Ҷамъ байни ду намоз

Аз wikishia

Ин мақола як навиштори тавсифӣ дар бораи як мафҳуми фиқҳист ва наметавонад меъёре барои аъмоли динӣ бошад. Барои аъмоли динӣ ба манобеи дигар муроҷиа кунед.

Рисолаи амалия

Ҷамъи байни ду намоз ё ҷамъи байнассалотайн (арабӣ: الجمع بين الصلاتين), якҷоя хондани намозҳои пешину аср ва намозҳои шому хуфтан дар вақти муштарак аст. Барои раво будани ҷамъи байни ду намоз ба суннати Пайғамбар (с) ва сираи имомон (а) истинод шудааст.

Олимони аҳли суннат ба вақти муштараки ду намоз муътақид нестанд, аз ин рӯ, ҷамъи байни ду намозро фақат дар шароити хоссе монанди сафар ва беморӣ ҷоиз медонанд.

Дар бораи ҷамъи байни ду намоз осоре навишта шудааст, ки китоби ал-Ҷамъ байна-с-салотайн ала завъ-ил-китоби ва-с-суннат, асари Ҷаъфари Субҳонӣ, аз ҷумлаи онҳост.

Таъриф

Ҷамъи байни ду намоз як истилоҳи фиқҳие аст, ки ба якҷоя хондани намозҳои пешину аср ё шому хуфтан бинобар мазҳаби шиа дар ҳар замон аз вақти муштарак[1] ва бинобар мазҳаби аҳли суннат дар вақти махсуси дигаре[2] ишора дорад. Шиаён маъмулан намозҳои зуҳру аср ва низ мағрибу ишоро бо якҷоя ва аҳли суннат ҷудогона мехонанд.[3]

Дар китобҳои фиқҳӣ дар бахши вақтҳои намоз аз ҷамъи байна-с-салотайн баҳс мешавад[4]. Ҳамчунин дар бобҳои таҳорат[5] ва ҳаҷҷ низ аз он сухан гуфта шудааст.

Далели машруият

Ба гуфтаи Шаҳиди Аввал, аз назари фақеҳони шиа ҷамъи байни ду намоз раво аст,[6] зеро бар асоси аҳодис, Пайғамбар (с)[7] ва имомони маъсум (а)[8] дар шароити одӣ ва ғайриодӣ (ҷанг, тарс, сафар, борон ва ғ.) намозҳои воҷиби рӯзонаро ҳам якҷоя ва ҳам ҷудогона ба ҷо овардаанд. Пайғамбар (с) далели якҷоя ба ҷо овардани ду намоз дар шароити одиро ба сахтӣ ва заҳмат наафтодани уммати худ баён кардааст.[9] Албатта фақеҳони шиа, хондани ҷудогонаи ду намоз тавассути Пайғамбар (с)-ро далел бар мустаҳаб будани он[10] ва низ вуҷуди вақти муштарак[11] медонанд.

Бештари фуқаҳои суннӣ ҷамъи байни ду намозро дар шароити одӣ ҷоиз намедонанд.[12] Ва фақат онро дар сурати доштани узре монанди сафар, беморӣ ва бориши борон муҷоз медонанд.[13] Ҳамчунин ривоёт дар бораи суннати Пайғамбар (с) дар ҷамъи байни ду намоз дар шароити маъмулӣ, аз назари онон ба мавориди доштани узр таъвил мешавад.[14] Албатта фуқаҳои ҳамаи мазоҳиби исломӣ ҷамъи ду намозро дар айёми ҳаҷ дар Арафот ва Муздалифа дар намози шому хуфтан ҷоиз медонанд.[15] Ҳарчанд ки Муҳаммад ибни Идриси Шофеӣ бар хилофи дигар фуқаҳои чаҳоргонаи аҳли суннат, ки ҳаҷҷ ва умраро сабаби ҷоиз будани ҷамъи байни ду намоз медонанд, дар ин маврид сафарро сабаби ҷоиз будани ҷамъи байни ду намоз медонад.[16]

Далели фарқи дидгоҳи шиа бо аҳли суннат

Фарқ доштани дидгоҳи шиа ва аҳли суннат ба далели гуногун будани дидгоҳи онҳо дар масъалаи вақти намозҳои рӯзона аст.[17] Олимони шиа бар асоси ояти «أَقِمِ الصَّلَاةَ لِدُلُوكِ الشَّمْسِ إِلَىٰ غَسَقِ اللَّيْلِ وَقُرْآنَ الْفَجْرِ ۖ إِنَّ قُرْآنَ الْفَجْرِ كَانَ مَشْهُودًا; намозро вақти заволи офтоб то аввали торикии шаб ба по дор ва намози субҳро низ ба ҷой ор, ки он намоз ба ҳақиқат машҳуд аст!»[18] қоил ба вақти муштарак, вақти фазилат ва вақти махсус барои намозҳои пешину аср ва низ шому хуфтан ҳастанд.[19]

Аммо олимони аҳли суннат барои ҳар намоз вақти махсус қоиланд[20] ва вақти муштараки намозҳои рӯзонаро қабул надоранд.[21] Аз ин рӯ, муътақиданд дар сурати ҷамъ хондани намоз, яке аз ду намоз берун аз вақти худ ва дар вақти дигаре хонда мешавад, дар ҳоле ки аз назари фуқаҳои шиа хондани намоз, фақат дар вақти махсуси намози дигар ҷоиз нест ва дар вақти муштарак ё фазилати намози дигар ҷоиз аст.[22] Бархе аз муфассирони аҳли суннат ҳам вақтҳои сегона (субҳ, зуҳр ва шаб)-ро барои намозҳои фарзи рӯзона собит медонанд.[23]

Китобшиносӣ

Дар бораи ҷамъи байни ду намоз китобҳое ба забони арабӣ ва форсӣ навишта шудааст, ки аз он ҷумла, китоби «ал-Ҷамъ байна-с-салотайн ала завъ-ил-китоби ва-с-суннат», асари Ҷаъфари Субҳонӣ аз мароҷеъи тақлиди шиа, ки дар соли 1388 шамсӣ, ба василаи муассисаи Имом Содиқ (а) чоп ва мунташир шудааст.[24] Дар ин китоб, оёт ва ривоёте, ки бар ҷоиз будани ҷамъи байни ду намоз ишора доранд, зикр шудааст.

Китобҳои «ал-Ҷамъу байна-с-салотайн» - навиштаи Абдуллатиф Бағдодӣ, «ал-Ҷамъу байна-с-салотайн фи-с-сафар» - навиштаи Муқбил Водеъӣ, «Ҷамъ байна-с-салотайн ва ҳудуди он» - навиштаи Сайид Муҳаммадризо Мударрисӣ ва «ал-Ҷамъу байна-с-салотайн» - нигориши Наҷмиддини Аскарӣ аз дигар осор дар ин замина аст.

Эзоҳ

  1. Нигоҳ кунед ба: Субҳонӣ, «Ҷамъ миёни ду намоз аз дидгоҳи китоб ва суннат», саҳ.66.
  2. Ҷазирӣ, ал-Фиқҳу ала-л-мазоҳиб-ил-арбаъа, 1424ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.438.
  3. Субҳонӣ, “Ҷамъ миёни ду намоз аз дидгоҳи китоб ва суннат”, саҳ.45.
  4. Ибни Идриси Ҳиллӣ, ас-Сароир, 1410ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.198.
  5. Шайхи Ансорӣ, Китоб-ут-таҳорат, 1415ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.70.
  6. Шаҳиди Аввал, Зикро-ш-шиъа, 1419ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.331.
  7. Садуқ, Илал-уш-шароеъ, 1385ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.322; Бухорӣ, Саҳеҳи Бухорӣ, 1401ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.138; Муслим, Саҳеҳ Муслим, 1374ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.489, ҳадиси 705.
  8. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.286 - 287.
  9. Шайхи Садуқ, Илал-уш-шароеъ, 1385ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.322; Муслим, Саҳеҳ Муслим, 1374ҳ.қ., ҷ.1, боби ал-Ҷамъу байна-с-салотайни фи-л-ҳазар, саҳ.490, ҳадиси 705.
  10. Шаҳиди Аввал, Зикро-ш-шиъа, 1419ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.335.
  11. Ибни Идриси Ҳиллӣ, ас-Сароир, 1410ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.198.
  12. Сарахсӣ, ал-Мабсут, 1414ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.149.
  13. Нигоҳ кунед ба: Нававӣ, Шарҳ бар Саҳеҳ Муслим, 1392ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.218, ҳадиси 212.
  14. Барои намуна нигоҳ кунед ба: Нававӣ, Шарҳ бар Саҳеҳ Муслим, 1392ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.218.
  15. Мусавӣ, Ҷамъи байни ду намоз, 1393ҳ.ш., саҳ.34; Субҳонӣ, ал-Ақидат-ул-исломия ала завъи мадрасати Аҳл-ил-Байт, 1419ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.340.
  16. Ҷазирӣ, ал-Фиқҳу ала-л-мазоҳиб-ил-арбаъа, 1424ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.419.
  17. Ниг.: Шаҳиди Аввал, Зикро-ш-шиа, 1419ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.336.
  18. Сураи Исро, ояти 78.
  19. Субҳонӣ, ал-Инсоф, 1381ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.291.
  20. Сарахсӣ, ал-Мабсут, 1414ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.149.
  21. Нигоҳ кунед ба: Шаҳиди Аввал, Зикро-ш-шиъа, 1419ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.323.
  22. Субҳонӣ, “Ҷамъ миёни ду намоз аз дидгоҳи китоб ва суннат”, саҳ.67.
  23. Ниг.: Олусӣ, Рӯҳ-ул-маонӣ, 1415ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.127.
  24. ал-Ҷамъу байна-с-салотайни ала завъ-ил-китоби ва-с-суннат, китобхонаи мадрасаи Фақоҳат.

Сарчашма

  • Бухорӣ, Муҳаммад ибни Исмоил, Саҳеҳ ал-Бухорӣ, Бейрут, Дор-ул-фикр ли-т-табоати ва-н-нашри ва-т-тавзиъ, 1401ҳ.қ.
  • Ибни Идриси Ҳиллӣ, Муҳаммад ибни Мансур, ас-Сароир-ул-ҳовӣ ли таҳрир-ил-фатово, Қум, дафтари интишороти исломии вобаста ба Ҷомеъаи мударрисини Ҳавзаи илмияи Қум, 1410ҳ.қ.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, Қум, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, тасҳеҳи Алиакбари Ғаффорӣ ва Муҳаммади Охундӣ, 1407ҳ.қ.
  • Мусавӣ, Абдурраҳим, Ҷамъи байни ду намоз, тарҷумаи Ҳусайналии Арабӣ, Қум, Маҷмаъи ҷаҳонии Аҳли Байт, 1393ҳ.ш.
  • Муслим, Муслим ибни Ҳаҷҷоҷ, Саҳеҳ Муслим, Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, 1374ҳ.қ.
  • Нававӣ, Муҳйиддин, ал-Минҳоҷ шарҳи саҳеҳ Муслим ибни-л-Ҳаҷҷоҷ, Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, 1392ҳ.қ.
  • Олусӣ, Сайид Маҳмуд, Рӯҳ-ул-маъонӣ фи тафсир-ил-Қуръон-ил-азим, таҳқиқи Алӣ Абдулборӣ Атия, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, 1415ҳ.қ.
  • Сарахсӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, ал-Мабсут, Бейрут, Дор-ул-маърифат, 1414ҳ.қ./1993м.
  • Субҳонӣ, Ҷаъфар, «Ҷамъ миёни ду намоз аз дидгоҳи китоб ва суннат», фаслномаи Фиқҳи Аҳли Байт, №45, баҳори 1385ҳ.ш.
  • Субҳонӣ, Ҷаъфар, ал-Ақидат-ул-исломия ала завъи мадрасати Аҳл-ил-Байт алайҳимуссалом, Қум, Муассисат-ул-Имом-ис-Содиқ алайҳиссалом, 1419ҳ.қ.
  • Субҳонӣ, Ҷаъфар, ал-Инсоф фи масоили дома фиҳо-л-хилоф, Қум, муассисаи Имом Содиқ (а), 1381ҳ.ш.
  • Ҷазирӣ, Абдурраҳмон ибни Муҳаммад, ал-Фиқҳу ала-л-мазоҳиб-ил-арбаъа, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, 1424ҳ.қ./2003м.
  • Шайхи Ансорӣ, Муртазо ибни Муҳаммадамин, Китоб-ут-таҳорат, Қум, конгресси ҷаҳонии бузургдошти Шайхи Аъзам Ансорӣ, чопи аввал, 1415ҳ.қ.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Илал-уш-шароеъ, Қум, китобфурӯшии Доварӣ, 1385ҳ.ш./1966м.
  • Шаҳиди Аввал, Муҳаммад ибни Маккӣ, Зикро-ш-шиъа фи аҳком-иш-шариъат, Қум, Муассисаи Ол-ул-байт алайҳимуссалом, Қум, 1419ҳ.қ.