Имом Ризо алайҳиссалом

Аз wikishia
Имом Ризо алайҳиссалом
ҳаштумин имоми шиаён
local p = {} function p.main(frame) local args = require('Module:Arguments').getArgs(frame, {wrappers = 'Template:If empty', removeBlanks = false}) for k,v in ipairs(args) do if v ~= then return v end end end return p
НақшИмоми ҳаштуми шиаён
КунияАбулҳасан (сонӣ)
Зодрӯз20 зилқаъдаи соли 148ҳ.қ.
Муддати имомат20 сол (183-203ҳ.қ.)
Шаҳодатохири моҳи сафари соли 203ҳ.қ.
Мадфаншаҳри Машҳад
Маҳалли зиндагӣМадина, Марв
Лақабҳо
хешу табор
ПадарИмом Козим (а)
МодарНаҷмахотун
ҲамсаронСабика
ФарзандонИмом Ҷавод (а)
Тӯли умр55 сал
Имомони шиа
‌‌Имом Алӣ . Имом Ҳасани Муҷтабо . Имом Ҳусайн . Имом Саҷҷод . Имом Боқир . Имом Содиқ . Имом Козим . Имом Ризо . Имом Ҷавод . Имом Ҳодӣ . Имом Ҳасани Аскарӣ алайҳиссалом . Имом Маҳдӣ


Али ибни Мӯсо ибни Ҷаъфар (а) (арабӣ: علي بن موسى بن جعفر) маъруф ба Имом Ризо (форсӣ: امام رضا) (148203ҳ.қ.) ҳаштумин имоми мазҳаби шиаи дувоздаҳимомӣ аст. Ӯ аз соли 183ҳ.қ., ба муддати бист сол, имомати шиаёнро бар ӯҳда дошт ва давраи имоматаш бо хилофати Ҳоруни Аббосӣ, Муҳамади Амин ва Маъмуни Аббосӣ ҳамзамон буд.

Имом Ризо (а) дар солҳои вопасини умраш ба дастури Маъмун, аз Мадина ба Марв дар Хуросон фаро хонда ва валиаҳди Маъмун шуд. Муаррихон ва олимони шиа вилоятъаҳдии Имом Ризо (а)-ро муҳимтарин рӯйдоди сиёсии зиндагии ӯ медонанд ва мегӯянд Имом ба иҷбори Маъмун, ба ин кор тан додааст.

Бо вуҷуди ин, бархе аз таърихнигорон бар ин боваранд, ки вуруди Имом Ризо (а) ба Эрон таъсири муҳимме бар густариши шиа дар он доштааст; зеро вай дар вуруд ба Эрон, дар ҳар шаҳре, бо мардум дидор мекард ва ба посухҳои онон, бар мабноии аҳодиси имомон посух мегуфт. Ҳамчунин бо ширкат дар ҷаласоти мунозира бо олимони адёну мазоҳиби мухталиф ва бартарии илмӣ бар онон, ҷойгоҳи илмиаш ба унвони имоми шиа барои мардум ошкор мешуд.

Дар шаҳрҳову минтақаҳои мухталифи Эрон, биноҳое чун масҷид ва қадамгоҳ, ба номи Имом Ризо номгузорӣ шуда ки маҳалли истироҳати ӯ дар масири ҳаракаташ ба Марв буда ва инро нишонаи таъсири омадани Имом Ризо (а) ба Эрон бар густариши шиа дар ин кишвар медонанд.

Ҳадисии машҳур аз Имом Ризо (а) дар сафар ба Эрон баён шуда ки ба номи Силсилат-уз-заҳаб (Занҷираи заррин) шинохта мешавад; зеро силсилаи ровиёнаш ҳама маъсуманд. Ӯ ин ҳадиси қудсиро дар Нишопур барои ҷамъе аз олимони он ҷо баён кардааст. Дар ин ҳадис тавҳид қалъаи Худо муаррифӣ шуда ки ҳарки вориди он шавад дар амон аст. Сипас омада албата ин шартҳое дорад, ки ман аз ҷумлаи онҳо ҳастам.

Бар асоси дидгоҳи бештари олимони шиа, Имом Ризо (а) дар 55-солгӣ дар Тӯс, ба василаи Маъмун масмум шуд ва ба шаҳодат расид ва дар буқъаи ҳоруния дар рустои Санобод дафн шуд. Ӯ танҳо имом аз миёни имомони шиа аст, ки дар Эрон дафн шудааст. Ҳарами Имом Ризо дар Машҳад аз муҳимтарин зиёратгоҳҳои шиаён аст. Ҳарами Фотимаи Маъсума, хоҳар ӯ, низ дар Эрон воқеъ шуда ки машҳуртарин оромгоҳи ин кишвар, пас аз ҳарами разавӣ шумурда мешавад.

Дар бораи Имом Ризо (а), китобҳои бисёр ва осори адабии мутаъаддиде мисли, шеър, роман ва филм тавлид шудааст. Бархе аз онҳо бад-ин шарҳ аст: китоби ал-Ҳаёт-ус-сиёсияту ли-л-имоми ар-Ризо (а), навиштаи Сайид Ҷаъфар Муртазо Омилӣ; китоби ал-Имом-у ар-Ризо; таърихун ва дироса, асари Сайид Муҳаммадҷавод Фазлуллоҳ; китоби Ҳаёт-ул-имоми Алӣ ибни Мӯса-р-Ризо (а); диросатун ва таҳлил, асари Боқир Шариф Қарашӣ; Ҳикматномаи разавӣ, аз Муҳамад Маҳмадии Райшаҳрӣ ва ҳамкорон; шеъри «Қитъае аз биҳишт», асари Ҳабибуллоҳи Чойчиён; шеър «Бо Оли Алӣ ҳарки дарафтод варафтод» асари Насими Шумол ва Таблои зомини оҳу, асари Маҳмуди Фаршчиён.

Муруре бар зиндагинома

Али ибни Мӯсо, машҳур ба Имом Ризо (а), ҳаштумин имоми шиаёни дувоздаҳимомӣ аст.[1] Падараши Мӯсо ибни Ҷаъфар (а), имоми ҳафтуми шиаён буд ва модараш канизе буд, ки аз ӯ бо номҳои Наҷма ё Туктам ёд мешавад.[2]

Дар хусуси замони вилодат ва вафоти Имом Ризо (а), ихтилофи назар аст.[3] Аз ҷумлаи онҳо ин аст, ки ӯ дар дар 11 зулҳиҷҷа ё зулқаъда ё рабиулаввали соли 148 ё 153ҳ.қ. мутаваллид шуд ва дар охирин рӯзи моҳи сафар ё 17 ё 21 моҳи рамазон ё 18 ҷамодиюлаввал ё 23 ё охири зулқаъдаи соли 202 ё 203 ё 206ҳ.қ. ба шаҳодат расид.[4] Ба гузориши Сайид Ҷаъфар Муртазо Омилӣ, бештари олимон ва муаррихон муътақиданд Имом Ризо дар соли 148ҳ.қ. дар Мадина ба дунё омад ва дар соли 203ҳ.қ. ба шаҳодат расид.[5]

Имом Ризо (а), пас аз шаҳодати падараш, имоми шиаён шуд. Муддати имомати вай, бист сол (183 - 203ҳ.қ.) буд, ки бо хилофати Ҳоруни Аббосӣ, Муҳаммад Амин ва Маъмун ҳамзамон шуд.[6]

Лақабҳо ва кунияҳо

Мақолаи аслӣ: Феҳристи кунияҳо ва лақабҳои Имом Ризо (а)

Барои Алӣ ибни Мӯсо, лақабҳое чун Ризо, Собир, Разӣ, Вафӣ ва Закӣ зикр кардаанд.[7] Бар асоси ҳадисе аз китоби Эълом-ул-варо, навиштаи Фазл ибни Ҳасани Табарсӣ, Имом Козим (а) лақаби Олими Оли Муҳаммадро ҳам дар бораи ӯ ба кор бардааст.[8] Имом Ризоро бо лақабҳое чун Зомини оҳӯ,[9] Имом рауф,[10] Ғариб-ул-ғурабо,[11] Сомин-ул-ҳуҷаҷ (ҳаштумин ҳуҷҷат),[12] Сомин-ул-аимма (ҳаштумин имом)[13] низ мехонанд.

Машҳуртарин лақаби вай «ризо» аст.[14] Суютӣ (849 - 911ҳ.қ.), аз олимони аҳл суннат гуфта ин лақабро Маъмун, халифаи аббосӣ, ба ӯ дод;[15] аммо тибқи ҳадисе, ки Шайхи Садуқ, муҳаддиси шиаи қарни чаҳоруми қамарӣ нақл карда, Имом Ҷавод (а) ин суханро нодуруст шумурда ва мулаққаб шудани падараш ба «Ризо»-ро ба ин далел дониста ки ӯ ба худовандии Худо дар осмон ва набуввати Пайғамбар ва имомати имомон дар замини розӣ буд. Дар ин ҳадис, аз Имом Ҷавод мепурсанд дигар имомон ҳам ки ин гуна будаанд. Пас чаро аз байнашони падари шумо ба «Ризо» мулаққаб шудааст? Имом Ҷавод посух медиҳад чун дӯсту душман аз ӯ розӣ буданд ва ин дар хусуси ҳеҷ як аз имомони дигар сидқ намекунад.[16]

Кунияи Имом Ризо Абулҳасан будааст.[17] Тибқи ҳадисе, ки Шайхи Садуқ нақл карда, Имом Козим (а) ин кунияро ки лақаби худаш ҳам буда, ба ӯ додааст.[18] Барои фарқ гузоштани ӯ аз Имом Козим дар ин куния, ба Имом Ризо Абулҳасани сонӣ (дувум) низ мегуфтанд.[19] Имом Ризо кунияҳои дигаре чун Абӯалӣ[20] ва Абумуҳаммад[21] ҳам доштааст.

Ҳамсару фарзандон

Ҳамсари Имом Ризои Сабикаи Нубийя[22] ё Хайзурон[23] ном дошт, ки модари Имом Ҷавод (а) буд.[24] Дар сарчашмаҳои таърихӣ ва ҳадисӣ, аз ҳамсари дигаре ҳам барои Имом Ризо сухани омада ва гуфта шуда духтари Маъмун будааст.[25] Ба гузориши Шайхи Садуқ, пас аз он ки Маъмун Имом Ризоро валиаҳди худ кард, духтараш Уммиҳабибро ба ақди ӯ даровард.[26]

Шайхи Садуқ, Шайхи Муфид, Ибни Шаҳрошӯб ва Табарсӣ навиштаанд Имом Ризо танҳо як фарзанд дошта, ки Имом Ҷавод будааст;[27] бо ин ҳол, ба навиштаи Сайид Муҳсини Амин нависандаи Аъён-уш-шиа, дар бархе аз манобеъ, фарзандони дигаре ҳам барои ӯ зикр шудааст.[28]

Дар Қазвин, оромгоҳе ба номи Имомзода Ҳусайн вуҷуд дорад ки Муставфӣ, муаррихи қарни ҳаштуми қамарӣ, ӯро фарзанди Имом Ризо (а) донистааст;[29] Албата Киёи Гелонӣ, насабшинос, насаби ӯро ба Ҷаъфари Тайёр расондааст.[30] Дар бархе аз манобеъ ҳам ӯ бародари Имом Ризо (а) хонда шудааст.[31]

Хоҳарону бародарон

Иброҳим, Шоҳчроғ, Ҳамза, Исҳоқ аз ҷумлаи бародарон ва Фотимаи Маъсума ва Ҳакима аз хоҳарони Имом Ризо (а) ҳастанд.[32] Аз миёни хоҳарону бародарони Имом Ризо (а), шинохтатаринашон Фотимаи Маъсума аст, ки олимони шиа ҷойгоҳи волое барои ӯ қоиланд ва ривоёте дар хусуси манзалати ӯ ва аҳамияти зиёраташ нақл мекунанд.[33] Ӯ дар Эрон ва дар шаҳри Қум дафн шудааст. Ҳарами ҳазрати Маъсумаро бошукӯҳтарин ва машҳуртарин оромгоҳи Эрон, пас аз ҳарами Имом Ризо медонанд.[34]

Нас бар имомати Имом Ризо (а)

Аз дидгоҳи шиа, имом аз ҷониби Худо таъйин мешавад ва яке аз роҳҳои шинохти ӯ нас, яъне тасреҳи Пайғамбар (с) ё имоми қаблӣ ба имомати имоми пас аз худ аст.[35] Дар китобҳои ҳадисии шиа, аҳодисе аз Имом Козим (а) вуҷуд дорад ки дар онҳо ба имомати Имом Ризо (а) тасреҳ шудааст. Барои мисол, дар китобҳои Кофӣ,[36] Иршод,[37] Эълом-ул-варо[38] ва Биҳор-ул-анвор,[39] бахше вижаи нас бар имомати Имом Ризо вуҷуд дорад, ки ривоёти марбут дар онҳо гирд омадааст.

Барои намуна, Кулайнӣ дар ривояте овардааст Довуди Раққӣ аз Имом Козим (а) дар бораи имоми пас аз вай савол кард ва ӯ бо ишора ба Имом Ризо гуфт: «Ин соҳиби шумо пас аз ман аст.»[40] Шайхи Муфид ҳам дар ҳадисе, аз Муҳаммад ибни Исҳоқ нақл карда: «Аз Имом Козим пурсидам оё ба ман намегӯӣ динамро аз чӣ касе бигирам? Ӯ посух дод: аз писарам Алӣ (Имом Ризо); рӯзе падарам (Имом Содиқ) дасти маро гирифт ва ба назди қабри Пайғамбар (с) бурд ва фармуд: писарам, Худованд фармуда ман дар замин ҷонишине қарор медиҳам[41] ва Худованд вақте қавле медиҳад, ба он амал мекунад.»[42]

Даврони имомат

Ибтидои давраи имомати Имом Ризо ҳамзамон бо хилофати Ҳорунаррашид буд, ки Имом Козимро ба қатл рисонда буд. Ба гуфтаи пажӯҳишгарон, Ҳорун ба иллати нигаронӣ аз пайомадҳои қатли Имом Козим, ба Имом Ризо дахолат намекард ва аз ин рӯ вай озодии бештаре дошт ва тақия намекард ва ба сурати ошкор, мардумро ба имомати худ фаро мехонд.[43] Кулайнӣ дар Кофӣ ривояте оварда, ки тибқи он Муҳаммад ибни Синон ба Имом Ризо (а) мегӯяд ту бо даъвати ошкорат ба имомат, худро бар сари забонҳо андохта ва дар маърази қатл андохтаӣ. Имом Ризо посух медиҳад: «Ҳамон тавр ки Пайғамбар мегуфт агар Абуҷаҳл мӯе аз сари ман кам кунад, шаҳодат бидиҳед ки ман пайғамбар нестам, ман ҳам ба шумо мегӯям агар Ҳорун мӯе аз сари ман кам кунад, шаҳодат бидиҳед, ки имом нестам.»[44]

Шаклгирии воқифия

Ба гуфтаи Расули Ҷаъфариён - таърихпажӯҳ, пас аз шаҳодати Имом Козим (а), бинобар сабабҳое чун вуҷуди тақия, фурсатталабии бархе, ки амволе аз Имом Козим (а) наздашон буд ва вуҷуди бархе ривоёти нодуруст, миёни шиаён дар бораи ҷонишинии вай ихтилоф пеш омад.[45] Дар ин миён, фирқае дар шиа шакл гирифт, ки мегуфт Имом Козим (а) намурда ва Маҳдии мавъуд аст. Ин гурӯҳ ба воқифия шӯҳрат ёфт.[46] Албата бештари асҳоби Имом Козим имомати Имом Ризоро пазируфтанд.[47]

Вилоятъаҳдии Имом Ризо (а)

Мақолаи аслӣ: Вилоятъаҳдии Имом Ризо (а)

Сиккаи вилоятъаҳдии Имом Ризо (а), ки ба дастури Маъмун зарб шуд. Бар рӯй сикка иборати зер ба хатти кӯфӣ дарҷ шудааст: «لله، محمدرسول الله، المأمون خلیفة الله، مما أمر به الامیر الرضا ولی عهد المسلمین علی بن موسی بن علی بن ابی‌طالب، ذوالریاستین.»

Вилоятъҳдии Имом Ризо (а)-ро муҳимтарин рӯйдоди давраи зиндагии сиёсии ӯ донистаанд.[48] Ин рӯйдод яке аз масоили баҳсбарангез дар таърихи Ислом аст, ки ҳам аз назари сиёсӣ ва ҳам аз назари каломӣ (мунофот доштани пазириши вилоятъаҳдӣ бо исмати имом)[49] аҳамият дорад.[50]

Ба гуфтаи Шайхи Муфид - мутакаллим ва фақиҳи шиа (ваф.413ҳ.қ.), Маъмун бо таҳдиди Имом Ризо ба қатл, ӯро ба пазириши вилоятъаҳдӣ маҷбур кард.[51] Имом Ризо (а) ҳам, дар муқобил, шарт кард дар умури ҳукуматӣ ҳеҷ дахолате накунад.[52] Бад-ин тартиб, Имом Ризо аз Мадина ба Марв дар Хуросон, пойтахти ҳукумати Маъмун интиқол дода шуд.[53]

Олимон шиа мегӯянд Маъмун барои зери назар гирифтани Имом Ризо,[54] хомӯш кардани инқилоби алавиҳо[55] ва машруият бахшидан ба хилофати худ[56] ӯро валиаҳд кард.

Маъмун дар 7 рамазони соли 201ҳ.қ., маросими вилоятъаҳдиро баргузор кард ва мардуму коргузорони ҳукумат бо имом байъат карданд.[57] Аз он пас, ба дастури Маъмун, хутбаҳоро ба номи Имом хонданд ва сиккаҳоро ба номаш зарб карданд.[58]

Мегӯянд Имом Ризо (а) аз муқеъияти пешомада ба нафъи ташайюъ баҳра бурд ва тавонист бисёре аз маорифи Аҳли Байт (а)-ро барои умуми мардум баён кунад.[59]

Баёни ҳадиси силсилатуззаҳаб

Мақолаи аслӣ: Ҳадиси силсилатуззаҳаб

Ба нақли муҳаддисоне чун Шайхи Садуқ ва Шайхи Тӯсӣ, Имом Ризо дар сафар ба Марв, ҳангоми убур аз Нишопур, ба дархости олимони ин шаҳр, ҳадисе қудсӣ гуфт,[60] ки ба ҳадиси силсилатуззаҳаб (яъне занҷираи тиллоӣ) машҳур шудааст.[61] Эҳтимол додаанд иллати шӯҳрати ин ҳадис ба силсилатуззаҳаб ин бошад, ки тамоми силсилаи санадаш то Худо маъсуманд ё ин ки ба ин иллат аст, ки яке аз амирони сомонӣ ҳадисро бо тилло навишта ва амр карда буд вақте мурд, онро бо ӯ дафн кунанд.[62] Ҳадиси силсилатуззаҳаб, бар асоси нақли Шайхи Садуқ, ба ин шарҳ аст:

اللَّه َ عَزَّ وَ جَل‏ّ یقُولُ: لَا إِلَهَ إِلَّا اللَّهُ حِصْنِی فَمَنْ دَخَلَ حِصْنِی أَمِنَ مِنْ عَذَابِی قَالَ فَلَمَّا مَرَّتِ الرَّاحِلَةُ نَادَانَا بِشُرُوطِهَا وَ أَنَا مِنْ شُرُوطِهَا

...Худованди азза ва ҷал мефармояд: «ло илоҳа иллаллоҳ» дижу ҳисори Ман аст. Ҳар кас ки дар дижи ман дарояд аз азобам дар амон аст. Замоне ки мураккаб ба роҳ афтод, Имом Ризо (а) гуфт: албата бо шароиташ, ва ман ҷузви шароити онам.[63]

Намози иди Фитр

Моҷарои намози иди Фитри Имом Ризо (а) дар китобҳои ҳадисие чун Кофӣ ва Уюну ахбор-ир-Ризо гузориш шудааст.[64] Тибқи ин гузориш, пас аз вилоятъаҳдии Имом Ризо, Маъмун аз ӯ хост намози иди Фитрро иқома кунад; аммо ӯ шарташ аз пазириши вилоятъаҳдӣ, мабнӣ бар дахолат накардан дар умури хилофатро ба Маъмун ёд овард ва онро напазируфт; аммо пас аз исрори Маъмун, имом ба ӯ гуфт пас ман монанди Расули Худо ва Имом Алӣ (а) ба намоз хоҳам рафт ва Маъмун пазируфт.[65]

Субҳи рӯзи ид, Имом Ризо ғусл кард, амомаи сифед бар сар баст ва ҳамроҳ бо ёронаш, бо пои бараҳна берун омад ва шурӯъ ба такбир гуфтан кард. Сипас роҳ афтоду мардум бо ӯ ҳамроҳ шуданд. Ҳар даҳ қадам ки бармедошт меистод ва се бор такбир мегуфт. Тамоми шаҳр таҳти таъсири ин рафтори Имом, ба гиряву заҷҷа афтода буд. Хабар ба гӯши Маъмун расид. Фазл ибни Саҳл, вазири Маъмун, ба ӯ гуфт агар Ризо бо ин ҳолат ба маҳалли намоз бирасад, мардуми шаҳр бо ӯ ҳамроҳ мешаванду бар зидди ту мешӯранд. Маслиҳат он аст, ки аз ӯ бихоҳӣ, то баргардад. Бад-ини тартиб, Маъмун касеро назди Имом фиристод ва аз ӯ хост баргардад. Имом ҳам кафшҳояшро пӯшид ва ба хона баргашт.[66]

Расули Ҷаъфариён - таърихпажӯҳ, ин достонро яке аз далелҳои тирагии робитаи Маъмун бо Имом Ризо (а) донистааст.[67]

Таъсири Имом Ризо бар густариши шиа дар Эрон

Мақолаи аслӣ: Сафари Имом Ризо ба Марв

Имом Ризо танҳо имом аз имомон шиа аст ки дар Эрон дафн шудааст.[68] Расули Ҷаъфариён омадани Имом Ризо ба Эронро яке аз омилҳои густариши шиа дар ин кишвар медонад. Ӯ аз Шайхи Садуқ нақл мекунад, ки Имом Ризо дар масири ҳаракаташ аз Мадина ба Марв, дар ҳар шаҳре аз Эрон ки иқомат мегузид, мардум суроғаш меомаданду саволоташонро аз ӯ мепурсиданд ва Имом Ризо (а) посухи онҳоро бар асоси аҳодисе медод, ки ровиёни санадашон имомони пеш аз ӯ то Имом Алӣ (а) ва Пайғамбар (с) буданд ва ҳамин ирҷоъ ба имомон, аз омилҳои густариши тафаккури шиӣ буд.[69]

Ба гуфтаи вай, вуҷуди Имом дар Хуросон боиси ошноии бештари мардум бо шахсияти ӯ ба унвони имоми шиаён шуд ва ҳамин, алоқамандони шиаро рӯз ба рӯз бештар кард. Ӯ ҷойгоҳи илмии Имом ва алавӣ будани ӯро муҳимтарин омил дар тавсеаи мазҳаби шиа дар Эрон мешуморад.[70]

Ҳамчунин ширкати Имом дар мунозироте, ки Маъмун миёни Имому мухолифонаш дар заминаҳои имомат ва набувват барпо мекард ва бартарии Имом дар онҳо шахсияти илмии Имомро ба мардум нишон медод. Яке аз шоҳидон дар ин замина ҳадисе аст, ки Шайхи Садуқ нақл карда ва тибқи он, ба Маъмун хабар доданд Имом Ризо ҷаласоти каломӣ баргузор мекунаду мардум ҷазби ӯ шудаанд ва Маъмун дастур дод мардумро аз ҷаласаи Имом берун кунанд.[71]

Дар шаҳрҳову минтақаҳои мухталифи Эрон, биноҳое ҳамчун масҷиду ҳаммому қадамгоҳ, ба номи Имом Ризо номгузорӣ шуда, ки маҳалли таваққуфи ӯ дар масири ҳаракаташ ба Марв буда ва Ҷаъфариёни инро аз шавоҳиди таъсири омадани Имом Ризо (а) ба Эрон дар густариши шиа дар ин кишвар медонад.[72] Аз ҷумлаи ин биноҳо масҷиди Имом Ризо дар шаҳри Аҳвоз, қадамгоҳҳои мансуб ба ӯ дар шаҳрҳои мухталиф ҳамчун Шуштар, Дизфул, Язд, Домғон ва Нишопур ва низ ҳаммоми Ризо дар Нишопур аст.[73] Ӯ менависад ҳарчанд иртиботи бархе аз ин маконҳо бо Имом Ризо мумкин аст дуруст набошад, алоқаи шиъии мардуми Эронро нишон медиҳад.[74]

Наҳваи шаҳодат

Салавоти хоссаи Имом Ризо (а)

اللّهُمَّ صَلِّ عَلَی عَلِی بْنِ مُوسَی الرِّضَا الْمُرْتَضَی الْإِمامِ التَّقِی النَّقِی وَحُجَّتِک عَلَی مَنْ فَوْقَ الْأَرْضِ وَمَنْ تَحْتَ الثَّرَی الصِّدِیقِ الشَّهِیدِ صَلاةً کثِیرَةً تامَّةً زاکیةً مُتَواصِلَةً مُتَواتِرَةً مُتَرادِفَةً کأَفْضَلِ مَا صَلَّیتَ عَلَی أَحَدٍ مِنْ أَوْلِیائِک

Худоё, дуруд фирист бар Алӣ ибни Мӯсо ар-Ризо, имоми писандидаи ботақвои беайб, ва ҳуҷҷатат бар ҳарки рӯи замину ҳарки зери он аст, он ростгӯи шаҳид; дуруде бисёру комилу пок ва баҳам пайваставу паёпай ва дарпайи ҳам, монанди бартарин дуруде ки бар яке аз авлиёят фиристодаӣ.

Ибни Қулавайҳ, Комил-уз-зиёрот, 1356ҳ.ш., саҳ.309.

Гузоришҳои мутафовите дар хусуси наҳваи шаҳодати Имом Ризо дар даст аст. Сайид Ҷаъфар Муртазо Омилӣ (ваф.1441ҳ.қ.) таърихпажӯҳ, навиштааст олимони шиа, ба ҷузи андаке, иттифоқи назар доранд, ки Имом Ризо ба дастури Маъмун ба шаҳодат расидааст. Ҳамчунин бисёре аз олимону муаррихони аҳли суннат ҳам муътақиданд ё бештар эҳтимол медиҳанд, ки ӯ ба марги табиӣ аз дунё нарафтааст.[75]

Бар асоси китоби Таърихи Яъқубӣ (таълиф: қарни 3ҳ.қ.), Маъмун аз Марв ба қасди рафтан ба Бағдод хориҷ шуд ва Имом Ризоро ки валиаҳдаш буд бо худ ҳамроҳ кард.[76] Вақте ба Тӯс расиданд, Имом Ризо бемор шуд ва пас аз се рӯз, дар қарияе ба номи Навқон даргузашт. Ҳамӯ менависад гуфта шуда Алӣ ибни Ҳишом сардори Маъмун, бо анор Имомро масмум кард.[77] Табарӣ - таърихнигори аҳли суннат, ҳам дар таърихаш (таълиф: 303ҳ.қ.) сирфан гузориш карда, ки Имом дар ҳоли хӯрдани ангур буд, ки ногаҳон ҷон бохт.[78]

Шайхи Муфид - мутакаллим ва фақиҳи шиа, дар китоби Тасҳеҳ-ул-эътиқод, бо тардид, аз кушта шудани Имом Ризо сухан гуфтааст; аммо эҳтимоли кушта шудани ӯро қавӣ донистааст;[79] аммо дар китоби дигараш, ал-Иршод, ривояте нақл карда ки тибқи он, Имом Ризо, ба дастури Маъмун бо оби анор масмум шудааст.[80] Шайхи Садуқ ҳам ривоёте нақл карда ки бар асоси онҳо Маъмун Имом Ризоро ба василаи ангур[81] ё анор[82] ё бо ҳарду[83] масмум кардааст. Барои исботи шаҳодати ӯ ба ривояти Мо минно илло мақтулун шаҳид, ки бар шаҳодати ҳамаи аимма далолат дорад[84] низ истинод мешавад.[85]

Ҳарами Имом Ризо (а)

Мақолаи аслӣ: Ҳарами Имом Ризо (а)

Эрон, Машҳад, Ҳарами Имом Ризо (а)

Пас аз шаҳодати Имом Ризо (а), Маъмун, ӯро дар боғ ё дорулимораи Ҳумайд ибни Қаҳтабаи Тоӣ аз фармондеҳони аббосӣ, наздики рӯстои Санобод дафн кард. Пеш аз он, Ҳорун - халифаи аббосӣ, падари Маъмун дар он ҷо дафн шуда буд ва аз ин рӯ ба Буқъаи ҳоруния шӯҳрат дошт.[86] Имом Ризо танҳо имоме аст, ки дар Эрон дафн шудааст.[87]

Навиштаанд дар тӯли қарнҳо, мазори Имом Ризои мавриди алоқаи ҳамаи мусулмонони манотиқи Хуросон буда ва афзун бар шиаён, аҳли суннат низ ба зиёрати ӯ мерафтанд.[88]

Оромгоҳи Имом Ризо ба тадриҷ ба яке аз зиёратгоҳҳои ҷаҳони Ислом ва ба вижа шиа табдил шуд. Зиёрати Имом Ризо яке аз боварҳои муҳим дар зиндагии мардум аст. Маҳалли дафни Имом Ризо ба Машҳадурризо шӯҳрат ёфт ва имрӯза шаҳри Машҳад номида мешавад. Мегӯянд ба иллати истиқболи фаровон ба зиёрати Имом Ризо, шаҳри Машҳад дуюмин шаҳри зиёратии ҷаҳон шинохта мешавад.[89]

Асҳоб

Мақолаи аслӣ: Феҳристи асҳоби Имом Ризо (а)

Шайхи Тӯсӣ дар китоби риҷолаш, номи тақрибан 320 нафарро ба унвони асҳоби Имом Ризо (а) зикр кардааст.[90] Дар бархе дигар аз манобеъ, рақамҳои дигаре дар ин замина зикр шудааст.[91] Муҳаммад Маҳдии Наҷаф, дар китоби ал-Ҷомеъу лирувоти асҳоб-ил-Имоми ар-Ризо, аз манобеи мухталифи шиа, номи 831 нафарро ба унвони ровӣ ва асҳоби Имом Ризо (а) гирд овардааст.[92] Бархе аз асҳоби вай, ба нақли Шайхи Тӯсӣ иборатанд аз:

Муҳаммад ибни Умари Кашшӣ, аз риҷолёни шиа дар қарни чоруми қамарӣ, шаш тан аз асҳоби Имом Ризо (а)-ро ҷузви асҳоби иҷмоъ дониста, ки бад-ин шарҳанд: Юнус ибни Абдурраҳмон, Сафавон ибни Яҳё, Ибни Абиумайр, Абдуллоҳ ибни Муғайра, Ҳасан ибни Маҳбуб ва Аҳмад ибни Абинасри Базантӣ.[94]

Китобҳои мансуб ба Имом Ризо (а)

Эзоҳ

  1. Омилӣ, ал-Ҳаёт-ус-сиёсияти ли-л-Имом ар-Ризо, 1403ҳ.қ., саҳ.139
  2. Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо (а), 1378ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.14, 16. Табарсӣ, Эълом-ул-варо, ҷ.2, саҳ.40
  3. Амин, Аъён-уш-шиа, 1403ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.12 - 13
  4. Амин, Аъён-уш-шиа, 1403ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.12
  5. Омилӣ, ал-Ҳаёт-ус-сиёсияти ли-л-Имом ар-Ризо, 1403ҳ.қ., саҳ.139 - 140
  6. Табарсӣ, Эълом-ул-варо, 1417ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.41 - 42
  7. Амин, Аъён-уш-шиа, 1403ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.13
  8. Табарсӣ, Эълом-ул-варо, 1417ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.64 - 65
  9. Ниг.: Мироқоӣ, «Зомини оҳу ва таҷаллии он дар шеъри форсӣ» саҳ.11 - 13
  10. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.99, саҳ.55
  11. Ноҷӣ Идрис, «لماذا اشتهر الامام الرضا(ع) بغریب الغرباء», Вебгоҳи хабаргузории Баросо
  12. Аминӣ, ал-Ғадир, 1416ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.100
  13. Деҳхудо, Луғатномаи Деҳхудо, зайли вожаи «соминулаимма»
  14. Амин, Аъён-уш-шиа, 1403ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.13
  15. Суютӣ, Таърих-ул-хулафо, 1417ҳ.қ., саҳ.363
  16. Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо, 1378ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.13
  17. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.49, саҳ.3
  18. Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо, 1378ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.21
  19. Қарашӣ, Ҳаёт-ул-Имом ар-Ризо, 1380ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.25
  20. Ибни Шаҳрошӯб, Маноқиб, 1379ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.366
  21. Табарӣ, Далоил-ул-имома, 1413ҳ.қ., саҳ.359
  22. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.492; Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.273
  23. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.492
  24. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.492; Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.273
  25. Суютӣ, Таърих-ул-хулафо, 1417ҳ.қ., саҳ.363; Ибни Шаҳрошӯб, Маноқиб, 1379ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.367; Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо, 1378ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.147
  26. Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо, 1378ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.147
  27. Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо, 1378ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.250; Шайхи Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.271; Ибни Шаҳрошӯб, Маноқиб, 1379ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.367; Табарсӣ, Эълом-ул-варо, 1417ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.86
  28. Амин, Аъён-уш-шиа, 1403ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.13
  29. Муставфӣ, Нузҳат-ул-қулуб, 1381ҳ.ш., саҳ.100
  30. Киёи Гелонӣ, Сироҷ-ул-ансоб, 1409ҳ.қ., саҳ.179
  31. Мударрисии Таботабоӣ, Барраге аз таърихи Қазвин, 1361ҳ.ш., саҳ.12
  32. Шайхи Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.244
  33. Шӯштарӣ, Таворих-ун-наби ва-л-ол, 1391ҳ.қ., саҳ.65
  34. Саҷҷодӣ, «Остонаи ҳазрати Маъсума», саҳ.358
  35. Фозили Миқдод, Иршод-ут-толибин, 1405ҳ.қ., саҳ.337
  36. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.311 - 319
  37. Шайхи Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.247 - 253
  38. Табарсӣ, Эълом-ул-варо, 1417ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.43 - 52
  39. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.49, саҳ.11 - 28
  40. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.312
  41. Бақара, ояти 30
  42. Шайхи Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.249
  43. Ноҷӣ, «الرضا، امام»
  44. Кулайнӣ, Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.257 - 258
  45. Ҷаъфариён, Ҳаёти фикрӣ ва сиёсии имомони шиа, 1387ҳ.ш., саҳ.427 - 428
  46. Ҷаъфариён, Ҳаёти фикрӣ ва сиёсии имомони шиа, 1387ҳ.ш., саҳ.429
  47. Ҷаъфариён, Ҳаёти фикрӣ ва сиёсии имомони шиа, 1387ҳ.ш., саҳ.427
  48. Ифтихорӣ, Имом Ризо (а), Маъмун ва мавзуи вилоятъаҳдӣ, 1398ҳ.ш., саҳ.104; Ҷаъфариён, Ҳаёти фикрӣ ва сиёсии имомони шиа (а), 1387ҳ.ш., саҳ.430
  49. Сайид Муртазо, Танзиҳ-ул-анбиё (а), 1377ҳ.ш., саҳ.179; Тӯсӣ, Талхис-уш-шофӣ, 1382ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.206
  50. Боғистонӣ, «ар-Ризо, имом (вилоятъаҳдӣ)», саҳ.83
  51. Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.259
  52. Шайхи Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.489
  53. Яъқубӣ, Таъриху ал-Яъқубӣ, Дору содир, ҷ.2, саҳ.465
  54. Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо (а), 1378ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.170
  55. Омилӣ, ал-Ҳаёт-ус-сиёсияти ли-л-Имом ар-Ризо (а), 1403ҳ.қ., саҳ.226
  56. Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо (а), 1378ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.170
  57. Яъқубӣ, Таъриху ал-Яъқубӣ, Дору содир, ҷ.2, саҳ.448
  58. Яъқубӣ, Таъриху ал-Яъқубӣ, Дору содир, ҷ.2, саҳ.448
  59. Рафиъӣ, Зиндагонии Имом Ризо (а), Пажӯҳишкадаи таҳқиқоти исломӣ, саҳ.198 - 199
  60. Садуқ, ат-Тавҳид, 1398ҳ.қ., саҳ.25; Садуқ, Маъони-л-ахбор, 1403ҳ.қ., саҳ.371; Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо, 1378ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.135; Тӯсӣ, ал-Амолӣ, 1414ҳ.қ., саҳ.589
  61. Омулӣ, Мисбоҳ-ул-ҳудо, 1380ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.221
  62. Омулӣ, Мисбоҳ-ул-ҳудо, 1380ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.221
  63. Садуқ, Маъони-л-ахбор, 1403ҳ.қ., саҳ.371; Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо, 1378ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.135
  64. Кулайнӣ, Кофӣ, 1407, ҷ.1, саҳ.489 - 490; Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо, 1378ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.150 - 151
  65. Кулайнӣ, Кофӣ, 1407, ҷ.1, саҳ.489; Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо, 1378ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.150
  66. Кулайнӣ, Кофӣ, 1407, ҷ.1, саҳ.489 - 490; Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо, 1378ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.150 - 151
  67. Ҷаъфариён, Ҳаёти фикрӣ ва сиёсии имомони шиа, 1387ҳ.ш., саҳ.443
  68. Ҷаъфариён, Ҳаёти фикрӣ ва сиёсии имомони шиа, 1381ҳ.ш., саҳ.459
  69. Ҷаъфариён, таърихи ташайюъ дар Эрон, 1387ҳ.ш., саҳ.219
  70. Ҷаъфариён, таърихи ташайюъ дар Эрон, 1387ҳ.ш., саҳ.219
  71. Ҷаъфариён, таърихи ташайюъ дар Эрон, 1387ҳ.ш., саҳ.219 - 220
  72. Ҷаъфариён, Ҳаёти фикрӣ ва сиёсии имомони шиа, 1381ҳ.ш., саҳ.463
  73. Ҷаъфариён, Ҳаёти фикрӣ ва сиёсии имомони шиа, 1381ҳ.ш., саҳ.463 - 467
  74. Ҷаъфариён, Ҳаёти фикрӣ ва сиёсии имомони шиа, 1381ҳ.ш., саҳ.463
  75. Омилӣ, ал-Ҳаёт-ус-сиёсияти ли-л-Имом ар-Ризо, 1403ҳ.қ., саҳ.422
  76. Яъқубӣ, Таъриху ал-Яъқубӣ, Дору содир, ҷ.2, саҳ.451
  77. Яъқубӣ, Таъриху ал-Яъқубӣ, Дору содир, ҷ.2, саҳ.453
  78. Табарӣ, Таърих-ут-Табарӣ, 1413ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.610
  79. Муфид, Тасҳеҳу эътиқодот-ил-имомия, 1414ҳ.қ., саҳ.132
  80. Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.270
  81. Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо, 1378ҳ.қ., саҳ.243
  82. Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо, 1378ҳ.қ., саҳ.240
  83. Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо, 1378ҳ.қ., саҳ.246
  84. Садуқ, ал-Эътиқодот, 1413ҳ.қ., саҳ.99
  85. Омилӣ, ас-Саҳиҳу мин сират-ин-набий-ил-аъзам, 1426ҳ.қ., ҷ.33, саҳ.182
  86. Ҷаъфариён, Атласи шиа, 1387, саҳ.93
  87. Ҷаъфариён, Ҳаёти фикрӣ ва сиёсии имомони шиа, 1387ҳ.ш., саҳ.459
  88. Ҷаъфариён, Таърихи ташайюъ дар Эрон, 1387ҳ.ш., саҳ.228
  89. Ёҳаққӣ, «رضا(ع) امام».
  90. Шайхи Тӯсӣ, Риҷол-ут-Тӯсӣ, 1415ҳ.қ., саҳ.351 - 370
  91. Барои намуна ниг.: Уторидӣ, Муснади ал-Имоми ар-Ризо, 1413ҳ.қ., саҳ.509; Қарашӣ, Ҳаёату ал-Имом Алӣ ибни Мӯсо ар-Ризо, 1380ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.86 - 180
  92. Наҷаф, ал-Ҷомеъу лирувоти асҳоб-ил-Имоми ар-Ризо, 1407ҳ.қ. саҳ.571
  93. Ниг.: Тӯсӣ, Риҷол-ут-Тӯсӣ, 1415ҳ.қ., саҳ.351 - 370
  94. Кашшӣ, Риҷолу ал-Кашшӣ, 1409ҳ.ш., саҳ.556