Сураи Қадр
Алақ Сураи Қадр Байина | |
Рақами сура | 97 |
---|---|
Ҷузъ | 30 |
Нузул | |
Тартиби нузул | 25 |
Маккӣ/Маданӣ | Маккӣ |
Иттилооти оморӣ | |
Теъдоди оятҳо | 5 |
Теъдоди калимаҳо | 30 |
Теъдоди ҳарфҳо | 114 |
Сураи Қадр (арабӣ: سورة القدر), ё Инно анзално наваду ҳафтумин сура ва аз сураҳои маккии Қуръон аст, ки дар пораи 30-юм ҷой дорад. Номи сураи Қадр аз оёти ибтидои он гирифта шудааст, ки ба нузули Қуръон дар шаби Қадр ва аҳамияти он шаб ишора дорад. Сураи Қадр аз азамат, фазилат ва баракоти шаби Қадр ва нузули фариштагони раҳмат дар ин шаб сухан мегӯяд. Шиаён аз муҳтавои ин сура, ба зарурати вуҷуди имоми маъсум (а) дар замин то рӯзи қиёмат истидлол мекунанд.
Хондани ин сура дар намозҳои панҷгона ва бархе аз намозҳои мустаҳаб ва низ ҳазор бор хондани он дар шабҳои Қадр дар моҳи Рамазон супориш шудааст. Дар фазилати ин сура нақл шудааст: беҳтарин сурае, ки баъд аз сураи Фотиҳа дар намозҳои фариза хонда мешавад, сураи Қадр ва Тавҳид аст.
Муаррифӣ
Номгузорӣ
Номгузории ин сура ба номи «қадр» ба далели ишораи Худованд ба нузули Қуръон дар шаби Қадр ва аҳамияти он шаб дар нахустин оёти он аст. Номи дигари ин сураро «Инно анзално» гуфтаанд; зеро бо ин калима шурӯъ шудааст.[1]
Тартиб ва маҳалли нузул
Сураи Қадр аз сураҳои маккӣ ва дар тартиби нузул, бисту панҷумин сурае аст, ки бар Расули Худо, ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) нозил шудааст. Ин сура дар чиниши кунунии Мусҳаф, наваду ҳафтумин сура аст ва дар ҷузъи 30 Қуръон ҷой дорад.[2] Бархе аз муффасирон ба далели вуҷуди ривоёте, эҳтимоли нузули ин сураро дар Мадина додаанд; замоне, ки Пайғамбари Ислом (с) дар хоб дид Банӣ Умайя бар минбари ӯ боло мераванд, сахт нороҳату андҳгин шуд, ба ҳамин сабаб сураи Қадр нозил шуд, то тасаллои Пайғамбари Ислом (с) бошад.[3]
Теъдоди оёт ва дигар калимаҳо
Сураи Қадр 5 оят, 30 калима ва 114 ҳарф дорад. Ин сура аз назари ҳаҷм аз сураҳои муфассалот ва аз гурӯҳи «авсот» ва аз сураҳои хурди Қуръон аст.[4]
Мазмун ва муҳтаво
Мазмуни куллии сураи Қадр дар бораи нузули Қуръон дар шаби Қадр, баёни азамати шаби Қадр (ки аз ҳазор моҳ болотар аст), нузули фариштагони раҳмат, «рӯҳ», рақам задани сарнавишти инсонҳо ва ишора ба баракоти ин шаб аст.[5] Бино бар назари муффасирон хайрият ва беҳтарии шаби Қадр аз ҳазор моҳ, аз назари ибодат аст; зеро ғарази Қуръон ва таваҷҷӯҳи вижаи ӯ наздик сохтани мардум ба Худованди Мутаол аст, бар ин асос зинда нигаҳ доштани шаби Қадр бо ибодат, аз ибодат дар ҳазор моҳ беҳтар аст.[6]
Мазмуни сураи Қадр[7]
Шаъни нузул
Дар бораи шаъни нузули сураи Қадр омадааст, рӯзе Пайғамбари Ислом (с) достони марде аз Банӣ Исроилро барои асҳоби худ ҳикоят кард, ки ҳазор моҳ дар роҳи Худо либоси разм пӯшида буд. Асҳоб аз ин достон изҳор шигифтӣ карданд, пас аз он Худованд сураи Қадрро нозил кард, ки эҳёи шаби Қадр аз ҳазор моҳ пӯшидани либоси разм дар роҳи Худо бартар аст.[8]
Робитаи шаби Қадр бо Фотимаи Заҳро (с)
Дар бархе ривоёт, шаби Қадр бар Фотима (с) мунтабиқ шудааст ва лайларо Фотима, Қадрро Аллоҳ ва «лайлатулқадр»-ро Фотима (с) донистаанд. Имом Содиқ (а) дар ривояте фармудааст, ҳаркасе Фотимаро онгуна ки шоистаи ӯст, бишиносад ва ба мақомаш маърифат пайдо бикунад, ҳатман шаби Қадрро дарк мекунад ва Фотимаро Фотима номидаанд; чун мардум аз маърифати ӯ нотавон ҳастанд.[9]
Истидлол ба сураи Қадр бар вуҷуди Имоми Замон (аҷ)
Дар ҷомеъҳои ривоии шиа, ривоёте аз Пайғамбари Ислом (с), Имом Алӣ (а) ва Имом Боқир (а) нақл шудааст, ки фариштагони Илоҳӣ дар шаби Қадр бар волиёни баъд аз Расули Худо, ки Алӣ (а) ва ёздаҳ тан аз фарзандони ӯ ҳастанд, нозил шуда, аз шиаён мехоҳад бо сураи Қадр бар исботи вуҷуду зинда будани Имоми Замон (аҷ) истидлол кунанд; чароки нузули фариштагон дар шаби Қадр барои иблоғи тақдири соли оянда, мухтас ба замони Пайғамбар (с) нест ва дар тамоми солҳо ҷорӣ аст; бинобар ин, пас аз Пайғамбари Ислом (с), фариштагон бар ҷонишини он ҳазрат, ки имоми маъсум ва монандтарин шахс ба Пайғамбар аст, нозил мешаванд.[10] Шиаён аз ин омӯза, ки шаби Қадр ҳамешагист ва нузули фариштагон дар ин шаб, ҳатмӣ аст ва аз тарафе, ин нузул ниёзманди нузулгоҳи қобиле аст, ба вуҷуди ҳуҷҷат дар тамоми замонҳо то рӯзи қиёмат истидлол кардаанд.[11]
Маънои амр дар сураи Қадр
Аллома Таботабоӣ дар бораи «амр» дар сураи Қадр ду эҳтимол додааст: 1- амр ба маънои олами амр, дар ин сурат маънои оят ин аст, ки фариштагон ва рӯҳ дар шаби Қадр бо изни парвардигорашон нозил шуданашонро оғоз мекунанд ва ҳар амри Илоҳиро содир менамоянд. Дар ин эҳтимол ҳарфи «мин» барои ибтидо хоҳад буд, ва дар айни ҳол сабабиятро ҳам мерасонад. 2- Манзур аз амр ҳаводисе аст, ки қарор аст иттифоқ биафтад, дар ин сурат манзури оят ин аст, ки фариштагон ва рӯҳ дар шаби Қадр барои тадбири тамоми умур ва ҳаводисе, ки қарор аст иттифоқ биафтад, дар ин сурат ҳарфи «мин» дар ҷумлаи мин кулли амр барои таълил аст.[12]
Нукоти фиқҳӣ дар бораи сураи Қадр
Ваҳдати уфуқ
Бархе аз фуқаҳо бо истинод ба ояти «инно анзалноҳу фи лайлатилқадр» бар ин боваранд, ки рӯъяти ҳилол дар як минтақа барои дигар нуқоти ҷаҳон ҳам ҳуҷҷат аст; чароки шаби Қадр фақат як шаб аст, шабе, ки сарнавишти инсонҳо дар тамоми нуқоти ҷаҳон таъйин мешавад ва маълум аст наметавон гуфт дар як ҷои ҷаҳон шаби Қадр аст ва дар дигар нуқот нест. Бинобар ин, шаб Қадр барои тамоми ҷаҳон дар як шаби воҳид иттифоқ меафтад. Албатта дар ҷавоби ин иддао гуфта шудааст, ин оят фақат дар мақоми баёни нузули Қуръон дар шаби Қадр аст ва дар оят далеле бар мутааддид ё яке будани шаби Қадр вуҷуд надорад.[13]
Хондани сура дар намозҳои фариза
Имоми Содиқ (а) дар ривояте фармудааст, касе ки сураи «Инно анзално»-ро дар яке аз намозҳои фарз бихонад, ҳотифи ғайбӣ ӯро мавриди хитоб қарор медиҳад: Эй бандаи Худо! Худованд ҳар гуноҳеро, ки то кунун анҷом дода будӣ, бахшид! Амали худро аз сар бигир.[14] Дар бархе ривоёт аст, ки Имом (а) фармудааст, дар шигифтам аз касе ки дар намозҳояш сураи Қадрро намехонад чигуна намозаш қабул шавад.[15]
Дар бархе аз китобҳои фиқҳӣ бар мустаҳаб будани хондани сураи Қадр дар ракъати аввал ва сураи Тавҳид дар ракъати дувуми ҳар намозе таъкид шудааст, балки ҳатто пас аз шурӯъ дар хондани ғайри ин ду сура намозгузор метавонад раҳояшон кунад ва дар иваз, ин сураҳоро хонда, савоби қироати ҳар ду сураро дошта бошад.[16] [Ёддошт 1]
Хондани сураи Қадр дар намозҳои мустаҳабӣ
Дар бархе аз намозҳои мустаҳаббӣ, хондани ин сураи тавсия шудааст, аз ҷумла:
- Намози ҳазрати Расул (с): ду ракъат аст. Дар ҳар ракъате сураи Ҳамд як бор ва Инно анзално понздаҳ бор[17].
- Намози ҳазрати Фотима: ду ракъат аст. Дар ракъати аввал сураи Ҳамд як бор ва Инно анзално сад бор ва дар ракъати дувум сураи Ҳамд як бор ва сураи Тавҳид сад бор.[18]
- Намози ваҳшат: ду ракъат аст. Дар ракъати аввал сураи Ҳамд ва Оятулкурсӣ ва дар ракъати дувум баъд аз сураи Ҳамд даҳ маротиба Инно анзално.[19]
- Намози аввали моҳ: ду ракъат аст. Дар ракъати аввал баъд аз сураи Ҳамд сӣ маротиба сураи Тавҳид ва дар ракъати дувум баъд аз сураи Ҳамд сӣ маротиба Инно анзално.[20]
Хондани сураи Қадр дар замонҳо ва маконҳои мухталиф
Аз Имом Ҷавод (а) ривоят аст, ки ҳаркас дар шабонарӯз 76 маротиба сураи Қадрро дар соатҳои мухталиф бихонад, Худованд ҳазор фаришта барои ӯ халқ мекунад, ки савобашро то 360 ҳазор сол барояш банависанд ва истиғфори ин фариштагон барои ӯро тайи ду ҳазор сол ҳазор бор афзоиш хоҳад дод.
Чигунагии хондани 76 маротиба сураи Қадр дар шабонарӯз ингуна аст:
1 - ҳафт бор ҳангоми тулӯъи фаҷр ва пеш аз намози субҳ, то фариштагон шаш рӯз барои ӯ дуруд бифиристанд.
2 - Даҳ бор пас аз намози субҳ, барои ин ки то шаб дар тазмини Худованд қарор гирад.
3 - Даҳ бор ҳангоми пешин ва пеш аз нофилаи пешин, барои инки Худованд ба ӯ назар кунад, ва дарҳои раҳмати осмонро бар ӯ бикушояд.
4 - Бисту як бор пас аз нофилаи пешин, ба ҷиҳати ин ки Худованд барои ӯ хонае ба тӯл ва арзи ҳаштод зироъ дар биҳишт қарор диҳад ва фариштагонеро бигуморад, ки барои ӯ то рӯзи қиёмат истиғфор кунанд.
5 - Даҳ бор пас аз намози аср, то ин ки савоби аъмоли ҳамаи махлуқотро барояш банависанд.
6 - Ҳафт бор пас аз намози хуфтан, барои ин ки то субҳ дар тазмини Худованд бошад.
7 - Ёздаҳ бор ҳангоми рафтан ба ҷои хоб, то Худованд фариштаи бузурге бар ӯ бигуморд, ва ба адади мӯйҳои ӯ, то рӯзи қиёмат, барояш истиғфор кунад.[21]
Хондани сураи Қадр дар шаби Қадр ва низ ҳазор маротиба дар шаби 23-уми моҳи мубораки Рамазон тавсия шуда ва осоре барояш дар ривоёт зикр шудааст.[22] Дар ривоят аст, ки ҳар касе сураи Қадрро ҳафт маротиба назди қабри муъмине бихонад, Худованди Мутаол фариштаеро ба онҷо мефиристад, то Худоро дар ҳамон макон ибодат кунад ва барои хонанда ва маййит савоби ибодати он фаришта манзур мешавад ва вақте Худованд маййитро аз қабр берун оварад, ба воситаи он фариштаи муваккил, ҳавлу ҳаросро аз ӯ бартараф мекунад, то ӯро ба биҳишт дохил намояд.[23]
Осор дар бораи сураи Қадр
Осори ҳунарӣ
Бисёре аз қориён, зеботарин тиловатҳои худро дар ин сура иҷро кардаанд. Ин тиловатҳоро метавонед ин ҷо гӯш кунед. Дар арсаи ҳунарҳои таҷассумӣ низ осоре муртабит бо ин сура падид омадааст. Намоишгоҳ[24] ва коргоҳҳое[25] барои нигориш ва намоиши осори хушнависии марбут ба сураи Қадр дар Эрон баргузор шудааст.
Такнигоштаҳо
Сураи Қадр илова бар инки дар зимни маҷмӯъаи тафосири кулли Қуръон тафсир шудааст, гоҳ ба сурати таксура ва гоҳ дар зимни чанд сураи дигар низ тафсир шудааст. Бархе аз ин такнигоштҳо иборатанд аз:
- Тафсири сураи Қадр тавассути шаҳид Муртазо Мутаҳҳарӣ.[26]
- Бар каронаи Қадр (бориқаҳое аз сураи Қадр) асари Ҳидоятуллоҳи Толиқонӣ.[27]
- Тафсири сураи Қадр, асари Муҳаммадризо Ҳоҷишарифии Хонсорӣ.[28]
- Тафсири сураи Қадр, тавассути Алӣ Сафоии Ҳоирӣ[29]
- Тафсири сураи Қадр, навиштаи имом Мусо Садр.[30]
Фазоил ва хавос
Дар ривоёт барои хондани ин сура савобҳои бисёре зикр шудааст: нақл шудааст, беҳтарин сурае, ки баъд аз сураи Фотиҳа дар намозҳои фариза хонда мешавад, сураи Қадр ва Тавҳид аст.[31] Аз Имом Муҳаммади Боқир (а) манқул аст, ки «фазилати имони касе ки имон ба ҷумлаи «инно анзалноҳ» ва тафсири он дошта бошад, бар касоне ки чунин имоне надошта бошанд, чун фазилати инсон аст бар ҳайвонот!».[32]
Дар ривояти дигаре аз Имом Содиқ (а) омадааст: касе ки сураи «Инно анзално»-ро дар яке аз намозҳои фарзӣ бихонад, ҳотифи ғайбӣ ӯро мавриди хитоб қарор медиҳад, ки: Эй бандаи Худо! Худованд ҳар гуноҳеро, ки то кунун анҷом дода будӣ, бахшид, амали худро аз сар бигир!.[33]
Ҳамчунин бибинед: Фазоили сувар
Матни сура
Сураи Қадр
Матни тарҷумаи
Эзоҳ
- ↑ Хуррамшоҳӣ, “Сураи Қадр”, саҳ.1266.
- ↑ Хуррамшоҳӣ, “Сураи Қадр”, саҳ.1266.
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.20, саҳ.330, саҳ.334.
- ↑ Хуррамшоҳӣ, “Сураи Қадр”, саҳ.1266.
- ↑ Сафавӣ, “Сураи Қадр”, саҳ.786.
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, ҷ.20, саҳ.332.
- ↑ Хомагар, Муҳаммад, Сохтори сураҳои Қуръони Карим, таҳияи муассисаи фарҳангии Қуръон ва итрати Нуруссақалайн, Қум, нашри Нашро, ҷ.1, 1392ҳ.ш.
- ↑ Воҳидӣ, Асбобу нузул-ил-Қуръон, 1411ҳ.қ., саҳ.486.
- ↑ Кӯфӣ, Фурот бен Иброҳим, Тафсири Кӯфӣ, ҷ.1, саҳ.581.
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.247 - 252.
- ↑ Ризвонӣ, Мавъудшиносӣ ва посух ба шубаҳот, 1384ҳ.ш., саҳ.287 - 288.
- ↑ Таботабоӣ, ал-Мизон, 1394ҳ.қ., ҷ.20, саҳ.332.
- ↑ Қумӣ, Мабоонии минҳоҷ-ус-солеҳин, 1426ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.231.
- ↑ Шайхи Садуқ, Савоб-ул-аъмол ва иқоб-ул-аъмол, 1406ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.124.
- ↑ Ҳурри Омулӣ, Васоил-уш-шиъа, ҷ.4, саҳ.761.
- ↑ Таботабоии Яздӣ, Сайиди Муҳаммадкозим, ал-Урват-ул-вусқо, ҷ.2, саҳ.146.
- ↑ Кафъамӣ, ал-Мисбоҳ, 1405ҳ.қ., саҳ.409.
- ↑ Кафъамӣ, ал-Мисбоҳ, 1405ҳ.қ., саҳ.410.
- ↑ Маҷлисӣ, Зод-ул-маъод, 1423ҳ.қ., саҳ.581.
- ↑ Тӯсӣ, Мисбоҳ-ул-мутаҳаҷҷид, 1411ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.523.
- ↑ Аллома Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.92, саҳ.329.
- ↑ Сайид ибни Товус, ал-Иқбол, ҷ.1, саҳ.382.
- ↑ Нурӣ, Мустадрак-ул-васоил, ҷ.2, саҳ.371.
- ↑ Тасвирсозии сураи Қадр дар намоишгоҳи Қуръони Ҳамадон
- ↑ Нигориши сураи Қадр дар нигорхонаи офариниши Теҳрон
- ↑ Мутаҳҳарӣ, Маҷмӯаи осор, 1389ҳ.ш., ҷ.28, саҳ.685.
- ↑ Толиқонӣ, Бар каронаи Қадр, 1377ҳ.ш.
- ↑ Ҳоҷишарифии Хонсорӣ, Тафсири сураи Қадр, 1388ҳ.ш.
- ↑ Сафоии Ҳоирӣ, Тафсири сураи Қадр, 1388ҳ.ш.
- ↑ Садр, Тафсири Қуръон, Қадр, муассисаи фарҳангии таҳқиқотии имом Мусо Садр.
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.315.
- ↑ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.250.
- ↑ Садуқ, Савоб-ул-аъмол ва иқоб-ул-аъмол, 1406ҳ.қ., саҳ.124.
Ёддошт
Сарчашма
- Қуръони Карим, тарҷумаи Муҳаммадмаҳдии Фулодванд, Теҳрон, Дорулқуръонилкарим, 1418ҳ.қ./ 1376ҳ.ш.
- Ҳурри Омулӣ, Васоил-уш-шиъа, таҳқиқ ва тасҳеҳи Абдураҳим Раббонии Шерозӣ, Теҳрон, Дорулкутубилисломия, [бе то]
- Хуррамшоҳӣ, Қавомиддин, “Сураи Қадр”, дар донишномаи Қуръон ва Қуръонпажӯҳӣ, Теҳрон, дӯстон - ноҳид, 1377ҳ.ш.
- Сайид ибни Товус, ал-Иқбол, таҳқиқ ва тасҳеҳи Ҷавод Қайюмии Исфаҳонӣ, Қум, Дафтари таблиғоти исломӣ, чопи аввал, 1376ҳ.ш.
- Ризвонӣ, Алиасғар, Мавъудшиносӣ ва посух ба шубаҳот, Қум, интишороти Масҷиди Ҷамкарон, 1384ҳ.ш.
- Садр, Имом Мусо, Тафсири Қуръон, Қадр, Теҳрон, муассисаи фарҳангӣ - таҳқиқотии имом Мусои Садр, бе то.
- Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Савоб-ул-аъмол ва иқоб-ул-аъмол, Қум, Доруш-Шарифир-Разӣ ли-н-нашр, 1406ҳ.қ.
- Сафоии Ҳоирӣ, Алӣ, Тафсири сураи Қадр, Қум, интишороти лайлатулқадр, 1388ҳ.ш.
- Сафавӣ, Салмон, “Сураи Қадр”, дар донишномаи муосири Қуръони Карим, Қум, интишороти Салмони Озода, 1396ҳ.ш.
- Толиқонӣ, Ҳидоятуллоҳ, Бар каронаи Қадр (бориқаҳое аз сураи Қадр), Қум, интишороти Росихун, 1377ҳ.ш.
- Таботабоӣ, Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, муассисатул-аъламӣ лилматбуъот, 1390ҳ.қ.
- Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Мисбоҳ-ул-мутаҳаҷҷид ва силоҳ-ул-мутааббид, Бейрут, муассисаи фиқҳ-уш-шиъа, 1411ҳ.қ.
- Қумӣ, Сайидтақии Таботабоӣ, Мабоонии минҳоҷ-ус-солеҳин, мусаҳҳеҳ Аббоси Ҳоҷиёнӣ, Қум, қаламулшарқ, 1426ҳ.қ.
- Кафъамӣ, Иброҳим ибни Алӣ, ал-Мисбоҳ ли-л-Кафъамӣ (ҷуннатул-амонил-воқия), Қум, Дорурразӣ, 1405ҳ.қ.
- Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, Теҳрон, Дорулкутубилисломия, 1407ҳ.қ.
- Маҷлисӣ, Зод-ул-маъод, Бейрут, муассисатул-аъламӣ лилматбуъот, 1423ҳ.қ.
- Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, муассисаи алвафо, 1403ҳ.қ.
- Мутаҳҳарӣ, Муртазо, Маҷмӯаи осор, Теҳрон, интишороти Садро, 1389ҳ.ш.
- Воҳидӣ, Алӣ ибни Аҳмад, Асбобу нузул-ил-Қуръон, Бейрут, Дорулкутубилилмия, 1411ҳ.қ.
Хатои ёдкард: <ref>
tags exist for a group named "Ёддошт", but no corresponding <references group="Ёддошт"/>
tag was found