Намози Ҷаъфари Тайёр
Намози Ҷаъфари Тайёр (форсӣ نماز جعفر طیار) ё намози тасбеҳ (форсӣ نماز تسبیح) ё намози ҳабва (форсӣ نماز حبوه) аз намозҳои мустаҳаббиест, ки ба сурати ду намози дуракаатӣ хонда мешавад. Дар ин намоз 300 бор зикри тасбеҳоти арбаа (субҳоналлоҳи валҳамдулиллоҳи ва ло илоҳа иллаллоҳу валлоҳу акбар) такрор мешавад. Паёмбари акрам (с) ин намозро пас аз бозгашти Ҷаъфар ибни Абитолиб аз Ҳабаша ва ба ҷиҳати қадрдонӣ аз заҳамоташ ба унвони ҳадя ба ӯ таълим дод.
Омурзиши гуноҳон ва бароварда шудани ҳоҷот аз осори зикршуда барои намози Ҷаъфар Тайёр аст. Бархе аз олимони динӣ барои корҳои муҳим ва низ тасриъ дар амри издивоҷ, хондани намози Ҷаъфари Тайёрро тавсия кардаанд.
Ҳадяи Паёмбар ба Ҷаъфари Тайёр
Намози тасбеҳ, намозест, ки Паёмбари акрам ҳангоми бозгашти Ҷаъфар ибни Абитолиб аз Ҳабаша барои қадрдонӣ аз заҳамоташ, ба унвони ҳадя ба ӯ омӯзиш дод; аз ин рӯ ба намози Ҷаъфари Тайёр машҳур шуд.[1] Ҷаъфари Тайёр, писарамаки Паёмбар, бародари Имом Алӣ (а)[2] ва аз нахустин афроде буд ки ба Паёмбар имон оварда буд.[3] Ӯ сарпарастии гурӯҳе аз мусулмононро бар уҳда дошт, ки ба дастури Паёмбар аз Макка ба Ҳабаша муҳоҷират карда буданд.[4]
Ин намоз ба ин ҷиҳат ки ҳадяе аз ҷониби Паёмбар (с) ба Ҷаъфар буд, намози ҳабва низ гуфта мешавад.[5]
Чигунагии адои намоз
Намози Ҷаъфари Тайёр ба сурати ду намози дуракаатӣ бо ду ташаҳҳуд ва саломи мустақил ба тартиби зайл хонда мешавад.
Дар ибтидои намоз, нияти намози Ҷаъфари Тайёр карда ва дар ракаати аввал баъд аз Ҳамд сураи «Изо зулзилат», дар ракаати дуввум пас аз Ҳамд сураи Одиёт, дар ракаати сеюм пас аз Ҳамд сураи Наср ва дар ракаати чаҳорум пас аз Ҳамд «Қул ҳуваллоҳу аҳад» хонда мешавад. Дар ҳар як аз ракаатҳо баъд аз Ҳамду сура 15 бор зикри тасбеҳоти арбаа «субҳоналлоҳи валҳамдулиллоҳи ва ло илоҳа иллаллоҳу валлоҳу акбар» ва дар рукуи ҳар ракаат ҳамин зикр даҳ бор ва пас аз сар бардоштан аз рукуъ даҳ бор ва дар саҷдаи ҳар ракаат даҳ бор ва ҳангоме ки сар аз саҷдаҳо бардошт низ даҳ бор ин зикр гуфта мешавад, ки дар ҳар ракаат 75 бор ва дар маҷмуъ 300 бор такрор мешавад.[6]
Зикри Cубҳоналлоҳи валҳамдулиллоҳи ва ло илоҳа иллаллоҳу валлоҳу акбар | теъдод |
---|---|
Пас аз қароати Ҳамду сура | 15 бор |
Дар рукуъ | 10 бор |
Ҳангоми истодан пас аз рукуъ | 10 бор |
Дар саҷдаи аввал | 10 бор |
Пас аз саҷдаи аввал | 10 бор |
Дар саҷдаи дуввум | 10 бор |
Пас аз саҷдаи дуввум ва қабл аз ташаҳҳуд | 10 бор |
Мустаҳаб аст дар саҷдаи дуввуми ракаати дуввум, баъд аз тасбеҳот бигӯед:
Сипас ба ҷои ин иборат (وَافْعَلْ بِى كَذا وَكَذا) ҳоҷатҳояшро бигӯяд.[7]
Фазилат ва авқоти хондан
Дар фазилати намози Ҷаъфари Тайёр гуфта шудааст барои бароварда шудани ҳоҷот ва омурзиши гуноҳон ин намоз хонда шавад то гирифтани ҳоҷат бар он мудовимат дошта бошанд.[8] Бархе аз олимони динӣ барои корҳои муҳим ва низ тасриъ дар издивоҷ, хондани намози Ҷаъфари Тайёрро тавсия кардаанд.[9] Хондани ин намоз дар шаби нимаи шаъбон низ дар ривояте аз Имом Ризо (а) тавсия шудааст.[10] Рӯзи ҷумъа низ аз авқоти фазилати ин намоз аст.[11]
Эзоҳ
- ↑ Садуқ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.553; Маҷлисӣ, Зод-ул-маод, 1423ҳ.қ., саҳ.320 - 321; Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиа, 1409ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.51
- ↑ Ибни Ҳаҷар, ал-Исобат, 1415ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.592
- ↑ Ибни Ҳаҷар, ал-Исобат, 1415ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.592
- ↑ Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1410ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.25 - 26
- ↑ Садуқ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.552
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.465
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.467
- ↑ Маҷлисӣ, Зод-ул-маод, 1423ҳ.қ., саҳ.321 - 322
- ↑ Ҳадяе барои бароварда шудани ҳавоиҷ, сайти Тибён
- ↑ Қумӣ, Шайх Аббос, Мафотиҳ-ул-ҷинон, аъмоли шаби нимаи шаъбон
- ↑ Қумӣ, Шайх Аббос, Мафотиҳ-ул-ҷинон, аъмоли рӯзи ҷумъа, намози Ҷаъфари Тайёр
Сарчашма
- Ибни Саъд, Муҳаммад, ат-Табақот-ул-кубро, таҳқиқи Муҳаммад Абдуқодири Ато, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмийя, 1990м/1410ҳ.қ.
- Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, Аҳмад ибни Алӣ, ал-Исобату фи тамиз-ис-саҳоба, таҳқиқи Одил Аҳмади Абдулмавҷуд ва Алимуҳаммади Муавваз, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмийя, 1995м/1415ҳ.қ.
- Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломийя, 1407ҳ.қ.
- Қумӣ, Аббос, Мафотиҳ-ул-ҷинон, боби дуввуми аъмоли сана, Қум, Матбуоти динӣ, 1384ҳ.ш.
- Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Зод-ул-маод, Бейрут, Муассисат-ул-аълами ли-л-матбуот, 1423ҳ.қ.
- Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, тасҳеҳи Алиакбари Ғаффорӣ, Қум, Ҷомеъаи мударрисин, 1413ҳ.қ.
- Ҳурри Омилӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Васоил-уш-шиа, Қум, муассисаи Ол-ул-Байт (а), 1409ҳ.қ.
- Ҷалоли Гударзӣ, Заҳро, Ҳадяе барои бароварда шудани ҳавоиҷ, сайти Тибён, интишор: 5 урдибиҳишти 1392, мушоҳида: 18 исфанди 1398ҳ.ш.