Қасди қурбат

Аз wikishia
Рисолаи амалия
Ин мақола як навиштори тавсифӣ дар бораи як мафҳуми фиқҳист ва наметавонад меъёре барои аъмоли динӣ бошад. Барои аъмоли динӣ ба манобеи дигар муроҷиа кунед.

Қасди қурбат (нияти холисан лиллоҳ) анҷом додани ибодат бо нияти холис барои ба даст овардани ризояти Худо ва наздик шудан ба Ӯст. Қасди қурбат фақат дар фарзҳои тааббудие монанди намоз, рӯза ва ҳаҷ лозим аст ва бе он ибодат дуруст нест, вале дар фарзҳои тавассулӣ ниёзе ба қасди қурбат вуҷуд надорад.

Бино ба бовари бархе, қасди қурбат дар канори имон аз шароити расидан ба савоб мебошад.

Мафҳумшиносӣ

Мақсуд аз қасди қурбат анҷом додани ибодат бо ангезаи пайравӣ аз амри Худо ва ба даст овардани ризои Ӯст.[1] Аз назари фақеҳони шиа, анҷоми ибодот бо ангезаҳое ҳамчун ташаккур аз Худо, ба даст овардани ризогии Ӯ, расидан ба савоб, дурӣ аз азоб ва расидан ба маслиҳат дар ибодат, яке аз роҳҳои амалӣ намудани қасди қурбат ва наздик шудан ба Худо аст.[2]

Баъзеҳо қасди қурбат ва имонро шарти аҷру подош донистаанд, ки бе он подоше ба соҳиби амал тааллуқ намегирад.[3]

Милоки тақсими фаризаҳо ба тааббудӣ ва тавассулӣ

Фаризаҳо бар асоси қасди қурбат ба ду даста тақсим мешавад:

  • Фарзҳои тааббудӣ: фарзҳое ки қасди қурбат ва нияти холисона дар онҳо шарт аст ва беон фармони Илоҳӣ анҷом нашудааст, монанди намозу рӯза.[4] Ба гуфтаи Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ - фақеҳи шиа, ҳусни феълӣ ва ҳусни фоилӣ аз аркони ибодатанд. Манзур аз ҳусни фоилӣ ин аст, ки анҷомдиҳандаи ибодат, онро барои расидан ба қурби Илоҳӣ ба ҷой оварад, на барои риёкорӣ ва ғ.[5] Албатта фақеҳони шиа дар бораи инки оё вуҷуби қасди қурбат дар воҷиботи тааббудӣ, ақлӣ аст ё шаръӣ, ихтилофи назар доранд;[6] се мабнои куллӣ дар ин масъала вуҷуд дорад:
  1. Дидгоҳи Оятуллоҳ Хуӣ: вуҷуби қасди қурбат шаръӣ аст ва шореъ дар амр ба ибодат, қасди қурбатро низ лиҳоз намудааст.[7]
  2. Дидгоҳи Мирзои Ноинӣ: вуҷуби қасди қурбат шаръӣ аст ва шореъ дар як амри дигаре ғайр аз амр ба ибодат, вуҷуби қасди қурбатро лиҳоз кардааст.[8]
  3. Дидгоҳи Охунди Хуросонӣ: вуҷуби қасди қурбат ақлӣ аст ва ба чигунагии анҷоми амалу итоат бастагӣ дорад.[9] Агар ғарази шореъ аз анҷоми амал, фақат таҳаққуқи хориҷии он бошад, монанди вуҷуби дафни маййит, ақл қасди қурбатро лозим намедонад. Аммо агар ғарази шореъ ин аст, ки бо анҷоми амал, тақарруб ба Ӯ низ ҳосил шавад ва дар ин сурат ақл қасди қурбатро лозим медонад.[10]
  • Фаризаи тавассулӣ: фаризае ки дар анҷоми онҳо қасди қурбат шарт нест, монанди: наҷоти касе ки ғарқ мешавад, дафн кардани маййит ва пардохт қарз.[11]

Милоки тақсими фаризаҳо ба тақаррубӣ ва тавассулӣ

Имом Хумайнӣ дар китоби Таҳзиб-ул-усул фаризаҳоро ба фаризаҳои тақаррубӣ ва фаризаҳои тавассулӣ тақсим кардааст.[12] Дар фаризаҳои тақаррубӣ қасди қурбат шарт аст ва худ ба ду дастаанд:

  • Фаризаҳое ки унвони ибодат дар бораи онҳо сидқ мекунад, монанди намоз, рӯза, ҳаҷ ва ғ.[13]
  • Фаризаҳое, ки агарчӣ дар онҳо қасди қурбат шарт аст, аммо ибодат маҳсуб намешаванд, монанди пардохти закот.[14]

Эзоҳ

  1. Фарҳангномаи усули фиқҳ, Маркази иттилоот ва манобеи исломӣ, 1389ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.636.
  2. Фарҳангномаи усули фиқҳ, Маркази иттилоот ва манобеи исломӣ, 1389ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.636.
  3. Муассисаи Доиратулмаорифи ал-Фиқҳ-ул-форсӣ, фарҳанги фиқҳи форсӣ, 1387ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.694.
  4. Музаффар, Усул-ул-фиқҳ, 1370ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.65.
  5. Макорими Шерозӣ, Ҳилаҳои шаръӣ ва чораҷӯиҳои саҳеҳ, 1428ҳ.қ., саҳ.58.
  6. Фарҳангномаи усули фиқҳ, Маркази иттилоот ва манобеи исломӣ, 1389ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.637.
  7. Хуӣ, Муҳозирот фи-л-усул, 1417ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.221.
  8. Хуӣ, Аҷвад-ут-тақрирот, 1368ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.117.
  9. Музаффар, Усул-ул-фиқҳ, 1370ҳ.ш., саҳ.66.
  10. Охунди Хуросонӣ, Кифоят-ул-усул, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.81.
  11. Музаффар, Усул-ул-фиқҳ, 1370ҳ.ш., саҳ.66.
  12. Имом Хумайнӣ, Таҳзиб-ул-усул, 1405ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.147.
  13. Имом Хумайнӣ, Таҳзиб-ул-усул, 1405ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.147.
  14. Имом Хумайнӣ, Таҳзиб-ул-усул, 1405ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.147.

Сарчашма

  • Имом Хумайнӣ, Рӯҳуллоҳ, Таҳзиб-ул-усул, Қум, муассисаи ал-Нашрул-исломӣ, 1405ҳ.қ.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Ҳилаҳои шаръӣ ва чораҷӯиҳои саҳеҳ, Қум, мадрисатул-Имом Алӣ ибни Абитолиб (а), чопи дувум, 1428ҳ.қ.
  • Муассисаи Доиратулмаорифи ал-Фиқҳ-ул-форсӣ, фарҳанги фиқҳи форсӣ, Қум, муассисаи Доиратулмаорифи ал-Фиқҳ-ул-форсӣ, 1387ҳ.ш.
  • Музаффар, Муҳаммадризо, Усул-ул-фиқҳ, Қум, Дафтари таблиғоти исломӣ, 1370ҳ.ш.
  • Охунди Хуросонӣ, Муҳаммадкозим, Кифоят-ул-усул, Қум, муассисаи Олулбайт (а), 1409ҳ.қ.
  • Пажӯҳишгоҳи улум ва фарҳанги исломӣ, Фарҳангномаи усули фиқҳ, Қум, пажуҳишгоҳи улум ва фарҳанги исломӣ, 1389ҳ.ш.
  • Хуӣ, Сайид Абулқосим, Аҷвад-ут-тақрирот, Қум, Китобфурушии Мустафавӣ, чопи дувум, 1368ҳ.ш.