Намози истисқо
Истисқо ба арабӣ: اِستِسقا, як суннати диние аст, ки дар он, аз Худованд талаби борон мешавад. Дар аҳодис, ба истисқо дар замони қаҳтӣ супориш ва намозу дуоҳое барои он баён шудааст. Ҳамчунин гузоришҳое дар ривоёт, аз Пайғамбари Ислом (с) ва Имомон (а) ҳаст, ки истисқо кардаанд.
Дар китобҳои динӣ, аҳком ва одобе барои талаби борон баён шудааст, аз ҷумла омадааст, хондани намози истисқо дар замони қаҳтӣ мустаҳаб аст. Беҳтар аст пеш аз хондани ин намоз, се рӯз рӯза гирифта шавад ва дар рӯзи сеюм, аҳолии шаҳр ба биёбон бираванд ва пас аз хондани намози истисқо ба ҷамоат, бо гиряву зорӣ аз Худованд талаби борон кунанд.
Аз истисқои машҳур, яке истисқои Имом Ризо (а) аст, ки Сайхи Садуқ дар китоби Уюну ахбор-ир-Ризо гузориш карда, овардааст, ки пас аз он борон омад. Дигаре истисқои Сайидмуҳаммадтақии Хонсорӣ аз мароҷеъи тақлиди Қум аст, ки дар пайи хушксолии соли 1323ҳ.ш., ба хости мардуми Қум сурат гирифт ва мунҷар ба бориши тунде шуд.
Таърифи фиқҳӣ ва пешина
«Истисқо» дар луғат ба маънои об талабидан аст. Дар истилоҳи фиқҳ, иборат аст аз талаби борон аз Худованд дар беобӣ ва қатҳӣ.[1] Дар китобҳои ҳадисӣ[2] ва фиқҳӣ,[3] бахше ба номи «намози истистиқо» (салотул- истисқо) вуҷуд дорад, ки дар он, аз шароити истисқо сухан омадааст.
Пешинаи истисқо
Талаби борон аз Худованд пеш аз Ислом ҳам собиқа доштааст. Барои намуна, ба гузориши Ибни Шаҳрошӯб, дар як беобӣ, Абутолиб ҳамроҳи бархе аз навҷавонони хонадони Абдулмуталлиб, барои истисқо ба Масҷидулҳаром рафт. Гуфтаанд ӯ қасидаи Ломийяро ба муносибати бороне, ки пас аз ин истисқо омад, суруд.[4]
Бархе аҳодис дар бораи талаби борон
Дар манобеи ҳадисӣ, ривоёте дар заминаи истисқои Пайғамбар (с) ва Имомон, супориши онон ба талаби борон аз Худованд дар беобӣ, хондани намози истисқо, дуо ҳангоми истисқо ва шароити дигари он нақл шудааст. Барои мисол, гузориш шудааст, ки гурӯҳе назди Пайғамбар омада аз беобӣ шикоят карданд.[5] Пайғамбар аз минбар боло рафт ва аз Худо талаби борон кард.[6] Ҳамчунин дар аҳодисе омадааст, ки Пайғамбар (с),[7] Имом Алӣ (а),[8] ва Имом Ризо (а)[9] истисқо кардаанд.
Дуоҳое ҳам аз Пайғамбар ва Имомон ҳангоми истисқо нақл шудааст.[10] Дуои нӯздаҳуми Саҳифаи Саҷҷодия дар талаби борон аст.[11]
Намози истисқо ва чигунагии истисқо
Дар маросими истисқо, намозе хонда мешавад, ки ба намози истисқо маъруф аст. Ба фатвои фақеҳон, хондани ин намоз ҳангоми беобӣ мустаҳаб аст[12] ва ба ҷамоат хонда мешавад.[13] Намози истисқо ду ракъат аст ва такбиру қунути он монанди намози идайн аст. Танҳо дар қунут, ба ҷои дуоҳои ин ду намоз, аз Худо дархости раҳмат ва талаби борон мешавад.[14]
Имоми ҷамоат пас аз намоз, ридояшро баръакс рӯи дӯшаш андохта, болои минбар мебарояд. Сипас рӯ ба қибла, бо овози баланд, сад бор такбир мегӯяд. Баъд, рӯ ба афроди самти росташ, сад бор Субҳоналлоҳ ва рӯ ба афроди самти чапаш, сад бори лоҳавла ва ло қуввата илло биллоҳ мегӯяд. Баъд аз он, ба мардум нигоҳ мекунад, сад бор алҳамду лиллоҳ мегӯяд. Онгоҳ дастонашро боло бурда аз Худо талаби борон мекунад ва мардум ба дунбол ӯ дуо мекунанд. Пас аз он низ хутба мехонд ва бисёр тазаррӯъ мекунад.[15]
Аҳкоми дигар
Бархе дигар аз мустаҳаботи ин намоз ва дигар одоби мустаҳабби истисқо ба шарҳи зер аст:
- Мардум се рӯз рӯза мегиранд ва рӯзи сеюм барои намоз, аз хона хориҷ шуда, ба биёбон мераванд.[16]
- Беҳтар аст рӯзи сеюм душанбе ва агар нашуд, ҷумъа бошад.[17]
- Беҳтар аст ин намоз дар масҷидҳо баргузор нашавад.[18]
- Дар ин намоз, ба ҷои азону иқома гуфта мешавад: «ассалот ассалот».[19]
- Мустаҳаб аст солхурдагон ва кӯдаконро низ бо худ бибаранд[20] ва байни кӯдакону модаронашон ҷудоӣ биандозанд.[21] Ба гуфтаи Соҳиби Ҷавоҳир, ин кор ба қасди эҷоди фазои гиряву зорӣ ва ҷалби раҳмати Худованд сурат мегирад.[22]
Истисқоҳои машҳур
Шайхи Садуқ дар ҳадисе, достони истисқои Имом Ризо (а)-ро ба тафсил гузориш кардааст. Ба гузориши ӯ, ин кор дар пайи як хушксолӣ ва ба хости Маъмун, халифаи аббосӣ сурат гирифт ва пас аз истисқои Имом Ризо (а), борони фаровоне борид.[23]
Ҳамчунин гузориш кардаанд, ки дар хушксолии соли 1900 мелодӣ, дар Зангбор, Сайид Абдулҳусайни Маръашӣ (даргузашти 1905м.), аз рӯҳониёни шиаи муқими онҷо, аз шиаён хост, то пас аз намози субҳ, намози истисқо ба ҷо оваранд. Пас аз поёни ин маросим, боридани борон шурӯъ кард.[24]
Истисқои Сайид Муҳаммадтақии Хонсорӣ аз мароҷеъи тақлиди Қум низ машҳур аст. Гуфтаанд, дар соли 1323 шамсӣ, дар Қум борон наборида буд ва ин шаҳр дар маърази хушксолӣ ва қаҳтӣ қарор дошт. Ӯ ду рӯзи паёпай ба берун аз Қум рафта, намози истисқо хонд. Дар рӯзи дувум борони тунде борид.[25]
Эзоҳ
- ↑ Абдураҳмон, Муъҷам-ул-мусталаҳот ва-л-алфоз-ил-фиқҳия, Дорулфазилат, ҷ.2, саҳ.378; Саъдӣ, ал-Қомус-ул-фиқҳӣ, 1408ҳ.қ., саҳ.175.
- ↑ Барои намуна, нигоҳ кунед ба Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.462 - 463; Шайхи Тӯсӣ, Таҳзиб-ул-аҳком, 1407ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.147 - 154; Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиъа, 1409ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.5 - 16.
- ↑ Барои намуна, нигоҳ кунед ба Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароиъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.98 - 99; Шайхи Садуқ, ал-Муқниъ, 1415ҳ.қ., саҳ.151 - 152; Аллома Ҳиллӣ, Таҳриру аҳком-иш-шаръия, 1420ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.291 - 292; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.12, саҳ.127 - 155.
- ↑ Ибни Шаҳрошӯб, Маноқиб, 1379ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.137.
- ↑ Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиъа, 1409ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.7.
- ↑ Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиъа, 1409ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.7, 8, 9.
- ↑ Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиъа, 1409ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.7.
- ↑ Шайхи Тӯсӣ, Таҳзиб-ул-аҳком, 1407ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.151.
- ↑ Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиъа, 1409ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.8 - 9.
- ↑ Барои намуна, нигоҳ кунед ба Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.88, саҳ.331 - 334.
- ↑ Саҳифаи Саҷҷодия, дуои нӯздаҳум.
- ↑ Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароиъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.98; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.12, саҳ.127.
- ↑ Аллома Ҳиллӣ, Таҳриру аҳком-иш-шаръия, 1420ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.291; Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароиъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.98; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.12, саҳ.144.
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.12, саҳ.137; Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароиъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.98.
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.12, саҳ.146 - 148.
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.12, саҳ.137; Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароиъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.98 - 99.
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.12, саҳ.140; Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароиъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.98 - 99.
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.12, саҳ.141; Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароиъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.99.
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.12, саҳ.152.
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.12, саҳ.142; Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароиъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.99.
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.12, саҳ.144; Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароиъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.99.
- ↑ Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.12, саҳ.144.
- ↑ Шайхи Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо, 1378ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.168 - 169.
- ↑ Равғанӣ, Шиаёни хуҷа дар оинаи таърих, 1387ҳ.ш., саҳ.81.
- ↑ Шарифи Розӣ, Ганҷинаи донишмандон, 1352ҳ.ш., ҷ.1, 324.
Сарчашма
- Ибни Шаҳрошӯби Мозандаронӣ, Муҳаммад ибни Алӣ, Маноқиби Оли Абитолиб алайҳимуссалом, Қум, Аллома, чопи аввал, 1379ҳ.қ.
- Абуҷайб, Саъдӣ, ал-Қомус-ул-фиқҳӣ луғатан ва истилоҳан, Димишқ, Дорулфикр, чопи дувум, 1408ҳ.қ.
- Ҳурри Омилӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Васоил-уш-шиъа, таҳқиқ ва тасҳеҳи гурӯҳи пажӯҳиши муассисаи Олулбайт, Қум, муассисаи Олулбайт, чопи аввал, 1409ҳ.қ.
- Равғанӣ, Заҳро, Шиаёни хуҷа дар оинаи таърих, Теҳрон, пажӯҳишгоҳи улуми инсонӣ ва мутолиъоти фарҳангӣ, чопи аввал, 1387ҳ.ш.
- Шарифи Розӣ, Муҳаммад, Ганҷинаи донишмандон, Теҳрон, китобфурӯшии исломия, 1352ҳ.ш.
- Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Уюну ахбор-ир-Ризо, таҳқиқ ва тасҳеҳи Маҳдии Лоҷвардӣ, Теҳрон, нашри Ҷаҳон, чопи аввал, 1378ҳ.ш.
- Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, ал-Муқниъ, Қум, муассисаи Имом Ҳодӣ (а), чопи аввал, 1415ҳ.қ.
- Шайхи Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Таҳзиб-ул-аҳком, Теҳрон, Дорулкутубил-исломия, чопи чаҳорум, 1407ҳ.қ.
- Абдураҳмон, Маҳмуд, Муъҷам-ул-мусталаҳот ва-л-алфоз-ил-фиқҳия, Қоҳира, Дорулфазилат.
- Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Таҳрир-ул-аҳком-иш-шаръия ала мазҳаб-ил-имомия, таҳқиқ ва тасҳеҳи Иброҳими Баҳодурӣ, Қум, муассисаи Имом Содиқ, чопи аввал, 1420ҳ.қ.
- Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, тасҳеҳи Алиакбари Ғаффорӣ ва Муҳаммади Охундӣ, Теҳрон, Дорулкутубил-исломия, 1407ҳ.қ.
- Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Ҷаъфар ибни Ҳасан, Шароиъ-ул-Ислом фи масоил-ил-ҳалоли ва-л-ҳаром, таҳқиқ ва тасҳеҳи Абдулҳусайн Муҳаммадалии Баққол, Қум, Исмоилиён, чопи дувум, 1408ҳ.қ.
- Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор-ил-ҷомеъа лидурари ахбор-ил-аиммат-ил-атҳор, Бейрут, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, чопи дувум, 1403ҳ.қ.
- Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом фи шарҳи шароиъ-ил-Ислом, Бейрут, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, чопи ҳафтум, 1404ҳ.қ.