Ихфот

Аз wikishia
Рисолаи амалия

Ин мақола як навиштори тавсифӣ дар бораи як мафҳуми фиқҳист ва наметавонад меъёре барои аъмоли динӣ бошад. Барои аъмоли динӣ ба манобеи дигар муроҷиа кунед.

Ихфот (арабӣ: الإخفات) паст хондани зикрҳои намоз аст. Бархе зикрҳои намоз монанди тасбеҳоти арбаъа, Ҳамд ва сура дар намозҳои пешин ва аср бояд бо садои паст хонда шавад. Ихфот дар намози нофилаи рӯзона, мустаҳаб ва дар мавориде монанди намози оёт, ҷоиз шумурда шудааст.

Мафҳумшиносӣ

Ихфот дар муқобили ҷаҳр буда маънояш бо садои паст хондан аст.[1] Дар китобҳои фиқҳӣ, аз ин вожа, дар мавзуи қироати намоз баҳс шудааст.[2] Гурӯҳе аз фақиҳони милоки ихфотро ошкор нашудани ҷавҳари садои дониста[3] ва ташхиси онро бар ӯҳда урф медонанд.[4]

Мавориди вуҷуби ихфот

Дар мавориди зери паст хондани намоз воҷиб шумурда шудааст:

  1. Ҳамд ва сура дар намози пешин ва аср ғайр аз намози зуҳри рӯзи ҷумъа.[5]
  2. Тасбеҳоти арбаъа дар намозҳои пешин, аср, шом ва хуфтан.[6]
  3. Зикр ва қироати маъмум дар намози ҷамоат.[7]
  4. Намози зан дар сурате ки номаҳрам садои ӯро башнавад ва тарс аз эҷоди мафсада бошад.[8]
  5. Сураи Ҳамд дар намози эҳтиёт.[9]

Бинобар фатвои бештари мароҷеъи тақлид қасдан риоят накардани ихфот сабаби ботил шудани намоз мешавад. Албата агар аз рӯй фаромӯшӣ ё ноогоҳӣ ихфот риоят нашавад, намоз ботил нест.[10]

Мавориди мустаҳаб ва ҷоиз будани ихфот

Ихфот дар мавориди зер мустаҳаб дониста шудааст:

  1. Намозҳои мустаҳаббӣ ки дар рӯз хонда мешаванд.[11]
  2. Зикри «Аузу биллоҳи мин-аш-шайтон-ир-раҷим», қабл аз хондани сураи Ҳамд.[12]

Ҳамчунин ихфот дар мавориди зер ҷоиз шумурда шуда ва намозгузор метавонад онҳоро оҳиста ва ё бо садои баланд бихонад:

  1. Ҳамду сура дар намозҳои бомдод, шом ва хуфтан барои зан, агар номаҳрами садои ӯро нашунавад.[13]
  2. Зикрҳои намоз, ғайр аз ҳамду сура ва тасбеҳоти арбаъа.[14]
  3. Намози оёт ва тавоф.[15]

Ҳикмати ҷаҳру ихфот

Бар асоси ҳадисе ки дар китоби Илал-уш-шароеъ дар бораи иллати ҷаҳр ва ихфот хондан дар намоз нақл шудааст намозҳои бомдод, шом ва хуфтан дар торикӣ хонда мешуданд аз ин рӯи ин намозҳоро бо садои баланд мехонданд, то дигарон огоҳ шаванд ки намози ҷамоат барпост, аммо дар намози пешин ва аср чун дар рӯз хонда мешуданд ва намоз хондан қобили мушоҳида буд ниёзе ба ҷаҳр хондан набуд.[16] Ин суннат баъдҳо ки масоҷид ба равшаноӣ муҷаҳҳаз шуд низ идома ёфт.[17]

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. Деҳхудо, Луғатномаи Деҳхудо, зайли вожа
  2. Ҳошимии Шоҳрӯдӣ, Фарҳанги фиқҳ, 1426ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.113
  3. Барои намуна ниг.: Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.376; Таботабоӣ Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.650, масъалаи 26; Имом Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, Дор-ул-илм, ҷ.1, саҳ.166, масъалаи 11
  4. Хуӣ, Мавсуату ал-Имом ал-Хуӣ, 1418ҳ.қ., ҷ.14, саҳ.402; «جهر و اخفات در نماز», Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Оятуллоҳ Систонӣ
  5. Наҷафӣ, Маҷмаъ-ур-расоил (Муҳашшии Соҳибҷавоҳир), 1415ҳ.қ., саҳ.253, масъалаи 779; Имом Хумайнӣ, Тавзеҳ-ул-масоил (Муҳашшӣ), 1424ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.549, масъалаи 992; Гулпойгонӣ, Маҷмаъ-ул-масоил 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.171, саҳ.180
  6. Омилӣ, Ҷомеъи Аббосӣ, 1429ҳ.қ., саҳ.142; Имом Хумайнӣ, Тавзеҳ-ул-масоил (Муҳашшӣ), 1424ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.556, масъалаи 1003
  7. Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.790, масъалаи 22
  8. Фозили Миқдод, Канз-ул-ирфон, 1425ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.130; Имом Хумайнӣ, Тавзеҳ-ул-масоил (Муҳашшӣ), 1424ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.549, масъалаи 994
  9. Наҷафӣ, Маҷмаъ-ур-расоил (Муҳашшии Соҳибҷавоҳир), 1415ҳ.қ., саҳ.328, масъалаи 1022; Имом Хумайнӣ, Тавзеҳ-ул-масоил (Муҳашшӣ), 1424ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.660, масъалаи 1216
  10. Имом Хумайнӣ, Тавзеҳ-ул-масоил (Муҳашшӣ), 1424ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.550, масъалаи 995
  11. Гулпойгонӣ, Маҷмаъ-ул-масоил, 1409ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.116, саҳ.326
  12. Таботабойии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.661; Имом Хумайнӣ, Тавзеҳ-ул-масоил (Муҳашшӣ), 1424ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.559
  13. Имом Хумайнӣ, Тавзеҳ-ул-масоил (Муҳашшӣ), 1424ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.549, масъалаи 994
  14. «مخیر بودن نسبت به جهر و اخفات در اذکار», Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ
  15. Фозили Миқдод, Канз-ул-ирфон, 1425ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.130; Гулпойгонӣ, Маҷмаъ-ул-масоил 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.253
  16. Шайхи Садуқ, Илал-уш-шароеъ, ал-Мактабат-ул-ҳайдрия, саҳ.263
  17. «فلسفه جهر و اخفات نمازها», Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари ҳазрати Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ

Сарчашма

  • Имом Хумайнӣ, Сайид Рӯҳуллоҳ, Таҳрир-ул-васила, Қум, Дор-ул-илм, чопи аввал, бе то.
  • Имом Хумайнӣ, Сайид Рӯҳуллоҳ, Тавзеҳ-ул-масоил (Муҳашшӣ), Қум, Ҷомеъаи мударрисин, 1424ҳ.қ.
  • «جهر و اخفات در نماز», Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Оятуллоҳ Систонӣ, мушоҳидаи матлаби 11 мурдоди 1400ҳ.ш.
  • Хуӣ, Сайид Абулқосим, Мавсуату ал-Имом ал-Хуӣ, Қум, Муассисаи эҳёи осори ал-Имом ал-Хуӣ (раҳ), чопи аввал, 1418ҳ.қ.
  • Деҳхудо, Алиакбар, луғатнома, Теҳрон, муассисаи Луғатномаи Деҳхудо, чопи дувум, 1377ҳ.ш.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Илал-уш-шароеъ, Наҷаф, ал-Мактабат-ул-ҳайдрия, бе то.
  • Таботабойии Яздӣ, Сайид Муҳаммадкозим, ал-Урват-ул-вусқо, Бейрут, Муассисат-ул-илмӣ ли-л-матбуот, чопи дувум, 1409ҳ.қ.
  • Омилӣ, Баҳоуддин ва совуҷӣ, низом ибни Ҳусайн, Ҷомеъи Аббосӣ, Қум, Дафтари Интишороти исломӣ, чопи аввал, 1429ҳ.қ.
  • Фозили Миқдод, миқдод ибни Абдуллٰаҳ, Канз-ул-ирфони фи фиқҳи ал-Қуръон, Қум, интишороти Муртазавӣ, чопи аввал, 1425ҳ.қ.
  • «فلسفه جهر و اخفات نمازها», Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари ҳазрати Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ, мушоҳидаи 15 обони 1401ҳ.ш.
  • Гулпойгонӣ, Сайид Муҳаммадризо, Маҷмаъ-ул-масоил, Қум, дори ал-Қуръони алкрим, чопи дувум, 1409ҳ.қ.
  • «مخیر بودن نسبت به جهر و اخفات سایر اذکار نماز ظهر و عصر», Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ, мушоҳидаи матлаби 11 мурдоди 1400ҳ.ш.
  • Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом, Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, чопи ҳафтум, 1404ҳ.қ.
  • Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Маҷмаъ-ур-расоил, Машҳад, Муассисаи Соҳибуззамон (аҷ), чопи аввал, 1415ҳ.қ.
  • Ҳошимии Шоҳрӯдӣ, Сайид Маҳмуд, Фарҳанги фиқҳи мутобиқи мазҳаби Аҳли Байт, Қум, муассисаи Доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ бар мазҳаби Аҳли Байт, 1426ҳ.қ.