Аъзои саҷда

Аз wikishia
Рисолаи амалия
Ин мақола як навиштори тавсифӣ дар бораи як мафҳуми фиқҳист ва наметавонад меъёре барои аъмоли динӣ бошад. Барои аъмоли динӣ ба манобеи дигар муроҷиа кунед.

Аъзои саҷда ё масоҷиди сабъа ҳафт узви бадан мебошанд, ки ҳангоми саҷда бар замин гузошта мешаванд.

Тибқи назари фақеҳони шиа, ҳангоми саҷда пешонӣ, кафи ду даст, сари зонуҳо ва нуги ангуштони калонро дар замин гузоштан фарз аст. Гузоштани бинӣ бар замин низ мустаҳаб аст.

Аксари фақеҳон бар ин назаранд, ки дар саҷда гузоштани тамоми аъзои саҷда бар замин фарз нест, балки тамоси ҳаддиақали бо замин кофӣ аст. Албатта, пешонӣ аз ин ҳукм истисно шудааст ва баъзе фақеҳон гузоштани пешониро дар замин ба андозаи як дирҳам фарз донистаанд.

Чизе ки намозгузор пешониашро бар он мегузорад, фарз аст, ки аз ҷинси замин ва ҳар чизе ки аз он мерӯяд, бошад; ба шарти онки хӯрданӣ ва пӯшиданӣ набошад.

Мафҳумшиносӣ

Аъзои саҷда ё аъзои сабъа ё масоҷиди сабъа ба ҳафт узв ё ҳафт ҷои бадан гуфта мешавад, ки дар ҳангоми саҷда, воҷиб аст бар замин қарор гиранд.[1] Ин аъзо иборатанд аз: пешонӣ, кафи ду даст, сари зонуҳо ва нӯки ангуштони шасти по.[2] Аз аъзои саҷда дар боби салоти китобҳои фиқҳӣ баҳс мешавад.[3]

Аҳком

Бархе аз аҳкоми аъзои саҷда иборатанд аз:

  • Ба гуфтаи Юсуф Баҳронӣ - фақеҳи шиа (ваф.1186ҳ.қ.) бино бар назари машҳури фақеҳони шиа, дар саҷда, гузоштани аъзои ҳафтгонаи саҷда бар замин, воҷиб аст.[4]
  • Тамоси ҳаддиақалии аъзои ҳафтгонаро - ғайр аз пешонӣ - бар рӯи замин кофӣ донистаанд.[5] Бархе аз фақеҳон бар ин назаранд, ки тамоси ҳаддиақалии пешонӣ низ бо замин кифоят мекунад.[6] Дар муқобил, иддаи дигаре аз фуқаҳо гузоштани пешонӣ ба андозаи як дирҳамро воҷиб донистаанд.[7]
  • Дар ҳангоми гуфтани зикри саҷда, бардоштан амдии яке аз ҳафт узв, сабаби ботил шудани намоз мешавад.[8] Тибқи фатвои Оятуллоҳ Систонӣ, намозгузор дар ҳангоме ки машғули зикр гуфтан ҳам набошад; агар аъзои саҷдаро аз замин бардорад, бино бар эҳтиёт, намозаш ботил мешавад.[9]

Мустаҳабот

  • Ниҳодани бинӣ бар замин; фуқаҳо гузоштани бинӣ бар замин, дар ҳангоми саҷдаро мустаҳаб донистаанд.[10] Мустанади ин ҳукм, ривоёте аз Имом Содиқ (а) ки ба хок ниҳодани бинӣ, суннати Пайғамбар (с)[11] муаррифӣ шудааст.[12] Бино ба назари Аллома Ҳиллӣ, гузоштани бинӣ бар замин мустаҳаби муаккад аст.[13]
  • Тахвия: Барои мард мустаҳаб аст, ки дар саҷда дастонашро кушояд ва оринҷҳояшро бар замин нагузорад.[14] Инчунин барои зан мустаҳаб аст, ки дар саҷда оринҷҳои худро рӯи замин гузошта, аъзои баданашро ба ҳам часпонад.[15]

Аҳкоми макони аъзои саҷда

Бино ба назари машҳури фақеҳони шиа, аз ҷумлаи маконҳои саҷда, фақат таҳорати макони пешонӣ - ҷое ё чизе ки пешонӣ бар он гузошта мешавад – воҷиб аст.[16] Албатта Абусалоҳ Ҳалабӣ, ки фақеҳи шиа дар қарни чаҳорум ва панҷуми қамарӣ буд, аз байн бурдани наҷосат аз ҷоҳое ки аъзои саҷда бар он гузошта мешавадро воҷиб донистааст.[17]

Маҳали саҷда - ҷое ё чизе ки намозгузор пешониашро бар он мегузорад – воҷиб аст ки аз ҷинси замин ва чизе ки аз он мерӯяд, бошад, ба шарти инки хӯрданӣ ва пӯшиданӣ набошад.[18] Мустанади ин ҳукм, аҳодис ва иҷмоъи фақеҳон аст.[19] Аз ин рӯ, гузоштани пешонӣ бар чизе ки унвони замин ё чизе ки аз замин мерӯяд, бар он сидқ намекунад, саҳеҳ нест; монанди тилло, нуқра, ақиқ ва фирӯза ки аз конҳо ҳосил карда мешавад.[20]

Эзоҳ

  1. Муассисаи Доиратулмаорифи ал-Фиқҳ-уш-шиъа, Мавсуъат-ул-фиқҳ-ил-исломӣ, 1423ҳ.қ., ҷ.15, саҳ.108.
  2. Баҳронӣ, ал-Ҳадоиқ-ун-нозира, 1363ҳ.ш., ҷ.8, саҳ.276.
  3. Барои намуна ниг.: Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.176.
  4. Баҳронӣ, ал-Ҳадоиқ-ун-нозира, 1363ҳ.ш., ҷ.8, саҳ.276.
  5. Баҳронӣ, ал-Ҳадоиқ-ун-нозира, 1363ҳ.ш., ҷ.8, саҳ.277.
  6. Шаҳиди Сонӣ, Масолик-ул-афҳом, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.218.
  7. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.10, саҳ.144.
  8. Аллома Ҳиллӣ, Таҳрир-ул-аҳком, муассисаи Олулбайт, ҷ.1, саҳ.40.
  9. Систонӣ, Тавзеҳул-масоил, 1415ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.224.
  10. Муассисаи Доиратулмаорифи ал-Фиқҳ-ул-исломӣ, Мавсуъат-ул-фиқҳ-ил-исломӣ, 1423ҳ.қ., ҷ.18, саҳ.288 - 289.
  11. Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиъа, 1416ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.343; Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1387ҳ.ш., ҷ.6, саҳ.144.
  12. Баҳронӣ, ал-Ҳадоиқ-ун-нозира, 1363ҳ.ш., ҷ.8, саҳ.276.
  13. Аллома Ҳиллӣ, Тазкират-ул-фуқаҳо, 1414ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.188.
  14. Муҳаққиқи Каракӣ, Ҷомеъ-ул-мақосид, 1414ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.306.
  15. Муҳаққиқи Каракӣ, Ҷомеъ-ул-мақосид, 1414ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.365.
  16. Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.177.
  17. Абусалоҳ Ҳалабӣ, ал-Кофӣ фи-л-фиқҳ, 1403ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.140.
  18. Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1417ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.388.
  19. Сабзаворӣ, Муҳаззаб-ул-аҳком, 1413ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.434.
  20. Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1417ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.389.

Сарчашма

  • Абусалоҳ Ҳалабӣ, Тақиюддин ибни Наҷмиддин, ал-Кофӣ фи-л-фиқҳ, Исфаҳон, мактабат Имом Амирулмуъминин, 1403ҳ.қ.
  • Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Тазкират-ул-фуқаҳо, Қум, муассисаи Олулбайт, 1414ҳ.қ.
  • Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Таҳрир-ул-аҳком, Машҳад, муассисаи Олулбайт, чопи аввал, бе то.
  • Баҳронӣ, Юсуф ибни Аҳмад, ал-Ҳадоиқ-ун-нозира, Қум, муассисаи ал-Нашрул-иисломӣ, 1363ҳ.ш.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, Қум, Дорул-ҳадис, чопи аввал, 1387ҳ.ш.
  • Муассисаи доиратулмаорифи ал-Фиқҳ-ул-исломӣ, Мавсуъат-ул-фиқҳ-ил-исломӣ тибқан ли мазҳаби Аҳли-л-Байт алайҳимус-салом, Қум, муассисаи доиратулмаорифи ал-Фиқҳ-ул-исломӣ, чопи аввал, 1423ҳ.қ.
  • Муҳаққиқи Каракӣ, Алӣ ибни Ҳусайн, Ҷомеъ-ул-мақосид, Қум, муассисаи Олулбайт, чопи дувум, 1414ҳ.қ.
  • Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, чопи ҳафтум, 1362ҳ.ш.
  • Сабзаворӣ, Саид Абдулаъло, Муҳаззаб-ул-аҳком, Қум, Дорул-тафсир, чопи чаҳорум, 1413ҳ.қ.
  • Систонӣ, Сайидалӣ, Тавзеҳул-масоил, Қум, интишороти Меҳр, 1415ҳ.қ.
  • Таботабоии Яздӣ, Сайид Муҳаммадкозим, ал-Урват-ул-вусқо, Қум, муассисаи ал-Нашрул-исломӣ, чопи аввал, 1417ҳ.қ.
  • Ҳурри Омилӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Васоил-уш-шиъа, Қум, муассисаи Олулбайт, 1416ҳ.қ.
  • Шаҳиди Сонӣ, Зайниддин ибни Нуриддин, Масолик-ул-афҳом, Қум, муассисаи ал-Маъорифул-исломийя, чопи аввал, 1413ҳ.қ.