Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Саҷдаи намоз

Аз wikishia

Ин мақола дар бораи саҷдаи намоз аст. Барои ошиноӣ бо мафҳуми саҷда ба унвони як амали ибодӣ, мақолаи Саҷдаро бубинед.


Саҷдаи намоз (форсӣ: سجده نماز) аз аркони намоз аст ва мусулмонон бояд дар ҳар ракъати намоз ду бор саҷда кунанд. Дар саҷда бояд ҳафт узви бадан иборат аз: пешонӣ, кафи дастҳо, зонуҳо ва ангуштҳои по бар замин қарор гирад ва зикри он дар ҳолати оромӣ гуфта шавад. Шахси нотавон бояд то ҳадди тавон хам шавад ва дар сурати нотавонӣ, бо сар, чашм ё ният дар дил ишора кунанд.

Маҳалли саҷда бояд пок ва аз ҷинси замин ё гиёҳони ғайрихӯрокӣ бошад. Саҷда бар турбати Имом Ҳусайн (а) бартар дониста шудааст. Саҷда бар тилло, нуқра ё сангҳои маъданӣ саҳеҳ нест ва дар ҳолати зарурат, саҷда бар либоси катонӣ ё пахтагӣ муҷоз аст. Аз мустаҳабботи саҷда метавон ба тӯлонӣ кардани он, истиғфор миёни ду саҷда ва риояти одоби нишастан ва бархостан ишора кард.

Рукн будани саҷда барои намоз

Тасвире аз намозгузорон дар Масҷидулақсо ки саҷдаи намозро анҷом медиҳанд.

Саҷда аз воҷиботи намоз аст ва дар ҳамаи намозҳо, дар ҳар ракъат пас аз рукуъ, ду бор анҷом мешавад.[1] Ин ду саҷда бо ҳам аз аркони намоз ба шумор мераванд[2] ва бар асоси фатвои фақеҳон,[3] баъзе аҳодис[4] ва қоидаи ло туод[5] бо қасдан ё саҳван тарк кардани он, намоз ботил мешавад.[6] Аҳкоми саҷда дар сарчашмаҳои фиқҳӣ, дар заминаи масъалаҳои марбут ба намоз баён шудааст.[7]

Чигунагии саҷда кардан

Намозгузор пас аз рукуъ меистад, сипас ба саҷда меравад ва бояд ҳафт узви бадан, яъне пешонӣ, кафи ду даст, сари зонуҳо ва сари ду ангушти бузурги поҳоро бар замин қарор диҳад ва зикри саҷдаро бигӯяд.[8] Пас аз зикр, сар аз саҷда бардошта мешавад ва намозгузор менишинад. Пас аз он ки бадан ором гирифт, саҷдаи дувумро анҷом медиҳад. Намозгузор пас аз саҷдаи дувум дубора менишинад ва пас аз андаке оромӣ (ҷаласаи истироҳат) идомаи намозро ба ҷо меоварад.[9]

Чигунагии саҷда кардани шахси нотавон

Касе, ки наметавонад пешониро бар замин гузорад, бояд муҳр ё чизи дигареро, ки саҷда бар он саҳеҳ аст, бар ҷои баланд қарор диҳад, ба андозаи тавон хам шавад ва тавре пешониро бар он бигузорад, ки бигӯянд саҷда кардааст. Ҳамзамон, бояд кафи дастҳо, зонуҳо ва ангуштҳои поро ба таври маъмул бар замин бигузорад.[10]

Касе, ки ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонад хам шавад, бояд барои саҷда бинишинад ва бо сар ишора кунад ва агар ин низ мумкин набошад, бояд бо чашмҳо ишора намояд. Чунин фарде агар метавонад, бояд муҳрро ба андозае баланд кунад, ки пешониро бар он бигузорад ва агар наметавонад, шахси дигаре муҳрро баланд мекунад, то ӯ пешониро бар муҳр бигузорад. Ҳамчунин агар намозгузор тавоноии ишора кардан бо сар ё чашмҳоро надошта бошад, бояд дар дил нияти саҷда кунад ва бо даст ва монанди он барои саҷда ишора намояд.[11]

Тасвире аз Имом Хумайнӣ бунёнгузори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бемористон, ки ба далели нотавонӣ аз анҷоми саҷдаи намоз, фарди дигаре муҳрро бар пешонии ӯ мегузорад.

Воҷиботи саҷда

Бар асоси китобҳои фиқҳӣ, барои анҷоми саҷдаи намоз корҳое лозим аст:

  • Қарор гирифтани ҳамаи аъзои ҳафтгона бар замин;[12]
  • Гуфтани зикри саҷда дар ҳолати оромӣ, на дар ҳоли ҳаракат;[13]
  • Андаке нишастан миёни ду саҷда;[14]
  • Анҷоми ду саҷда дар ҳар ракъат: қасдан кам ё зиёд кардани саҷда боиси ботил шудани намоз мешавад, аммо агар намозгузор танҳо як саҷдаро фаромӯш кунад ва пеш аз рукуъ бифаҳмад, бояд бинишинад ва саҷдаи фаромӯшшударо ба ҷо оварда ва пас аз намоз ду саҷдаи саҳв ба ҷо оварад. Аммо агар дар рукуъ ё пас аз он фаҳмад, бояд намозро идома диҳад ва пас аз намоз, илова бар қазои саҷдаи фаромӯшшуда, ду саҷдаи саҳв ба ҷо оварад.[15]

Мустаҳаббот ва макруҳоти саҷда

Ҳаммод ибни Исо саҷдаи намози Имом Содиқ (а)-ро чунин тавсиф кардааст:

...ба саҷда рафт ва ду кафи дасти худро дар ҳоле ки ангуштҳояш ба ҳам часпида буд, муқобили зонуҳо, наздики рӯи хеш баланд кард ва се бор фармуд: «Субҳона рабия-л-аъло ва биҳамдиҳ» ва саҷдаро чунон ба ҷо овард, ки ҳеҷ узве аз аъзои худро бар узви дигар такя надод ва ҳангоми саҷда ҳашт мавзеъро бар замин ниҳода буд: ду кафи даст, ду зону, ду шусти по, пешонӣ ва бинӣ, ва фармуд: ҳафт мавзеъ аз ин аъзо воҷиб аст.[16]


Дар китобҳои фиқҳӣ, мустаҳаббот ва макруҳоте барои саҷдаи намоз баён шудааст.

Мустаҳабботи саҷда:

  • Гуфтани такбир пеш аз саҷдаи якум ва дувум ва пас аз ҳар ду;
  • Барои рафтан ба саҷда, мардон аввал дастҳо ва занон аввал зонуҳоро бар замин бигузоранд;
  • Расондани бинӣ бар чизи, ки саҷда бар он саҳеҳ аст;
  • Рӯ ба қибла қарор додани ангуштҳо ва ба ҳам часпонидани онҳо, ба ҷуз ангушти шаст;
  • Такрори зикри саҷда ба адади тоқ (монанди се, панҷ ё ҳафт бор);
  • Гуфтани зикри салавот ва тӯлонӣ кардани саҷда;
  • Нишастан ба ҳолати таваррук пас аз саҷда (нишастан бар рӯи рони чап ва гузоштани пои рост бар кафи пои чап);
  • Истиғфор миёни ду саҷда пас аз ором гирифтани бадан;
  • Часпонидани оринҷҳо ба паҳлӯ барои занон ва боз гузоштани онҳо барои мардон ҳангоми саҷда;
  • Гузоштани дастҳо бар ронҳо ҳангоми нишастан;
  • Гуфтани зикри «بِحَولِ اللهِ وَ قُوَّتِهِ أقُومُ وَ أقْعُدُ» ё зикри «اللهُمَّ بِحَولِكَ وَقُوَّتِكَ أقومُ وَ أقْعُدُ» ҳангоми бархостан барои ракъати баъд;
  • Ҳангоми бархостан аз замин, мардон аввал зонуҳо ва сипас дастҳоро аз замин бардоранд ва занон баръакс амал кунанд.[17]

Дуо дар саҷда, ба вижа саҷдаи охири намоз

Дуо кардан дар саҷдаҳои намоз барои талаби ризқи ҳалол ва дигар ҳоҷатҳои дунёвӣ ва ухравӣ мустаҳаб шумурда шудааст.[18] Ҳарчанд дар фатвои бештари мароҷеи тақлид ин истиҳбоб барои ҳамаи саҷдаҳо баён шуда ва истиҳбоби он дар саҷдаи охир ба таври ҷудогона зикр шудааст.[19] Дар фатвои баъзе мароҷеъи тақлид ин истиҳбоб танҳо дар бораи саҷдаи охири намоз матраҳ шудааст[20] ва дар баъзеи дигар ин амал дар саҷдаи охири намоз маъмулитар шумурда шудааст.[21] Фақеҳон бо истинод ба ривояте аз Имом Боқир (а)[22] хондани дуои зеринро дар саҷда мустаҳаб донистаанд: «يَا خَيْرَ الْمَسْئُولِينَ وَ يَا خَيْرَ الْمُعْطِينَ، اُرْزُقْنِي وَ ارْزُقْ عِيَالِي مِنْ فَضْلِكَ الْوَاسِعِ فَإِنَّكَ‌ ذُو الْفَضْلِ الْعَظِيمِ‌» (Эй беҳтарин дархостшудагон ва эй беҳтарин атокунандагон, аз фазли васеъат ба ман ва оилаам рӯзӣ бидеҳ, ки ту соҳиби фазли бузург ҳастӣ). Бо ин ҳол дархости дигар дуоҳо низ ҷоиз шумурда шудааст.[23] Аз ҷумла дуоҳое, ки дар саҷдаи охири намоз хонда мешаванд иборатанд аз:

  • «يَا لَطِيفُ ارْحَمْ عَبْدَكَ الضَّعِيفَ» (Эй соҳиби лутфу марҳамат ба бандаи заифат раҳм кун.)
  • «يَا مَنْ لَهُ الدُّنْيَا وَ الْآخِرَةُ، ارْحَمْ مَنْ لَيْسَ لَهُ الدُّنْيَا وَ الْآخِرَةُ» (Эй касе ки аз они туст дунё ва охират, раҳм кун бар касе ки на дунё дорад ва на охират.)
  • «رَبِّ اغْفِرْ وَ ارْحَمْ وَ تَجَاوَزْ عَمَّا تَعْلَمُ، إِنَّكَ أَنْتَ الْأَعَزُّ الْأَجَلُّ الْأَكْرَمُ» (Парвардигоро, биёмурз ва раҳм кун ва даргузар аз он чи ту медонӣ, ки ту азизтарин ва бузургвортарин ва каримтарин ҳастӣ).[24]

Дар намозҳои ҷамоати шиаён, барои он ки намозгузорон бидонанд саҷдаи охир фаро расидааст, одатан мукаббир иборати «ё валийял-ъофия» ё зикрҳое монанди «ё латиф»-ро бо овози баланд такрор мекунад. Иборати «ё валийял-ъофия» аз дуои «Ё валийял-ъофия, асъалука-л-ъофия, офият-ад-дунё ва-л-охира» баргирифта шудааст, ки хондани он дар саҷдаи охири намоз роиҷ аст.

Макруҳоти саҷда

  • Хондани Қуръон дар саҷда;[25]
  • Пуф кардани маҳалли саҷда барои бартараф кардани гарду ғубор;[26]
  • Набардоштани дастҳо аз замин дар миёни ду саҷда ва ба саҷдаи дувум рафтан бидуни тағйири ҳолат.[27]

Зикри саҷдаи намоз

Гуфтани зикр дар саҷдаи намоз воҷиб аст. Зикри асосии он «Субҳона раббия-л-аъло ва биҳамдиҳ» аст.[28] Бо ин ҳол, намозгузор метавонад ба ҷои он се бор «Субҳона-л-лоҳ» ё ҳар зикри дигаре ба ҳамин миқдор бигӯяд.[29] Баъзе мароҷеъи тақлид қасдан ба ҷои якдигар гуфтани зикри рукуъ (Субҳона раббия-л-азим ва биҳамдиҳ) ва зикри саҷда (Субҳона раббия-л-аъло ва биҳамдиҳ)-ро ҷоиз намедонанд.[30]

Маҳалли саҷда

Маҳалли саҷда бояд пок бошад[31] ва аз ҷинси замин ё рӯйиданиҳои он (монанди чӯб ва барги дарахтон) бошад, ба шарте ки хӯрокӣ (монанди барги дарахти ангур) ё пӯшиданӣ (монанди пахта ва катон) набошад.[32] Бинобар ин саҷда бар коғаз ё дастмоли коғазии сохташуда аз чӯб ё гиёҳ, саҳеҳ аст.[33] Саҷда бар маводди маъданӣ монанди тилло, нуқра ва қир саҳеҳ нест ва бештари фақеҳон саҷда бар сангҳои маъданӣ монанди ақиқ ва фирӯзаро низ саҳеҳ намедонанд.[34]

Бар асоси ривоёти шиа, бартарин саҷдагоҳ турбати Имом Ҳусайн (а) аст.[35] Аммо баъзе уламои аҳли суннат, онро бидъат талаққӣ кардаанд.[36] Дар сурати набудани чизе, ки саҷда бар он саҳеҳ аст ё дар ҳолати зарурат саҷда бар либоси катонӣ ё пахтагӣ ҷоиз аст ва дар сурати набудани он, бар ҳар навъи либосе, ва дар сурати набудани онҳо дар бораи саҷда бар пушти даст ё баъзе маводи дигар, миёни фақеҳон ихтилофи назар вуҷуд дорад.[37]

Дар ҳолати саҷда, маҳалли қароргирии пешонӣ бояд бо маҳалли пои намозгузор тақрибан ҳамсатҳ бошад ва пасту баландии он беш аз чор ангушти баста набошад.[38] Саҷдагоҳ бояд собит бошад ва такон нахӯрад; ба гунае, ки пешонӣ бар он қарор гирад ва ором бигирад.[39]

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. Систонӣ, Минҳоҷ-ус-солиҳин, ҷ.1, саҳ.218.
  2. Аллома Ҳиллӣ, Мухталиф-уш-шиа, ҷ.2, саҳ.139.
  3. Ниг.: Аллома Ҳиллӣ, Мухталиф-уш-шиа, ҷ.2, саҳ.139; Систонӣ, Минҳоҷ-ус-солиҳин, ҷ.1, саҳ.218.
  4. Ниг.: Кулайнӣ, ал-Кофӣ, ҷ.3, саҳ.348, ҳадиси 3.
  5. Мишкинӣ, Мусталаҳот-ул-фиқҳ, саҳ.477-479.
  6. Систонӣ, Минҳоҷ-ус-солиҳин, ҷ.1, саҳ.218.
  7. Ниг.: Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, ҷ.10, саҳ.123; Баҳронӣ, ал-Ҳадоиқ-ун-нозира, ҷ.8, саҳ.273.
  8. Баниҳошимии Хумайнӣ, Тавзеҳ-ул-масоил (муҳашшо), ҷ.1, саҳ.569.
  9. Баҳронӣ, ал-Ҳадоиқ-ун-нозира, ҷ.8, саҳ.290; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, ҷ.10, саҳ.168-169.
  10. Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо (муҳашшо), ҷ.2, саҳ.566-567.
  11. Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо (муҳашшо), ҷ.2, саҳ.566-567.
  12. Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо (муҳашшо), ҷ.2, саҳ.556.
  13. Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо (муҳашшо), ҷ.2, саҳ.555.
  14. Баҳронӣ, ал-Ҳадоиқ-ун-нозира, ҷ.8, саҳ.290; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, ҷ.10, саҳ.168-169.
  15. Исфаҳонӣ, Василат-ун-наҷот, ҷ.1, саҳ.178.
  16. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, ҷ.3, саҳ.311 - 312.
  17. нигаред ба: Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, ҷ.10, саҳ.169 - 189; Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо (муҳашшо), ҷ.2, саҳ.573 - 575.
  18. Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо (муҳашшо), ҷ.2, саҳ.574.
  19. Ниг.: Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо (муҳашшо), ҷ.2, саҳ.574; Баҳҷат, Василат-ун-наҷот, саҳ.214.
  20. нигаред ба: Ғаравии Ноинӣ, Китоб-ул-ҳаҷ, саҳ.232.
  21. Мадрасӣ, Аҳкоми ибодот, саҳ.293.
  22. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, ҷ.2, саҳ.551.
  23. Шубайрии Занҷонӣ, Истифтиёт, ҷ.1, саҳ.383.
  24. Ҳошими, ал-Ахлоқ ва-л-одоб-ул-исломия, саҳ.330.
  25. Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо (муҳашшо), ҷ.2, саҳ.576.
  26. Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо (муҳашшо), ҷ.2, саҳ.575.
  27. Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо (муҳашшо), ҷ.2, саҳ.576.
  28. Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, ҷ.1, саҳ.182.
  29. Баниҳошимии Хумайнӣ, Тавзеҳ-ул-масоил (муҳашшо), ҷ.1, саҳ.570.
  30. Табрезӣ, Сирот-ун-наҷот, ҷ.10, саҳ.67; Ҳоирӣ, ал-Фатовол-мунтахаба, саҳ.73 - 74.
  31. Исфаҳонӣ, Василат-ун-наҷот, ҷ.1, саҳ.135.
  32. Исфаҳонӣ, Василат-ун-наҷот, ҷ.1, саҳ.157.
  33. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, ҷ.8, саҳ.430-432.
  34. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, ҷ.8, саҳ.412.
  35. Ҳурри Омилӣ, Васо-ил-уш-шиа, ҷ.5, саҳ.365-366.
  36. Ниг.: Албонӣ, Мавсуъат-ул-Албонӣ ф-ил-ақида, ҷ.3, саҳ.915.
  37. Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо (муҳашшо), ҷ.2, саҳ.394 - 395.
  38. Баниҳошимии Хумайнӣ, Тавзеҳ-ул-масоил (муҳашшо), ҷ.1, саҳ.573.
  39. Баниҳошимии Хумайнӣ, Тавзеҳ-ул-масоил (муҳашшо), ҷ.1, саҳ.583.

Сарчашма

  • Албонӣ, Муҳаммад, Мавсуъат-ул-Албонӣ фи-л-ақида, Санъо, Марказ-ун-Нуъмон ли-л-буҳус ва-д-диросот-ул-исломия, 1431ҳ.қ.
  • Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Мухталиф-уш-шиа фи аҳком-иш-шариа, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, 1413ҳ.қ.
  • Баниҳошимии Хумайнӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, Тавзеҳ-ул-масоил (муҳашшо), Қум, Дафтари интишороти исломӣ, 1424ҳ.қ.
  • Баҳронӣ, Юсуф ибни Аҳмад, ал-Ҳадоиқ-ун-нозира фи аҳком-ил-итрат-ит-тоҳира, Қум, Дафтари нашри исломӣ, 1363ҳ.ш.
  • Баҳҷат, Муҳаммадтақӣ, Василат-ун-наҷот, Қум, Шафақ, 1423ҳ.қ.
  • Ғаравии Ноинӣ, Муҳаммадҳусайн, Китоб-ул-ҳаҷ ва-л-аҳком-ул-ибодот ва-л-муомалот, Қум, Маркази идораи ҳавзаҳои илмия, 1403ҳ.қ.
  • Исфаҳонӣ, Абулҳасан, Василат-ун-наҷот, бо таълиқоти Сайид Муҳаммадризо Гулпойгонӣ, Қум, интишороти Меҳри устувор, 1393ҳ.қ.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1407ҳ.қ.
  • Мадрасӣ, Муҳаммадтақӣ, Аҳкоми ибодот, Теҳрон, Муҳибб-ил-Ҳусайн (а), 1381ҳ.ш.
  • Мишкинӣ, Алиакбар, Мусталаҳот-ул-фиқҳ, Қум, Дор-ул-ҳадис, 1392ҳ.ш./1434ҳ.қ.
  • Наҷафӣ, Муҳаммад Ҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом фи шарҳи шароеъ-ил-ислом, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, чопи ҳафтум, бетаърих.
  • Систонӣ, Сайид Алӣ, Минҳоҷ-ус-солиҳин, Қум, Мактабату Оятуллоҳ ас-Систонӣ, 1415ҳ.қ.
  • Таботабоии Яздӣ, Сайид Муҳаммадкозим, ал-Урват-ул-вусқо (муҳашшо), муҳаққиқ: Аҳмади Муҳсинӣ Сабзаворӣ, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, 1419ҳ.қ.
  • Табрезӣ, Ҷавод, Сирот-ун-наҷот, Қум, Дор-ус-сиддиқат-иш-шаҳида, 1427ҳ.қ.
  • Хумайнӣ, Сайид Рӯҳуллоҳ, Таҳрир-ул-васила, Теҳрон, Муассисаи танзим ва нашри осори Имом Хумайнӣ, 1434ҳ.қ.
  • Ҳоирӣ, Сайид Муҳаммадкозим, ал-Фатова-л-мунтахаба, Қум, Дор-ут-тафсир, 1424ҳ.қ.
  • Ҳошимӣ, Абдуллоҳ, ал-Ахлоқ ва-л-одоб-ул-исломия, Бейрут, Дор-ул-амин, 1427ҳ.қ.
  • Ҳурри Омилӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Тафсилу восоил-уш-шиа ило таҳсили масоил-иш-шариа, Қум, Муассисаи Оли-л-Байт (а), 1409ҳ.қ.
  • Шубайрии Занҷонӣ, Сайид Мӯсо, Истифтоот, Қум, Маркази фиқҳии Имом Муҳаммад Боқир (а), 1396ҳ.ш.