Байн-ут-тулуайн
Байн-ут-тулуайн (форсӣ: بین الطلوعین) фосилаи замонӣ миёни тулуи фаҷр ва тулуи хуршед аст. Дар фарҳанги исломӣ, байн-ут-тулуайн аз авқоти пурфазилат барои ибодат, дуо ва зикри Худо ба шумор меравад. Дар Қуръон тавсия шудааст, ки дар ин ҳангом Худованд ёд ва тасбеҳ шавад. Дар аҳодис низ замонu вижа барои нузули раҳмат, иҷобати дуо ва кушоиши рӯзӣ муаррифӣ шудааст. Бедорӣ дар ин замон ҷузъи сираи имомон (а) ва мавриди таъкиди орифон буда ва баъзе корҳо аз ҷумла хобидан ва муомила, дар он, макруҳ шумурда шудааст. Ҳамчунин, моҳияти фиқҳии байн-ут-тулуайн ва ин ки ҷузъи шаб бошад ё рӯз, бар баъзе аҳкоми фиқҳ, монанди эътикоф, ҳаҷ ва оғози моҳи қамарӣ, таъсиргузор аст.
Ҷойгоҳи байн-ут-тулуайн дар фарҳанги исломӣ
Муртазо Мутаҳҳарӣ:
«Ин ривоятро шунидаед, ки Алӣ (а) дар ҳамон шаби нуздаҳуми моҳи рамазон, вақте азони субҳро гуфтанд, ба сапедадам хитоб карда фармуд: Эй сапедадам, аз рӯзе ки Алӣ ба дунё омадааст, рӯзе набуда, ки ту тулӯъ кунӣ ва чашми Алӣ хоб бошад. Барои ҳамин аст, ки онҳое, ки бӯе аз маънавият бурдаанд, барои бедории охири шаб ва байн-ут-тулуайн арзиши зиёд қоил мешаванд. Ҳатто ман дар бораи баъзе шунидаам, ки барои тарбияи кӯдаконашон, аз вақте ки ширхор будаанд, кӯшиш мекарданд онҳоро ба ҳар баҳонае, дар байн-ут-тулуайн бедор нигоҳ доранд.»[1]
Байн-ут-тулуайн ба фосилаи замонӣ миёни тулуи фаҷр ва тулуи хуршед мегӯянд ки дар омӯзаҳои исломӣ, аз авқоти пурфазилат барои ибодат ва ёди Худо ба шумор меравад.[2] Дар оятҳое аз Қуръон, аз ҷумла ояти 39 сураи Қоф ва ояти 130 сураи Тоҳо ба зикр ва тасбеҳи Худо дар ин ҳангом тавсия шудааст. Дар баъзе ривоёт, ин фосилаи замонӣ, ҳангоми бардошташавии фишори қабр аз аҳли қубур,[3] аз соатҳои биҳишт,[4] ва замони нозилшавии манну салво (ғизои биҳиштӣ) бар Банӣ Исроил муаррифӣ шудааст.[5] Ҳамчунин, гуфта шуда, ки Пайғамбар (с) дар байн-ут-тулуайн ба дунё омадааст.[6] Вуқуф дар Машъар дар байн-ут-тулуайни рӯзи иди Қурбон низ аз аркони ҳаҷ шумурда мешавад.[7]
Бедорӣ, дуо ва зикр гуфтан дар байн-ут-тулуайн аз сираи имомон (а) буда[8] ва орифон ба баҳрагирӣ аз ин замон таъкид[9] ва дастуруламалҳоеро барои анҷом додан дар он замон ироа кардаанд.[10] Дар баъзе китобҳои ахлоқӣ ва одоби исломӣ, фаслu мустақил ба аъмол ва одоби байн-ут-тулуайн бахшида шудааст.[11]
Одоби байн-ут-тулуайн
Дар манобеи ривоӣ, барои байн-ут-тулуайн аъмоле тавсия ва аз баъзе рафторҳо наҳй шудааст:
- Зикри Худо: дар ривояте аз Пайғамбар (с) омадааст, ки ҳарки пас аз намози субҳ, дар маҳалли намози худ бинишинад ва то тулуи офтоб Худоро ёд кунад, подоши касеро дорад, ки ҳаҷ ба ҷо овардааст.[12] Дар ривояте дигар низ ин амал, монее дар баробари оташи дузах муаррифӣ шудааст.[13]
- Дуо кардан: Пайғамбар (с) дуо кардан дар байн-ут-тулуайнро барои баровардашавии ҳоҷот бисёр муассир донистааст.[14] Ҳамчунин аз Имом Содиқ (а) нақл шуда, ки дуо дар ин замон барои ҷалби рӯзӣ таъсири фаровон дорад.[15]
- Кароҳати хобидан: дар баъзе ривоёт аз хобидан дар байн-ут-тулуайн наҳй шуда[16] ва фақиҳон низ онро макруҳ донистаанд.[17] Дар ривояте аз Имом Содиқ (а), хобидан дар ин соат шум ва муҷиби тарди рӯзӣ муаррифӣ шудааст.[18]
- Парҳез аз муомила: анҷоми муомила дар байн-ут-тулуайн макруҳ аст[19] ва дар ривояте аз Пайғамбар (с), аз он наҳй шудааст.[20]
- Макруҳ будани наздикӣ бо ҳамсар: дар ривояте аз Имом Боқир (а), наздикӣ бо ҳамсар дар ин замон макруҳ шумурда шуда[21] ва баъзе фақиҳон низ ба кароҳати он фатво додаанд.[22]
- Кароҳати намози мустаҳабӣ: бар асоси баъзе фатово, пас аз ба ҷо овардани намози воҷиби субҳ, хондани намози мустаҳабӣ дар байн-ут-тулуайн кароҳат дорад.[23]
Таъсир дар аҳкоми фиқҳӣ
Дар баъзе масоили фиқҳӣ, таъйини ин ки байн-ут-тулуайн ҷузъи шаб аст ё рӯз, дар истинботи ҳукми шаръӣ нақш дорад. Аз ҷумлаи ин масоил, ҳаққи қасми ҳамсарон, эътикоф, мавоқифи ҳаҷ ва шинохти аввали моҳи қамарӣ аст. Барои мисол, агар байн-ут-тулуайн бахше аз шаб шумурда шавад, ҳаққи ҳамхобии ҳамсар то тулуи офтоб идома пайдо мекунад. Ҳамчунин дар масъалаи аввали моҳи қамарӣ низ иштирок дар шаб бо минтақаҳои дурдаст, дар байн-ут-тулуайн ҳам имконпазир мешавад.[24]
Муҳаммадисҳоқи Файёз, аз мароҷеи тақлиди шиа, дар баррасии ин масъала, китоби мустақиле бо унвони «Мо байн-ат-тулуайн, баҳсун фиқҳӣ» навиштааст.[25] Бештари фақиҳони шиа байн-ут-тулуайнро бахше аз рӯз медонанд.[26] Ин дидгоҳ бо бардошти урфӣ ва роиҷи мардум низ ҳамхонӣ дорад.[27] Дар муқобил, баъзе онро ҷузъе аз шаб ва гурӯҳи дигар, замони мустақил аз шаб ва рӯз донистаанд.[28] Ба бовари Файёз, ҳеҷ далели шаръии муътабаре барои исботи ҳеҷ як аз ин дидгоҳҳо вуҷуд надорад; аз ин рӯ, дар мавориде, ки ҳукми шаръӣ бар ин масъала таваққуф бошад ва далели қатъӣ бар вуҷуб дар даст набошад, таклифи шаръӣ низ собит нахоҳад шуд.[29]
Ҷусторҳои вобаста
Эзоҳ
- ↑ Мутаҳҳарӣ, Маҷмуаи осор, ҷ.28, саҳ.529.
- ↑ Маҳдавӣ, «سیره عبادی ائمه(ع)», саҳ.179.
- ↑ Шайхи Тӯсӣ, ал-Амолӣ, саҳ.688.
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, ҷ.8, 123.
- ↑ Шайхи Тӯсӣ, Таҳзиб-ул-аҳком, ҷ.2, саҳ.139.
- ↑ Муттаҳарӣ, Маҷмуаи осор, ҷ.16, саҳ.193.
- ↑ Пажӯҳишкадаи ҳаҷ ва зиёрат, Маносики ҳаҷ мутобиқи фатовои Имом Хумайнӣ бо ҳавошии мароҷеи муаззами тақлид, саҳ.545.
- ↑ Ниг.: Ибни Ашъас, Ҷаъфариёт, саҳ.236; Шайхи Садуқ, Уюн ахбор ар-Ризо (а), ҷ.2, саҳ.180; Шайхи Муфид, ал-Иршод, ҷ.2, саҳ.231; Ибни Шаҳрошуб, ал-Маноқиб, ҷ.4, саҳ.14.
- ↑ Баҳории Ҳамадонӣ, Тазкират-ул-муттақин, саҳ.110.
- ↑ Ниг.: Ҳусайнии Теҳронӣ, Унвони Басрӣ, ҷ.2, саҳ.250; Муттаҳарӣ, Маҷмуаи осор, ҷ.28, саҳ.529.
- ↑ Ниг.: Файзи Кошонӣ, Хулосат-ул-азкор ва итминон-ул-қулуб, саҳ.149 - 176; Шайхи Баҳоӣ, Мифтоҳ-ул-фалоҳ, саҳ.9 - 151.
- ↑ Ибни Ҳайюн, Даоим-ул-ислом, ҷ.1, саҳ.167; Шайхи Садуқ, ал-Амолӣ, саҳ.585.
- ↑ Шайхи Садуқ, ал-Амолӣ, саҳ.576.
- ↑ Ибни Ҳайюн, Даоим-ул-ислом, ҷ.1, саҳ.167.
- ↑ Шайхи Тӯсӣ, Таҳзиб-ул-аҳком, ҷ.2, саҳ.138.
- ↑ Аризӣ, Масоил Алӣ ибни Ҷаъфар ва мустадракаҳо, саҳ.143.
- ↑ Ниг.: Алломаи Ҳиллӣ, Ниҳоят-ул-аҳком, ҷ.1, саҳ.313.
- ↑ Шайхи Тӯсӣ, Таҳзиб-ул-аҳком, ҷ.2, саҳ.139.
- ↑ Кайдарӣ, Исбоҳ-уш-шиа, саҳ.249.
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, ҷ.5, саҳ.152.
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, ҷ.5, саҳ.494.
- ↑ Таботабоии Ҳаким, Мустамсак ал-Урват-ул-вусқо, ҷ.14, саҳ.10.
- ↑ Шайхи Тӯсӣ, ал-Хилоф, ҷ.1, саҳ.520.
- ↑ Файёз, Мо байн-ат-тулуайн, саҳ.5 - 6; ва саҳ.10.
- ↑ Ниг.: Файёз, Мо байн-ат-тулуайн, саҳ.9.
- ↑ Файёз, Мо байн-ат-тулуайн, саҳ.9; Ниг.: Шайхи Тӯсӣ, ал-Хилоф, ҷ.1, саҳ.266; Алломаи Ҳиллӣ, Қавоид-ул-аҳком, ҷ.2, саҳ.302.
- ↑ Файёз, Мо байн-ат-тулуайн, саҳ.34 - 35.
- ↑ Файёз, Мо байн-ат-тулуайн, саҳ.10.
- ↑ Файёз, Мо байн-ат-тулуайн, саҳ.34.
Сарчашма
- Қуръони Карим.
- Алломаи Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Қавоид-ул-аҳком, Қум, Муассисат-ун-нашр-ил-исломӣ, 1413ҳ.қ.
- Алломаи Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Ниҳоят-ул-аҳком фи маърифат-ил-аҳком, Қум, Исмоилиён, 1410ҳ.қ.
- Аризӣ, Алӣ ибни Ҷаъфар, Масоил Алӣ ибни Ҷаъфар ва мустадракаҳо, Қум, Муассиса Оли-л-Байт (а) ли эҳё-ит-турос, 1409ҳ.қ.
- Баҳории Ҳамадонӣ, Муҳаммад, Тазкират-ул-муттақин, Машҳад, Бунёди пажӯҳишҳои исломӣ, 1384ҳ.ш.
- Ибни Ашъас, Муҳаммад ибни Муҳаммад, Ҷаъфариёт (Ашъасиёт), Теҳрон, Мактаба Найнаво, бетаърих.
- Ибни Ҳайюн, Нуъмон ибни Муҳаммади Мағрибӣ, Даоим-ул-ислом, Қум, Муассисаи Оли-л-Байт (а), 1385ҳ.қ.
- Ибни Шаҳрошуб, Муҳаммад ибни Алӣ, Маноқиб Оли Абитолиб (а), Қум, Аллома, 1379ҳ.қ.
- Кайдарӣ, Муҳаммад ибни Ҳусайн, Исбоҳ-уш-шиат бимасобиҳ-иш-шариа, Қум, Муассиса ал-Имом ас-Содиқ (а), 1416ҳ.қ.
- Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1407ҳ.қ.
- Маҳдавӣ, Муҳаммадмаҳдӣ, «سیره عبادی ائمه(ع)» (Сираи ибодии аимма (а)), дар маҷаллаи Кавсари маориф, соли панҷум, №12, зимистони 1388ҳ.ш.
- Муттаҳарӣ, Муртазо, Маҷмуаи осор, Теҳрон, Садро, 1389ҳ.ш.
- Пажӯҳишкадаи ҳаҷ ва зиёрат, Маносики ҳаҷ мутобиқи фатовои Имом Хумайнӣ бо ҳавошии мароҷеи муаззами тақлид, Теҳрон, Машъар, 1392ҳ.ш.
- Таботабоии Ҳаким, Сайид Муҳсин, Мустамсак ал-Урват-ул-вусқо, Қум, Дор-ут-тафсир, 1416ҳ.қ.
- Файёз, Муҳаммадисҳоқ, Мо байн-ат-тулуайн, тақрири Одили Ҳошим, Қум, Муассиса ас-Содиқ (а), 1399ҳ.ш.
- Файзи Кошонӣ, Муҳсин, Хулосат-ул-азкор ва итминон-ул-қулуб, Қум, Зоир, 1386ҳ.ш.
- Ҳусайнии Теҳронӣ, Сайид Муҳаммадмуҳсин, Унвони Басрӣ, Теҳрон, Мактаби ваҳй, 1392ҳ.ш.
- Шайхи Баҳоӣ, Муҳаммад ибни Ҳусайн, Мифтоҳ-ул-фалоҳ фи амал-ил-явм ва-л-лайла мин-ал-воҷибот ва-л-мустаҳаббот, Қум, Дор-ул-китоб-ил-исломӣ, бетаърих.
- Шайхи Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Иршод фи маърифати ҳуҷаҷ-ил-лоҳи ала-л-ибод, Қум, Конгресси Шайхи Муфид, 1413ҳ.қ.
- Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, ал-Амолӣ, Теҳрон, Китобчӣ, 1376ҳ.ш.
- Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Уюн ахбор ар-Ризо (а), Теҳрон, нашри Ҷаҳон, 1378ҳ.қ.
- Шайхи Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Амолӣ, Қум, Муассисат-ул-баъса, 1414ҳ.қ.
- Шайхи Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Хилоф, Қум, Муассисат-ун-нашр-ил-исломӣ, 1407ҳ.қ.
- Шайхи Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Таҳзиб-ул-аҳком, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1407ҳ.қ.