Вақтҳои намоз
Вақтҳои намоз (форсӣ: وقتهای نماز) яке аз шартҳои дуруст будани намозҳои рӯзона аст. Ҳар яке аз намозҳои рӯзона бояд дар вақти муайян хонда шавад ва дар ғайри ин сурат, ба вазифа амал нашудааст. Бар асоси фатвои фақеҳон, вақти намози субҳ, фаҷри содиқ ё фаҷри дуюм аст, ки то тулӯи офтоб идома дорад. Вақти намози зуҳр ва аср аз оғози зуҳри шаръӣ то ғуруб ё мағриб аст, ки миёни уламо дар ин масъала ихтилоф вуҷуд дорад. Вақти намози мағриб ва ишо низ мавриди ихтилоф аст ва бархе мағриб ё ғурубро аввали вақт донистаанд. Охири вақти он ҳам нисфи шаби шаръӣ аст.
Машҳури фақеҳон нисбат ба намозҳои зуҳру аср ва мағрибу ишо, қоил ба вақти махсус ҳастанд; ба ин маъно ки аввали вақт ба андозаи хондани намози зуҳр ва мағриб махсуси онҳо аст ва намешавад дар он вақт намози аср ё ишо хонд. Ҳамчунин охири вақт ба андозаи хондани намози аср ва ишо, вақти махсуси онҳо аст.
Мустаҳаб аст ки инсон намозро дар аввали вақт бихонад, ки дар ривоятҳо дар бораи он бисёр тавсия шудааст. Барои ҳар яке аз намозҳои рӯзона вақти муайяне баён шудааст, ки намоз хондан дар он беҳтар аст ва «вақти фазилат» номида мешавад.
Ҷойгоҳи фиқҳӣ
Намозҳои рӯзона шартҳое доранд, ки аз ҷумлаи онҳо риояи вақти намоз аст; яъне мукаллаф бояд ҳар намозро дар вақти муайян бихонад ва агар вақти муносиби ҳар намоз риоя нашавад, намоз ботил аст ва вазифаи мукаллаф ҳамчунон боқӣ мемонад. Роҳи исботи вақти намоз ин аст, ки ё худи инсон яқин кунад ба ворид шудани вақт ва ё ду марди одил ба он хабар диҳанд .[1]
Вақти адои намозҳои рӯзона
Вақти хондани намозҳои рӯзона, бар асоси фатвои фақеҳон чунин аст:
- Намози субҳ: Вақти намози субҳ байни тулӯи фаҷри дуюм ё фаҷри содиқ то тулӯи офтоб аст.[2]
- Намози зуҳр ва аср: Оғози вақти намози зуҳр зуҳри шаръӣ ё заволи офтоб аст ва дар ин масъала миёни фақеҳон ихтилоф нест.[3] Бархе фақеҳон поёни вақти намози зуҳр ва асрро мағриб медонанд;[4] вале бархеи дигар монанди Муҳаққиқи Ҳиллӣ поёнро ғуруб (пинҳон шудани қурси офтоб) муаррифӣ кардаанд.[5] Ба гузориши Соҳиби Ҷавоҳир ва Буруҷердӣ, қавл ба ғуруб машҳур ё машҳуртар аст.[6] Бархе уламо монанди Муҳаққиқ ва Сайиди Яздӣ, ки вақти махсус ва муштаракро қабул доранд,[7] лаҳзаҳои аввали заволи офтоб ба андозаи адои намози зуҳрро вақти махсуси пешин ва ҳамчунин лаҳзаи охир ба андозаи адои намози асрро вақти махсуси аср донистаанд ва байни ин ду вақт, вақти муштарак байни намози зуҳр ва аср аст.[8]
- Намози мағриб ва ишо: Бархе аз фақеҳон вақти намози мағриб ва ишоро аз ғуруби офтоб то нисфи шаб медонанд;[9] вале бархе аввали вақтро мағриб муаррифӣ кардаанд.[10] Бар асоси назари фақеҳоне, ки вақти махсус ва муштаракро қабул доранд, аз ҷумла Муҳаққиқи Ҳиллӣ ва Сайиди Яздӣ, лаҳзаҳои аввал ба андозаи адои намози мағриб, вақти ихтисосии он ва ҳамчунин лаҳзаи охир то нисфи шаб ба андозаи адои намози ишо, вақти ихтисосии намози ишо аст ва байни ин ду вақт, вақти муштарак байни намози мағриб ва ишо аст.[11]
Бархе аз фақеҳон мегӯянд афроде ки ба сабаби хоб, фаромӯшӣ ё одати моҳонаи занона натавонистаанд намози мағриб ва ишоро то нисфи шаб бихонанд, то тулӯи фаҷр метавонанд ба нияти адо онҳоро бихонанд;[12] аммо бархеи дигар монанди Сайид Ҳусайн Буруҷердӣ, Имом Хумайнӣ ва Сайид Аҳмад Хонсорӣ ин назарро қабул надоранд ва мегӯянд дар ин сурат, эҳтиёт он аст ки намоз ба нияти мо физзимма хонда шавад.[13]
Вақти махсус ва муштарак
Вақти махсус ба ин маъно аст, ки дар намозҳои зуҳру аср ва мағрибу ишо, лаҳзаи аввал ба андозаи хондани намози зуҳр ва мағриб махсуси онҳо аст ва намешавад дар он вақт намози аср ё ишо хонда шавад. Ҳамчунин охири вақт ба андозаи хондани намози аср ва ишо, вақти ихтисосии онҳо аст.[14] Бархе уламо монанди Муҳаққиқи Ҳиллӣ ва Сайиди Яздӣ қоил ба назарияи вақти махсус ҳастанд.[15] Оятуллоҳ Хӯӣ ин назарро ба машҳури фақеҳон нисбат додааст.[16]
Аммо дар муқобил, гурӯҳе аз фақеҳон аз ҷумла худи Сайид Абулқосим Хӯӣ ин назарро қабул надоранд ва қоил ба вақти муштараканд ва онро ба Шайхи Садуқ ва уламоии дигар низ нисбат медиҳанд.[17] Бар асоси ин назария, вақти намоз аз аввал то охир байни намозҳо муштарак аст; аммо аз ҷиҳати он ки риояи тартиб лозим аст, бояд аввал намози зуҳр ва баъд аср ва низ аввал мағриб ва баъд ишо хонда шавад.[18]
Натиҷаи фарқи ин ду дидгоҳ он аст, ки агар шахсе аз рӯи фаромӯшӣ намози асрро қабл аз зуҳр ё ишоро қабл аз мағриб бихонад, бар асоси назарияи вақти муштарак, намозаш саҳеҳ аст; аммо бар асоси назарияи вақти ихтисосӣ, ботил аст.[19]
Вақти фазилати намоз
Ба гуфтаи фақеҳон, мустаҳаб аст, ки инсон намозро дар аввали вақти он бихонад ва дар бораи он бисёр тавсия шудааст ва ҳарчи ба аввали вақт наздиктар бошад, беҳтар аст; магар он ки таъхири он аз ҷиҳате беҳтар бошад; ба таври мисол, сабр кунад то намози ҷамоат бихонад.[20] Бар асоси фатвои фақеҳон «вақти фазилат», яъне замоне ки беҳтар аст намозҳо дар он хонда шаванд, ба шарҳи зерин аст:
- Намози субҳ: Аз тулӯи фаҷр то пайдо шудани сурхӣ дар самти шарқи осмон (ба арабӣ: الحُمْرَةُ الْمَشْرِقِيَّةُ) аст.[21]
- Намози зуҳр: Аз заволи офтоб то вақте ки сояи нишон (меъёр) ба андозаи худи нишон расад.[22]
- Намози аср: Аз замоне ки сояи нишон ба андозаи худи нишон расад, то вақте ки соя ба ду баробари нишон расида бошад.[23]
- Намози мағриб: Аз мағриб то рафтани шафақ, яъне аз байн рафтани сурхӣ дар ғарби осмон (ба арабӣ: الحُمْرَةُ الْمَغْرِبِيَّةُ).[24]
- Намози ишо: Аз рафтани шафақ то як-сеюми шаб аст.[25]
Бархе аз аҳкоми вақти намоз
Бархе аз фатвоҳои фақеҳон дар бораи вақти намоз ба шарҳи зерин аст:
- Агар як ракъат аз намоз дар вақт бошад, ба манзилаи он аст ки тамоми намоз дар вақт адо шудааст.[26]
- Агар кори воҷибе бар ӯҳдаи мукаллаф бошад, масалан шахси қарздеҳ муроҷиат карда бошад, мукаллаф бояд аввал кори воҷибро анҷом диҳад ва баъд намоз бихонад. Албатта агар қасдан аввал намоз бихонад, гарчи гуноҳ муртакиб шудааст, намозаш саҳеҳ аст.[27]
- Бедор кардани дигарон барои хондани намоз амре писандида аст ва дар бархе мавридҳо ба ҷиҳати амр ба маъруф воҷиб аст; аммо бедор кардани шахси бемор ё касе ки озор мебинад, ҷоиз нест.[28]
Эзоҳ
- ↑ Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, 1392ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.148; Ҳусайнӣ Систонӣ, Тавзеҳ-ул-масоили ҷомеъ, 1443ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.390
- ↑ Муҳаққиқ Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.51; Табатабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1421ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.250
- ↑ Хӯӣ, Мавсуъату ал-Имом Хуӣ, 1418ҳ.ш., ҷ.11, саҳ.81
- ↑ Табатабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1421ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.248; Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, 1392ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.144
- ↑ Муҳаққиқ Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.50
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1421ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.86; Буруҷердӣ, Китоб-ус-салот, 1388ҳ.ш., саҳ.88
- ↑ Муҳаққиқ Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.50; Табатабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1421ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.248
- ↑ Муҳаққиқ Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.50; Табатабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1421ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.248
- ↑ Муҳаққиқ Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.50
- ↑ Табатабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1421ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.248
- ↑ Муҳаққиқ Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.50; Табатабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1421ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.248
- ↑ Табатабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1421ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.249
- ↑ Хумайнӣ, Буруҷердӣ ва Хонсорӣ, «Таълиқа» дар китоби ал-Урват-ул-вусқо, 1421ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.249
- ↑ Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, 1392ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.145; Муҳаққиқ Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.50; Табатабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1421ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.248
- ↑ Муҳаққиқ Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.50; Табатабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1421ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.248
- ↑ Хӯӣ, Мавсуъату ал-Имом Хуӣ, 1418ҳ.ш., ҷ.11, саҳ.109
- ↑ Хӯӣ, Мавсуъату ал-Имом Хуӣ, 1418ҳ.ш., ҷ.11, саҳ.104
- ↑ Хӯӣ, Мавсуъату ал-Имом Хуӣ, 1418ҳ.ш., ҷ.11, саҳ.109
- ↑ Кошифулғито, «Таълиқа» дар китоби ал-Урват-ул-вусқо, 1421ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.248
- ↑ Ҳусайнӣ Систонӣ, Тавзеҳ-ул-масоили ҷомеъ, ҷ.1, саҳ.388
- ↑ Табатабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1421ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.251
- ↑ Табатабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1421ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.250
- ↑ Табатабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1421ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.251
- ↑ Табатабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1421ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.251
- ↑ Табатабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1421ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.251
- ↑ Имом Хумайнӣ, ал-Халал фи-с-салот, чопи дуюм, саҳ.147
- ↑ Ҳусайнӣ Систонӣ, Тавзеҳ-ул-масоили ҷомеъ, 1443ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.394
- ↑ Ҳусайнӣ Систонӣ, Тавзеҳ-ул-масоили ҷомеъ, 1443ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.397
Сарчашма
- Буруҷердӣ, Сайид Ҳусайн, «Таълиқа» дар китоби ал-Урват-ул-вусқо, таълифи Сайид Муҳаммадкозим Табатабоии Яздӣ, Қум, Муассисаи нашри исломӣ вобаста ба Ҷомеаи мударрисин, 1421ҳ.қ.
- Буруҷердӣ, Сайид Ҳусайн, Китоб-ус-салот, тақрир: Ҳусайналӣ Мунтазирӣ, Арғавони дониш, Қум, 1388ҳ.ш.
- Кошифулғито, Муҳаммадҳусайн, «Таълиқа» дар китоби ал-Урват-ул-вусқо, таълифи Сайид Муҳаммадкозим Табатабоии Яздӣ, Қум, Муассисаи нашри исломӣ вобаста ба Ҷомеаи мударрисин, 1421ҳ.қ.
- Машкинӣ, Алиакбар, Мусталаҳот-ул-фиқҳ, Қум, Дор-ул-ҳадис, 1392ҳ.ш. / 1434ҳ.қ.
- Муассисаи Доиратулмаорифи Фиқҳи Исломӣ, Фарҳанги фиқҳ мувофиқи мазҳаби Аҳли Байт (а), таҳти назари Сайид Маҳмуд Ҳошимии Шаҳрудӣ, Қум, Муассисаи Доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, чопи дуюм, 1385ҳ.ш.
- Муҳаққиқ Ҳиллӣ, Ҷаъфар ибни Ҳасан, Шароеъ-ул-Ислом фи масоил-ил-ҳалол ва-л-ҳаром, Қум, Исмоилиён, 1408ҳ.қ.
- Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом фи шарҳи Шароеъ-ул-Ислом, Муассисаи Доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ бар мазҳаби Аҳли Байт (а), Қум, 1421ҳ.қ.
- Табатабоии Яздӣ, Сайид Муҳаммадкозим, ал-Урват-ул-вусқо, Қум, Муассисаи нашри исломӣ вобаста ба Ҷомеаи мударрисин, 1421ҳ.қ.
- Хонсорӣ, Сайид Аҳмад, «Таълиқа» дар китоби ал-Урват-ул-вусқо, таълифи Сайид Муҳаммадкозим Табатабоии Яздӣ, Қум, Муассисаи нашри исломӣ вобаста ба Ҷомеаи мударрисин, 1421ҳ.қ.
- Хумайнӣ, Сайид Рӯҳуллоҳ, «Таълиқа» дар китоби ал-Урват-ул-вусқо, таълифи Сайид Муҳаммадкозим Табатабоии Яздӣ, Қум, Муассисаи нашри исломӣ вобаста ба Ҷомеаи мударрисин, 1421ҳ.қ.
- Хумайнӣ, Сайид Рӯҳуллоҳ, Таҳрир-ул-васила, Теҳрон, Муассисаи танзим ва нашри осори Имом Хумайнӣ, 1392ҳ.ш.
- Хумайнӣ, Сайид Рӯҳуллоҳ, ал-Халал фи-с-салот, Теҳрон, Муассисаи танзим ва нашри осори Имом Хумайнӣ, чопи дуюм, 1384ҳ.ш.
- Хӯӣ, Сайид Абулқосим, Мавсуъаи Хӯӣ, Муассисату ал-Хуӣ ал-исломия.
- Ҳусайнӣ Систонӣ, Сайид Алӣ, Тавзеҳ-ул-масоили ҷомеъ, Машҳад, Дафтари Оятуллоҳ Систонӣ, 1443ҳ.қ.