Jump to content

Саҷда

Аз wikishia

Ин мақола дар бораи саҷда ҳамчун як амали ибодӣ аст, барои ошноӣ бо саҷдае, ки дар намоз анҷом мешавад, мақолаи Саҷдаи намозро бубинед.

Саҷда (форсӣ: سجده) амали ибодӣ дар баробари Худо буда ва дар фарҳанги исломӣ аз бартарин ибодатҳо ба шумор меравад. Дар ояти 15-уми сураи Саҷда, саҷда вижагии муъминон ва дар ояти 19-уми сураи Алақ воситае барои тақарруб ба Худо муаррифӣ шудааст. Ҳамчунин дар ривоёт, саҷдаи тӯлонӣ омили афзоиши умр ва бақои неъматҳо шумурда шудааст.

Саҷда дар умматҳои пеш аз Ислом низ вуҷуд доштааст. Саҷда навъҳое дорад: саҷдаи намоз, ки аз аркони намоз аст; саҷдаи шукр; саҷдаи саҳв барои ҷуброни баъзе хатоҳои анҷомшуда дар намоз; ва саҷдаи тиловат ҳангоми хондан ё шунидани оёти саҷдадор. Саҷда барои ғайри Худо дар Ислом ҳаром аст, ҳарчанд саҷда дар канори мазори маъсумон, дар сурате, ки ба нияти шукри Худо бошад, ҷоиз дониста шудааст.

Аҳамияти саҷда дар маорифи динӣ

Саҷда барои Худо аз бузургтарин ибодатҳо дониста шудааст.[1] Дар истилоҳи динӣ саҷда ба маънии гузоштани пешонӣ бар замин ба қасди хузуъ дар баробари Худост.[2] Барои анҷоми он, шароити хоссе монанди вузу ё рӯ ба қибла будан шарт нест.[3] Вожаи саҷда ва ҳамрешаҳои он беш аз 90 бор дар Қуръон истифода шудааст[4] ва яке аз сураҳои Қуръон низ «Саҷда» ном дорад.[5] Дар ояти 19 сураи Алақ, саҷда воситаи тақарруб ба Худо[6] ва дар ояти 15 сураи Саҷда, нишонаи муъминон муаррифӣ шудааст.[7]

Дар ривояте аз Пайғамбар (с) омада, ки саҷдае, ки дар хилват ва дур аз назари дигарон анҷом шавад, беҳтарин роҳи тақарруб ба Худо аст.[8] Дар ривоёт, саҷдаи тӯлонӣ аз асбоби тӯлонӣ гаштани умр ва бақои неъмат шумурда шудааст.[9] Ҳамчунин мувофиқи ривояте аз Имом Содиқ (а), Худованд Ҳазрати Иброҳим (а)-ро ба хотири бисёрии саҷдаҳояш дӯсти худ (Халилуллоҳ) қарор дод.[10] Имоми чоруми шиаён низ ба далели саҷдаҳои фаровонаш «Саҷҷод» машҳур шудааст.[11] Тибқи ояти 29 сураи Фатҳ, яке аз вижагиҳое, ки дар Таврот барои Пайғамбар (с) ва ёрони ӯ ёд шуда, вуҷуди асари саҷда бар пешонӣ будааст.[12]

Саҷда махсуси Ислом набуда ва дар оёте аз Қуръон ба вуҷуди он дар умматҳои пешин низ ишора шудааст.[13] Бар асоси баъзе оятҳои Қуръон, саҷда махсуси инсонҳо низ нест ва ҳамаи мавҷудот ва умуман ашё ба Худо саҷда мекунанд.[14] Дар тафсири ин оёт гуфта шуда, мақсад аз саҷдаи мавҷудот, хозеъ будан ва таслим будани онон дар баробари Худованд аст.[15]

إنّ قَوما أتَوا رسولَ الله صلی الله علیه و آله و سلّم فقالوا: یا رسولَ الله، اضمَن لَنا علی رَبِّک الجَنَّةَ، فقالَ: علی أن تُعِینُونِی بِطُولِ السُّجودِ

Имом Содиқ (а) фармуд: гурӯҳе назди Расули Худо (с) омада арз карданд: эй Расули Худо, аз пешгоҳи Парвардигорат биҳиштро барои мо замонат кун. Расули Худо (с) фармуд: ба шарте, ки шумо низ бо саҷдаҳои тӯлонӣ маро ёрӣ диҳед.[16]



Ақсоми саҷда

Баъзе аз навъҳои саҷда иборатанд аз:

  • Саҷдаи намоз; дар ҳамаи намозҳо, дар ҳар ракъат пас аз рукуъ, анҷоми ду саҷда воҷиб аст. Ин ду саҷда аз аркони намоз ба шумор мераванд ва бо қасдан ё саҳван тарк кардани онҳо намоз ботил мешавад.[17]

Саҷда барои ғайри Худо

Саҷда барои ғайри Худо ҳаром аст, чи барои маъсумон бошад ва чи барои дигарон; бо ин ҳол, саҷда дар канори қабри маъсумон агар ба нияти шукри Худо ва ба сабаби тавфиқ ёфтани зиёрати онон анҷом шавад, ҷоиз шумурда шудааст.[21] Ҷаъфари Субҳонӣ, фақеҳ ва нависандаи тафсири Маншури ҷовид, гуфтааст таҳрими саҷда барои ғайри Худо аз аҳкоми хоси Ислом аст ва дар динҳои пеш аз он ҳаром набуда, вагарна Ҳазрати Яъқуб ва фарзандонаш бар Ҳазрати Юсуф саҷда намекарданд.[22] Аммо аз назари Носир Макорими Шерозӣ, фақеҳ ва нависандаи Тафсири намуна, саҷдаи бародарони ҳазрати Юсуф бар ӯ ва саҷдаи фариштагон бар Одам, ба пайравӣ аз дастури Худо анҷом шуд, ки навъе эҳтиром ва бузургдошти Юсуф ва Одам буд ва на парастиши онҳо.[23]

Эзоҳ

  1. Исфаҳонӣ, Василат-ун-наҷот, ҷ.1, саҳ.162.
  2. Аллома Ҳиллӣ, Таҳрир-ул-аҳком, ҷ.1, саҳ.253.
  3. Мишкинӣ, Мусталаҳот-ул-фиқҳ, саҳ.316.
  4. нигаред ба: Абдулбоқӣ, ал-Муъҷам-ул-муфаҳрас, саҳ.344-345.
  5. Шарафуддин, ал-Мавсуъат-ул-қуръония, ҷ.7, саҳ.55.
  6. Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, ҷ.27, саҳ.174.
  7. Таботабоӣ, Ал-Мизон, ҷ.16, саҳ.262.
  8. Поянда, Наҳҷ-ул-фасоҳа, ҷ.2, саҳ.688.
  9. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, ҷ.4, саҳ.49.
  10. Шайхи Садуқ, Илалуш-шароеъ, ҷ.1, саҳ.34.
  11. Қуршӣ, Ҳаёт-ул-имом Зайн-ул-обидин(а), ҷ.1, саҳ.40.
  12. Ризоии Исфаҳонӣ, Тафсири Қуръони Меҳр, ҷ.19, саҳ.232.
  13. нигаред ба: ояти 125 сураи Бақара; ояти 58 сураи Марям; ояти 70 сураи Тоҳо; ояти 46 сураи Шуаро.
  14. нигаред ба: ояти 49 сураи Наҳл; ояти 15 сураи Раъд; ояти 18 сураи Ҳаҷ.
  15. Таботабоӣ, Ал-Мизон, ҷ.14, саҳ.359.
  16. Шайхи Тӯсӣ, ал-Амолӣ, саҳ.664.
  17. Систонӣ, Минҳоҷус-солиҳин, ҷ.1, саҳ.218.
  18. Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо (муҳашшо), ҷ.2, саҳ.584.
  19. Сарур, ал-Муъҷамуш-шомил л-ил-мусталаҳот-ил-илмия ва-д-диния, ҷ.1, саҳ.151.
  20. Сарур, ал-Муъҷамуш-шомил л-ил-мусталаҳот-ил-илмия ва-д-диния, ҷ.1, саҳ.151.
  21. Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо (муҳашшо), ҷ.2, саҳ.587.
  22. Субҳонӣ, Маншури ҷовид, ҷ.1, саҳ.447.
  23. Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, ҷ.10, саҳ.83.

Сарчашма

  • Қуръони карим.
  • Абдулбоқӣ, Фуод, ал-Муъҷам-ул-муфаҳрас ли алфоз-ил-Қуръон-ил-карим, Бейрут, Дор-ул-ҷил, 1408ҳ.қ.
  • Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Таҳрир-ул-аҳком-иш-шаръия ала мазҳаб-ил-имомия, Қум, Муассисат-ул-имом ас-Содиқ (а), 1420ҳ.қ.
  • Исфаҳонӣ, Абулҳасан, Василат-ун-наҷот, бо таълиқоти Сайид Муҳаммадризо Гулпойгонӣ, Қум, интишороти Меҳри устувор, 1393ҳ.қ.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1407ҳ.қ.
  • Қарашӣ, Боқир Шариф, Ҳаёт-ул-имом Зайнулобидин (а) диросатун ва таҳлил, Бейрут, Дор-ул-азвоъ, 1409ҳ.қ.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири намуна, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1374ҳ.ш.
  • Мишкинӣ, Алиакбар, Мусталаҳот-ул-фиқҳ, Қум, Дор-ул-ҳадис, 1392ҳ.ш.
  • Поянда, Абулқосим, Наҳҷ-ул-фасоҳа, Теҳрон, Дунёи дониш, 1382ҳ.ш.
  • Ризоии Исфаҳонӣ, Муҳаммадалӣ, Тафсири Қуръони меҳр, Қум, Пажӯҳишҳои тафсир ва улуми Қуръон, 1387ҳ.ш.
  • Сарур, Иброҳим Ҳусайн, ал-Муъҷам-уш-шомил ли-л-мусталаҳот-ил-илмия ва-д-диния, Бейрут, Дор-ул-ҳудо, 1429ҳ.қ.
  • Систонӣ, Сайид Алӣ, Минҳоҷ-ус-солиҳин, Қум, Мактабату Оятуллоҳ ас-Систонӣ, 1415ҳ.қ.
  • Субҳонӣ, Ҷаъфар, Маншури ҷовид, Қум, Муассисаи Имом Содиқ (а), чопи аввал, 1383ҳ.ш.
  • Таботабоӣ, Муҳаммадҳусайн, Ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон би-л-Қуръон, Бейрут, Муассисат-ул-аъломии ли-л-матбуот, 1393ҳ.қ.
  • Таботабоии Яздӣ, Сайид Муҳаммадкозим, ал-Урват-ул-вусқо (муҳашшо), муҳаққиқ: Аҳмад Муҳсинии Сабзаворӣ, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, 1419ҳ.қ.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Илал-уш-шароеъ, Қум, китобфурӯшии Доварӣ, 1385ҳ.қ.
  • Шарафуддин, Ҷаъфар, ал-Мавсуъат-ул-қуръония, Бейрут, Дор-ут-тақриб байн-ал-мазоҳиб-ил-исломия, 1420ҳ.қ.