Ақилаи Банӣ Ҳошим (лақаб)
Ақилаи Банӣ Ҳошим (форсӣ: عقیله بنیهاشم) лақаби Ҳазрати Зайнаб (с) фарзанди Имом Алӣ (а) аст. Бар асоси китоби луғатномаи «Лисон-ул-араб», лафзи «ақила» дар робита бо қавм, ба маънои бузурги қавм аст.[1] Бархе, аз ҷумла Оятуллоҳ Ҷаводӣ Омулӣ, онро сиғаи муболаға ва ба маънои бисёр оқил низ донистаанд.[2] Шаъронӣ дар Дамъ-ус-суҷум «ақила»-ро зани муҳтараме донистааст, ки ҳама ӯро ба бузургӣ ва каромат шинохта бошанд ва назди ӯ хурдӣ кунанд. Ӯ гуфтааст, ки дар форсӣ ғолибан «ақила»-ро «меҳинбону» тарҷума кардааст.[3] Ин лақаб дар кутуби арбаа ва Биҳор-ул-анвор наомадааст; аммо дар китобҳои қарни чордаҳум монанди Мақтали Муқаррам[4] ва Минҳоҷ-ул-бароа фи шарҳи Наҳҷ-ул-балоға[5] ва Танқиҳ-ул-мақол[6] ва низ замонҳои баъд[7] дида мешавад. Лақаби «ақила» дар хусуси ҳазрати Зайнаб дар китобҳо бо ин ибораҳо ба кор рафтааст: «Ақилаи Банӣ Ҳошим ҳазрати Зайнаб (а)», «ас-Сайида Зайнаб ақилаи Банӣ Ҳошим», «Ҳазрати Зайнаб ақилаи Банӣ Ҳошим», «Зайнаби кубро ақилаи Банӣ Ҳошим».[8] Дар суханрониҳо ҳам гоҳ «Ақилаи Банӣ Ҳошим»-ро ба ҷойи номи ҳазрати Зайнаб ба кор мебаранд.[9]
Абуалфараҷи Исфаҳонӣ дар китоби Мақотил-ут-толибийин, модари Авн ибни Абдуллоҳ ибни Ҷаъфар-ро «Зайнаби ақила духтари Алӣ ибни Абитолиб» муаррифӣ карда ва ин суханро аз Ибни Аббос нақл кардааст: «حَدَّثَتْنی عَقیلَتُنا زینب بنتُ علیِّ بنِ ابیطالب علیهالسّلام» [Ҳаддасани ақилатуно Зайнаб бинту Алӣ ибни Абитолиб алайҳиссалом].[10]
Гуфта шудааст, Ҳазрати Зайнаб (с) ба сабаби бархӯрдорӣ аз ақли саршор тавонист қофилаи хонадони Расули Худо (с)-ро пас аз асорат, аз Карбало то Кӯфа ва аз Кӯфа то Шомот ва аз Шомот то Мадина идора кунад ва дар Мадина, дар канори Имом Саҷҷод (а), нақши муҳим дар маҷолиси бузургдошти Имом Ҳусайн (а) ва фошгӯии Банӣ Умайя ифо кунад.[11]
Сайид Муҳаммадалӣ Қозии Таботабоӣ (ваф.1399ҳ.қ.) дар китоби Таҳқиқ дар бораи аввалин арбаини ҳазрати сайидушшуҳадо (а)[12] ва Забеҳуллоҳ Маҳаллотӣ (ваф.1406ҳ.қ.)[13] лақаби «ақилат-ул-араб»-ро низ барои ҳазрати Зайнаб (с) зикр кардаанд.
مليكة الدنيا عقيلة النسا
عديلة الخامس من اهل الكسا
شريكة الشهيد في مصائبه
كفيلة السجاد في نوائبه
بل هي ناموس رواق العظمة
سيدة العقائل المعظمة
Тарҷума:
Соҳибихтиёру фармонравои дунё, ақилаи занон,
Ҳамтои панҷумин нафар аз Аҳли Кисо.
Шарики Имом Ҳусайни шаҳид дар мусибатҳояш,
Сарпарасти Имоми Саҷҷод (а) дар сахтию мушкилоташ.
Оре, ӯ номуси саропардаи бузургию азамат,
Сарвари занони оқил, волою арҷманд аст.[14]
Эзоҳ
- ↑ Дар «Лисон-ул-араб», зери «ақл» омадааст: «Ақилат-ул-қавм: Сайидаҳум»
- ↑ «ضرورت بازشناسی شخصیت حضرت زینب کبری(س)», Бунёди байналмилалии улуми ваҳёнии Исро; Қазвинӣ, «Зайнаб ал-кубро мин-ал-махд ила-л-лахд», 1424ҳ.қ., саҳ.40, понависи муҳаққиқ
- ↑ Шаъронӣ, «Дамъ-ус-суҷум», тарҷумаи «Нафас-ул-маҳмум», нашри Ҳиҷрат, 1381ҳ.ш., понависи саҳ.270
- ↑ Муқаррам, «Мақтал-ул-Ҳусайн (а)», 1426ҳ.қ., саҳ.272 ва 290
- ↑ Хӯӣ, «Минҳоҷ-ул-бароа фи шарҳи Наҳҷ-ул-балоға», чопи чорум, ҷ.15, саҳ.39
- ↑ Момақонӣ, «Танқиҳ-ул-мақоли фи илм-ир-риҷол», чопи аввал, ҷ.3, саҳ.79
- ↑ Барои намуна ниг.: Нақдӣ, «Зайнаб ал-кубро», 1362ҳ.ш., саҳ.17; Қарашӣ, «ас-Сайида Зайнаб», 1422ҳ.қ., саҳ.40
- ↑ Ансорӣ Қумӣ, «Китобшиносии ҳазрати Зайнаб (а)», саҳ.169
- ↑ Барои намуна ниг.: «مناقب عقیله بنیهاشم در کلام اهل بیت(ع)», Хабаргузории Тасним; «ولادت عقیله بنی هاشم مبارکباد», Донишгоҳи илм ва санъати Эрон
- ↑ Исфаҳонӣ, «Мақотил-ут-толибийин», 1385ҳ.қ., саҳ.60
- ↑ Қазвинӣ, «Зайнаб ал-кубро мин-ал-махд ила-л-лахд», 1424ҳ.қ., саҳ.40, понависи муҳаққиқ
- ↑ Қозии Таботабоӣ, «Таҳқиқ дар бораи аввалин арбаини ҳазрати сайидушшуҳадо (а)», 1383ҳ.ш., саҳ.51
- ↑ Маҳаллотӣ, «Раёҳин-уш-шариа», чопи аввал, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, ҷ.3, саҳ.88
- ↑ Ғаравии Исфаҳонӣ, «ал-Анвор-ул-қудсия», Муассисат-ул-маориф-ил-исломӣ, саҳ.134
Сарчашма
- Ансорӣ Қумӣ, Насриддин, «Китобшиносии Ҳазрати Зайнаб (с)», дар маҷаллаи Мероси шаҳоб, №№№72 ва 73, 1392ҳ.ш.
- Исфаҳонӣ, Абуалфараҷ, «Мақотил-ут-толибийин», таҳқиқ: Козими Музаффар, Наҷаф, ал-Мактабат-ул-ҳайдария», чопи дуюм, 1385ҳ.қ.
- Маҳаллотӣ, Забеҳуллоҳ, «Раёҳин-уш-шариа дар тарҷумаи донишмандони бонувони шиа», Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, чопи аввал.
- Момақонӣ, Абдуллоҳ, «Танқиҳ-ул-мақоли фи илм-ир-риҷол», чопи аввал.
- Муқаррам, Абдурразоқ, «Мақтал-ул-Ҳусайн (а)», Бейрут, Муассисат-ул-хурсон», 1426ҳ.қ.
- Муҳаммадӣ, Солор ва дигарон, «Ақилаи Банӣ Ҳошим: ҳазрати Зайнаб (с)», Қонунёр, 1394ҳ.ш.
- Нақдӣ, Ҷаъфар, «Зайнаб ал-кубро бинти Имом Амирулмуъминин Алӣ ибни Абитолиб (а)», Қум, Шарифи Разӣ, 1362ҳ.ш.
- Хӯӣ, Ҳабибуллоҳ, «Минҳоҷ-ул-бароа фи шарҳи Наҳҷ-ул-балоға», таҳқиқ: Сайид Иброҳими Миёнҷӣ, Бунёди фарҳангии Имом Маҳдӣ (а), чопи чорум.
- Қазвинӣ, Сайид Муҳаммадкозим, «Зайнаб ал-кубро мин-ал-махд ила-л-лахд», таҳқиқ: Сайид Мустафо Қазвинӣ, Қум, Дор-ул-ғадир, чопи дуюм, 1424ҳ.қ.
- Қарашӣ, Боқиршариф, «ас-Сайида Зайнаб», Бейрут, Дор-ул-маҳаҷҷат-ул-байзо ва Дор-ур-расул-ил-акрам (с), чопи аввал, 1422ҳ.қ.
- Қозии Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадалӣ, «Таҳқиқ дар бораи аввалин арбаини ҳазрати сайидушшуҳадо (а)», Теҳрон, Вазорати Иршод, 1383ҳ.ш.
- «ضرورت بازشناسی شخصیت حضرت زینب کبری(س)», вебгоҳи Бунёди байналмилалии улуми ваҳёнии Исро, санаи дарҷ: 7 баҳман 1402ҳ.ш., санаи боздид: 17 мурдоди 1403ҳ.ш.
- «ولادت عقیله بنی هاشم مبارکباد», вебгоҳи Донишгоҳи илм ва санъати Эрон, санаи боздид: 17 мурдоди 1403ҳ.ш.
- «مناقب عقیله بنیهاشم در کلام اهل بیت(ع)», сайти Хабаргузории Тасним, санаи дарҷ: 25 баҳмани 1394ҳ.ш., санаи боздид: 17 мурдоди 1403ҳ.ш.