Сабук шумурдани намоз
Сабук шумурдани намоз (форсӣ: سبکشمردن نماز) ё истихфофи намоз (форсӣ: اِستخفاف نماز) беэътиноӣ ба ҷойгоҳи намоз аст, ки метавонад ба шакли қазо шудани намоз ё камбудие дар иҷрои воҷиботи он зуҳур кунад.
Дар бораи масодиқи ин рафтор ихтилофи назар вуҷуд дорад: бархе таъхири беузри намоз, парешонҳолӣ ё хушӯъ надоштанро аз намунаҳои он медонанд; албатта, бархеи дигар бар ин ақидаанд, ки ин ҳолатҳо бо таърифи сабук шумурдани намоз, ки дар ривоятҳо бо ваъдаи азоби Илоҳӣ ҳамроҳ аст, мутобиқат надоранд.
Фақеҳони шиа сабук шумурдани намозро ҳаром медонанд. Дар ривоятҳо барои ин амал паёмадҳое зикр шудааст, монанди маҳрум шудан аз шафоати Аҳли Байт, қабул нашудани намоз, кӯтоҳии умр, марг бо хорӣ ва азоби қабр.
Аҳамият
Турайҳӣ дар Маҷмаъ-ул-баҳрайн истихфофи намозро ба маънои таҳқир ва тавҳини он тавассути такзиб ё инкор донистааст.[1] Бархе пажӯҳишгарон бар ин ақидаанд, ки ин таъриф нозир ба инкори аҳамият ва ҷойгоҳи намоз аст, на инкори асли машруияти он.[2]
Ривоятҳои мутааддид муъминонро аз сабук шумурдани намоз наҳй кардаанд,[3] ки дар китоби Васоил-уш-шиа дар боби мустақил ҷамъоварӣ шудаанд.[4] Намоз ҳамчун нишонаи дин Ислом шинохта мешавад ва ҳар гуна беэътиноӣ ба он, дар воқеъ беэътиноӣ ба тамоми шариат шумурда мешавад. Аз ин рӯ, эҳтимол додаанд, ки ҳушдорҳо ва таҳдидҳо дар бораи сабук шумурдани он ба ҳамин далел бошад.[5]
Фақеҳони шиа сабук шумурдани намозро ҳаром медонанд.[6] Ба гуфтаи Муртазо Мутаҳҳарӣ сабук шумурандаи намоз шомили ояти «قالوا لَمْ نَکُ مِنَ الْمُصَلِّین»[7] аст ва таҳқир ва беэътиноӣ ба намоз, фардро аз ҷойгоҳи намозгузорон дар рӯзи Қиёмат хориҷ мекунад.[8]
Мисолҳо
Мисолҳои мутааддиде барои сабук шумурдани намоз зикр шудааст, ки муҳимтарини онҳо шомили мавридҳои зерин мешавад: қазо кардани намоз ба далели саҳлангорӣ,[9] тарки намоз бидуни узр, беаҳамиятӣ дар анҷоми воҷиботи намоз,[10] ҳозир нашудан дар намози ҷамоат натиҷаи беаҳамият шумурдани он,[11] таъхири беваҷҳи намоз аз аввали вақт,[12] беэътиноӣ дар ёдгирии аҳкоми намоз, парешонҳолӣ ва шитоб дар адои зикрҳо ба гунае ки зикри рукӯъ ва саҷда ба сурати комил адо нашавад.[13]
Бархе муҳаққиқон бо истинод ба ваидҳои охиратӣ ва ҳаром будани ин амал дар ривоятҳо, муътақиданд ки мисолҳои сабук шумурдани намоз маҳдуд ба умури асосӣ ва воҷибот аст ва шомили мустаҳабот нахоҳад шуд.[14] Дар муқобил, бархеи дигар бар ин боваранд ки сабук шумурдан дорои маротибест ва тарки мустаҳаботи намоз аз сӯи авлиёи Илоҳӣ метавонад мисоле аз беэътиноӣ ба намоз маҳсуб шавад.[15]
Паёмадҳои сабук шумурдани намоз
- Қабул нашудани намоз.[16]
- Маҳрум мондан аз шафоати Аҳли Байт:[17] Бино бар ривояте, Имом Содиқ (а) ҳангоми эҳтизор, хешовандони худро фаро хонд ва фармуд: «Шафоати мо ба касе ки намозро сабук шуморад намерасад.»[18] Сайид Ризо Муаййид (ваф.1401ҳ.ш.) шоири оинӣ ин ҳадисро ба шеър даровардааст:
Гӯям зи Имом Содиқ ин турфа ҳадис,
То шиаи ӯ ба лавҳи дил бингорад.
Фармуд ки бар шафоати мо нарасад,
Он кас ки намозро сабук бишморад.[19]
- Маҳрумият аз мулоқот бо Ҳазрати Муҳаммад (с) дар канори ҳавзи Кавсар.[20]
- Ибтило ба хислатҳои понздаҳгона: бино бар ривояте ки аз Паёмбар хитоб ба Ҳазрати Фотима (с) нақл шудааст.[21]
- Бебаракатии умр;
- Бебаракатии мол;
- Бенур шудани чеҳра;
- Қабул нашудани аъмол;
- Мустаҷоб нашудани дуо;
- Маҳрумият аз дуои дигарон;
- Марг бо хорӣ;
- Гурусна мурдан;
- Ташна мурдан, ба гунае ки ҳарчанд об бинӯшад, ташнгиаш бартараф намешавад;
- Торикии қабр;
- Азоби қабр;
- Кашида шудан бо рӯ дар қиёмат дар назди халоиқ;
- Ҳисобрасии сахт дар қиёмат;
- Азоби дардноки охиратӣ;
- Маҳрумият аз назари раҳмати Илоҳӣ.[22]
Эзоҳ
- ↑ Турайҳӣ, Маҷмаъ-ул-баҳрайн, 1375ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.48
- ↑ Тайиби Ҳусайнӣ ва Ҷӯлоӣ, «Мафҳумшиносии истихфоф ва зоеъ кардани намоз ва беэътиноӣ ба он», саҳ.62
- ↑ Тайиби Ҳусайнӣ ва Ҷӯлоӣ, «Мафҳумшиносии истихфоф ва зоеъ кардани намоз ва беэътиноӣ ба он», саҳ.58
- ↑ Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиа, 1409ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.23
- ↑ «هشدارهای اجتماعی؛ سبکشمردن دین و نمادهای دینی», Пойгоҳи иттилоърасонии Ҳавза
- ↑ Шоҳрӯдӣ, Китоб-ул-ҳаҷ, 1402ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.17; Мадании Кошонӣ, Бароҳин-ул-ҳаҷ ли-л-фуқаҳо ва-л-ҳуҷаҷ, 1411ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.15
- ↑ Сураи Муддассир, ояти 43
- ↑ Мутаҳҳарӣ, Ошноӣ бо Қуръон (10), 1389ҳ.ш., саҳ.170 — 171
- ↑ Табрезӣ, Сирот-ун-наҷот, 1427ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.429
- ↑ «کتاب الصلوه/ بررسی معنی استخفاف در نماز/ تعداد نمازهای واجب», пойгоҳи иттилоърасонии Муҳаммадтақии Шаҳидӣ
- ↑ Хӯӣ, Сирот-ун-наҷот, 1416ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.332
- ↑ Юсуфиён ва Илҳомӣ, Ахлоқи исломӣ, 1376ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.53
- ↑ Юсуфиён ва Илҳомӣ, Ахлоқи исломӣ, 1376ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.53
- ↑ Тайиби Ҳусайнӣ ва Ҷӯлоӣ, «Мафҳумшиносии истихфоф ва изоаи намоз ва таҳовун нисбат ба он», саҳ.63 — 66 ва 74
- ↑ Тайиби Ҳусайнӣ ва Ҷӯлоӣ, «Мафҳумшиносии истихфоф ва изоаи намоз ва таҳовун нисбат ба он», саҳ.74
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.269
- ↑ Шайх Садуқ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақеҳ, 1367ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.206
- ↑ Шайх Садуқ, ал-Амолӣ, 1376ҳ.ш., саҳ.484
- ↑ «اهمیت نماز», сайти Магиран
- ↑ Барқӣ, Маҳосин, 1371ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.79
- ↑ Ибни Тавус, Фалоҳ-ус-соил, 1406ҳ.қ., саҳ.22
- ↑ Ибни Тавус, Фалоҳ-ус-соил, 1406ҳ.қ., саҳ.22
Сарчашма
- Ибни Тавус, Алӣ ибни Мӯсо, Фалоҳ-ус-соил ва наҷоҳ-ул-масоил, Қум, Дафтари таблиғоти исломӣ, чопи аввал, 1406ҳ.қ.
- Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, чопи чорум, 1407ҳ.қ.
- Мадании Кошонӣ, Ризо, Бароҳин-ул-ҳаҷ ли-л-фуқаҳо ва-л-ҳуҷаҷ, Кошон, Мактаби илмии Оятуллоҳ Мадании Кошонӣ, чопи сеюм, 1411ҳ.қ.
- Мутаҳҳарӣ, Муртазо, Ошноӣ бо Қуръон, ҷ.10, Теҳрон, Садро, чопи ҳаждаҳум, 1402ҳ.ш./1445ҳ.қ.
- Табрезӣ, Ҷавод, Сирот-ун-наҷот, Қум, Дор-ус-сиддиқат-иш-шаҳида, чопи аввал, 1427ҳ.қ.
- Тайиби Ҳусайнӣ, Сайид Маҳмуд ва Марям Ҷӯлоӣ, «Мафҳумшиносии истихфоф ва изоаи намоз ва таҳовун нисбат ба он», дар маҷаллаи Мутолеоти фиқҳи муосир, №4, пойиз ва зимистони 1396ҳ.ш.
- Турайҳӣ, Фахруддин, Маҷмаъ-ул-баҳрайн, таҳқиқ: Сайид Аҳмади Ҳусайнӣ, Теҳрон, Китобфурӯшии Муртазавӣ, чопи сеюм, 1375ҳ.ш.
- Хӯӣ, Сайид Абулқосим, Сирот-ун-наҷот (муҳашшо), Қум, Мактаби нашри мунтахаб, чопи аввал, 1416ҳ.қ.
- Шайх Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақеҳ, Нашри Садуқ, 1367ҳ.ш.
- Шайх Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, ал-Амолӣ, Теҳрон, Китобчӣ, чопи шашум, 1376ҳ.ш.
- Шоҳрӯдӣ, Сайид Маҳмуд ибни Алӣ, Китоб-ул-ҳаҷ, Қум, Муассисаи Ансориён, чопи аввал, 1402ҳ.қ.
- Юсуфиён, Неъматуллоҳ; Алиасғари Илҳомӣ, Ахлоқи исломӣ, Идораи омӯзишҳои ақидатӣ-сиёсии намояндагии валии фақеҳ дар Сипоҳ, Қум, чопи аввал, 1376ҳ.ш.
- Ҳурри Омилӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Васоил-уш-шиа, Қум, Муассисаи Оли-л-Байт (а), 1409ҳ.қ.
- «هشدارهای اجتماعی؛ سبکشمردن دین و نمادهای دینی», пойгоҳи иттилоърасонии Ҳавза, санаи интишор: 8 обони 1390ҳ.ш., санаи боздид: 16 меҳри 1430ҳ.ш.
- «کتاب الصلوه/ بررسی معنی استخفاف در نماز/ تعداد نمازهای واجب», пойгоҳи иттилоърасонии Муҳаммадтақии Шаҳидӣ, санаи интишор: 13 шаҳривари 1395ҳ.ш., санаи боздид: 19 меҳри 1403ҳ.ш.
- «اهمیت نماز», сайти Магиран, санаи интишор: 25 меҳри 1388ҳ.ш., санаи боздид: 26 меҳри 1403ҳ.ш.