердӣ аст, ки тавассути Сайид Муҳаммадтақӣ Шоҳрухии Хуррамободӣ гирдоварӣ шуда ва дар интишороти Насоеҳ ба чоп расидааст. Дар ин китоб ба шароити дурустии намози ҷамоат, аҳамияти ҷамоат, аҳкоми ҷамоат, шароити имоми ҷамоат ва иқтидо ба аҳли суннат пардохта шудааст.[76]
  • Намози ҷамоат ва баракоти он, навиштаи Муҳаммад Исмоил Нурӣ ба забони форсӣ, ки матолибе дар бораи намози ҷамоат дар Қуръон, осор ва баракоти намози ҷамоат, мазмум будани тарки намози ҷамоат, шароити намози ҷамоат ва аҳкоми намози ҷамоат дорад. Интишороти Бустони китоб, чопи чаҳорум онро чоп ва мунташир кардааст.[77]

Эзоҳ

  1. Шайхи Садуқ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.376; Ибни Идрис, ас-Сароир, 1410ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.277.
  2. Нароқӣ, Мустанад-уш-шиъа, 1416ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.11-12; Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиъа, 1409ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.285.
  3. Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиъа, 1409ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.295.
  4. Сураи Бақара, ояти 43.
  5. Шайхи Садуқ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.375.
  6. Кошонӣ, Зубдат-ут-тафосир, 1423ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.139; Муллосадро, Тафсир-ул-Қуръон-ил-Карим, 1366ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.255.
  7. Барои намуна нигоҳ кунед ба: Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.371 - 387; Шайхи Садуқ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.375 - 409.
  8. Буруҷердӣ, Қиблаи сатру сотир ва макони мусаллӣ, 1416ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.84.
  9. Ибни Асир, Ҷомеъ-ул-усул, 1403ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.414.
  10. Иштиҳордӣ, Тақриру баҳс-ис-Сайид ал-Буруҷердӣ, 1416ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.84.
  11. Аллома Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1410ҳ.қ., ҷ.85, саҳ.3.
  12. Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиъа, 1409ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.287.
  13. Шайхи Садуқ, Илал-уш-шароиъ, 1385ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.325.
  14. Ибни Ҳанбал, Муснад, Дорул-содир, ҷ.5, саҳ.140.
  15. Аллома Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1410ҳ.қ., ҷ.85, саҳ.15.
  16. Шайхи Тусӣ, Таҳзиб-ул-аҳком, 1407ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.265; Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.373.
  17. Нурӣ, Мустадрак-ул-васоил, 1408ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.446.
  18. Аллома Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1410ҳ.қ., ҷ.88, саҳ.119.
  19. Нурӣ, Мустадрак-ул-васоил, 1408ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.449.
  20. Шайхи Садуқ, Савоб-ул-аъмол, 1406ҳ.қ., саҳ.37.
  21. Аллома Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1410ҳ.қ., ҷ.88, саҳ.4.
  22. Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиъа, 1409ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.372.
  23. Шайхи Садуқ, Савоб-ул-аъмол, 1406ҳ.қ., саҳ.37.
  24. Нурӣ, Мустадрак-ул-васоил, 1408ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.449.
  25. Аллома Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1410ҳ.қ., ҷ.85, саҳ.434.
  26. Зуҳайлӣ, ал-Фиқҳ-ул-исломӣ ва адиллатуҳ, Дорул-фикр, ҷ.2, саҳ.1167.
  27. Нароқӣ, Мустанад-уш-шиъа, 1416ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.11ـ12; Ибни Идрис, ас-Сароир, 1410ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.277.
  28. Яздии Таботабоӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.761.
  29. Яздии Таботабоӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.761.
  30. Мавсилӣ, ал-Ихтиёр ли таълил-ил-мухтор, 1984м., ҷ.1, саҳ.83; Баҳутии Ҳанбалӣ, Кашшоф-ул-қиноъ, 1418ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.552 - 553; Яздии Таботабоӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.763.
  31. Ибни Асир, Ҷомеъ-ул-усул, 1403ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.564 - 566.
  32. Хатиб Шарбинӣ, Муғнӣ-л-муҳтоҷ, Дорул-фикр, ҷ.1, саҳ.229-230.
  33. Муҳаққиқи Ҳиллӣ, ал-Муътабар, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.415.
  34. Яздии Таботабоӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.765; имом Хумайнӣ, Тавзеҳ-ул-масоил, 1387ҳ.ш., саҳ.234.
  35. Шайхи Садуқ, ал-Муқниъ, 1415ҳ.қ., саҳ.149; Нароқӣ, Мустанад-уш-шиъа, 1415ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.6.
  36. Баҳронӣ, ал-Ҳадоиқ-ун-нозира, 1405ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.87.
  37. Ҷазирӣ, ал-Фиқҳу ала-л-мазоҳиб-ил-арбаъа, 1424ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.370-371.
  38. Ҷазирӣ, ал-Фиқҳу ала-л-мазоҳиб-ил-арбаъа, 1424ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.370.
  39. Шайхи Тусӣ, ал-Хилоф, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.528.
  40. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.13, саҳ.323.
  41. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.13, саҳ.325.
  42. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.13, саҳ.273 - 275.
  43. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.13, саҳ.275.
  44. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.13, саҳ.324.
  45. Яздии Таботабоӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.798.
  46. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.13, саҳ.336 - 337.
  47. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.13, саҳ.273 - 275.
  48. Нурӣ, Мустадрак-ул-васоил, 1408ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.309, ҷ.8, саҳ.312.
  49. Шайхи Тусӣ, ал-Хилоф, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.549; Муҳаққиқи Ҳиллӣ, ал-Муътабар, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.432.
  50. Имом Хумайнӣ, ар-Расоил-ашарийя, 1387ҳ.ш., саҳ.63 - 64.
  51. Нароқӣ, Мустанад-уш-шиъа, 1415ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.53 - 54.
  52. Камолии Ардаконӣ, “Баррасии фиқҳии иқтидо ба аҳли тасаннун дар Ҳарамайни Шарифайн”.
  53. Шайхи Садуқ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.374.
  54. Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиъа, 1409ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.237.
  55. Барои намуна нигоҳ кунед ба: Аллома Ҳиллӣ, Тазкират-ул-фуқаҳо, 1414ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.238.
  56. Имом Хумайнӣ, Тавзеҳ-ул-масоил, 1387ҳ.ш., саҳ.142, масъалаи 894.
  57. Барои намунаи нигоҳ кунед ба: Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиъа, 1409ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.343.
  58. Имом Хумайнӣ, Тавзеҳ-ул-масоил, 1387ҳ.ш., саҳ.226, масъалаи 1461.
  59. Яздии Таботабоӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.785.
  60. Шайхи Садуқ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.388; Яздии Таботабоӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.777.
  61. “Чуқурии меҳроби намоз ба хотири чист?”, вебгоҳи ҳавзаи намояндагии валии фақиҳ дар умури ҳаҷ ва зиёрат.
  62. Яздии Таботабоӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.777.
  63. Баҳронӣ, ал-Ҳадоиқ-ун-нозира, 1405ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.197; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.13, саҳ.348.
  64. Ибни Идрис, ас-Сароир, 1410ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.281.
  65. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.13, саҳ.337.
  66. Яздии Таботабоӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.804.
  67. Яздии Таботабоӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.803.
  68. Яздии Таботабоӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.804.
  69. Яздии Таботабоӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.804.
  70. Яздии Таботабоӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.804.
  71. Яздии Таботабоӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.805.
  72. Имом Хумайнӣ, Тавзеҳ-ул-масоил, саҳ.229, масъалаи 1489.
  73. Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, ал-Ношир мактаб Оятуллоҳилъузмо ас-Сайид ас-Систонӣ, ҷ.2, саҳ.277.
  74. Барои намунаи нигоҳ кунед ба: Ибни Идрис, ас-Сароир, 1410ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.277.
  75. Исфаҳонӣ, Буҳусун фи-л-фиқҳ, 1409ҳ.қ.
  76. “Китоби Набзатун ҳавла салот-ил-ҷамоъа ба зевари чоп ороста шуд”, сайти Балоғ.
  77. “Китоби “Намози ҷамоат ва баракоти он” ба чопи чаҳорум расид”, хабаргузории Форс.

Сарчашма

  • Аллома Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, Муассисаи ал-табъ ван-нашр, 1410ҳ.қ.
  • Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Тазкират-ул-фуқаҳо, Қум, Муассисаи Олулбайт, 1414ҳ.қ.
  • Баҳронӣ, Юсуф ибни Аҳмад, ал-Ҳадоиқ-ун-нозира фи аҳком-ил-итрат-ит-тоҳира, таҳқиқ: Муҳаммадтақӣ Иравонӣ, Сайид Абдурразоқ Муқаррам, Қум, Дафтари интишороти Исломӣ, 1405ҳ.қ.
  • Баҳутии Ҳанбалӣ, Мансур ибни Юнус, Кашшоф-ул-қиноъ ан матн-ил-иқноъ, тасҳеҳи Муҳаммадҳасан Шофеӣ, Бейрут, бено, 1418ҳ.қ.
  • Буруҷердӣ, Ҳусайн, Қиблаи сатру сотир ва макони мусаллӣ, ба тақрири Алипаноҳ Иштиҳордӣ, Қум, Муассисатул-нашрил-исломӣ, 1416ҳ.қ.
  • Зуҳайлӣ, Ваҳба ибни Мустафо, ал-Фиқҳ-ул-исломӣ ва адиллатуҳ, Димишқ, Дорул-фикр, бе то.
  • Ибни Асир ал-Ҷазарӣ, Муборак ибни Муҳаммад, Ҷомеъ-ул-усул фи аҳодис-ир-расул, тасҳеҳи Абдуқодир Арнаут, Бейрут, Дору Ибни-л-Асир, 1403ҳ.қ.
  • Ибни Идриси Ҳиллӣ, Муҳаммад ибни Мансур, ас-Сароир-ул-ҳовӣ ли таҳрир-ил-фатовӣ, Қум, Дафтари интишороти исломии вобаста ба ҷомеъаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, 1410ҳ.қ.
  • Ибни Ҳанбал, Аҳмад ибни Муҳаммад, Муснади Аҳмад ибни Ҳанбал, Бейрут, Дорусодир, [бе то].
  • Имом Хумайнӣ, Сайидрӯҳуллоҳ, ар-Расоил-ул-ашара, Теҳрон, Муассисаи танзим ва нашри осори имом Хумайнӣ, 1387ҳ.ш./1429ҳ.қ.
  • Имом Хумайнӣ, Сайидрӯҳуллоҳ, Тавзеҳ-ул-масоили ҳазрати имом Хумайнӣ, Теҳрон, Муассисаи танзим ва нашри осори имом Хумайнӣ, 1387ҳ.ш.
  • Исфаҳонӣ, Муҳаммадҳусайн, Буҳусун фи-л-фиқҳ: яҳтавӣ ала салот-ил-ҷамоъа, салот-ил-мусофир, ал-иҷора, Қум, Дафтари интишороти исломии ҷомеъаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, 1409ҳ.қ./ 1367ҳ.ш.
  • Камолии Ардаконӣ, Ҳамид, “Баррасии фиқҳии иқтидо ба аҳли тасаннун дар Ҳарамайни Шарифайн”, дар маҷаллаи Миқоти ҳаҷ, № 98, зимистони 1395ҳ.ш.
  • "Китоби “Набзатун ҳавла салот-ил-ҷамоъат” ба зевари чоп ороста шуд”, сайти Балоғ, таърихи дарҷи матлаб: 16 меҳри 1393ҳ.ш., таърихи боздид: 20 обони 1397ҳ.ш.
  • "Китоби “Намози ҷамоат ва баракоти он” ба чопи чаҳорум расид”, хабаргузории Форс, таърихи дарҷи матлаб: 13 тири 1395ҳ.ш., таърихи боздид: 20 обони 1397ҳ.ш.
  • Кошонӣ, Муллофатҳуллоҳ, Зубдат-ут-тафосир, Қум, Бунёди маорифи Исломӣ, 1423ҳ.қ.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, тасҳеҳ: Алиакбари Ғаффорӣ ва Муҳаммад Охундӣ, Дорул-кутубил-исломийя, Теҳрон, 1407ҳ.қ.
  • Мавсилӣ, Абулфазл Абдуллоҳ ибни Маҳмуд, ал-Ихтиёр ли таълил-ил-мухтор, таълиқоти Маҳмуд Абудақиқа, Истонбул, бено, 1984м.
  • Муллосадро, Муҳаммад ибни Иброҳим, Тафсир-ул-Қуръон-ил-Карим, тасҳеҳ: Муҳаммад Хоҷуӣ, Қум, Бедор, 1366ҳ.ш.
  • Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Ҷаъфар ибни Ҳусайн, ал-Муътабар фи шарҳ-ил-мухтасар, таҳқиқ: Муҳаммадалии Ҳайдарӣ ва Сайид Маҳдии Шамсиддин ва Сайид Абумуҳаммад Муртазавӣ ва Сайидалии Мусавӣ, Қум, Муассисаи Сайидуш-шуҳадо, 1407ҳ.қ.
  • Нароқӣ, Аҳмад ибни Муҳаммадмаҳдӣ, Мустанад-уш-шиъа фи аҳком-иш-шариъат, Қум, муассисаи Олулбайт, 1415ҳ.қ.
  • Нароқӣ, Аҳмад ибни Муҳаммадмаҳдӣ, Мустанад-уш-шиъа фи аҳком-иш-шариъат, Қум, китобхонаи Оятуллоҳ Маръашии Наҷафӣ, 1416ҳ.қ.
  • Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом фи шарҳи шароеъ-ил-Ислом, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, 1404ҳ.қ.
  • Нурӣ, Мирзоҳусайн, Мустадрак-ул-васоил, Қум, муассисаи Олулбайт ли эҳёил-турос, 1408ҳ.қ.
  • Хатиб Шарбинӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, Муғнӣ-л-муҳтоҷ ило маърифати маъони алфоз-ил-минҳоҷ, бо таълиқоти Ҷавбалӣ ибни Иброҳим Шофеъӣ, Бейрут, Дорул-фикр, [ бе то ].
  • Ҳурри Омилӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Васоил-уш-шиъа, Қум, Муассисаи Олулбайт ли эҳёил-турос, 1409ҳ.қ.
  • Ҷазирӣ, Абдураҳмон, китоби ал-Фиқҳу ала-л-мазоҳиб-ил-арбаъа, Бейрут, Дорул-кутубил-илмийя, ал-табъатус-сония, 1424ҳ.қ.
  • Чуқурии меҳроби намоз ба хотири чист?”, вебгоҳи Ҳавзаи намояндагии валии фақиҳ дар умури ҳаҷу зиёрат., таърихи боздид: 4 исфанди 1398ҳ.ш.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, ал-Муқниъ фи-л-фиқҳ, Қум, Муассисатул-Имоми-л-Ҳодӣ, 1415ҳ.қ.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Илал-уш-шароиъ, Қум, Китобфурушии Доварӣ, 1385ҳ.ш.1966м.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, тасҳеҳ: Алиакбари Ғаффорӣ, Қум, Дафтари интишороти Исломии вобаста ба ҷомеъаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, 1413ҳ.қ.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Савоб-ул-аъмол, Қум, Дорул-Шариф, 1406ҳ.қ.
  • Шайхи Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Мабсут фи фиқҳ-ил-имомийя, тасҳеҳи Муҳаммадтақӣ Кашфӣ, Теҳрон, Муртазавийя, 1387ҳ.ш.
  • Шайхи Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Хилоф, Қум, Дафтари интишороти Исломӣ, 1407ҳ.қ.
  • Шайхи Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Таҳзиб-ул-аҳком, тасҳеҳ: Ҳасани Мусавии Хирсон, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломийя, 1407ҳ.қ.
  • Яздии Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадкозим, ал-Урват-ул-вусқо, Бейрут, муассисатул-Аъламӣ, 1409ҳ.қ.

Пайванд ба берун

Донишномаи ҷаҳони Ислом

Нақши иҷтимоии намози ҷамоат

Осори фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва тарбиятии намози ҷамоат