Истихлоф дар намоз
| Бахше аз аҳкоми амалӣ ва фиқҳӣ |
|---|
Истихлоф дар намоз (форсӣ: استخلاف در نماز) ба маънои ҷонишин кардани шахси дигар ба ҷойи имоми ҷамоате аст, ки пас аз оғози намоз, қодир ба идомаи он набошад. Бар асоси фиқҳи исломӣ, мустаҳаб аст шахсе барои идома ва такмили намози ҷамоат интихоб шавад, ки дорои шартҳои имомати ҷамоат бошад.
Ҷойгоҳ ва мафҳум
Истихлоф дар намоз, ҷонишинии шахсе ба ҷойи имоми ҷамоат аст; ба ин маъно ки агар дар миёни иқомаи намоз, барои имоми ҷамоат ё имоми ҷумъа узре пеш ояд, ки қодир ба идомаи намоз набошад, метавонад касеро, ки воҷиди шарт аст, ба ҷонишинии хеш баргузинад, то намозро бо маъмумин (намозгузорон) ба поён расонад.[1] Марг, беҳушӣ, беморӣ, ботил шудани вузӯ,[2] хундимоғ, дарди шикам ва ба ёд овардани ин ки вузу надорад,[3] ҷузъи ин узрҳо шумурда шудаанд. Мустанади ин фетво, ривоятҳои чордаҳ маъсум[4] аст.[5]
Иддао шудааст, ки дар ҳолати ихтиёр низ имоми ҷамоат метавонад намозро ботил кунад ва барои идомаи намози ҷамоат ҷоншинеро барои худ қарор диҳад.[6] Дар таъбирҳои бархе аз фақеҳон, ба ҷойи калимаи истихлоф, аз таъбири «истиноба» истифода шудааст.[7]
Аҳкоми истихлоф
- Бар ҷавози истихлоф дар намоз (чи бо узр ва чи аз рӯи ихтиёр) иддаои иҷмоъ шудааст.[8]
- Гуфта шудааст, интихоби ҷонишин барои имоми ҷамоат, ҳам тавассути имом ва ҳам тавассути маъмумин имконпазир аст.[9] Аммо шахси ҷонишин бояд шартҳои имомати ҷамоатро дошта бошад; яъне бояд одил, болиғ ва аз назари фиқҳӣ салоҳияти иқтидо дошта бошад.[10]
- Интихоби ҷонишин дар намози ҷамоат ба назари имомия, мустаҳаб аст;[11] зеро асли намози ҷамоат воҷиб нест.[12] Албатта бархе аз фақеҳони имомия бар ин боваранд, ки дар намози ҷумъа агар имом дар миёни намоз бимирад, бар маъмумин воҷиб аст ҷонишинеро барои имоми ҷумъа интихоб кунанд.[13]
Эзоҳ
- ↑ Шайхи Тӯсӣ, ал-Мабсут фи фиқҳ-ил-имомия, 1387ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.145
- ↑ Алломаи Ҳиллӣ, Тазкират-ул-фуқаҳо, 1414ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.320
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.13, саҳ.369
- ↑ Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиа, 1409ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.426
- ↑ Сабзаворӣ, Кифоят-ул-аҳком, 1423ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.147
- ↑ Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.115; Шаҳиди Сонӣ, Масолик-ул-афҳом, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.317
- ↑ Шаҳиди Аввал, ад-Дурус-уш-шаръия, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.224; Сабзаворӣ, Кифоят-ул-аҳком, 1423ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.147
- ↑ Омилӣ, Мадорик-ул-аҳком, 1411ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.363
- ↑ Алломаи Ҳиллӣ, Тазкират-ул-фуқаҳо, 1414ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.320
- ↑ Каракӣ, Ҷомеъ-ул-мақосид, 1414ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.381
- ↑ Алломаи Ҳиллӣ, Тазкират-ул-фуқаҳо, 1414ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.320
- ↑ Хуӣ, Мавсуъату ал-Имом ал-Хуӣ, 1418ҳ.қ., ҷ.17, саҳ.331
- ↑ Ҷамъе аз пажӯҳишгарон, Мавсуъат-ул-фиқҳ-ил-исломӣ, 1423ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.304
Сарчашма
- Алломаи Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Тазкират-ул-фуқаҳо, Қум, Муассисаи Оли Байт (а), 1414ҳ.қ.
- Каракӣ, Алӣ ибни Ҳусайн, Ҷомеъ-ул-мақосид фи шарҳ-ил-қавоид, Қум, Муассисаи Оли Байт (а), 1414ҳ.қ.
- Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Ҷаъфар ибни Ҳасан, Шароеъ-ул-Ислом фи масоил-ил-ҳалол ва-л-ҳаром, Қум, Муассисаи Исмоилиён, 1408ҳ.қ.
- Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом фи шарҳи Шароеъ-ул-Ислом, Бейрут, Дор эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, 1404ҳ.қ.
- Омилӣ, Муҳаммад ибни Алӣ, Мадорик-ул-аҳком фи шарҳи Шароеъ-ул-Ислом, Бейрут, Муассисаи Оли Байт (а), 1411ҳ.қ.
- Сабзаворӣ, Муҳаммадбоқир ибни Муҳаммадмуъмин, Кифоят-ул-аҳком, Қум, Дафтари интишороти исломӣ вобаста ба Ҷомеаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, 1423ҳ.қ.
- Хуӣ, Сайид Абулқосим, Мавсуъату ал-Имом ал-Хуӣ, Қум, Муассисаи эҳёи осори Имом Хуӣ, 1418ҳ.қ.
- Шайхи Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Мабсут фи фиқҳ-ил-имомия, Теҳрон, ал-Мактабат-ул-муртазавия лиэҳё-ил-осор-ил-ҷаъфария, 1387ҳ.қ.
- Шаҳиди Аввал, Муҳаммад ибни Макӣ, ад-Дурус-уш-шаръия фи фиқҳ-ил-имомия, Қум, Дафтари интишороти исломӣ вобаста ба Ҷомеаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, 1417ҳ.қ.
- Шаҳиди Сонӣ, Зайниддин ибни Алӣ, Масолик-ул-афҳом ило танқеҳи Шароеъ-ул-Ислом, Қум, Муассисаи маорифи исломӣ, 1413ҳ.қ.
- Ҳурри Омилӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Васоил-уш-шиа, Қум, Муассисаи Оли Байт (а), 1409ҳ.қ.
- Ҷамъе аз пажӯҳишгарон, Мавсуъат-ул-фиқҳ-ил-исломӣ, Қум, Муассисаи доираиулмаорифи фиқҳи исломӣ бар мазҳаби Аҳли Байт (а), 1423ҳ.қ.