Намози зиёрат

Аз wikishia

Намози зиёрат намози мустаҳабиест, ки ҳангоми зиёрати маъсумон хонда мешавад. Хондани сураи Ёсин дар ракаати аввал ва хондани сураи Арраҳмон дар ракаати дуввум баъд аз сураи Ҳамд мустаҳаб дониста шудааст.

Шайх Аббоси Қумӣ дар китоби Мафотиҳ-ул-ҷинон беҳтарин макон барои намози зиёрати Паёмбари Акрам (с)-ро, равзаи ҳарами вай ва барои соири маъсумон қисмати болосари онҳо донистааст. Ба фатвои мароҷеъи тақлид, хондани намози зиёрат дар ҳолати пушт ба қабр, агар дар урфи мардум беэҳтиромӣ ба шахси маъсум бошад, ҳаром аст.

Дар ривоёт, барои ғайримаъсум, намозе ба унвони намози зиёрат баён нашуда; бинобар ин хондани чунин намозе дуруст нест; аммо метавон пас аз зиёрат, намози мустаҳабие хонд ва савоби онро ба соҳиби қабр ҳадя дод.

Шеваи хондани намози зиёрат

Намози зиёрат, намозии дуракаатӣ аст ки ҳангоми зиёрати маъсумон, хонда мешавад.[1] Дар намози зиёрате ки хондани сураи хосе дар он баён нашудааст, беҳтар аст сураи Ёсин дар ракаати аввал ва сураи Арраҳмон дар ракаати дуввум хонда шавад.[2]

Дар зиёрати Паёмбари Акрам (с), аз роҳи дур, чаҳор ракаат намози зиёрат (ду намози дуракаатӣ) нақл шудааст.[3] Барои зиёрати дигар маъсумон аз роҳи дур низ метавон чанд намози ду ракаатӣ хонд.[4]

Бархе фақиҳон муътақиданд чунончи зиёрат дар канори боргоҳ ё қабри маъсум анҷом мешавад, намози зиёрат пас аз он хонда шавад ва агар зиёрат аз роҳи дур хонда мешавад, намоз бар зиёрат муқаддам шавад.[5]

Беҳтарин макони намози зиёрат

Шайх Аббоси Қумӣ дар Мафотиҳ-ул-ҷинон беҳтарини маконро барои намози зиёрати Паёмбари Акрам (с), равзаи ҳарами вай ва барои дигар маъсумон қисмати болосари онҳо баён кардааст.[6] Ба фатвои мароҷеъи тақлид, хондани намози зиёрат дар ҳолати пушт ба қабр, агар дар урфи мардум беэҳтиромӣ ба шахси маъсум бошад, ҳаром аст.[7]

Даъвои болосарӣ ва пуштисарӣ

Дар қарни сездаҳуми қамарӣ ҷанҷоле ба номи даъвои болосарӣ ва пуштисарӣ ба вуҷуд омад. Фирқаи шайхия ҳангоми хондани намоз дар ҳарами имомон (а), ба гунае пушти сари имом меистоданд, ки қабри имом миёни онҳо ва қибла қарор мегирифт. Онҳо бо ин кор ба «пуштисарӣ» маъруф ва муттаҳам шуданд, ки қабрро қибла қарор додаанд. Дар муқобили онҳо, шиаёне ки чунин чизеро ғулув медонистанд, қасдан дар болосари имом (самти рости марқади имом) ба намоз меистоданд. Аз ин рӯ ба онҳо «болосарӣ» мегуфтанд.[8]

Намози зиёрати имомзодагон

Дар ривоёт, барои ғайримаъсум намозе ба унвони намози зиёрат баён нашудааст. Аммо гуфта шуда метавон пас аз хондани зиёрат, намози мустаҳабие хонду савоби онро ба соҳиби қабр ҳадя дод.[9]

Намози зиёрати ниёбатӣ

Зиёрат ва намози зиёрати мустаҳабро метавон ба ниёбат аз зиндагон ва даргузаштагон анҷом дод.[10] Ҳамчунин метавон зиёрат ва намозро ба ниёбат аз ҳама ё барои ҳар фард ба сурати ҷудогона анҷом дод.[11] Бар тибқи бархе ривоёт, савоби аъмоли мустаҳабие ки ба ниёбат аз дигарон анҷом мешавад, ҳам барои худи шахс ва ҳам барои касе ки ба ниёбат аз ӯ хонда шудааст, сабт мегардад; бидуни ин ки аз подоши хонанда кам шавад.[12]

Эзоҳ

  1. Шайх Аббоси Қумӣ, Мафотиҳ-ул-ҷинон, 1387ҳ.ш., зайли «Одоби зиёрат», саҳ.429
  2. Шайх Аббоси Қумӣ, Мафотиҳ-ул-ҷинон, 1387ҳ.ш., зайли «Одоби зиёрат», саҳ.430
  3. Шайх Аббоси Қумӣ, Мафотиҳ-ул-ҷинон, 1387ҳ.ш., зайли «Зиёрати ҳазрати расул», саҳ.447
  4. Шайх Аббоси Қумӣ, Мафотиҳ-ул-ҷинон, 1387ҳ.ш., зайли «Зиёрати ҳуҷаҷи тоҳира дар рӯзи ҷумъа», саҳ.447
  5. Алавии Омилӣ, «Тақдими намози зиёрат дар зиёрат аз баъид», саҳ.339 то 345
  6. Мафотиҳ-ул-ҷинон, Одоби зиёрат, Адаби ҳабдаҳум, чопи Машъар, саҳ.447
  7. Имом Хумайнӣ, Тавзеҳ-ул-масоили мароҷеъ, 1392ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.629 то 633
  8. Ҳоириниё «Фирқаи шайхия», вебгоҳи шианиюз, 18 фарвардини 1391ҳ.ш., дида шуда дар 9 урдибиҳишти 1397ҳ.ш.
  9. «Саволоте дар мавриди намози зиёрат», вебгоҳи гуфтугӯи динӣ
  10. Имом Хумайнӣ, Тавзеҳ-ул-масоили мароҷеъ, 1392ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.1049 то 1051
  11. Шайх Аббоси Қумӣ, Мафотиҳ-ул-ҷинон, 1387ҳ.ш., зайли «Одоби зиёрат ба ниёбат», саҳ.803
  12. Шайх Аббоси Қумӣ, Мафотиҳ-ул-ҷинон, 1387ҳ.ш., зайли «Одоби зиёрат ба ниёбат», саҳ.804

Сарчашма