Намози якшанбеи моҳи зилқаъда
Намози якшанбеи зилқаъда (форсӣ: نماز یکشنبه ماه ذیالقعده) намози мустаҳабӣ аст бо одоби хосе, ки дар яке аз рӯзҳои якшанбеи моҳи зилқаъда хонда мешавад. Дар аҳодис барои хондани он савобҳое ҳамчун омурзиши гуноҳон зикр шудааст. Санади ин намоз ривоятест, ки Сайид ибни Товус ба нақли Молик ибни Анас аз Паёмбар (с) нақл кардааст.
Чигунагии адои намоз
Ин намоз, ду намози дуракаатист, ки ба нияти намози якшанбеи моҳи зилқаъда ба ҷо оварда мешавад. Дар ҳар ракаат як бор сураи Ҳамд, се бор сураи Тавҳид, як бор сураи Нос ва як бори сураи Фалақ хонда мешавад. Пас аз поёни чаҳор ракаат низ ҳафтод бори истиғфор (гуфтани зикре монанди астағфируллоҳа ва атуби илайҳ) карда ва як бор ло ҳавл ва ло қуввата алло биллоҳ гуфта мешавад ва дар поён дуои («یا عَزِیزُ یا غَفَّارُ اغْفِرْ لِی ذُنُوبِی وَ ذُنُوبَ جَمِیعِ الْمُؤْمِنِینَ وَ الْمُؤْمِنَاتِ فَإِنَّهُ لَا یغْفِرُ الذُّنُوبَ إِلَّا أَنْتَ») «Ё Азизу ё Ғаффору иғфир ли зунубӣ ва зунуба ҷамиъ-ил-муъминина ва-л-муъминот фа иннаҳо ло яғфируззунуба илло Ант»-ро мехонд. Ҳамчунин қабл аз намоз, ғусл мекунад.[1]
Сайид ибни Товус дар китоби Иқбол-ул-аъмол, ривоятеро ки мустанади ин намоз аст аз Анас ибни Молик аз Паёмбар (с) нақл мекунад.[2]
Фазилат ва вақт
Аз Расули акрам (с) нақл шудааст, ки ҳар кас намози якшанбеи зилқаъдаро ба ҷо оварад, тавбааш пазируфта ва гуноҳонаш омурзида мешавад, душманони ӯ дар рӯзи қиёмат аз ӯ розӣ шаванд, бо имон мемирад ва дину имонаш аз вай гирифта намешавад; қабраш кушоду нуронӣ шуда ва волидайнаш аз ӯ розӣ мегарданд; омурзиш шомили ҳоли волидайни ӯ ва наслаш мегардад; фарохии ризқ пайдо мекунад; малакулмавт бо ӯ дар вақти мурдан мудоро кунад; ба осонӣ ҷон диҳад ва...[3]
Мирзо Ҷавод Маликии Табрезӣ аз уламои шиа ба хондани ин намоз тавсия кардааст.[4]
Замони хондани ин намоз, якшанбеи моҳи зилқаъда аст ва дар ҳар соате аз рӯз метавон онро хонд. Мутобиқи ривояте ки дар Иқбол-ул-аъмол нақл шуда,[5] агар дар якшанбеи дигари моҳҳо низ ба ҷой оварда шавад, подоши онро хоҳад дошт.[6]
Ҷусторҳои вобаста
Эзоҳ
- ↑ Қумӣ, Мафотиҳ-ул-ҷинон, 1387ҳ.ш., Аъмоли моҳи зилқаъда, намози рӯзи якшанбе, саҳ.344
- ↑ Ибни Товус, Иқбол-ул-аъмол, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.308
- ↑ Қумӣ, Мафотиҳ-ул-ҷинон, 1387ҳ.ш., Аъмоли моҳи зилқаъда, намози рӯзи якшанбе, саҳ.344
- ↑ Маликии Табрезӣ, ал-Муроқибот, 1422ҳ.қ., саҳ.236
- ↑ Ибни товус, Иқбол-ул-аъмол, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.308
- ↑ Қумӣ, Мафотиҳ-ул-ҷинон, 1387ҳ.ш., Аъмоли моҳи зилқаъда, намози рӯзи якшанбе, саҳ.344
Сарчашма
- Ибни Товус, Алӣ ибни Мӯсо, Иқбол-ул-аъмол, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1409ҳ.қ.
- Қумӣ, Аббос, Мафотиҳ-ул-ҷинон, Қум, машъар, 1387ҳ.ш.
- Маликии Табрезӣ, Мирзоҷавод, ал-Муроқибот, Қум, Завилқурбо, 1422ҳ.қ.