Мисвок задан
Ин мақола як навиштаи тавсифӣ дар бораи як мафҳуми фиқҳист ва наметавонад меъёре барои аъмоли динӣ бошад. Барои аъмоли динӣ ба манбаъҳои дигар муроҷиат намоед. |
| Бахше аз аҳкоми амалӣ ва фиқҳӣ |
|---|
Мисвок задан (форсӣ: مِسواکزدن) аз суннатҳои муаккади исломӣ аст, ки дар ҳадисҳои бисёре бар он тавсия шудааст. Дар фиқҳи шиа, ин амал мустаҳаб шумурда мешавад, аммо дар шароите монанди истифода дар ҳаммом ва ҳоҷатхона дорои караҳат аст. Ҳамчунин фурӯ бурдани рутубати мисвок барои шахсони рӯзадор, боиси ботил шудани рӯза мешавад.
Мисвок задан дар замонҳое чун пеш аз намоз, ҳангоми хоб, қабл аз вузу ва дар саҳаргоҳон тавсияи бештаре шудааст. Ҳамчунин одобе барои ин амал баён шудааст, монанди хондани дуои махсус, мазмаза (обкашии даҳон) ва истифода аз чӯби арок ё зайтун. Албатта дар бархе ривоятҳо ба асли тоза кардани дандон тавсия шудааст.
Ҷойгоҳ ва аҳамият
Мисвок задан, ба унвони як мустаҳаби муаккад,[1] яке аз одоби намоз ва вузу[2] шумурда мешавад. Ҳамчунин аз суннатҳои пайғамбарон[3] ва бахше аз тавсияҳои Пайғамбар ба Имом Алӣ (а)[4] будааст.
Дар ривоятҳои нақлшуда аз маъсумон (а) бар мисвок задан таъкид шудааст. Беш аз ҳаштод ривоят дар аҳамият ва одоби он дар китоби Васоил-уш-шиа нақл шудааст.[5] Ин мавзуъ дар бобҳои гуногуни фиқҳӣ монанди таҳорат,[6] салот,[7] савм[8] ва ҳаҷҷ[9] баҳс шудааст. Ҳамчунин дар китобҳои ахлоқ ва одоб чун Ҳилят-ул-муттақини Аллома Маҷлисӣ,[10] Асрор-ус-салоти Маликии Табрезӣ[11] ва Мафотиҳ-ул-ҳаёти Ҷаводии Омулӣ[12] дар бораи он сухан гуфта шудааст.
Мисвок задан аз вижагиҳои Пайғамбар (с) маҳсуб шудааст[13] ва бино бар ривоятҳо агарчи ба хотири ҷилавгирӣ аз машаққат бар мусулмонон воҷиб нашуд,[14] аммо чунон мавриди таъкид буд, ки Пайғамбар (с) гумон бурд ба зудӣ воҷиб хоҳад гардид.[15] Ҳамчунин фазилати намозе, ки баъди мисвок задан хонда шавад, то ҳафтод баробар намози бидуни он шумурда шудааст.[16]
Осор ва одоби мисвок задан
Мисвок задан дар ривоятҳо дорои осори фаровонест, ки дар як ривоят, дувоздаҳ фоида барои он баршумурда шудааст;[17] аз ҷумла тозагии даҳон, сафедӣ ва ҷилавгирӣ аз пӯсидагии дандонҳо ва устувории ласа.[18]
Мисвок задан умуман мустаҳаб аст, аммо дар замонҳое монанди саҳаргоҳон, пеш аз вузу ва намоз,[19] қабл аз хоб,[20] пас аз бедорӣ ва пеш аз намози ҷамоати субҳ[21] ва низ ҳангоми тиловати Қуръон[22] истеҳбоби бештаре дорад.
Барои мисвок задан одобе баён шудааст, аз ҷумла хондани дуои махсус,[23] мазмаза (гардондани об дар даҳон)[24] ва ҳаракати амудии мисвок.[25] Ҳамчунин истифода аз чӯби арок ё чӯби зайтун, ки гуфта шудааст мисвоки Пайғамбар (с) ва дигар анбиё будааст,[26] тарҷеҳ дорад.[27] Бо ин ҳол, дар бархе ривоятҳо бар мисвок задан бо ангушт ё шохаи дарахтон ҳам тавсия шудааст.[28]
Аҳкоми фиқҳии мисвок задан
- Боби таҳорат: Аз назари фақеҳон, мисвок задан дар ҳаммом ва ҳоҷатхона макруҳ аст.[29] Албатта бархе фақеҳон ин караҳатро махсуси ҳолати тахаллӣ медонанд[30] ва Шайх Муфид онро дар ҳолати тахаллӣ ҳаром донистааст.[31] Ҳамчунин мисвок задан аз одоби мустаҳабби намоз ва вузу маҳсуб мешавад.[32]
- Боби рӯза: Ба фатвои фақеҳон агар рӯзадор мисвоки тарро аз даҳон берун оварда ва бозгардонад ва рутубати онро фурӯ барад, рӯзааш ботил мешавад, магар ин ки рутубат дар оби даҳон аз байн равад.[33] Ҳамчунин мисвок задан бо чӯби тар барои рӯзадор караҳат дорад.[34]
- Боби ҳаҷҷ: Мисвок задан пеш аз эҳром мустаҳаб аст;[35] аммо агар муҳрим бидонад, ки бо мисвок задан аз ласаи ӯ хун меояд, ин кор барои ӯ ҳаром хоҳад буд.[36] Албатта, Оятуллоҳ Систонӣ мисвок задан дар ҳолати эҳромро, ҳатто бо илм ба ин ки сабаби хунрезӣ аз ласа мешавад, низ ҷоиз медонад.[37]
Эзоҳ
- ↑ Маликии Табрезӣ, Асрор-ус-салот, 1420ҳ.қ., саҳ.46
- ↑ Маҷлисӣ, Лавомеи Соҳибқиронӣ, 1414ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.449; Шерозӣ, ал-Фиқҳ - ан-назофа, саҳ.88
- ↑ Садуқ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақеҳ, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.55
- ↑ Садуқ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақеҳ, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.53
- ↑ Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиа, 1409ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.5–27
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.70
- ↑ Маҷлисӣ, Лавомеи Соҳибқиронӣ, 1414ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.449
- ↑ Таботабоӣ Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1419ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.588; Маҷлисӣ, Лавомеи Соҳибқиронӣ, 1414ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.371
- ↑ Маҳмудӣ, Маносики умраи муфрада (Муҳашшо), 1429ҳ.қ., саҳ.75
- ↑ Маҷлисӣ, Ҳилят-ул-муттақин, 1388ҳ.ш., саҳ.155–157
- ↑ Маликии Табрезӣ, Асрор-ус-салот, 1420ҳ.қ., саҳ.46
- ↑ Ҷаводии Омулӣ, Мафотиҳ-ул-ҳаёт, 1391ҳ.ш., саҳ.43–45
- ↑ Каракӣ, Ҷомеъ-ул-мақосид, 1414ҳ.қ., ҷ.12, саҳ.52; Суютӣ, ал-Хасоис-ул-кубро, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, ҷ.2, саҳ.396
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.22
- ↑ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.73, саҳ.126
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.22
- ↑ Маликии Табрезӣ, Асрор-ус-салот, 1420ҳ.қ., саҳ.45
- ↑ Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиа, 1409ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.8
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.23
- ↑ Таботабоӣ, Сунан-ун-набӣ (с), 1416ҳ.қ., саҳ.265; Маликии Табрезӣ, Асрор-ус-салот, 1420ҳ.қ., саҳ.46
- ↑ Таботабоӣ, Сунан-ун-набӣ (с), 1416ҳ.қ., саҳ.265; Маликии Табрезӣ, Асрор-ус-салот, 1420ҳ.қ., саҳ.46
- ↑ Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиа, 1409ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.22–23
- ↑ Маликии Табрезӣ, Асрор-ус-салот, 1420ҳ.қ., саҳ.46
- ↑ Шерозӣ, ал-Фиқҳ - ан-назофа, саҳ.88
- ↑ Табарсӣ, Макорим-ул-ахлоқ, 1412ҳ.қ., саҳ.50
- ↑ Табарсӣ, Макорим-ул-ахлоқ, 1412ҳ.қ., саҳ.48
- ↑ Маликии Табрезӣ, Асрор-ус-салот, 1420ҳ.қ., саҳ.46
- ↑ Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиа, 1409ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.23–24
- ↑ Ибни Ҳамза, ал-Васила, 1408ҳ.қ., саҳ.48; Муҳаққиқи Ҳиллӣ, ал-Муътабар фи шарҳ-ил-мухтасар, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.137
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.70
- ↑ Шайх Муфид, ал-Муқниъа, 1410ҳ.қ., саҳ.41
- ↑ Маҷлисӣ, Лавомеи Соҳибқиронӣ, 1414ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.449
- ↑ Баниҳошимии Хумайнӣ, Рисолаи Тавзеҳ-ул-масоили мароҷеъ, Дафтари интишороти исломӣ, ҷ.1, саҳ.892
- ↑ Таботабоӣ Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1419ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.588; Баниҳошимии Хумайнӣ, Рисолаи Тавзеҳ-ул-масоили мароҷеъ, Дафтари интишороти исломӣ, ҷ.1, саҳ.925
- ↑ Муҳаммадии Райшаҳрӣ, Ҳаҷ ва умра дар Қуръон ва ҳадис, 1428ҳ.қ., саҳ.183
- ↑ Пажӯҳишкадаи ҳаҷҷу зиёрат, Маносики ҳаҷҷи муҳашшо, 1396ҳ.ш., саҳ.197
- ↑ Пажӯҳишкадаи ҳаҷҷу зиёрат, Маносики ҳаҷҷи муҳашшо, 1396ҳ.ш., саҳ.197
Сарчашма
- Баниҳошимии Хумайнӣ, Сайид Муҳаммадҳасан, Рисолаи Тавзеҳ-ул-масоили мароҷеъ, Қум, Дафтари интишороти исломӣ вобаста ба Ҷомеаи мударрисини Ҳавзаи илмияи Қум, бетаърих
- Ибни Ҳамза, Муҳаммад ибни Алӣ, ал-Васила, Қум, Интишороти Китобхонаи Оятуллоҳ Мараъшии Наҷафӣ, 1408ҳ.қ.
- Каркӣ, Алӣ ибни Ҳусайн, Ҷомеъ-ул-мақосид фи шарҳ-ил-қавоид, Қум, Муассисаи Оли Байт, 1414ҳ.қ.
- Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1407ҳ.қ.
- Маликии Табрезӣ, Мирзо Ҷавод, Асрор-ус-салот, мутарҷим: Ризо Раҷабзода, Теҳрон, Паёми озодӣ, 1420ҳ.қ.
- Маҳмудӣ, Муҳаммадризо, Маносики умраи муфрада (Муҳашшо), Қум, Машъар, 1429ҳ.қ.
- Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, 1403ҳ.қ.
- Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Ҳилят-ул-муттақин, Қум, Интишороти Масҷиди муқаддаси Ҷамкоран, 1388ҳ.ш.
- Маҷлисӣ, Муҳаммадтақӣ, Лавомеи Соҳибқиронӣ, Қум, Исмоилиён, 1414ҳ.қ.
- Муҳаммадии Райшаҳрӣ, Муҳаммад, Ҳаҷ ва умра дар Қуръон ва ҳадис, Қум, Нашри Машъар, 1428ҳ.қ.
- Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Ҷаъфар ибни Ҳасан, ал-Муътабар фи шарҳ-ил-мухтасар, Қум, Муассисаи Сайидушшуҳадо (а), 1407ҳ.қ.
- Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, 1404ҳ.қ.
- Пажӯҳишкадаи ҳаҷҷу зиёрат, Маносики ҳаҷҷи муҳашшо, Теҳрон, Машъар, 1396ҳ.ш.
- Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақеҳ, Қум, Дафтари интишороти исломӣ вобаста ба Ҷомеаи мударрисини Ҳавзаи илмияи Қум, 1413ҳ.қ.
- Суютӣ, Абдурраҳмон ибни Абубакр, ал-Хасоис-ул-кубро, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, бетаърих
- Табарсӣ, Ҳасан ибни Фазл, Макорим-ул-ахлоқ, Қум, Нашри Шарифи Разӣ, 1412ҳ.қ.
- Таботабоӣ Яздӣ, Сайид Муҳаммадкозим, ал-Урват-ул-вусқо (ал-Муҳашшо), Қум, Дафтари интишороти исломӣ вобаста ба Ҷомеаи мударрисини Ҳавзаи илмияи Қум, 1419ҳ.қ.
- Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, Сунан-ун-набӣ (с), Қум, Дафтари интишороти исломӣ вобаста ба Ҷомеаи мударрисини Ҳавзаи илмияи Қум, 1416ҳ.қ.
- Шайх Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Муқниъа, Қум, Дафтари интишороти исломӣ вобаста ба Ҷомеаи мударрисини Ҳавзаи илмияи Қум, 1410ҳ.қ.
- Шерозӣ, Сайид Муҳаммад Ҳусайнӣ, ал-Фиқҳ - ан-назофа, б.н., бетаърих (Нармафзори Фиқҳи Аҳли Байт 2 Нур)
- Ҳурри Омилӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Васоил-уш-шиа, Қум, Муассисаи Оли Байт (а), 1409ҳ.қ.
- Ҷаводии Омулӣ, Абдуллоҳ, Мафотиҳ-ул-ҳаёт, Қум, Нашри Исро, 1391ҳ.ш.