Намози ҷаноза

Аз wikishia
Ин мақола як навиштори тавсифӣ дар бораи як мафҳуми фиқҳӣ аст ва наметавонад меъёре барои аъмоли динӣ бошад. Барои аъмоли динӣ ба манобеи дигар муроҷиа кунед.

Намози ҷаноза (форсӣ: نماز جنازه) ё намози маййит (форсӣ: نماز ميت) намозе, ки воҷиб аст пеш аз дафн бар ҷанозаи мусулмонон хонда шавад. Намози ҷаноза, ё намози маййит панҷ такбир дорад. Дар он пас аз такбири аввал, шаҳодатайн, пас аз такбири дувум, салавот, пас аз такбири сеюм, талаби мағфират барои муъминону мусулмонон, ва пас аз такбири чаҳорум, талаби мағфират барои маййите, ки барояш намоз хонда мешавад, анҷом мешавад ва бо такбири панҷум, намоз поён меёбад.

Намози ҷаноза намози маййит бо дигар намозҳо фарқ дорад ва Ҳамд, рукуъ, саҷда, ташаҳҳуд ва салом надорад. Ҳамчунин дар он таҳорат шарт нест; из ин рӯ, метавон онро бе вузуъ ва ғусл ба ҷо оварад. Албатта риояти шароити соири намозҳои воҷиб дар он беҳтар аст.

Намози маййитро метавон ҳам ба сурати ҷамоат ва ҳам ба сурати фуродо хонд, аммо дар ҷамоат, маъмум ҳам бояд такбирҳо ва дуоҳоро бихонад. Намози маййит назди аҳли суннат чаҳор такбир дорад ва бо салом поён меёбад.

Таъриф

Намози маййит, ё намози ҷаноза, ба дуоҳо ва такбирҳое гуфта мешавад, ки воҷиб аст мусулмонон баъд аз ғуслу кафан ва пеш аз дафн бар ҷаноза ва мурдаи мусулмон бихонанд. Тибқи манобеи фиқҳӣ дар намози ҷаноза бархе аз шароити намозҳои воҷиб, монанди таҳорат шарт нест.[1] Ҳамчунин намози ҷаноза салом надорад.[2]

Намози ҷаноза, намоз нест

Ба гуфтаи Шаҳиди Сонӣ бар асоси дидгоҳи машҳури байни фақеҳон, намози ҷаноза, намоз ба шумор намеравад ва дар воқеъ навъе дуо барои мурда аст; чароки намози бе рукуъу саҷда маъно надорад ва доштани таҳорат дар ҳар намозе шарт аст, аммо намози ҷаноза ҳеҷ як аз инҳоро надорад.[3]

Дар китоби Фиқҳ-ур-Ризо дар ривояте аз Имом Ризо (а) омада аст, ки намози ҷаноза, намоз нест ва фақат такбир аст; зеро намоз чизе аст, ки дар он рукуъ ва суҷуд бошад.[4]

Чигунагии хондани намози ҷаноза

Хондани намози ҷаноза бар мурдаи Муҳаммадмаҳдии Осифӣ ба имомати оятуллоҳ Макорими Шерозӣ (Қум - 16 хурдоди 1394ҳ.ш.)

Барои хондани намози ҷаноза, ҷасади мурдаро рӯ ба қибла қарор медиҳанд, ба гунае, ки сари мурда самти рост ва поҳояш самти чапи намозгузор қарор гирад.[5] Намозгузор бояд рӯ ба тарафи қибла беистад,[6] фосилаи зиёде бо мурда надошта бошад,[7] ва намозро истода бихонад.[8]

Намозгузор баъд аз нияти намози ҷаноза, панҷ такбир мегӯяд, ки баъд аз ҳаряк аз чаҳор такбири аввал, дуоҳои хоссе хонда мешавад ва бо такбири панҷум, намоз поён меёбад.[9]

Баъд аз такбири аввал, шаҳодатайн, баъд аз такбири дувум, салавот, баъд аз такбири сеюм талаби мағфират барои муъминону мусулмонон ва баъд аз такбири чаҳорум, талаби мағфират барои мурдае, ки барои ӯ намози ҷаноза хонда мешавад.[10]

Зикрҳо ва дуоҳое, ки баъд аз такбирҳои чаҳоргона, зикр шуда аст, иборатанд аз:
Такбир дуои мухтасар дуои муфассал
Аввал اَشْهَدُ اَنْ لا الهَ الَّا اللَّهُ وَ اَنَّ مُحَمَّداً رَسوُلُ اللَّهِ اَشْهَدُ اَنْ لا اِلهَ الا اللَّهُ وَحْدَهُ لاشَریک لَهُ وَ اَشْهَدُ اَنَّ مُحَمَّداً عَبْدُهُ وَ رَسُولُهُ اَرْسَلَهُ بِالْحَقِّ بَشیراً وَ نَذیراً بَینَ یدَی السّاعَةِ[یادداشت ۱]
Дуюм اَللَّهُمَّ صَلِّ عَلی مُحَمَّدٍ وَ آلِ مُحَمَّدٍ اَللّهُمَّ صَلِّ عَلی مُحَمَّدٍ وَ آلِ مُحَمَّدٍ وَ بارِک عَلی مُحَمَّدٍ وَ آلِ مُحَمَّدٍ وَارْحَمْ مُحَمَّداً وَ آلَ مُحَمَّدٍ کاَفْضَلِ ما صَلَّیتَ وَ بارَکتَ وَ تَرَحَّمْتَ عَلی اِبْرهیمَ وَ آلِ اِبْرهیمَ اِنَّک حَمیدٌ مَجیدٌ وَ صَلِّ عَلی جَمیعِ الاَنْبِیآءِ وَالْمُرْسَلینَ[یادداشت ۲]
Сеюм اَللَّهُمَّ اْغفِرْ لِلْمُؤْمِنینَ وَ الْمُؤْمِناتِ اَللّهُمَّ اغْفِرْ لِلْمُؤْمِنینَ وَالْمُؤْمِناتِ وَالْمُسْلِمینَ وَالْمُسْلِماتِ الاَحْیآءِ مِنْهُمْ وَالاَمْواتِ تابِعْ بَینَنا وَ بَینَهُمْ بِالْخَیراتِ اِنَّک مُجیبُ الدَّعَواتِ اِنَّک عَلی کلِّشَیئٍ قَدیرٌ[یادداشت ۳]
чаҳорум агар мурда мард аст: اللَّهُمَّ اغْفِرْ لِهذَا المَیت

ва агар мурда зан аст: اللَّهُمَّ اغْفِرْ لِهذِهِ المَیتَةِ || اگر میت مرد است: اَللّهُمَّ اِنَّ هذا عَبْدُک وَابْنُ عَبْدِک وَابْنُ اَمَتِک نَزَلَ بِک وَ اَنْتَ خَیرُ مَنْزُولٍ بِهِ اَللّهُمَّ اِنّا لا نَعْلَمُ مِنْهُ اِلاّ خَیراً وَ اَنْتَ اَعْلَمُ بِهِ مِنّا اَللّهُمَّ اِنْ کانَ مُحْسِناً فَزِدْ فی اِحْسانِهِ وَ اِنْ کانَ مُسیئاً فَتَجاوَزْ عَنْهُ وَاغْفِرِ لَهُ اَللّهُمَّ اجْعَلْهُ عِنْدَک فی اَعْلا عِلِّیینَ وَاخْلُفْ عَلی اَهْلِهِ فِی الْغابِرینَ وَارْحَمْهُ بِرَحْمَتِک یا اَرْحَمَ الرّاحِمینَ [یادداشت ۴] و اگر میت زن است: اَللّهُمَّ اِنَّ هذِهِ اَمَتُک وَابْنَةُ عَبْدِک و ابنَةُ اَمَتِکَ نَزَلَتْ بِک وَ اَنْتَ خَیرُ مَنْزوُلٍ بِهِ اَللّهُمَّ اِنّا لا نَعْلَمُ مِنْها اِلاّ خَیراً وَ اَنْتَ اَعْلَمُ بِهامِنّا اَللّهُمَّ اِنْ کانَتْ مُحْسِنَةً فَزِدْ فی اِحْسانِها وَ اِنْ کانَتْ مُسیئةً فَتَجاوَزْ عَنْها وَاغْفِرْ لَها اَللّهُمَّ اجْعَلْها عِنْدَک فی اَعْلا عِلِّیینَ وَاخْلُفْ عَلی اَهْلِها فِی الْغابِرینَ [11]وَارْحَمْها بِرَحْمَتِک یا اَرْحَمَ الرّاحِمینَ[یادداشت ۵]

Панҷум поёни намоз поёни намоз


Назари фақеҳони аҳли суннат

Намози ҷаноза назди аҳли суннат чаҳор такбир дорад. Бо такбири аввал, намоз оғоз мешавад ва баъд аз он ҳамди Худованд хонда мешавад. Баъд аз такбири дувум, салавот мефиристанд. Баъд аз такбири сеюм барои мурда дуо мекунанд ва бо такбири чаҳорум ва хондани салом, намоз поён меёбад.[12] Албатта дар бархе аз ҷузъиёти ин намоз байни аҳли суннат ихтилофи назар ҳаст.[13]

Аҳком

Бархе аз аҳкоми фиқҳии намози ҷаноза иборатанд аз:

  • Намози ҷаноза, воҷиби кифоӣ аст; аз ин рӯ, агар касе онро хонд, вуҷубаш аз дигарон соқит мешавад.[14]
  • Ба гуфтаи Соҳиби Ҷавоҳир тибқи дидгоҳи машҳури фақеҳон, хондани чанд намоз бар як мурда макруҳ аст.[15] Ба фатвои оятуллоҳ Систонӣ ин кароҳат собит нашуда аст ва агар мурда аз аҳли илму тақво бошад, макруҳ нест.[16]
  • Намози ҷанозаро метавон бо ҷамоат хонд, вале маъмум бояд такбирҳо ва дуоҳоро худаш бихонад.[17]
  • Намози ҷаноза барои мусулмоне, ки ба синни шашсолагӣ расида аст, воҷиб аст.[18]
  • Бар ҷанозаи кофир ва носибӣ намоз хонда намешавад.[19]
  • Дар намози ҷаноза, таҳорат аз ҳадаси акбар ва ҳадаси асғар лозим нест.[20] Албатта, риояти шароити соири намозҳои воҷиб дар он беҳтар аст.[21]
  • Намози ҷаноза бояд пеш аз дафн[22] ва баъд аз ғуслу кафан хонда шавад.[23]
  • Агар мусулмоне бе намози ҷаноза дафн шавад, бояд бар қабраш намоз хонда шавад.[24]
  • Наметавон як намози ҷанозаро бар чанд мурда якҷоя хонд.[25]
  • Хондани намози ҷаноза дар масҷид макруҳ аст.[26] Бархе аз мароҷеъ Масҷид-ул-ҳаромро аз ин ҳукм истисно кардаанд,[27] аммо бархеи дигар ин истисноро напазируфтаанд.[28]
  • Намози ҷанозаро метавон бо кафш ҳам ба ҷо овард, ҳарчанд мустаҳаб аст, ки бе кафш хонда шавад.[29]

Намози ҷанозаҳои таърихӣ

Намози ҷаноза бар ҷасади ҳазрати Заҳро (с) ва намози ҷаноза бар ҷасади имом Хумайнӣ аз намози ҷанозаҳое аст, ки ҳаряк аз ҷанбае мавриди тавваҷуҳ буда аст: ба гуфтаи муаррихон, ҳазрати Алӣ (а), ҳамсараш Фотимаро шабона ғусл дод[30] ва бар пайкараш намоз хонд.[31] Ба гузориши Табарсӣ, Имом Ҳасан, Имом Ҳусайн, Миқдод, Салмони Форсӣ, Абузари Ғифорӣ, Аммор ибни Ёсир, Ақил ибни Абитолиб, Зубайр ибни Авом, Бурайда бен Ҳусайби Асламӣ ва теъдоде аз Банӣ Ҳошим дар намоз бар ҷасади ҳазрати Заҳро (с) иштирок доштанд.[32]

Иллати ин кор ин буд, ки ҳазрати Фотима ба Алӣ (а) васият карда буд, ки ӯро шабона ба хок супорад, то касоне, ки ба ӯ ситам карда буданд, дар ташйиъи ҷинозааш ҳозир нашаванд ва бар пайкараш намоз нахонанд.[33]

Намоз бар бадани имом Хумайнӣ аз шулуғтарин намозҳои ҷаноза буда аст. Ин намоз дар хурдоди соли 1368ҳ.ш., ба имомати оятуллоҳ Гулпойгонӣ иқомат шуд. Маросими ташйиъи ҷанозаи имом Хумайниро пурҷамъияттарин ташйиъи ҷиноза дар таърих шуморидаанд.[34]

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.12, саҳ.60.
  2. Аллома Ҳиллӣ, Тазкират-ул-фуқаҳо, 1414ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.75/ Шаҳиди Сонӣ, ар-Равзат-ул-баҳийя, 1410ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.429.
  3. Шаҳиди Сонӣ, Равз-ул-ҷанон, муассисаи Ол-ул-Байт, саҳ.172-173.
  4. Фиқҳ-ур-Ризо, 1406ҳ.қ., 179.
  5. Шаҳиди Сонӣ, ар-Равзат-ул-баҳийя, 1410ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.426.
  6. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.12, саҳ.53.
  7. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.12, саҳ.67.
  8. Шаҳиди Сонӣ, ар-Равзат-ул-баҳийя, 1410ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.425.
  9. Шаҳиди Аввал, ад-Дурус-уш-шаръийя, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.112 - 113.
  10. Шаҳиди Аввал, ад-Дурус-уш-шаръийя, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.113/ Шаҳиди Сонӣ, ар-Равзат-ул-баҳийя, 1410ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.428.
  11. Нигоҳ кунед ба Баниҳошимии Хумайнӣ, Тавзеҳ-ул-масоили мароҷеъ, 1424ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.337, масъалаи 608.
  12. Муллохисрав, Дурар-ул-ҳуком фи шарҳи ғурар-ил-аҳком, Дору эҳё-ил-кутуб-ил-арабийя, ҷ.1, саҳ.163.
  13. Нигоҳ кунед ба Ибни Моза, ал-Муҳит-ул-бурҳонӣ, 2004м., ҷ.2, саҳ.178/ Муллохисрав, Дурар-ул-ҳуком фи шарҳи ғурар-ил-аҳком, Дору эҳё-ил-кутуб-ил-арабийя, ҷ.1, саҳ.163.
  14. Муъҷаму фиқҳ-ил-ҷавоҳир, 1417ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.172.
  15. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.12, саҳ.100.
  16. Баниҳошимии Хумайнӣ, Тавзеҳ-ул-масоили мароҷеъ, 1424ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.336, масъалаи 606.
  17. Шаҳиди Сонӣ, ар-Равзат-ул-баҳийя, 1410ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.205.
  18. Шаҳиди Аввал, ад-Дурус-уш-шаръийя, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.111.
  19. Шаҳиди Аввал, ад-Дурус-уш-шаръийя, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.111.
  20. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.12, саҳ.60.
  21. Омулӣ, Мисбоҳ-ул-ҳудо, 1380ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.369.
  22. Омулӣ, Мисбоҳ-ул-ҳудо, 1380ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.392.
  23. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.12, саҳ.68.
  24. Омулӣ, Мисбоҳ-ул-ҳудо, 1380ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.377.
  25. Аллома Ҳиллӣ, Тазкират-ул-фуқаҳо, 1414ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.67.
  26. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.12, саҳ.98 - 99.
  27. Баниҳошимии Хумайнӣ, Тавзеҳ-ул-масоили мароҷеъ, 1424ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.339, масъалаи 612.
  28. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.12, саҳ.98 - 99.
  29. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.12, саҳ.84.
  30. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1403ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.473 - 474.
  31. Ирбилӣ, Кашф-ул-ғумма, 1421ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.125.
  32. Табарсӣ, Эълом-ул-варо, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.300.
  33. Садуқ, Илал-уш-шароеъ, 1385ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.185.
  34. Сайти гинес

Сарчашма

  • Ибни Моза, Маҳмуд ибни Аҳмад, ал-Муҳит-ул-бурҳонӣ фи-л-фиқҳ-ин-нуъмонӣ фиқҳ-ил-имом Абуҳанифа разияллоҳу анҳу, таҳқиқи Абдукарим Сомӣ ал-Ҷундӣ, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмийя, 2004м.
  • Ирбилӣ, Алӣ ибни Исо, Кашф-ул-ғумма фи маърифат-ил-аимма, Қум, Разӣ, чопи аввал, 1421ҳ.қ.
  • Баниҳошимии Хумайнӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, Тавзеҳ-ул-масоили мароҷеъ мутобиқ бо фатовои сездаҳ нафар аз мароҷеъи муаззами тақлид, Қум, Дафтари интишороти исломии вобаста ба ҷомеъаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, 1424ҳ.қ.
  • Омулӣ, Мирзо Муҳаммадтақӣ, Мисбоҳ-ул-ҳудо фи шарҳ ал-Урват-ул-вусқо, Теҳрон, 1380ҳ.қ.
  • Шаҳиди Аввал, Муҳаммад ибни Маккӣ, ад-Дурус-уш-шаръийя фи фиқҳ-ил-имомийя, Қум, Дафтари интишороти исломии вобаста ба ҷомеъаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, 1417ҳ.қ.
  • Шаҳиди Сонӣ, Зайниддин ибни Алӣ, ар-Равзат-ул-баҳийя фи шарҳ ал-Лумъат-ид-Димишқийя, ҳошияи Муҳаммади Калонтар, Қум, китобфурушии Доварӣ, 1410ҳ.қ.
  • Шаҳиди Сонӣ, Зайниддин ибни Алӣ, Равз-ул-ҷанон фи шарҳи иршод-ул-азҳон, Қум, муассисаи Ол-ул-Байт, ҷопи аввал, бе то.
  • Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Илал-уш-шароеъ, таҳқиқи Сайид Муҳаммадсодиқи Баҳрулъулум, ан-Наҷаф-ул-ашраф, ал-Мактабат-ул-ҳайдарийя, 1385ҳ.қ.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Эълом-ул-варо, Қум, муассисаи Ол-ул-Байт лиэҳё-ит-турос, 1417ҳ.қ.
  • Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, Бейрут, муассисат-ул-аъламӣ, 1403ҳ.қ.
  • Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Тазкират-ул-фуқаҳо, Қум, муассисаи Ол-ул-Байт алайҳимус-салом, 1414ҳ.қ.
  • Фиқҳ-ур-Ризо, Машҳад, муассисаи Ол-ул-Байти алайҳимус-салом, 1406ҳ.қ.
  • Муллохисрав, Муҳаммад ибни Фаромарз, Дурар-ул-ҳуком фи шарҳи ғурар-ил-аҳком, бе ҷо, Дору эҳё-ил-кутуб-ил-арабийя, бе то.
  • Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом фи шарҳи шароеъ-ил-Ислом, тасҳеҳи Аббоси Қучонӣ ва Алии Охундӣ, Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, 1404ҳ.қ.