Вузуъ

Аз wikishia
Рисолаи амалия

Ин мақола як навиштори тавсифӣ дар бораи як мафҳуми фиқҳист ва наметавонад меъёре барои аъмоли динӣ бошад. Барои аъмоли динӣ ба манобеи дигар муроҷиа кунед.

Вузуъ (арабӣ: الوضوء) шустани рӯй ва дастҳо ва ҳамчунин масҳи сар ва поҳо бо қасди қурбат ва бо одобе хос аст. Вузуъ ба худии худ мустаҳаб аст, аммо шарти дурустии намоз, тавоф ва баъзеи дигар аз ибодот, анҷоми онҳо бо вузуъ аст. Бе вузуъ, ламси хати Қуръон ва ламси номи Худо ҷоиз нест. Вузуъ гирифтан дар мавориде аз ҷумла рафтан ба масҷид ва қироати Қуръони Карим, мустаҳаб аст.

Бинобар манобеи таърихӣ, ҳукми вузуъ дар оғози беъсати Пайғамбар, дар Макка баён шуд. Ояти шашуми сураи Моида ва ҳамчунин беш аз 400 ривоят аз маъсумон, дар бораи вузуъ аст. Вузуъ ва аз нав вузуъ гирифтан, дар аҳодис, мӯҷиби пок шудани гуноҳон, аз байн рафтани ғазаб, тӯли умр, нуронӣ шудани чеҳра дар маҳшар ва афзоиши ризқу рӯзӣ дониста шудааст.

Вузуъро метавон ба шеваҳои тартибӣ ва иртимосӣ анҷом дод. Дар вузуъи тартибӣ, аввал рӯй, ва сипас дастҳо шаста шуда ва пас аз он, масҳи сару пойҳо анҷом мешавад. Вузуъи иртимосӣ низ монанди вузуъи тартибӣ аст, фақат ба ҷои шустани рӯй ва дастҳо, онҳоро дар об дохил карда, нияти вузуъ мекунад ва пас аз он масҳи сару пойҳоро анҷом медиҳад. Дар сурате, ки кушодани рӯи захм душвор бошад, ё зарар дошта бошад, бояд вузуъи ҷабираӣ гирифт.

Шиаён ва аҳли суннат, дар бораи шустани дастҳо ва ҳамчунин шеваи масҳи сару пойҳо дар вузуъ ихтилофоте доранд; аз ҷумла инки шиаён шустани дастҳо аз боло ба поёнро фарз медонанд, аммо аҳли суннат, қоил ба шустани дастҳо аз поён ба боло ҳастанд. Бар асоси манобеи ривоӣ, то поёни даврони хилофати Умар ибни Хаттоб, ихтилофи умдае дар вузуъ байни мусулмонон набуда ва ҳамаи онон ба як шева (шеваи имомия) вузуъ мегирифтаанд. Манобеи исломӣ, ихтилофоти шиа ва суннӣ дар вузуъро аз даврони халифаи сеюм гузориш кардаанд.

Мафҳумшиносӣ

Вузуъ (таҳорат кардан), шустани рӯй ва дастҳо ва масҳ (даст кашидан бар) сар ва пойҳо ба шеваи хос бо қасди қурбат ва барои анҷоми фармони Худованд аст.[1] Ин амали ибодӣ, шарти дурустии намозу тавоф ва ҳамчунин шарти раво будани даст задан ба хати Қуръон аст.[2]

Бинобар манобеи торихӣ, вузуъ дар Макка ва дар оғози Беъсат, тавассути Ҷабраил ба Пайғамбари Худо (с) таълим дода шуд ва Пайғамбари акрам, онро барои мардум баён кард.[3]

Аҳком

Навиштори аслӣ: Ояти вузуъ

Шеваи анҷоми вузуъ ва ҳамчунин аҳамияти он дар Қуръон ва аҳодис зикр шудааст.[4] Ҳукми вузуъ дар ояти шашуми сураи Моида омада ва аз ҳамин рӯ, ояти вузуъ хонда мешавад:[5] «یا أَیُّها الَّذینَ آمَنوا إِذا قُمتُم إِلَی الصَّلاةِ فَاغسِلوا وُجوهَكُم وَ أَیدیَكُم إِلَی الْمَرافِقِ وَ امسَحوا بِرُءُوسِكُم وَ أَرجُلَكُم إِلَی الكَعبَینِ»[6]; эй касоне ки имон овардаед, чун ба намоз бархостед, рӯй ва дастҳоятонро то оринҷ бишӯед ва сару пойҳоятонро то қузак масҳ кунед.[7]

Вузуъ гирифтан ба худии худ мустаҳаб аст[8] ва барои хондани намоз (ба ғайр аз намози маййит), анҷоми тавоф, ламси хати Қуръон ва ламси номи Худо фарз мешавад.[9] Бинобар эҳтиёти воҷиб, даст задан ба номи Пайғамбар, Имомон ва ҳазрати Заҳро (с) ҳам бояд бо вузуъ бошад.[10] Вузуъ гирифтан дар мавориде мустаҳаб аст; аз ҷумла рафтан ба масҷид ва ҳарами Имомон, хондан ва ҳамроҳ доштани Қуръон, расондани ҷое аз бадан ба ҷилд ё ҳошияи Қуръон ва ҳамчунин зиёрати аҳли қубур.[11]

Шароити вузу

  • Оби вузу пок бошад (наҷис набошад).
  • Оби вузу музоф набошад.
  • Обу фазое, ки дар он вузу мегирад ғасбӣ набошад.
  • Зарфи оби вузу мубоҳ бошад.
  • Зарфи оби вузу аз тилло ва нуқра набошад.
  • Аъзои вузу пок бошанд.
  • Монеъе аз расидани об ба аъзои вузу набошад.
  • Бо қасди қурбат ва бидуни риё вузу бигирад.
  • Риояти тартиб
  • Риояти муволот (фосила наяфтодн байни аъзои вузу).
  • Дар корҳои вузу аз дигарӣ кумак нагирад.
  • Истеъмоли об барои касе ки вузу мегирад зарар надошта бошад.
  • Барои вузу гирифтан вақт бошад.[12]

Анвоъи вузуъ

Вузуъро метавон ба шеваи тартибӣ ё иртимосӣ анҷом дод[13] ва дар шароити хоссе лозим аст ба шакли ҷабираӣ анҷом шавад.[14]

Омӯзиши ният ва шустани рӯй
Омӯзиш шустани дастҳо
Омӯзиши масҳи сару пойҳо

Вузуъи тартибӣ

Вузуи тартибӣ: аввал бояд рӯйро шуст; аз ҷое ки мӯи сари рӯйида то зери манаҳ, ба паҳнои як даст. Сипас аввал дасти рост ва пас аз он дасти чап, аз каме болои оринҷ то сари ангуштон шуста мешавад. Пас аз он бо рутубати боқимонда аз шустани дастҳо, масҳи сар дар қисмати пеши сар ва болои пешонӣ анҷом мешавад ва сипас бо ҳамон рутубат, масҳи пои рост ва масҳи пои чап.[15]

Вузуъи иртимосӣ

Навиштори аслӣ: Вузуи иртимосӣ

Вузуъи иртимосӣ яъне инсон баъд аз ният,[16] рӯй, ва сипас дастҳоро ба қасди вузуъ даруни дар об дарорад.[17] Равиши дувуми вузуъи иртимосӣ низ чунин аст, ки аввал рӯй ва дастҳоро дар об фурӯ бурда, нияти вузуъ кунад ва сипас аз об берун биоварад.[18] Дар вузуъи иртмосӣ пас аз шустани рӯй ва дастҳо, масҳ анҷом мешавад.[19]

Вузуъи ҷабираӣ

Вузуъи ҷабираӣ: агар дар яке аз аъзои бадан, ки дар вузуъ шуста ё масҳ мешавад, захм ё шикастагие бошад ва натавон онро шуст, ё масҳ кашид, бояд вузуъро ба таври маъмул анҷом дод ва ба ҷои шустан ё масҳи узви захмӣ ё шикаста, дасти тар бар ҷабира кашид.[20] Ҷабира, ба порча ё ҳар чизе гуфта мешавад, ки бо он захмро мебанданд.[21] Вузуъи ҷабираӣ фақат дар сурате ҷоиз аст, ки боз кардани ҷабира душвор бошад, ё зарар дошта бошад, ё натавон мустақиман бар захм ё шикастагӣ об рехт.[22]

Дар бархе маворид, таяммум ба ҷои вузуъ воҷиб мешавад; аз ҷумла дар сурате, ки вақти намоз ба қадре танг бошад ки вузуъ гирифтан боис шавад, тамом ё бахше аз намоз, баъд аз вақт хонда шавад.[23] Ҳамчунин дар ҷое ки об дар дастрас набошад ва ё об барои бадан зарар дошта бошад, таяммум ҷойгузини вузуъ мегардад.[24] Касе ки ғусли ҷанобат карда, барои адои намоз набояд вузуъ бигирад ва ҳамон ғусл ҷойгузини вузуъ ҳам хоҳад буд.[25]

Вузуъ чигуна ботил мешавад?

Вузуъ дар чанд сурат ботил мешавад, дар манобеи фиқҳӣ аз мубтилоти вузуъ (шиканандаҳои таҳорат) ба ҳадаси асғар ёд мешавад;[26] бархе аз онҳо иборатанд аз:

  1. Хориҷ шудани идрор, мадфуъ ё бод аз инсон.
  2. Хоб (ба тавре, ки гӯш нашунавад ва чашм набинад), девонагӣ, мастӣ ва беҳушӣ.[27]
  3. Чизҳое ки сабаби ғусл мешаванд; монанди ҷанобат ва ламс кардани мурда (масси маййит).[28]

Ба гуфтаи Фозили Миқдод бархе аз фақеҳони аҳли суннат бар ин боваранд, ки тамоси пӯсти бадани мард ва зани номаҳрам вузуъро ботил мекунад. Мустанади онони қироати Кисоӣ аст, ки ломастум/ لامَسْتُمُ-ро дар ояти «أَوْ لامَسْتُمُ النِّسا»[29] «ламастум/ لمَسْتم» қироат карда, аммо ба бовари фақеҳони шиа «ломастум» киноя аз ҳамхобагӣ аст.[30]

Фарқи вузуъи шиаён ва аҳли суннат

Навишторҳои аслӣ: Ояти вузуъ ва Масҳ бар хуффайн (маҳсӣ)

Дар масаълаи вузуъ, дар бораи шустани дастҳо ва ҳамчунин чигунагии масҳи сару пойҳо, байни шиаён ва аҳли суннат, ихтилоф шудааст.[31]

Ихтилофоти байни шиа ва суннӣ дар бораи вузуъ, бештар ношӣ аз ихтилофи бардошт аз маънои ояти шашуми сураи Моида, ва ё ихтилоф дар қироати он аст.[32] Шиаён бо такя бар ривоёте аз маъсумон[33], иборати «و أیدیکم إلی المرافق» дар ояти мазкурро ба маънои вуҷуби шустани дастҳо аз боло ба поён медонанд, бар хилофи мазоҳиби чаҳоргонаи аҳли суннат, ки қоил ба шустани дастҳо аз поён ба боло ҳастанд.[34]

Ҳамчунин бар асоси ҳукми фуқаҳои шиа, шустани дасти рост бояд муқаддам бар дасти чап бошад.[35] Ин ҳукм дар мазоҳиби аҳли суннат мустаҳаб шуморида шудааст.[36]

Мазоҳиби чаҳоргонаи аҳли суннат шустан пойҳо ба ҳамроҳи қузакро дар вузуъ воҷиб медонанд,[37] шиаён қоил ба масҳи пойҳо аз сари ангуштҳо то баромадагӣ рӯи по ҳастанд.[38] Ин масҳ ҳам бар асоси фиқҳи шиа, монанди масҳи сар бояд аз рутубати вузуъ бошад.[39]

Ҳамчунин моликия ва ҳанафия тартиб, ҳанафияву шофеия муволотро дар вузуъ воҷиб намедонанд. Аммо шиаён ва дигар фирқаҳои аҳли суннат риояти онҳоро воҷиб медонанд.[40]

Шиа ва аҳли суннат, дар бораи масҳи сари ҳам ихтилофоте доранд; аз ҷумла инки ба бовари шиаён, масҳи сар ба андозае, ки ба он масҳ гуфта шавад, кофӣ аст ва ҳаддиаксар мустаҳаб аст ба андозаи се ангушти баста бошад, на бештар.[41] Ҳамчунин дар фиқҳи шиа, барои мсҳи сар бояд аз оби вузуъ истифода кард ва наметавон бо оби ҷадид масҳ кард.[42] Бо ин ҳол мазоҳиби мухталифи аҳли суннат ҳам дар чигунагии масҳи сар, назароти мухталифе доранд;[43] бинобар фиқҳи ҳанбалӣ, масҳи тамоми сар ба ҳамроҳи ду гӯш воҷиб аст,[44] ва бояд аз оби ҷадид барои масҳи сар истифода кард.[45] Дар фиқҳи моликӣ, тамоми сарро бояд масҳ кард[46] ва дар фиқҳи ҳанафӣ, масҳи чаҳоряки сар воҷиб аст.[47] Бар асоси мазҳаби шофеӣ, масҳи сар ба миқдори ҳаддиақалӣ кофӣ аст ва бояд бо оби ҷадид масҳ кард.[48]

Масҳ бар хуффайн (маҳсӣ) аз дигар маворид ихтилофӣ аст, ки шиаён онро саҳеҳ намедонанд[49] ва ба ояти 6 сураи Моида ва ривоёт истинод кардаанд.[50]

Вузуъ дар мавориде бо тақия ҳамроҳ будааст: Имом Козим (а), дар посух ба номаи Алӣ ибни Яқтин, ки дар дастгоҳи хилофати Аббосӣ ҷойгоҳи вижае дошт, ӯро мукаллаф кард монанди аҳли суннат вузуъ бигирад, то Ҳорунаррашид аз шиа будани ӯ бохабар нашавад.[51] Мусо ибни Ҷаъфар (а), пештар аз Алӣ ибни Яқтин хоста буд дар ҳукумати Аббосӣ бимонад ва ба шиаён хизмат кунад.[52] Дар ҳоле ки дигар шиаёнро аз ҳамкорӣ бо Аббосиён манъ мекард.[53]

Оғози ихтилоф дар вузуъ аз асри Усмон

Бархе муҳаққиқон муътақиданд дар даврони Пайғамбар (с) ихтилофе дар вузуъ байни мусулмонони набуда[54] ва Пайғамбари акрам вузуъро бо масҳи пойҳо ба ҷои шустан анҷом медода аст.[55] Илова бар даврони Пайғамбар, аз даврони хилофати Абубакр ҳам ихтилофе дар бораи вузуъ зикр нашудааст.[56] Дар даврони хилофати Умар ибни Хаттоб, ҷуз дар як маврид масҳи хуффайн (маҳсӣ) (масҳи по аз рӯи попӯш), ривояте бар ихтилоф дар бораи вузуъ далолат кунад, дар даст нест.[57]

Бар асоси он чи дар Канз-ул-уммол[58] ва бархе манобеи дигар омада,[59] бархе муҳаққиқон муътақиданд, ихтилоф дар вузуъ, аз даврони халифаи сеюм (Усмон), дар миёни мусулмонон ошкор шудааст.[60] Сайид Алии Шаҳристонӣ, бо истинод ба ихтилофи Имом Алӣ (а) ва Умар ибни Хаттоб дар бораи масҳи маҳсӣ, муътақид аст халифаи дувум ҳам бар хилофи Усмон ибни Аффон, поро дар вузуъ намешуста, балки онро масҳ мекардааст.[61]

Шиаён бо такя бар ояти вузуъ, ва ҳамчунин ривоёт дар бораи вузуъ, муътақиданд Пайғамбар (с) ва ёрони ӯ, ба шеваи имомия поро дар вузуъ масҳ мекардаанд, на он ки ба шеваи аҳли суннат онро бишӯянд.[62] Дар бораи шустани дастҳо ҳам ривоёте аз Пайғамбари акрам (с) нақл шуда, ки ҳокӣ аз ҳамонандии вузуъи Пайғамбар бо шиаён ва шустани дастҳо аз боло ба поён аст.[63] Ба ақидаи шиаён, ривоёти шустани по дар вузуъ, ки мавриди истиноди аҳли суннат қарор гирифта, сусту беасос аст; илова бар он ки бо ояти вузуъ ҳам дар тазод аст.[64]

Одоб, мустаҳабот ва фазоил

Дар ҳангоми вузуъ гирифтан, чанд чиз мустаҳаб дониста шудааст; аз ҷумла:

  • Мисвок задан пеш аз вузуъ: Пайғамбар (с) дар васият ба Имом Алӣ (а), ба мисвок задани пеш аз ҳар вузуъ тавсия кардааст.[65]
  • Зикри номи Худо дар ибтидои вузуъ.[66]
  • Гардондани об дар даҳону бинӣ.[67]
  • Ҳузури қалб дар ҳангоми корҳои вузу
  • Хондани сураи Қадр дар ҳангоми вузу гирифтан
  • Хондани Ояталкурсӣ пас аз вузу
  • Гузоштани зарфи оби вузу дар самти рост.[68]

Бинобар ривоёт, Имом Алӣ (а) дар ҳангоми вузуъ, дуоҳое мехонд. Бар асоси ин ривоёт, ҳар кас ин дуоҳоро дар зимни анҷоми аъмоли вузуъ бихонад, Худованд аз ҳар қатраи оби вузуи ӯ, фириштае машғул ба тасбеҳ, тақдис ва такбири Худованд меофаринад ва савоби онро то рӯзи қиёмат барои вузугиранда менависад.[69] Дуоҳои мазкур дар зимни анҷоми ҳар кадом аз аъмоли вузуъ иборатанд аз:

  1. Ҳангоме ки чашми инсон ба об афтод: الْحَمْدُ للَّهِ الذی جَعَلَ الْماءَ طَهُوراً وَ لَمْ یَجْعلْه نَجِساً Ҳамду сипос махсуси Худованде аст, ки обро поку поккунанда қарор дод ва онро наҷас қарор надод.[70]
  2. Гардондани об дар даҳон: اللّهمّ أنطق لساني بذكرك و اجعلني ممّن ترضى عنه Худоё! Забонамро ба ёди худат гуё гардон ва маро аз касоне қарор деҳ, ки аз эшон розӣ ҳастӣ.[71]
  3. Гардондани об дар бинӣ: اللّهم لا تحرّم عليّ ريح الجنّة و اجعلني ممّن يشمّ ريحها و طيبها و ريحانها؛ Худоё! Буи биҳиштро бар ман ҳаром нагарадон ва маро аз касоне қарор деҳ, ки буи атри он ва гиёҳони хушбӯи онро истишмом мекунанд.[72]
  4. Шустани рӯй: اللّهم بيّض وجهي يوم تسودّ فيه الوجوه و لا تسوّد وجهي يوم تبيضّ فيه الوجوه Худовандо! Рӯзе, ки рӯйҳо дар он сиёҳ мегардад, чеҳраи маро сифед гардон ва рӯзе, ки рӯйҳо дар он сафед мегардад, чеҳраи маро сиёҳ магардон.[73]
  5. Шустани дасти рост: اللّهمّ أعطني كتابي بيميني و الخلد بيساري Худовандо! Номаи амаламро ба дасти ростам ва ҷовидонагии абадиро ба дасти чапам деҳ.[74]
  6. Шустани дасти чап: اللّهمّ لا تعطني كتابي بشمالي و لا تجعلها مغلولة إلى عنقي و أعوذ بك من مقطّعات النّيران Худоё! Номаи амали маро ба дасти чапам мадеҳ ва онро бар гарданам мабанд ва ба Ту паноҳ мебарам аз либосҳои оташин.[75]
  7. Масҳи сар: اللّهمّ غشّني برحمتك و بركاتك و عفوك، اللهم غشّني برحمتك و بركاتك و عفوك Худоё! Маро бо раҳмат, баракот ва афви хеш фаро гир.[76]
  8. Масҳи по: اللّهمّ ثبّت قدميّ على الصّراط يوم تزلّ فيه الأقدام و اجعل سعيي فيما يرضيك عنّي Худовандо! Қадамҳои маро бар сирот дар он рӯзе, ки қадамҳо бар он мелағзад, собиту устувор кун, ва саъйу кӯшиши маро дар он чизе қарор деҳ, ки Туро аз ман хушнуду розӣ месозад.[77]

Дар манобеи ривоии шиа ва суннӣ, беш аз 400 ҳадис дар бораи аҳкоми вузуъ, вижагиҳо ва фазоили он аз Пайғамбари акрам (с) ва имомони шиа нақл шудааст;[78] бар ин асос вузу мӯҷиби пок шудани гуноҳон,[79] аз байн бурдани ғазаб,[80] тӯли умр,[81] нуронӣ шудани чеҳра дар маҳшар,[82] ва афзоиши ризқу рӯзӣ[83] мешавад. Ҳамчунин ривоёте дар бораи фазилати вузуи нав кардан[84] ва ҳамчунин вузуъ ба монанди тавба,[85] нақл шудааст.

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. Фаллоҳзода, Аҳкоми дин, 1386ҳ.ш., саҳ.44 – 45/ Ҳусайнии Даштӣ, “Вузуъ”, дури маориф ва маъориф, ҷ.10, саҳ.370.
  2. Фаллоҳзода, Аҳкоми дин, 1386ҳ.ш., саҳ.44 – 45/ Ҳусайнии Даштӣ, “Вузуъ”, дури маориф ва маъориф, ҷ.10, саҳ.370.
  3. Барои намуна: Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавийя, Дор-ул-маърифат, ҷ.1, саҳ.244/ Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.307.
  4. Субҳонӣ, “Вузуъ дар китоб ва суннат», саҳ.4.
  5. Маркази фарҳанг ва маорифи Қуръон, Доират-ул-маъорифи Қуръони Карим, 1382ҳ.ш., саҳ.407 - 408.
  6. Сураи Моида, ояти 6.
  7. Сураи Моида, ояти 6.
  8. Шайхи Ансорӣ, Китоб-ут-таҳорат, 1415ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.82.
  9. Файзи Кошонӣ, Муътасим-уш-шиъа, 1429ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.241.
  10. Фаллоҳзода, Аҳкоми дин, 1386ҳ.ш., саҳ.50.
  11. Фаллоҳзода, Аҳкоми дин, 1386ҳ.ш., саҳ.50.
  12. Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1419ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.169-170
  13. Муассисаи Доират-ул-маъорифи фиқҳи исломӣ, Фарҳанги фиқҳ, 1426ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.347.
  14. Нигоҳ кунед ба: Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1419ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.436.
  15. Нигоҳ кунед ба: Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1419ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.353 - 366.
  16. Мирзои Қумӣ, Ҷомеъ-уш-шатот фи аҷвибат-ис-суолот 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.32.
  17. «Вузуъи иртимосӣ», Маркази танзим ва нашри осори оятуллоҳ Баҳҷат.
  18. Имом Хумайнӣ, Тавзеҳ-ул-масоил, 1426ҳ.қ., саҳ.61.
  19. Хоманаӣ, Аҷвибат-ул-истифтоот, 1424ҳ.қ., саҳ.21.
  20. Фаллоҳзода, Дарсномаи аҳкоми мубтало биҳи ҳуҷҷоҷ, 1389ҳ.қ., саҳ.37 ва 38.
  21. Фаллоҳзода, Дарсномаи аҳкоми мубтало биҳи ҳуҷҷоҷ, 1389ҳ.қ., саҳ.37.
  22. Фаллоҳзода, Аҳкоми дин, 1386ҳ.ш., саҳ.47 - 48.
  23. Фаллоҳзода, Аҳкоми дин, 1386ҳ.ш., саҳ.46.
  24. Ибни Идриси Ҳиллӣ, ас-Сароир, 1410ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.135.
  25. Фаллоҳзода, Аҳкоми дин, 1386ҳ.ш., саҳ.57.
  26. Файзи Кошонӣ, Расоил, 1429ҳ.қ., ҷ.2, рисолаи 4, саҳ.22.
  27. Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1419ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.330 – 331/ Файзи Кошонӣ, Муътасим-уш-шиъа, 1429ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.241.
  28. Фаллоҳзода, Аҳкоми дин, 1386ҳ.ш., саҳ.51.
  29. Сураи Моида, ояти 6.
  30. Фозили Миқдод, Канз-ул-ирфон, 1419ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.25.
  31. Қумӣ, «Чигунагии анҷоми вузуъ назди фариқайн (1)», саҳ.29 - 30.
  32. Ҳусайнӣ, “Вузуъ аз дидгоҳи мазоҳиби исломӣ», саҳ.6.
  33. Ҳусайнӣ, “Вузуъ аз дидгоҳи мазоҳиби исломӣ», саҳ.9.
  34. Сайид Собиқ, Фиқҳ-ус-суннат, 1397ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.43.
  35. Ҳусайнӣ, “Вузуъ аз дидгоҳи мазоҳиби исломӣ», саҳ.12.
  36. Сайид Собиқ, Фиқҳ-ус-суннат, 1397ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.48.
  37. Сайид Собиқ, Фиқҳ-ус-суннат, 1397ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.44.
  38. Ҳусайнӣ, “Вузуъ аз дидгоҳи мазоҳиби исломӣ», саҳ.11-12.
  39. Ҳусайнӣ, “Вузуъ аз дидгоҳи мазоҳиби исломӣ», саҳ.11-12.
  40. Ҳусайнӣ, “Вузуъ аз дидгоҳи мазоҳиби исломӣ», саҳ.12.
  41. Қумӣ, «Фиқҳи ҳаҷ, чигунагии анҷоми вузуъ назди фариқайн (3) масҳ », саҳ.43 - 44.
  42. Қумӣ, “Фиқҳи ҳаҷ, чигунагии анҷоми вузуъ назди фариқайн (3) масҳ», саҳ.45.
  43. Қумӣ, “Фиқҳи ҳаҷ, чигунагии анҷоми вузуъ назди фариқайн (3) масҳ», саҳ.45.
  44. Қумӣ, “Фиқҳи ҳаҷ, чигунагии анҷоми вузуъ назди фариқайн (3) масҳ», саҳ.46 - 47.
  45. Қумӣ, “Фиқҳи ҳаҷ, чигунагии анҷоми вузуъ назди фариқайн (3) масҳ», саҳ.47.
  46. Қумӣ, “Фиқҳи ҳаҷ, чигунагии анҷоми вузуъ назди фариқайн (3) масҳ», саҳ.47 - 48.
  47. Қумӣ, “Фиқҳи ҳаҷ, чигунагии анҷоми вузуъ назди фариқайн (3) масҳ», саҳ.48.
  48. Қумӣ, “Фиқҳи ҳаҷ, чигунагии анҷоми вузуъ назди фариқайн (3) масҳ», саҳ.48.
  49. Омадӣ, ал-Масҳу фи вузуъ-ир-Расул саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ, саҳ.132.
  50. Субҳонӣ, Силсилат-ул-масоил-ил-фиқҳийя, Қум, ҷ.2, саҳ.9 - 12.
  51. Р.к: Шайхи Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.2, 227 - 228.
  52. Кашшӣ, Риҷоли Кашшӣ, 1409ҳ.қ., саҳ.441.
  53. Кашшӣ, Риҷоли Кашшӣ, 1409ҳ.қ., саҳ.441.
  54. Шаҳристонӣ, Лимозо-л-ихтилофу фи-л-вузуъ, 1426ҳ.қ., саҳ.31.
  55. Омадӣ, ал-Масҳу фи вузуъ-ир-Расул, 1420ҳ.қ., саҳ.80 - 82.
  56. Шаҳристонӣ, Лимозо-л-ихтилофу фи-л-вузуъ, 1426ҳ.қ., саҳ.31.
  57. Шаҳристонӣ, Лимозо-л-ихтилофу фи-л-вузуъ, 1426ҳ.қ., саҳ.32.
  58. Муттақии Ҳиндӣ, Канз-ул-уммол, 1406ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.443, ҳадиси 26890.
  59. Шаҳристонӣ, Лимозо-л-ихтилофу фи-л-вузуъ, 1426ҳ.қ., саҳ.33.
  60. Шаҳристонӣ, Лимозо-л-ихтилофу фи-л-вузуъ, 1426ҳ.қ., саҳ.33.
  61. Шаҳристонӣ, Лимозо-л-ихтилофу фи-л-вузуъ, 1426ҳ.қ., саҳ.34 - 35.
  62. Беҳбаҳонӣ, Масҳи пойҳо дар вузуъ, 1395ҳ.ш., саҳ.26 - 42.
  63. Нигоҳ кунед ба: Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиъа, 1374ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.387 - 390.
  64. Беҳбаҳонӣ, Масҳи пойҳо дар вузуъ, 1395ҳ.ш., саҳ.31 - 33.
  65. «یا علي عليك بالسّواك عند وضوء كلّ صلاة.»» (Шайхи Садуқ, Ман ло яҳзаруҳу-л-фақиҳ, интишороти Ҷомеъаи мударрисин, ҷ.1, саҳ.53).
  66. کان امیرالمومنین إذا توضّأ قال: بسم الله وبالله وخیر الأسماء لله وأکبر الأسماء لله... (Шайхи Садуқ, Ман ло яҳзараҳу-л-фақиҳ, интишороти Ҷомеъаи мударрисин, ҷ.1, саҳ.43, ҳ87.)
  67. Имом Алӣ (а) хитоб ба Муҳаммад ибни Абубакр: «تمضمض ثلاث مرات واستنشق ثلاثا ... فإننی رأیت رسول الله یصنع ذلک.» (Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиъа, 1374ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.396, ҳадиси 1036, саҳ.397, ҳадиси 1038).
  68. Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.368-370
  69. Кулайнӣ, Фуруъи кофӣ, 1388ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.184.
  70. Кулайнӣ, Фуруъи кофӣ, 1388ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.182.
  71. Кулайнӣ, Фуруъи кофӣ, 1388ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.183.
  72. Кулайнӣ, Фуруъи кофӣ, 1388ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.183.
  73. Кулайнӣ, Фуруъи кофӣ, 1388ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.183.
  74. Кулайнӣ, Фуруъи кофӣ, 1388ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.183.
  75. Кулайнӣ, Фуруъи кофӣ, 1388ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.183.
  76. Кулайнӣ, Фуруъи кофӣ, 1388ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.183.
  77. Кулайнӣ, Фуруъи кофӣ, 1388ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.184.
  78. Нигоҳ кунед ба: “Ҷустуҷӯгари ҳадисии мизон».
  79. قال رسول الله(ص): من توضّأ فأحسن الوضوء و صلّى ركعتين لم يحدّث نفسه فيهما بشيء من الدّنيا خرج من ذنوبه كيوم ولدته أمّه؛; касе ки ба некӣ вузуъ бигирад ва ду ракъат намоз бихонад, агар қасди дунёӣ аз ин кор надошта бошад, ҳамаи гуноҳонаш пок мешавад; ончунон ки гӯё тоза таваллуд шуда бошад. (Ғаззолӣ, Эҳёи улум-ид-дин, Дор-ул-китоб-ил-арабӣ, ҷ.2, саҳ.48).
  80. قال رسول الله(ص): اذا غضب أحدكم فليتوضأ؛ ; ҳар гоҳ ҳар касе аз шумо хашмгин шуд, вузуъ бигирад. (Муҳаддиси Нурӣ, Мустадрак-ул-васоил, [1407ҳ.қ.], ҷ.1, саҳ.353).
  81. قال رسول الله(ص): ... أكثر من الطهور یزد الله في عمرك...; фаровон таҳорат гир, то Худованд умратро дароз гардонад. (Шайхи Муфид, ал-Амолӣ, [1403ҳ.қ.], ҷ.1, саҳ.60, ҳадиси 5).
  82. قال رسول الله(ص): يَحْشُرُ اللَّهُ أُمَّتِي يَوْمَ الْقِيَامَةِ بَيْنَ الْأُمَمِ غُرّاً مُحَجَّلِينَ مِنْ آثَارِ الْوُضُوءِ; дар рӯзи қиёмат, уммати ман ба хотири вузуъ гирифтан, бо чеҳраи нуроние байни умматҳои дигар маҳшур мешаванд. (Мағрибӣ, Даоим-ул-Ислом, 1385ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.100).
  83. قال النبی(ص): دم على الطهارة يوسع عليك في الرزق; ҳамвора таҳорат дошта бош, то ризқат фаровон шавад. (Муттақии Ҳиндӣ, Канз-ул-уммол, 1405ҳ.қ., ҷ.16, саҳ.129, ҳадиси 44154).
  84. أن الوضوء على الوضوء نور على نور; вузуъ гирифтан дар ҳоли доштани вузуъ, нурун ало нур аст. (Шайхи Садуқ, Ман ло яҳзараҳу-л-фақиҳ, ҷомеъаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, ҷ.1, саҳ.41).
  85. Имом Содиқ (а): من جدد وضوءه لغير حدث جدد الله توبته من غير استغفار; касе ки вузуяшро таҷдид кунад, Худованд тавбаи ӯро бе онки истиғфор карда бошад, таҷдид мекунад. (Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиъа, Ол-ул-Байт, ҷ.1, саҳ.377).

Сарчашма

  • Айёшӣ, Муҳаммад ибни Масъуд, тафсири Айёшӣ, таҳқиқи Сайидҳошими Расулии Маҳаллотӣ, ал-Мактабат-ул-илмийят-ил-исломийя.
  • Беҳбаҳонӣ, Абдукарим, Масҳи пойҳо дар вузуъ, тарҷумаи гуруҳи мутарҷимон, Қум, Маҷмаъи ҷаҳонии Аҳли Байт, 1395ҳ.ш.
  • Ибни Идриси Ҳиллӣ, Муҳаммад ибни Мансур, ас-Сароир-ул-ҳовӣ литаҳрир-ил-фатовӣ, Қум, Дафтари интишороти исломии вобаста ба ҷомеъаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, 1410ҳ.қ.
  • Ибни Ҳишом, Абдулмалик, ас-Сират-ун-набавийя, таҳқиқи Мустафо ас-Саққо ва Иброҳим ал-Обёрӣ ва Абдулҳафиз Шиблӣ, Бейрут, Дор-ул-маърифат, бе то.
  • Кашшӣ, Муҳаммад ибни Умар, Риҷоли Кашшӣ, Машҳад, Муассисаи нашри донишгоҳи Машҳад, 1409ҳ.қ.
  • Маркази фарҳанг ва маорифи Қуръон, Доират-ул-маъорифи Қуръони Карим, Қум, муассисаи Бустони китоби Қум, 1382ҳ.ш.
  • Мағрибӣ, Қозӣ Нуъмон, Даоим-ул-Ислом, Қум, муассисаи Ол-ул-Байт, 1385ҳ.қ.
  • Муассисаи Доират-ул-маъорифи фиқҳи исломӣ, фарҳанги фиқҳи мутобиқи мазҳаби Аҳли Байти алайҳимус-салом, зери назари Сайидмаҳмуди Ҳошимии Шоҳрудӣ, Қум, муассисаи Доират-ул-маъорифи фиқҳи исломӣ, 1426ҳ.қ.
  • Мусавии Хумайнӣ, Сайидрӯҳуллоҳ, Тавзеҳ-ул-масоил (Муҳашшо), таҳқиқи Сайидмуҳаммадҳусайн Баниҳошимӣ, Қум, дафтари интишороти исломии вобаста ба ҷомеаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, 1424ҳ.қ.
  • Муттақии Ҳиндӣ, Алӣ ибни Ҳисомиддин, Канз-ул-уммол фи сунан-ил-ақволи ва-л-афъол, тафсир ва тасҳеҳи Бакрӣ Ҳаёнӣ ва Сафва ас-Саққо, Бейрут, Муассисат-ур-рисолат, 1405ҳ.қ.
  • Муҳаддиси Нурӣ, Ҳусайн, Мустадрак-ул-васоил, Қум, муассисаи Ол-ул-Байт лиэҳё-ит-турос, [1407ҳ.қ.].
  • Омадӣ, Муҳаммадҳасан, ал-Масҳу фи вузуъ-ир-Расул: диросотун муқорина байн-ал-мазоҳб-ил-исломийя, [Бейрут], Дор-ул-Мустафо лиэҳё-ит-турос, 1420ҳ.қ.
  • Поянда, Абулқосим, Наҳҷ-ул-фасоҳа, таҳқиқи Сайидҳошим Расулии Маҳаллотӣ, нашри Дунёи дониш.
  • Сайид Собиқ, Фиқҳ-ус-суннат, Бейрут, Дор-ул-китоб-ил-арабӣ, 1397ҳ.қ.
  • Субҳонӣ, Ҷаъфар, Силсилат-ул-масоил-ил-фиқҳийя, Қум, бе но, бе то.
  • Субҳонӣ, Ҷаъфар, “Вузуъ дар китоб ва суннат», дар фаслномаи фиқҳи Аҳли Байт, тобистони 1383ҳ.ш.
  • Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, таҳқиқи Муҳаммад Абулфазл Иброҳим, Бейрут, Дор-ут-турос, 1387ҳ.қ./1967м.
  • Файзи Кошонӣ, Муҳаммадмуҳсин, Муътасим-уш-шиъа фи аҳком-иш-шариъат, тасҳеҳи Масеҳ Тавҳидӣ, Теҳрон, мадрасаи олии шаҳид Мутаҳҳарӣ, 1429ҳ.қ.
  • Файзи Кошонӣ, Муҳаммадмуҳсин, Расоили Файзи Кошонӣ, таҳқиқи Беҳзоди Ҷаъфарӣ, Теҳрон, мадрасаи олии шаҳид Мутаҳҳарӣ, 1429ҳ.қ.
  • Фаллоҳзода, Муҳаммадҳусайн, Аҳкоми дин: мутобиқ бо фатовои мароҷеъи бузурги тақлид, Теҳрон, Машъар, 1386ҳ.ш.
  • Фаллоҳзода, Муҳаммадҳусайн, Дарсномаи аҳкоми мубтало биҳи ҳуҷҷоҷ, Теҳрон, Машъар, 1389ҳ.ш.
  • Фозили Миқдод, Миқдод ибни Абдуллоҳ, Канз-ул-ирфон фи фиқҳ-ил-Қуръон, таҳқиқи Сайидмуҳаммади Қозӣ, бе ҷо, Маҷмаи ҷаҳонии тақриби мазоҳиби исломӣ, 1419ҳ.қ.
  • Шайхи Ансорӣ, Муртазо ибни Муҳаммадамин, Китоб-ут-таҳорат, Қум, Конгресси ҷаҳонии бузургдошти Шайх Аъзами Ансорӣ, 1415ҳ.қ.
  • Шайхи Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Амолӣ, таҳқиқи Алиакбари Ғаффорӣ, Қум, интишороти Ҷомеаи мударрисин, [1403ҳ.қ./1362ҳ.ш.].
  • Шайхи Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Иршод фи маърифати ҳуҷаҷиллоҳи ала-л-ибод, тасҳеҳи муассисаи Ол-ул-Байт, Қум, конгресси Шайхи Муфид, 1413ҳ.қ.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Ман ло яҳзараҳу-л-фақиҳ, тасҳеҳи аш-Шайх Ҳусайни ал-Аъламӣ, Бейрут, Муассисат-ул-аъламӣ ли-л-матбуъот, 1406ҳ.қ.
  • Шаҳристонӣ, Сайидалӣ, Лимозо-л-ихтилофу фи-л-вузуъ, талхиси Фейси Аттор, Теҳрон, Машъар, 1426ҳ.қ.
  • Яздии Таботабоӣ, Сайидмуҳаммадкозим, ал-Урват-ул-вусқо фимо таъумму биҳ-ил-балво (ал-Муҳашшо), таҳқиқи Аҳмад Муҳсинии Сабзаворӣ, Қум, Дафтари интишороти исломии вобаста ба ҷомеаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, 1419ҳ.қ.
  • Ғаззолӣ, Муҳаммад ибни Муҳаммад, Эҳёу улум-ид-дин, таҳқиқи Абдурраҳим ибни Ҳусайни Ҳофизи Ироқӣ, муқаддимаи Муҳаммад Хизр Ҳусайн, бе ҷо, Дор-ул-китоб-ил-арабӣ, бе то.
  • Қумӣ, Алӣ, «Чигунагии анҷоми вузуъ назди фариқайн (1)», дар маҷаллаи Миқоти ҳаҷ, шумораи 87-88, баҳор ва тобистони 1393ҳ.ш.
  • Қумӣ, Алӣ, «Чигунагии анҷоми вузуъ назди фариқайн (3) (масҳ)», дар маҷаллаи Миқоти ҳаҷ, шумораи 90, зимистони 1393ҳ.ш.
  • Ҳурри Омилӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, тафсили Васоил-уш-шиъа ило таҳсили масоил-иш-шариъат, Қум, Муассисаи Ол-ул-байт лиэҳё-ит-турос, 1416ҳ.қ./1374ҳ.ш.
  • Ҳусайнии Даштӣ, Сайид Мустафо, ““Вузуъ”, дурри маориф ва маъориф”, ҷ.10, Теҳрон, муассисаи фарҳангии ороя, 1379ҳ.ш.
  • Ҳусайнӣ, Ҳамид, “Вузуъ аз дидгоҳи мазоҳиби исломӣ», дар фаслномаи мутолиъоти тақриби мазоҳиби исломӣ, шумораи 17.