Таваррук

Товаррук (форсӣ: تَوَرُّک) аз одоби намоз дар фиқҳи шиа, ба шеваи хосси нишастан ишора дорад, ки дар он намозгузор бар рӯи рони чап менишинад ва пои ростро бар кафи пои чап қарор медиҳад.[1] Фақеҳон ин амалро дар ташаҳҳуд[2] ва байни ду саҷда[3] мустаҳаб медонанд. Албатта аз назари Соҳиби Ҷавоҳир ин мустаҳаб будан хосси мардон аст ва занонро шомил намешавад.[4]
Бар асоси ривояте, ин шеваи нишастан дар намозро Имом Содиқ(а) анҷом дод ва дар посух ба Ҳаммод ибни Исо ки аз кароҳати он пурсид, кароҳати онро ба Банӣ Исроил нисбат дод.[5]
Абдуллоҳ Ҷаводии Омулӣ, аз фақеҳони шиа, бо истинод ба ривояти «Аллоҳумма амит-ил-ботил ва ақим-ил-ҳақ»,[6] таваррукро намоди ғалабаи ҳақ бар ботил тафсир кардааст. Ба назари ӯ, пои рост намоди ҳақ ва пои чап намоди ботил аст.[7]
Бархе аз мазоҳиби аҳли суннат дар ташаҳҳуд, ифтирош(нишастан бо пои чапи хамшуда ва пои рости амудӣ)–ро мустаҳаб медонанд.[8] Бархеи дигар низ дар ташаҳҳуди аввал ифтирош ва дар ташаҳҳуди дуюм таваррукро.[9]
Товаррук дар қиёми намоз ба маънои такя додан ё интиқоли вазни бадан байни поҳо[10] ва низ ба маънои такя додани дастҳо бар ронҳо дар манобеи фиқҳӣ макруҳ шумурда шудааст.[11]
Эзоҳ
- ↑ Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1419ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.574
- ↑ Муҳаққиқ Ҳиллӣ, ал-Муътабар фи шарҳ-ил-мухтасар, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.214 ва 228; Хӯӣ, Шарҳи Урват-ул-вусқо, 1418ҳ.қ., саҳ.177 ва 343
- ↑ Аллома Ҳиллӣ, Тазкират-ул-фуқаҳо, 1414ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.197
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.10, саҳ.182
- ↑ Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиа, Муассисату Оли-л-байт алайҳимуссалом лиэҳё-ит-турос, ҷ.12, саҳ.107
- ↑ Шайхи Садуқ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.320
- ↑ Ҷаводии Омулӣ, Розҳои намоз, 1389ҳ.ш., саҳ.143
- ↑ Нававӣ, ал-Маҷмуъ, Шарҳи Муҳаззаб, Дор-ул-фикр, ҷ.3, саҳ.450; Муҳаққиқ Ҳиллӣ, ал-Муътабар фи шарҳ-ил-мухтасар, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.228
- ↑ Муҳаққиқ Ҳиллӣ, ал-Муътабар фи шарҳ-ил-мухтасар, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.228
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.11, саҳ.91; Шаҳиди Аввал, ал-Алфия ва-н-нафлия, 1408ҳ.қ., саҳ.114; Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1420ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.38
- ↑ Аллома Ҳиллӣ, Тазкират-ул-фуқаҳо, 1414ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.298 ва 299
Сарчашма
- Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Тазкират-ул-фуқаҳо, Қум, Муассисату Оли-л-байт (а), 1414ҳ.қ.
- Муҳаққиқ Ҳиллӣ, Ҷаъфар ибни Ҳасан, ал-Муътабар фи шарҳ-ил-мухтасар, Қум, Муассисату Сайид-уш-шуҳадо (а), чопи аввал, 1407ҳ.қ.
- Нававӣ, Яҳё ибни Шараф, ал-Маҷмуъ, Шарҳи Муҳаззаб, Бейрут, Дор-ул-фикр, бе таърих.
- Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, чопи ҳафтум, 1362ҳ.ш.
- Таботабоии Яздӣ, Сайид Муҳаммадказим, ал-Урват-ул-вусқо, таҳқиқ: Муассисаи Нашри исломӣ, Ҷомеаи мударрисин, чопи аввал, 1420ҳ.қ.
- Хӯӣ, Сайид Абулқосим, Шарҳи Урват-ул-вусқо, таҳқиқи Муҳаммадризо Мусавии Халхолӣ, Қум, Нашри Тавҳид, 1418ҳ.қ. / 1998м.
- Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, Қум, Дафтари Интишороти исломӣ вобаста ба Ҷомеаи мударрисини Ҳавзаи илмияи Қум, 1413ҳ.қ.
- Шаҳиди Аввал, Муҳаммад ибни Маккӣ, ал-Алфия ва-н-нафлия, Қум, Мактаб-ул-эълом-ил-исломӣ, 1408ҳ.қ.
- Ҳурри Омилӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Васоил-уш-шиа, Қум, Муассисату Оли-л-байт алайҳимуссалом лиэҳё-ит-турос, бе таърих.
- Ҷаводии Омулӣ, Абдуллоҳ, Розҳои намоз, таҳқиқ: Ҳусайн Шафеӣ, Қум, Исро, чопи шонздаҳум, 1389ҳ.ш.