Намози шаб
Ин мақола дар бораи намози шаб аст. Барои ошноӣ бо бедорӣ дар шаб ва хондани намозу дуо, мадхали Таҳаҷҷудро бубинед.
«Бар шумо бод намози шаб. Ҳеҷ бандае нест, ки охири шаб бедор шаваду ҳашт ракъат намози шаб ва ду ракъат намози шафъ ва як ракъат намози ватр бихонад ва дар қунути он, ҳафтод бор истиғфор кунад, магар ин ки Худованд ӯро аз азоби қабр ва оташ паноҳ диҳад ва умри ӯро дароз кунад ва ба зиндагии ӯ кушоиш диҳад.... Хонаҳое, ки дар онҳо намози шаб хонда мешавад, нурашон барои аҳли осмон медурахшад; ҳамон тавр, ки нури ситорагон барои мардуми замин медурахшад!»
Намози шаб (форсӣ: نماز شب) намози мустаҳаб аст, ки вақти адои он баъд аз нимашаби шаръӣ то тулуъи фаҷр аст. Намози шаб бар Пайғамбари акрам (с) фарз ва бар дигарон мустаҳаб аст ва бар хондани он таъкид шудааст.
Ривоёти бисёре дар фазилати намози шаб ва осори он ворид шудааст. Аз ҷумла: бартарин намози мустаҳаб ва аз нишонаҳои шиаи воқеӣ шуморида шудааст.
Намози шаб ёздаҳ ракъат аст, ки ба шакли панҷ намози ду ракъатӣ ва як намози як ракъатӣ хонда мешавад. Се ракъати охир фазилати бештаре бар дигар ракъатҳо дорад, ки шомили ду ракъат намози шафъ ва як ракъат намози ватр мешавад.
Таъкид бар хондани намози шаб
Намози шаб, аз намозҳои мустаҳаббие аст, ки дар ривоёт бар хондани он таъкид шудааст. Аз ҷумла Пайғамбар (с) дар васияташ ба Имом Алӣ (а), се бор бар намози шаб супориш кардааст.[1] Ҳамчунин аз он ҳазрат хитоб ба мусулмонон нақл шудааст: «Бар шумо бод намози шаб, агарчи як ракъат бошад; зеро намози шаб инсонро аз гуноҳ боз медорад ва хашми Парвардигорро хомӯш мекунад ва сӯзиши оташро дар қиёмат дафъ мекунад!»[2] Дар китобҳои ҳадисӣ бобе бо унвони «Салот-ул-лайл» ба ривоёти ин мавзуъ бахшида шудааст.[3]
Ба гуфтаи Шайхи Садуқ (ваф.381ҳ.қ.) муҳаддиси шиа, намози шаб бар Пайғамбар (с) фарз буд ва бар дигарон мустаҳаб аст.[4] Шайхи Муфид ҳам намози шабро суннати муаккад донистааст.[5]
Чигунагии хондан
«Фарзандам, агар дунё мехоҳӣ, намози шаб бихон! Агар охират ҳам мехоҳӣ, намози шаб бихон!»[6]
Намози шаби 11 ракъат аст: ҳашт ракъати он ба шакли чаҳор намози дуракъатӣ ба нияти нофилаи шаб хонда мешавад. Ду ракъат ба нияти намози шафъ. Як намози якракъатӣ ҳам ба нияти намози ватр хонда мешавад.[7]
Мустаҳаб аст дар ракъати аввали намози шафъ, сураи Ҳамд ва сураи Нос ва дар ракъати дувум, сураи Ҳамд ва сураи Фалақ хонда шавад. Ҳамчунин дар намози ватр пас аз сураи Ҳамд, се маротиба сураи Тавҳид ва як маротиба сураҳои Фалақ ва Нос хонда шавад.[8] Мустаҳаб аст дар қунути намози ватр барои чил муъмин дуо ё истиғфор шавад.[9] Ҳамчунин ҳафтод маротиба зикри «астағфируллоҳа Раббӣ ва атубу илайҳ/ اَسْتَغْفِرُاللهَ رَبّی وَ اَتُوبُ اِلَیه», ҳафт маротиба «ҳозо мақом-ул-оизи бика мин-н-нор/ هذا مَقامُ الْعائِذِ بِک مِنَ النّارِ» ва сесад бор «алъафв/ اَلعَفو» бигӯяд. Сипас ин дуоро бихонад: «раббӣ-ғ-фир лӣ варҳамнӣ ва туб алайя, иннака анта-т-таввобул-ғафурур-раҳим/ رَبِّ اغْفِرْلی وَارْحَمْنی وَ تُبْ عَلی اِنَّک اَنْتَ التَّوّابُ الْغَفُورُ الرَّحیمُ»[10] Шайхи Тусӣ дар Мисбоҳ-ул-мутаҳаҷҷид, хондани дуои ҳазинро баъд аз намози шаб супориш кардааст.[11]
Осор ва фазилатҳои намози шаб
«Худо магар ба хотири ду кор Иброҳимро дӯст ва халили худ интихоб накард: итъом доданаш ва намози шаб хонданаш, ҳангоме, ки мардум хобанд».
Дар ривоёт, осор ва фазилатҳои зиёде барои намози шаб зикр шудааст; аз ҷумла: дар ривояте, ки дар китоби Биҳор-ул-анвор аз Пайғамбар нақл шудааст, намози шаб мояи хушнудии Парвардигор, дӯстии фариштагон, маърифатбахшӣ, нуронияти хона, оромиши бадан, нафрати шайтон, истиҷобати дуо, қабулии аъмол, нуронӣ шудани қабр ва мусаллаҳ шудан дар баробари душман мешавад.[12] Дар ривояте аз Имом Содиқ (а) нақл шудааст, ки намози шаб инсонро хушсимо, хушахлоқу хушбӯй мекунад ва ризқу рӯзиро зиёд ва қарзро адо мекунад ва ғамро мебарад ва диди инсонро нуронӣ мекунад.[13] Дар ривояти дигаре аз Имом Содиқ омадааст: «сарвату фарзандон, зинат ва зевари зиндагии дунёянд ва ҳашт ракъати намоз дар охири шабу як ракъат намози «ватр» зинат ва зевари охиратанд!»[14]
Бархеи дигар аз фазилатҳои намози шаб, дар ривоёт, ба ин шарҳ аст:
- Бартарин намози мустаҳаб,[15]
- Мояи фахри муъмин,[16]
- Мояи мубоҳоти Худо ба фариштагон,[17]
- Аз нишонаҳои шиаи воқеӣ.[18]
- Бар асоси ривоёте, ки Шайхи Садуқ дар китоби Илал-уш-шароиъ аз имомон нақл кардааст, гуноҳ сабаби маҳрум шудан аз намоз шаб мешавад.[19]
Аҳком
شَرَفُ الْمُؤْمِنِ صَلاتُهُ بِاللَّیلِ، وَعِزُّهُ کفُّ الاَذی عَنِ النّاسِ
«Шарофати муъмин ба намози шаби ӯст ва иззату бузургвории ӯ дар худдорӣ аз озори мардум!»
Садуқ, ал-Хисол, 1362ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.6
Бархе аз аҳкоми намози шаб, бар пояи китобҳои фиқҳӣ иборат аст аз:
- Бофазилаттарин бахши намози шаб, намози шафъ ва намози ватр аст ва намози ватр бартар аз намози шафъ аст. Дар намози шаб метавон ба хондани намозҳои шафъ ва ватр ё намози ватр иктифо кард.[20]
- Вақти намози шаб аз нимашаби шаръӣ то тулуъи фаҷр (оғози вақти намози субҳ) аст ва хондани он дар саҳар аз дигар вақтҳо беҳтар аст.[21] Сайид Алии Систонӣ, аз мароҷеи тақлид, вақти намози шабро аз ибтидои шаб медонад.[22]
- Дар сурате, ки намози шаб дар ҳолати нишаста хонда шавад, беҳтар аст, ки ҳар ду ракъат нишаста, як ракъат истода лиҳоз шавад.[23]
- Мусофир ва касе ки барои ӯ сахт аст намозро баъд аз нисфи шаб бихонад, метавонад онро дар аввали шаб ба ҷо оварад.[24]
- Дар сурати нахондани намози шаб, метавон қазои онро ба ҷо овард.[25]
- Қазои намози шаб бар хондани он пеш аз нимашаб бартарӣ дорад.[26]
Такнигорӣ
Дар бораи намози шаб осоре ба забонҳои мухталиф навишта шудааст. Дар мақолаи Китобшиносии намози шаб, ҳафтод китоб муаррифӣ шудааст, ки нависандагони шиа ба забони форсӣ ё арабӣ навиштаанд.[27] Бархе аз онҳо иборатанд аз:
- Одобу салот-ил-лайл, асари Муҳаммадбоқир Фишоракӣ (ваф.1315ҳ.қ.);
- Салот-ул-лайл; фазлуҳо ва вақтуҳо ва ададуҳо ва кайфиятуҳо ва-л-хусусёт-ир-роҷиъати илайҳо мин-ал-китоби ва-с-суннат, асари Ғуломризо Ирфониён (ваф.1382ҳ.ш.) ба забони арабӣ;
- Одобу салот-ил-лайл ва фазлуҳо, асари Сайид Муҳаммадбоқир Шифтӣ (ваф.1260ҳ.қ.).[28]
Ҷусторҳои вобаста
Эзоҳ
- ↑ Садуқ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.481 ва ҷ.4, саҳ.179.
- ↑ Муттақии Ҳиндӣ, Канз-ул-уммол, 1410ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.791, ҳадиси 21431.
- ↑ Ниг.: Садуқ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.484.
- ↑ Садуқ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.484.
- ↑ Муфид, ал-Муқниъа, 1413ҳ.қ., саҳ.120.
- ↑ «بیانات در ابتدای درس خارج درباره اثر نماز شب در از بین بردن گناهان», Дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ.
- ↑ Табатабоӣ Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1419ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.245; Имом Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, 1434ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.143
- ↑ Қумӣ, Мафотиҳ-ул-ҷинон, 1384ҳ.ш., саҳ.949.
- ↑ Қумӣ, Мафотиҳ-ул-ҷинон, 1384ҳ.ш., саҳ.949.
- ↑ Қумӣ, Мафотиҳ-ул-ҷинон, 1384ҳ.ш., саҳ.950.
- ↑ Шайхи Тусӣ, Мисбоҳ-ул-мутаҳаҷҷид, 1411ҳ.қ., саҳ.163 - 164.
- ↑ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.87, саҳ.161.
- ↑ Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиъа, ҷ.5, саҳ.272.
- ↑ Садуқ, Маъонӣ-л-ахбор, Дор-ул-маърифа, саҳ.324.
- ↑ Муттақии Ҳиндӣ, Канз-ул-уммол, 1410ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.791, 21397.
- ↑ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.87, саҳ.140.
- ↑ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.87, саҳ.156.
- ↑ Муфид, ал-Муқниъа, 1413ҳ.қ., саҳ.119 - 120.
- ↑ Садуқ, Илал-уш-шароиъ, Маншурот ал-мактабат-ул-ҳайдария, ҷ.2, саҳ.362.
- ↑ Имом Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, 1434ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.143.
- ↑ Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1419ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.265 - 266.
- ↑ پرسش و پاسخ نماز شب, сайти расмии Дафтари Оятуллоҳ Систонӣ.
- ↑ Имом Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, 1434ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.144.
- ↑ Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1419ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.266.
- ↑ Ниг.: Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1419ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.266.
- ↑ Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1419ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.266.
- ↑ Ансории Қумӣ, “Китобшиносии намози шаб”, саҳ.170.
- ↑ Ансории Қумӣ, “Китобшиносии намози шаб”, саҳ.170 - 186.
Сарчашма
- Ансории Қумӣ, Носириддин, «Китобшиносии намоз», Мишкот, зимистони 1372ҳ.ш.
- Баёнот дар ибтидои дарси хориҷ дар бораи асари намози шаб дар аз байн бурдани гуноҳон, дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ, дарҷи матлаб: 2 баҳмани 1397ҳ.ш., мушоҳида: 1 шаҳривари 1402ҳ.ш.
- Имом Хумайнӣ, Сайидрӯҳуллоҳ, Таҳрир-ул-васила (Мавсуъат-ул-имом-ил-Хумайнӣ 22 ва 23), Теҳрон, муассисаи танзим ва нашри осори имом Хумайнӣ (раҳ), чопи сеюм, 1434ҳ.қ.
- Қумӣ, Шайх Аббос, Куллиёти Мафотиҳ-ул-ҷинон, Қум, матбуоти динӣ, чопи дувум, 1384ҳ.ш.
- Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, 1403ҳ.қ.
- Муттақии Ҳиндӣ, Алӣ ибни Ҳисомиддин, Канз-ул-уммол фи сунан-ил-ақволи ва-л-афъол, таҳқиқи Бикрӣ Ҳаёнӣ – Сафва ас-Саққо, муассисаи ал-Рисола, алтабъатул-хомиса, 1401ҳ.қ./1981м.
- Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Муқниъа, Қум, конгресси ҷаҳонии Шайхи Муфид, чопи аввал, 1413ҳ.қ.
- “Пурсишу посухи намози шаб», сайти расмии Дафтари Оятуллоҳ Систонӣ, мушоҳида: 1 шаҳривари 1402ҳ.ш.
- Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, ал-Хисол, тасҳеҳи Алиакбари Ғаффорӣ, Қум, Ҷомеъаи мударрисин, 1362ҳ.ш.
- Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Илал-уш-шароиъ, Наҷаф, маншуроти алмактабатул-Ҳайдария.
- Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, чопи дувум, 1413ҳ.қ.
- Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Маъонӣ-л-ахбор, Дор-ул-маърифа, бе то.
- Таботабоии Яздӣ, Сайид Муҳаммадкозим, ал-Урват-ул-вусқо, муассисаи ал-нашрул-исломӣ, алтабъатул-уло, 1419ҳ.қ.
- Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Мисбоҳ-ул-мутаҳаҷҷид, Бейрут, муассисаи Фиқҳ-уш-шиъа, алтабъатул-уло, 1411ҳ.қ./1991м.
- Фаттоли Нишобурӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, Равзат-ул-воизин ва басират-ул-муттаъизин, Қум, интишороти Разӣ, чопи аввал, 1375ҳ.ш.
- Ҳурри Омилӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Васоил-уш-шиъа, Қум, муассисаи Олулбайт алайҳимуссалом, 1409ҳ.қ.