Либоси намозгузор
- Ин мақола як навиштори тавсифӣ дар бораи як мафҳуми фиқҳист ва наметавонад меъёре барои аъмоли динӣ бошад. Барои аъмоли динӣ ба манобеи дигар муроҷиа кунед.
Либоси намозгузор либосест, ки намозгузор ҳангоми намоз ба бар мекунад.
Фақеҳон, барои либоси намозгузор ва миқдори пӯшонандагии он, аҳком ва шароитеро баён кардаанд. Онҳо иҷмоъ доранд бар ин, ки бар занон воҷиб аст дар намоз, чӣ номаҳраме бошад чӣ набошад, ғайр аз гирдии рӯй ва дастҳо аз банди даст то нӯги ангуштон, дигар аъзои бадан ва мӯи сари худро бипӯшонанд. Бар мардон воҷиб нест, ки дар намоз, ғайр аз аврат (олати таносулӣ), бадани худро бипӯшонанд.
Шарти дигари либоси намозгузор ин аст, ки пок бошад, наҷас набошад, мубоҳ бошад, ғасбӣ набошад, аз узви ҳайвони ҳаромгӯшт ва аз таркиби мурдори ҳайвони ҳаромгӯшт ва ҳалолгӯшт (ҳалолгӯште ки тазкия нашудааст) набошад.
Тибқи фатвои фақеҳон, пӯшидани либосе, ки аз тилло дӯхта шудааст ё тиллокорӣ шуда ва ҳамчунин либосе, ки аз ҷинси абрешим ё ҳарир аст, бар мардон ҳаром аст ва намозе ки бо он мехонанд, ботил аст. Фақеҳон ҳамчунин аҳкоми мустаҳаб ва макруҳи марбут бо либоси намозгузорро баён кардаанд.
Ҷойгоҳ
Либосе, ки намозгузор ҳангоми намоз ба тан дорад, аҳком ва шароите бояд дошта бошад ва фуқаҳо дар бархе бобҳои фиқҳӣ, ҳамчун бобҳои таҳорату салот ба баёни аҳкоми он пардохтаанд.[1] Ҳурри Омилӣ дар китоби Васоил-уш-шиъа бахши мустақиле бо унвони «абвобу либосил-муссалӣ» танзим карда ва ривоёти мухталиферо, ки дар баёни аҳкоми мухталифи либоси намозгузор ворид шудааст, дар 64 боби мухталиф гирд овардааст.[2]
Миқдори пӯшиш дар намоз
Миқдори пӯшиш барои зану мард дар намоз аз назари фуқаҳо мутафовит аст:
Пӯшиши зан
Ба гуфтаи бархе фақеҳон, миёни фақеҳон иҷмоъ вуҷуд дорад,[3] ки бар занон воҷиб аст дар намоз, чӣ номаҳраме бошад чӣ набошад,[4] ғайр аз гирдии рӯй (миқдоре ки дар вузӯъ мешавед) ва дастҳо аз банди даст то нӯги ангуштон, дигар аъзои бадан ва мӯи сарашро бипӯшонанд.[5] Албатта ҷамъе аз фақеҳони шиа дар вуҷуби пӯшиши мӯи сар дар намоз шакку тардид кардаанд.[6] Бино ба фатвои Ибни Ҷунайд - фақеҳи қарни чаҳоруми қамарӣ, барои занон дар ҷое ки номаҳраме вуҷуд надошта бошад, ки онҳоро бибинад, намоз бо сари бараҳна ишколе надорад.[7]
Бархе фақеҳон бар ин назаранд, ки илова бар рӯй ва дастҳо, рӯи пойҳо (аз муч ба поин) низ ишколе надорад, ки дар намоз бараҳна бошад.[8] Таботабоии Яздӣ (соҳиби Урва) гуфтааст, бараҳна будани кафи пойҳо дар намоз низ бе ишкол аст.[9]
Пӯшиши мард
Ба иҷмоъи фуқаҳо[10] бар мард воҷиб нест, ки дар намоз, ғайр аз аврат, бадани худро бапушонад.[11] Ба гуфтаи Таботабоии Яздӣ, эҳтиёти мустаҳаб он аст, ки аз ноф то зонуро дар намоз бипушонад.[12] Аз назари соҳиби Ҷавоҳир урён намоз хондан барои мардон, дар ҳолати пӯшида будани аврат, агарчӣ ҷоиз аст, макрӯҳ мебошад.[13]
Дигар аҳком
Бархеи дигар аз аҳкоми либоси намозгузор ба шарҳи зер аст:
Покӣ ва таҳорат
Ба иҷмоъи фуқаҳои шиа, либоси намозгузор бояд пок бошад[14] ва агар наҷас бошад, воҷиб аст, ки наҷосати он бартараф шавад.[15] Албатта фуқаҳо либоси олуда ба хуни ҷароҳат, зардоб ва захми хунрав ва ҳамчунин хуне, ки камтар аз як дирҳам бошад (ғайр аз хуни ҳайз, нифос ва истиҳоза)-ро истисно кардаанд.[16]
Ҳамчунин гуфтаанд, либосҳои хурде ки намоз бо онҳо тамом нест (яъне пӯшондани аврат бо онҳо мумкин нест), монанди ҷӯроб, кулоҳ, арақчин, дасткаш..., агар наҷас бошанд, дар намоз ишколе надорад.[17] Ба гуфтаи бархе фақеҳон ашё ва васоили хурде ки ҳамроҳи намозгузор аст, монанди ангуштар, калид, соат ва сикка агар наҷас бошад, ишколе надорад.[18]
Тибқи дидгоҳи машҳури фуқаҳои шиа,[19] зане ки мураббии бача аст (чӣ модари кӯдак бошад ё ғайри модар) ва фақат як либос дорад, агар ин либос бо пешоби он бача наҷас шуда бошад, бояд дар давоми рӯз танҳо як маротиба онро бишӯяд ва барои ҳар намоз пок кардани он шарт нест.[20]
Мубоҳ будани либос
Ба иҷмоъи фуқаҳо, либоси намозгузор бояд мубоҳ бошад; яъне ғасбӣ набошад.[21] Бинобар ин, агар намозгузор бидонад, ки либоси ғасбӣ ҳаром аст ва дониста бо он намоз бихонад, намозаш ботил аст.[22] Албатта агар намозгузор надонад ё фаромӯш кунад, ки либоси ӯ ғасбӣ аст ва бо он намоз бихонад, намозаш саҳеҳ аст,[23] вале агар дар мобайни намоз ба ёдаш омад ва имкони давом додани намоз бо пӯшондани аврат ва бо либоси ғайри ғасбӣ вуҷуд дорад, бояд фавран либоси ғасбиро аз худаш ҷудо кунад ва ҳатто агар як ракъатро битавонад дар вақт бихонад, бояд аз либоси ғасбӣ берун бияёд. Албатта агар барои ҳифзи ҷонаш ё моли ғасбӣ маҷбур ба хондани намоз бо он бошад, намозаш саҳеҳ аст.[24] Агар намозгузор бо айни моле ки хумс ё закоти онро надода, либос бихарад ва бо он намоз бихонад, намозаш ботил аст.[25] Фатвои дигар ин аст, ки агарчӣ тасарруф дар ашёи ғасбӣ монанди ангуштар, мобил ва камарбанд ҳаром аст, ҳамроҳ доштани онҳо дар ҳангоми намоз, мӯҷиби бутлони намоз нест.[26]
Ҷинси либос
Бино ба фатвои фуқаҳо, либоси намозгузор набояд аз аҷзои ҳайвони ҳаромгӯшт бошад. Бинобар ин, агар ҷинси либосаш аз пӯст, мӯ, пашм ва ғайраи ҳайвони ҳаромгӯшт бошад ё чизе аз ин маворид дар намоз ҳамроҳаш бошад ё ба либоси ӯ часпида бошад, намозаш ботил аст.[27] Илова бар он гуфтаанд, агар чизҳое монанди оби даҳон ва фузулоти ҳайвонот ва парандагони ҳаромгӯшт, бар либос бошад, намозе, ки дар он хонда мешавад, ботил аст.[28] Ҳамчунин либоси намозгузор набояд аз аҷзои мурдори ҳайвони ҳаромгӯшт ва ҳалолгӯшт (ҳалолгӯште ки тазкия нашуда) бошад.[29]
Пӯшидани либосе, ки аз тилло дӯхта шуда ё тиллокорӣ шуда бошад, бар мард ҳаром ва намозе ки бо он мехонад ботил аст.[30] Ҳамчунин овехтани занҷири тилло ва ба даст кардани ангуштари тилло ва бастани соати тиллоин барои мардон ҳаром аст ва ба фатвои бархе фақеҳон, воҷиб аст, ки дар ҳангоми хондани намоз аз он иҷтиноб шавад.[31]
Бар пояи фатвои фақеҳон, пӯшидани либоси ҳарир ё абрешим бар мард ҳаром аст ва намозе, ки бо он мехонад ботил аст.[32] Чизҳое монанди арақчину ҷӯроб, кулоҳ, остари либос ва монанди он низ агар аз абрешими холис бошад, аз назари бархе фуқаҳо, намозро ботил мекунад.[33]
Мустаҳабот ва макруҳот
Фақеҳон бо тавваҷуҳ ба ривоёти имомони маъсум (а), ғайр аз шароите ки либоси намозгузор бояд дошта бошад, аҳкоми мустаҳаб ва макруҳе низ дар ин замина баён кардаанд:[34]
Мустаҳабот
Бархе аз мавориде, ки дар либоси намозгузор, мустаҳаб шуморида шудааст:
- Пӯшидани либоси сафед;
- Мард або ва зан чодар бипушад;
- Покизатарин либосашро бипушад;
- Атр ва буи хуш истеъмол кунад;
- Ангуштари ақиқ ба даст кунад.[35]
Макруҳот
Соҳиби Урва 33 маврид аз макруҳоти либоси намозгузорро баршумурдааст, ки бархе ба ин шар ҳаст:
- Пӯшидани либоси сиёҳ;
- Пӯшидани либоси чиркин;
- Ба тан кардани либосе, ки тасвири инсон ё ҳайвон дорад;
- Пӯшидани ниқоб барои занон;
- Пӯшидани либоси танг;
- Пӯшидан танҳо як либоси нозук;
- Пӯшидани либоси шӯҳрат.[36]
Эзоҳ
- ↑ Барои намуна ниг.: Баҳронӣ, Ҳадоиқ-ун-нозира, 1363ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.290; Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1417ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.327.
- ↑ Барои намуна ниг.: Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиъа, 1416ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.343 - 465.
- ↑ Муҳаққиқи Ҳиллӣ, ал-Муътабар, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.101; Ҳаким, Мустамсаки ал-Урват-ул-вусқо, 1387ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.250.
- ↑ Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1417ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.318; Маръашии Наҷафӣ, Минҳоҷ-ул-муъминин, 1406ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.143.
- ↑ Муҳаққиқи Ҳиллӣ, ал-Муътабар, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.101; Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1417ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.318; Ҳаким, Мустамсаки ал-Урват-ул-вусқо, 1387ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.250.
- ↑ Барои намуна ниг.: Муҳаққиқи Ардабилӣ, Маҷмаъ-ул-фоидати ва-л-бурҳон, 1403ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.105; Мусавии Омилӣ, Мадорик-ул-аҳком, 1429ҳ.қ.,ҷ.3, 189; Ҳаким, Мустамсаки ал-Урват-ул-вусқо, 1387ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.255.
- ↑ Ибни Ҷунайд, Маҷмӯаи фатовои Ибни Ҷунайд, 1416ҳ.қ., саҳ.51.
- ↑ Шайхи Тусӣ, ал-Мабсут, 1387ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.87; Муҳаққиқи Ҳиллӣ, ал-Муътабар, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.101; Шаҳиди Аввал, ал-Алфия ва-н-нафлия, 1408ҳ.қ., саҳ.50.
- ↑ Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1417ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.319.
- ↑ Сабзаворӣ, Муҳаззаб-ул-аҳком, Дорул-тафсир, ҷ.5, саҳ.243.
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.8, саҳ.175.
- ↑ Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1417ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.319.
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.8, саҳ.175.
- ↑ Сабзаворӣ, Муҳаззаб-ул-аҳком, Дорул-тафсир, ҷ.5, саҳ.262.
- ↑ Шаҳиди Сонӣ, ар-Равзат-ул-баҳийя, 1410ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.289; Баҳронӣ, ал-Ҳадоиқ-ун-нозира, 1362ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.290.
- ↑ Шаҳиди Сонӣ, ар-Равзат-ул-баҳийя, 1410ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.289; Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.210.
- ↑ Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.219.
- ↑ Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.219; Ҳаким, Мустамсак-ул-урват-ил-вусқо, ҷ.1, саҳ.582.
- ↑ Баҳронӣ, Ҳадоиқ-ун-нозира, 1363ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.345.
- ↑ Баҳронӣ, Ҳадоиқ-ун-нозира, 1363ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.345; Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.221.
- ↑ Ҳаким, Мустамсаки ал-Урват-ул-вусқо, ҷ.5, саҳ.278.
- ↑ Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1417ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.328.
- ↑ Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1417ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.328 - 329.
- ↑ Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1419ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.232.
- ↑ Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, 1434ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.151.
- ↑ “Шароити либоси намозгузор”, сайти Ҷомеъул-масоил, маркази посухгуӣ ба аҳкоми шаръӣ ва масоили фиқҳӣ, Дафтари Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ.
- ↑ Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1417ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.337.
- ↑ Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, 1434ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.151.
- ↑ Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1417ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.334.
- ↑ Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1417ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.341; Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, 1434ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.152.
- ↑ Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1417ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.341 - 342.
- ↑ Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1417ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.343 - 344; Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, 1434ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.153.
- ↑ Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1417ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.343 - 344.
- ↑ Барои намуна ниг.: Сабзаворӣ, Муҳаззаб-ул-аҳком, Дорул-тафсир, ҷ.5, саҳ.347.
- ↑ Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1417ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.361.
- ↑ Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1417ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.360.
Сарчашма
- Баҳронӣ, Юсуф, Ҳадоиқ-ун-нозира, Қум, Муассисатул-фикрил-исломӣ, 1363ҳ.ш.
- Ибни Ҷунайд, Муҳаммад ибни Аҳмад, Маҷмӯаи фатовои Ибни Ҷунайд, таҳқиқи Алипаноҳ Иштиҳордӣ, Қум, муассисаи ал-Нашрул-исломӣ, 1416ҳ.қ.
- Маръашии Наҷафӣ, Сайидшаҳобиддин, Минҳоҷ-ул-муъминин, Қум, китобхонаи Оятуллоҳ Маръашии Наҷафӣ, 1406ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.143.
- Мусавии Омилӣ, Сайидмуҳаммад, Мадорик-ул-аҳком, Қум, муассисаи ал-Нашрул-исломӣ, 1429ҳ.қ.
- Муҳаққиқи Ардабилӣ, Аҳмад ибни Муҳаммад, Маҷмаъ-ул-фоидати ва-л-бурҳон, Қум, муассисаи ал-Нашрул-исломӣ, 1403ҳ.қ.
- Муҳаққиқи Сабзаворӣ, Муҳаммадбоқир, Кифоят-ул-аҳком, Қум, муассисаи ал-Нашрул-исломӣ, 1381ҳ.ш.
- Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Ҷаъфар ибни Ҳасан, ал-Муътабар фи шарҳ-ил-мухтасар, Қум, муассисаи Сайидушшуҳадо (а), чопи аввал.
- Нароқӣ, Муллоаҳмад, Мустанад-уш-шиъа, Қум, муассисаи Олулбайт (а), 1415ҳ.қ.
- Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, 1362ҳ.ш.
- Сабзаворӣ, Сайид Абдулаъло, Муҳаззаб-ул-аҳком, Қум, Дорул-тафсир, бе то.
- Таботабоии Яздӣ, Муҳаммадкозим, ал-Урват-ул-вусқо, таҳқиқ: муассисаи ал-Нашрул-исломӣ, Қум, чопи аввал, 1419ҳ.қ.
- Таботабоии Яздӣ, Сайидмуҳаммадкозим, ал-Урват-ул-вусқо, Қум, муассисаи ал-Нашрул-исломӣ, 1417ҳ.қ.
- Хумайнӣ, Сайидрӯҳуллоҳ, Таҳрир-ул-васила, Теҳрон, Муассисаи танзим ва нашри осори имом Хумайнӣ, чопи аввал, 1434ҳ.қ.
- Ҳаким, Сайидмуҳсин, Мустамсак-ул-Урват-ул-вусқо, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, 1391ҳ.қ. 1387ҳ.қ.
- Ҳурри Омилӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Васоил-уш-шиъа, Қум, муассисаи Олулбайт, 1416ҳ.қ.
- Шайхи Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Мабсут фи фиқҳ-ил-имомийя, Теҳрон, ал-Мактабатул-Муртазавийя ли эҳёил-осорил-Ҷаъфарийя, чопи сеюм, 1387ҳ.қ.
- Шароити либоси намозгузор”, сайти Ҷомеъул-масоил, маркази посухгуӣ ба аҳкоми шаръӣ ва масоили фиқҳӣ, Дафтари Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ, таърихи боздид: 26 мурдодмоҳи 1402ҳ.ш.
- Шаҳиди Аввал, Муҳаммад ибни Маккӣ, ал-Алфия ва-н-нафлия, Қум, Мактабул-эъломил-исломӣ, 1408ҳ.қ.
- Шаҳиди Сонӣ, Зайниддин ибни Алӣ, ар-Равзат-ул-баҳийя фи шарҳ-ил-лумъат-ид-димишқийя, таҳқиқ ва таълиқи Сайидмуҳаммади Калонтар, Қум, интишороти Доварӣ, 1410ҳ.қ.