Ҷаҳр

Аз wikishia
Рисолаи амалия

Ин мақола як навиштори тавсифӣ дар бораи як мафҳуми фиқҳист ва наметавонад меъёре барои аъмоли динӣ бошад. Барои аъмоли динӣ ба манобеи дигар муроҷиа кунед.

Ҷаҳр (арабӣ: الجهر) баланд кардани овоз ва бинобар машҳур, дар хондани Ҳамд ва сура бар намозгузори мард дар намози бомдод ва ду ракъати аввали намозҳои шом ва хуфтан, воҷиб аст. Ҷаҳр дар бобҳои намоз, ҳаҷ ва дия аҳкоме дорад. Гурӯҳе аз фақеҳон милоки ҷаҳрро ошкор шудани ҷавҳари садо дониста ва ташхиси онро бар ӯҳдаи урф медонанд. Фуқаҳо ҷаҳр дар мавориде монанди намози оёт, намози ҷумъа, намози идайн, намози борон, қунут ва талбияи мардонро мустаҳаб донистаанд. Ба назари машҳури фақеҳон, ҷаҳр дар дигар зикрҳои намоз бар маъмум макруҳ аст. Албатта дар тасбеҳоти арбаа риояти ихфот воҷиб аст.

Касе ки бар дигарӣ осебе расонад ва ба ин сабаи шахси осебдида натавонад ҷавҳари садои худро ошкор кунад, бояд ба ӯ дияи комил бидиҳад.

Мафҳумшиносӣ ва ҷойгоҳ

Ҷаҳр дар муқобили ихфот ва ба маънои баланд ва ошкор кардани садо аст.[1] Гурӯҳе аз фақеҳон милоки ҷаҳрро ошкор шудани ҷавҳари садо дониста[2] ва ташхиси онро бар ӯҳдаи урф медонанд.[3] Ба гуфтаи фақеҳон, дар риояти ҷаҳр набояд садо аз ҳадди мутаораф болотар равад ва монанди фарёд задан шавад.[4] Аз ин мавзӯъ дар бахшҳои намоз, ҳаҷ ва дия сухан ба миён омадааст.[5] Истилоҳи ҷаҳр дар илми таҷвид низ ба маънои ҳабс шудани ҷараёни нафас ва озод шудани якбораи он, ҳангоми талаффузи бархе ҳарфҳо ба кор рафтааст.[6] 18 ҳарф аз 28 ҳарфи забони арабӣ ки чунин сифате доранд, ба «ҳуруфи маҷҳура» (дар муқобили маҳмуса, ки ба дигар ҳуруф ишора дорад) маъруфанд.[7]

Аҳкоми ҷаҳр

Фақеҳони шиа мавориди вуҷуб, истиҳбоб, ҷавоз ва кароҳати ҷаҳрро баён кардаанд, ки иборатанд аз;

Мавориди вуҷуби ҷаҳр

Бинобар машҳур ҷаҳр дар хондани Ҳамд ва сураи баъд аз он бар намозгузори мард, дар намози бомдод ва ду ракъати аввали намозҳои шом ва хуфтан, воҷиб аст.[8] Гуфта шудааст, бар вуҷуби ҷаҳр ба басмала дар намозҳои бомдод, шом ва хуфтан ва ҷумъа ва бар мустаҳаб будани он дар намозҳои ихфотӣ, иҷмоъ вуҷуд дорад.[9] Ба назари фақеҳон, агар намозгузор қасдан мавориди воҷиби оҳиста ё баланд хонданро риоят накунад, намозаш ботил ва агар аз рӯи фаромӯшӣ ё надонистани масъала бошад, саҳеҳ аст.[10]

Агар касе бар шахсе осебе ворид кунад, ки осебдида натавонад ҷавҳари садои худро ошкор кунад, дияи комил бар касе ки осеб ворид кардааст, воҷиб мешавад.[11]

Мавориди ҷаҳри мустаҳаб ва ҷоиз

Ҷаҳр дар мавориди зер аз дидгоҳи фақеҳон мустаҳаб дониста шудааст:

  1. Намози оёт[12]
  2. Намози ҷумъа[13]
  3. Ҳамд ва сураи намози пешини рӯзи ҷумъа барои мардон[14]
  4. Намози идайн (иди Фитр ва Қурбон)[15]
  5. Намози борон[16]
  6. Намозҳои мустаҳабии шабона[17]
  7. Зикри қунут бино бар машҳур[18]
  8. Басмала дар мавориди вуҷуби ихфоти қироат, ҳатто дар фарзи интихоби Ҳамд ба ҷои тасбеҳоти арбаъа[19]
  9. Такбирҳои намози ҷаноза бар имоми ҷамоат[20]
  10. Такбират-ул-эҳром бар имоми ҷамоат[21]
  11. Талбия бар мардон[22]

Ҳамчунин ҷаҳр дар мавориди зер ҷоиз шуморида шуда ва намозгузор метавонад онҳоро бо овози баланд ё оҳиста бихонад:

Ҷаҳри макруҳ

Машҳури фуқаҳо ҷаҳр дар зикрҳои намоз ғайри Ҳамду сура ва тасбеҳоти арбаъаро бар маъмум макруҳ донистаанд.[26]

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. Муассисаи доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, фарҳанги фиқҳи форсӣ, 1426ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.113; Деҳхудо, Луғатномаи Деҳхудо, зайли вожа.
  2. Барои намуна ниг.: Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо (муҳашшо), 1419ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.510, масъалаи 26; Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, Дорул-илм, ҷ.1, саҳ.166, масъалаи 11.
  3. Хуӣ, Мавсуъат-ул-имом-ил-Хуӣ, 1418ҳ.қ., ҷ.14, саҳ.402; “Ҷаҳр ва ихфот дар намоз”, пойгоҳи итилоърасонии Дафтари Оятуллоҳ Систонӣ.
  4. Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо (муҳашшо), 1419ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.511.
  5. Ниг.: Муассисаи доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, фарҳанги фиқҳи форсӣ, 1426ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.113.
  6. Алломӣ, Пажуҳише дар илми таҷвид, 1381ҳ.ш., саҳ.137.
  7. Алломӣ, Пажуҳише дар илми таҷвид, 1381ҳ.ш., саҳ.137.
  8. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.364 - 365; Хумайнӣ, Тавзеҳул-масоил (муҳашшо), 1424ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.549.
  9. Шайхи Тусӣ, ал-Хилоф, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.331 - 332; Муҳаммадии Рейшаҳрӣ, Донишномаи Қуръон ва ҳадис, 1391ҳ.ш., ҷ.13, саҳ.308.
  10. Хумайнӣ, Тавзеҳул-масоил (муҳашшо), 1424ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.550, масъалаи 995.
  11. Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, Дорул-илм, ҷ.2, саҳ.593.
  12. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.457.
  13. Ҳаким, Мустамсак-ул-урва, 1416ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.203.
  14. Хумайнӣ, Таҳрирул-васила, муассисаи танзим ва нашри осори имом Хумайнӣ (раҳ), ҷ.1, саҳ.158
  15. Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо (муҳашшо), 1419ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.397.
  16. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.12, саҳ.152.
  17. Нароқӣ, Мустанад-уш-шиъа, 1415ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.185.
  18. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.373.
  19. Каракӣ, Ҷомеъ-ул-мақосид, 1414ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.267.
  20. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.12, саҳ.99.
  21. Мирзои Қумӣ, Маноҳиҷ-ул-аҳком, 1420ҳ.қ., саҳ.496.
  22. Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо (муҳашшо), 1419ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.668.
  23. Имом Хумайнӣ, Тавзеҳул-масоил (муҳашшо), 1424ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.549, масъалаи 994.
  24. “Мухайяр будан нисбат ба ҷаҳру ихфот дар азкор”, пойгоҳи итилоърасонии Дафтари Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ.
  25. Фозили Миқдод, Канз-ул-ирфон, 1425ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.130.
  26. Мирзои Қумӣ, Ғаноим-ул-айём, 1417ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.538; Арокӣ, ал-Масоил-ул-возеҳа, ҷ.1, саҳ.257.

Сарчашма

  • Алломӣ, Абулфазл, Пажуҳише дар илми таҷвид, Қум, Ёқут, 1381ҳ.ш.
  • Арокӣ, Муҳаммадалӣ, ал-Масоил-ул-возеҳа, Қум, Дафтари таблиғоти исломии ҳавзаи илмияи Қум, чопи аввал, 1414ҳ.қ.
  • Деҳхудо, Алиакбар, Луғатномаи Деҳхудо, таҳқиқи Муҳаммад Муин ва Сайидҷаъфари Шаҳидӣ, Теҳрон, муассисаи Луғатномаи Деҳхудо, 1377ҳ.ш.
  • Каракӣ, Алӣ ибни Ҳусайн, Ҷомеъ-ул-мақосид фи шарҳ-ил-қавоъид, Қум, муассисаи Олулбайт, 1414ҳ.қ.
  • Мирзои Қумӣ, Абулқосим ибни Муҳаммадҳасани Гелонӣ, Ғаноим-ул-айём, Қум, Дафтари таблиғоти исломии ҳавзаи илмияи Қум, чопи аввал, 1417ҳ.қ.
  • Мирзои Қумӣ, Абулқосим ибни Муҳаммадҳасани Гелонӣ, Маноҳиҷ-ул-аҳком фи масоили-л-ҳалоли ва-л-ҳаром, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, чопи аввал, 1420ҳ.қ.
  • Муассисаи доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, фарҳанги фиқҳ мутобиқи мазҳаби Аҳли Байт, Муассисаи доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, 1426ҳ.қ.
  • Мухайяр будан нисбат ба ҷаҳру ихфот дар азкор”, пойгоҳи итилоърасонии Дафтари Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ, таърихи боздид: 10 меҳри 1402ҳ.ш.
  • Муҳаммадии Рейшаҳрӣ, Муҳаммад, Донишномаи Қуръон ва ҳадис, Қум, муассисаи илмии фарҳангии Дорул-ҳадис, 1391ҳ.ш.
  • Нароқӣ, Аҳмад ибни Муҳаммадмаҳдӣ, Мустанад-уш-шиъа фи аҳком-иш-шариъат, Қум, муассисаи Олулбайт, чопи аввал, 1415ҳ.қ.
  • Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом фи шарҳи шароеъ-ил-Ислом, таҳқиқи Аббоси Қучонӣ ва Алии Охундӣ, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, 1404ҳ.қ.
  • Таботабоии Яздӣ, Сайид Муҳаммадкозим, ал-Урват-ул-вусқо (муҳашшо), Қум, Дафтари интишороти исломӣ, чопи аввал, 1419ҳ.қ.
  • Фозили Миқдод, Миқдод ибни Абдуллоҳ, Канз-ул-ирфон фи фиқҳ-ил-Қуръон, Қум, интишороти Муртазавӣ, чопи аввал, 1425ҳ.қ.
  • Хуӣ, Сайид Абулқосим, Мавсуъат-ул-имом-ил-Хуӣ, Қум, Муассисаи эҳёу осорил-имомил-Хуӣ, 1418ҳ.қ.
  • Хумайнӣ, Сайидрӯҳуллоҳ, Тавзеҳул-масоил (муҳашшо), таҳқиқ: Сайид Муҳаммадҳусайн Баниҳошимии Хумайнӣ, Дафтари интишороти исломӣ, чопи ҳаштум, 1424ҳ.қ.
  • Хумайнӣ, Сайидрӯҳуллоҳ, Таҳрир-ул-васила, Қум, Дорул-илм, чопи аввал, бе то.
  • Ҳаким, Сайидмуҳсин, Мустамсак ал-Урват-ул-вусқо, Қум, муассисаи Дорул-тафсир, 1416ҳ.қ.
  • Ҷаҳр ва ихфот дар намоз”, пойгоҳи итилоърасонии Дафтари Оятуллоҳ Систонӣ, таърихи боздид: 7 меҳри 1402ҳ.ш.
  • Шайхи Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Хилоф, таҳқиқ: ҷамъе аз нависандагон, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, 1407ҳ.қ.