Ташаҳҳуд

Аз wikishia
Рисолаи амалия
Ин мақола як навиштори тавсифӣ дар бораи як мафҳуми фиқҳист ва наметавонад меъёре барои аъмоли динӣ бошад. Барои аъмоли динӣ ба манобеи дигар муроҷиа кунед.

Ташаҳҳуд аз воҷиботи намоз аст, ки дар ракъати дувум ва ракъати охири намоз баъд аз ду саҷда хонда мешавад ва дарбардорандаи иқрор ба ягонагии Худо, пайғамбарии ҳазрати Муҳаммад (с) ва ҳамчунин салавот бар Пайғамбар ва хонадони ӯст:

«اَشْهَدُ اَنْ لا اِلهَ اِلاَّ اللّهُ وَحْدَهُ لا شَریکَ لَهُ وَ اَشْهَدُ اَنَّ مُحَمَّداً عَبْدُهُ وَ رَسُولُهُ، اَللّهُمَّ صَلِّ عَلی مُحَمَّدٍ وَ الِ مُحَمَّدٍ».

Ташаҳҳуд аз аҷзои ғайри рукнии намоз аст ва аз ҳамин рӯ гарчи хондани он воҷиб аст, аммо фаромӯшии он ба ботил шудани намоз намеанҷомад.

Зикр

Ҳолати қарор гирифтани бадан дар ташаҳҳуди намоз

Ташаҳҳуд аз аҷзои воҷиби намоз аст,[1] ки ба гуфтани шаҳодатайн (гувоҳӣ додан ба ягонагии Худо ва пайғамбарии ҳазрати Муҳаммад) ва фиристодани салавот бар Пайғамбар (с) дар ракъати дувум ва ракъати охир баъд аз ду саҷда ва пеш аз саломи намоз ишора дорад.[2]

Чунонки Алии Мишкинӣ – фақеҳи шиа гуфтааст, зикри ташаҳҳуд бар асоси назари машҳури фуқаҳои шиа чунин аст:

«اَشْهَدُ اَنْ لااِلهَ اِلاَّ اللهُ وَحْدَهُ لا شَریکَ لَهُ وَ اَشْهَدُ اَنَّ مُحَمَّداً عَبْدُهُ وَ رَسُولُهُ، اَللّهُمَّ صَلِّ عَلی مُحَمَّدٍ وَ آلِ مُحَمَّدٍ؛;

шаҳодат медиҳам, ки маъбуде сазовори парастиш нест, магар худое, ки ягонаю бешарик аст. Шаҳодат медиҳам, ки Муҳаммад (с) бандаи Худо ва фиристодаи Ӯст. Худоё! раҳмат бифирист бар Муҳаммаду Оли Муҳаммад».[3]

Бо ин ҳол, миқдори воҷиби ташаҳҳуд, ки дар осори фиқҳии фақеҳони бузурге ҳамчун Аллома Ҳиллӣ ва Муҳаққиқи Каракӣ зикр шудааст, кӯтоҳтар буда ва иборат аст аз: «أشهد أن لا إله إلّا الله و أشهد أن محمدا رسول الله اللهم صل على محمد و آل محمد».[4] Бар ҳамин асос, Аллома Ҳиллӣ дар китоби ан-Ниҳоя дар воҷиб будани фарози «وحده لا شریک له» дар ташаҳҳуд шак кардааст.[5]

Аҳком

Бархе аз аҳкоми ташаҳҳуд иборатанд аз:

  • Ҳангоми хондани ташаҳҳуд, риояти муволот ба маънои хондани пай дар пай, бо тартиб, бо оромиш ва дуруст хондани калимаҳо шарт аст.[6]
  • Мустаҳаб аст, намозгузор ҳангоми ташаҳҳуд дастонашро бар ронҳои худ гузошта, ангуштонашро ба ҳамдигар бичаспонад ва ба домани худ нигоҳ кунад.[7]
  • Ҳангоми ташаҳҳуд таваррук[8] мустаҳаб аст; яъне пои чап зери пои рост бошад ва намозгузор бар рони чап нишинад.[9]
  • Ҳангоми ташаҳҳуд гуфтани зикрҳое мустаҳаб аст; аз ҷумла ибораи «Алҳамдулиллаҳ» ё ба Бисмиллоҳ ва биллоҳ ва ал-ҳамду лиллоҳ ва хайру-л-асмои лиллоҳ[10] пеш аз зикри ташаҳҳуд ва ибораи «Ва тақаббал шафоатаҳ варфаъ дараҷатаҳ» пас аз он.[11]

Ҳукми фаромӯш кардани ташаҳҳуд

Тибқи фатвои мароҷеи таклид, агар намозгузор ташаҳҳудро фаромӯш кунад ва онро пеш аз рукуъи ракъати баъдӣ дарк кунад, бояд фавран нишаста ташаҳҳуд бихонад ва сипас ба намоз идома диҳад.[12] Бар асоси фатвои Сайид Муҳаммадризо Гулпойгонӣ, Сайид Абулқосими Хуӣ, Мирзоҷаводи Табрезӣ ва Лутфуллоҳ Софии Гулпойгонӣ, дар чунин ҳолате, намозгузор бояд баъд аз поёни намоз ду саҷдаи саҳв ба ҷо оварад.[13] Агар намозгузор дар рукӯъ ё баъд аз он дарк кунад, ки ташаҳҳуди ракъати пешро нахондааст, бояд баъд аз тамом кардани намоз, ташаҳҳудро қазо кунад ва бинобар эҳтиёти воҷиб барои ташаҳҳуди фаромӯшшуда ду саҷдаи саҳв ба ҷо оварад.[14]

Эзоҳ

  1. Аллома Ҳиллӣ, Ниҳоят-ул-аҳком, 1419ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.499.
  2. Мишкинӣ, Мусталаҳот-ул-фиқҳ, 1419ҳ.қ., саҳ.145 - 146.
  3. Мишкинӣ, Мусталаҳот-ул-фиқҳ, 1419ҳ.қ., саҳ.146.
  4. Аллома Ҳиллӣ, Ниҳоят-ул-аҳком, 1419ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.499; Муҳаққиқи Каракӣ, Ҷомеъ-ул-мақосид, 1414ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.318.
  5. Аллома Ҳиллӣ, Ниҳоят-ул-аҳком, 1419ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.499.
  6. Мишкинӣ, Мусталаҳот-ул-фиқҳ, 1419ҳ.қ., саҳ.146.
  7. Шаҳиди Аввал, ад-Дурус, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.182.
  8. Шаҳиди Аввал, ад-Дурус, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.182; Муҳаққиқи Каракӣ, Расоил-ул-Муҳаққиқ ал-Каракӣ, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.112.
  9. Муҳаққиқи Каракӣ, Расоил-ул-Муҳаққиқ ал-Каракӣ, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.112.
  10. Шаҳиди Аввал, ад-Дурус, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.182.
  11. Имом Хумайнӣ, Тавзеҳул-масоил, 1424ҳ.қ., саҳ.239, масъалаи 1061.
  12. Имом Хумайнӣ, Тавзеҳул-масоил (муҳашшо), 1424ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.597, масаълаи 1102.
  13. Имом Хумайнӣ, Тавзеҳул-масоил (муҳашшо), 1424ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.597, масаълаи 1102.
  14. Имом Хумайнӣ, Тавзеҳул-масоил (муҳашшо), 1424ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.597, масаълаи 1102.

Сарчашма

  • Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Ниҳоят-ул-аҳком фи маърифат-ил-аҳком, Қум, муассисаи Олулбайт алайҳимус-салом, 1419ҳ.қ.
  • Имом Хумайнӣ, Сайидрӯҳуллоҳ, Тавзеҳул-масоил (муҳашшо), тасҳеҳи Сайид Муҳаммадҳусайн Баниҳошимии Хумайнӣ, Қум, Дафтари интишороти исломии вобаста ба ҷомеъаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, 1424ҳ.қ.
  • Мишкинӣ, Мирзоъалӣ, Мусталаҳот-ул-фиқҳ ва муаззаму ановиниҳ-ил-мавзуъийя, Қум, ал-Ҳодӣ, 1419ҳ.қ./1377ҳ.ш.
  • Муҳаққиқи Каракӣ, Алӣ ибни Ҳусайн, Ҷомеъ-ул-мақосид фи шарҳ-ил-қавоъид, Қум, муассисаи Олулбайт алайҳимус-салом, 1414ҳ.қ.
  • Шаҳиди Аввал, Муҳаммад ибни Маккӣ, ад-Дурус-уш-шаръийя фи фиқҳ-ил-имомия, Қум, Дафтари интишороти исломии вобаста ба ҷомеъаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, 1417ҳ.қ.