Муволот
- Ин мақола як навиштори тавсифӣ дар бораи як мафҳуми фиқҳист ва наметавонад меъёре барои аъмоли динӣ бошад. Барои аъмоли динӣ ба манобеи дигар муроҷиа кунед.
Муволот фосила наяндохтан байни аҷзои як кор аст. Риояти муволот дар вузу ва намоз аз шароити саҳеҳ будани онҳост, аммо дар ғусл риояти он воҷиб нест. Бархе фақиҳон риояти муволот байни аҷзои сиғаи шаръии ақд (эҷобу қабул)-ро низ лозим донистаанд. Милок дар ташхиси муволот урф аст.
Вожашиносӣ
Муволот ба маънои пушти сари ҳам ва пай дар пай омадани ду чиз аст.[1] дар истилоҳи фиқҳӣ, пушти сари ҳам ва бидуни фосила анҷом додани аҷзои ибодоте чун намоз ва вузу, муволот номида мешавад.[2] Фақиҳон милок дар муволотро ба ташхиси урф вогузор кардаанд.[3]
Мавориди вуҷуб
Риояти муволот аз шароити саҳеҳ будани бархе аз ибодатҳо дониста шудааст, аз ҷумла:
- Намоз: аҷзои намоз монанди қироат, рукуъ ва саҷда бояд пушти сари ҳам анҷом шаванд. Риоят накардани муволот, ба гунае, ки дар назари урф гуфта нашавад дар ҳоли намоз хондан аст, намозро ботил мекунад.[4] Албата тулонӣ кардани рукуъ ва саҷда ё хондани сураҳои тӯлонӣ муволотро баҳам намезанад.[5]
- Вузу: дар ҳангом вузу набояд дар байни шустан ва масҳи аъзои вузу фосила эҷод шавад, ба гунае ки ба ҳангом шустан ё масҳи узве рутубати узви қаблӣ хушк шавад.[6]
- Азон ва иқома: ба фатвои фақиҳони шиа аз шароити саҳеҳ будани азон ва иқома риояти муволот байни фарозҳои он аст.[7]
- Ақдҳои шаръӣ: ба фатвои бархе аз фақиҳон риояти муволот миёни аҷзои ақди шаръӣ лозим аст. Монанди хариду фурӯш ва издивоҷ, ки дорои ду ҷузъи эҷоб ва қабул ҳастанд ва эъломи ризояти ҳар ду тараф бо сиғае хос анҷом мешавад.[8]
Истиҳбоб дар ғусл
Ба гуфта Файзи Кошонӣ ба фатвои фақиҳони имомия риояти муволот дар ғусл воҷиб нест;[9] агарчи риояти онро дар ғусл мустаҳаб донистааст.[10]
Эзоҳ
- ↑ Ибни Манзур, Лисон-ул-араб, 1414ҳ.қ., ҷ.15, саҳ.412 (зайли вожа валӣ ولی)
- ↑ Басмаҷӣ, Муъҷаму мусталаҳоти алфоз-ил-фиқҳ-ил-исломӣ, 2009м, саҳ.556
- ↑ Мишкинӣ, Мусталаҳот-ул-фиқҳ, 1428ҳ.қ., саҳ.518
- ↑ Кошифулғито, Саволу ҷавоб, Муассисаи Кошифулғито, саҳ.76; Баниҳошимии Хумайнӣ, Тавзеҳ-ул-масоили мароҷеъ, 1383ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.602, масъалаи 1114
- ↑ Баниҳошимии Хумайнӣ, Тавзеҳ-ул-масоили мароҷеъ, 1383ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.603, масъалаи 1116
- ↑ Баниҳошимии Хумайнӣ, Тавзеҳ-ул-масоили мароҷеъ, 1383ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.173, масъалаи 283 ва 284
- ↑ Таботабоии Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, Муассисат-ун-нашр-ил-исломӣ, ҷ.2, саҳ.425
- ↑ Шайхи Ансорӣ, Китоб-ул-макосиб, 1415ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.157 - 161
- ↑ Файзи Кошонӣ, Муътасим-уш-шиа, 1429ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.423
- ↑ Файзи Кошонӣ, Муътасим-уш-шиа, 1429ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.423
Сарчашма
- Баниҳошимии Хумайнӣ, Сайид Муҳаммадҳасан, Тавзеҳ-ул-масоили мароҷеъ, Теҳрон, Дафтари интишороти исломии вобаста ба Ҷомеъаи мударрисини Ҳавзаи илмияи Қум, 1383ҳ.ш.
- Басмаҷӣ, Соир, Муъҷаму мусталаҳоти алфоз-ил-фиқҳ-ил-исломӣ, Димишқ, Сафаҳоту ли-д-диросоти ва-н-нашр, 2009м.
- Ибни Манзур, Муҳаммад ибни Мукаррам, Лисон-ул-араб, тасҳеҳи Аҳмади Форс, Бейрут, Дор-ул-фикри ли-т-табоъат, 1414ҳ.қ.
- Кошифулғито, Муҳаммадҳусайн ибни Алӣ, Саволу ҷавоб, Муассисаи Кошифулғито, бито.
- Мишкинӣ, Мирзоалӣ, Мусталаҳот-ул-фиқҳ, Қум, ал-Ҳодӣ, 1428ҳ.қ.
- Таботабоии Ҳаким, Сайид Муҳсин, Мустамсак-ул-урват, Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ.
- Таботабоии Яздӣ, Сайид Муҳаммадкозим, ал-Урват-ул-вусқо (муҳашшӣ), Қум, Муассисат-ун-нашр-ил-исломӣ, 1419ҳ.қ.
- Файзи Кошонӣ, Муҳаммадмуҳсин ибни Шоҳмуртазо, Муътасим-уш-шиати фи аҳком-иш-шариъат, Теҳрон, Мадрисаи олии Шаҳид Мутаҳҳарӣ, 1429ҳ.қ.
- Шайхи Ансорӣ, Муртазо ибни Муҳаммадамин, Китоб-ул-макосиби ва-л-байъи ва-л-хиёрот, Қум, Конгресси ҷаҳонии бузургдошти Шайхи Аъзам Ансорӣ, 1415ҳ.қ.