Jump to content

Заҳро (лақаб)

Аз wikishia

Заҳро (форсӣ: زهرا) аз алқоби ҳазрати Фотима (с)[1] ба маънои сифедии равшанкунандае аст,[2] ки монанди дурр бидурахшад.[3] Аллома Маҷлисӣ дар тафсири ривояте аз Имом Содиқ (а), далели мулаққаб шудани ҳазрати Фотима (с) ба Заҳроро, нуронӣ будани ӯ ба нури маънавӣ медонад.[4] Вожаи Заҳро ё Фотиматуззаҳро аз номҳое аст, ки дар ривоёт ва зиёратномаҳо хитоб ба ҳазрати Фотима (с) ба кор бурда мешавад. Ҳамчунин имомони шиа ба унвони "абноу Фотиматуззаҳро" (фарзандони Фотима) шӯҳрат доранд.[5]

Дар аҳодиси шиа, далелҳои зиёде барои номида шудани Фотима (с) ба лақаби Заҳро вуҷуд дорад; аз ҷумла дар ривояте аз Имом Содиқ (а) омадааст, ки Фотимаро Заҳро номиданд, зеро чеҳраи ӯ назди Имом Алӣ (а) дорои нуроният буд.[6] Дар дигар ривоёт ин гуна омадааст, ки вақте Фотима ба ибодат меистод, нури ӯ аҳли осмонро равшанӣ мебахшид; чунонки ситорагони осмон, аҳли заминро равшанӣ медиҳанд.[7] Ҳамчунин ривоят шуда, ки Худо Фотимаро аз нури азамати худ офарид ва замоне ки ӯро офарид, осмонҳо ва замин аз нури рӯйи ӯ равшан гардид ва дидаҳои малоикаро хира гардонид.[8] Аз Оиша низ ривояте дар бораи нуронияти чеҳраи ҳазрати Фотима нақл шудааст.[9]

Дар бораи номҳои ҳазрати Фотима, дар ривояте аз Имом Содиқ омадааст, ки ӯ назди Худованд нуҳ исм ва лақаб дорад: Фотима, Сиддиқа, Муборака, Тоҳира, Закия, Розия, Марзия, Муҳаддаса ва Заҳро.[10] Тибқи он чи аз ривоёт ба даст меояд, интихоби номҳо ва лақабҳои ҳазрати Фотима бар асоси фазоили ӯст.[11]

Дар китобҳои ривоии шиа, бахшҳое ба шарҳи лақаби Заҳро бахшида шудааст; чунонки Шайх Садуқ фасле аз китоби Илал-уш-шароеъ[12] ва Аллома Маҷлисӣ бахше аз ҷилди 43-юми китоби Биҳор-ул-анворро дар ин замина нигоштаанд.

Эзоҳ

  1. Шайх Садуқ, ал-Амолӣ, 1417ҳ.қ., саҳ.74; Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1363ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.240; Масъудӣ, Асрор-ул-фотимия, 1420ҳ.қ., саҳ.409
  2. Ибни Асир, ан-Ниҳояту фи ғариб-ил-ҳадиси ва-л-асар, зайли вожаи заҳр
  3. Ибни Манзур, Лисон-ул-араб, зайли вожаи заҳр
  4. Маҷлисӣ, Ҷало-ул-уюн: таърихи чаҳордаҳ маъсум, 1380ҳ.ш., саҳ.162
  5. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.99, саҳ.180 ва 297;ҷ.98, саҳ.345
  6. Шайх Садуқ, Илал-уш-шароеъ, Мактабат-уд-доварӣ, ҷ.1, саҳ.179 - 181
  7. Шайх Садуқ, Илал-уш-шароеъ, Мактабат-уд-доварӣ, ҷ.1, саҳ.181
  8. Шайх Садуқ, Илал-уш-шароеъ, Мактабат-уд-доварӣ, ҷ.1, саҳ.180
  9. ал-Қарамонӣ, ал-Ахбор-уд-дували ва осор-ил-аввали фи-т-таърих, Бейрут, ҷ.1, саҳ.256; Шуштарӣ, Эҳқоқ-ул-ҳаққи ва изҳоқ-ул-ботил, 1409ҳ.қ., ҷ.19, саҳ.10
  10. Шайх Садуқ, ал-Хисол, 1362ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.414
  11. Шайх Садуқ, ал-Амолӣ, 1417ҳ.қ., саҳ.692; Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1363ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.240; Масъудӣ, Асрор-ул-фотимия, 1420ҳ.қ., саҳ.409
  12. Шайх Садуқ, Илал-уш-шароеъ, Мактабат-уд-доварӣ, ҷ.1, боби 143

Сарчашма

  • Ибни Асир, Абуссаодот, ан-Ниҳояту фи ғариб-ил-ҳадиси ва-л-асар, Бейрут, 1979м.
  • Ибни Манзур, Муҳаммад ибни Мукаррами Лисон-ул-араб, Бейрут, чопи аввал, 1414ҳ.қ.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, таҳқиқи Алиакбари Ғаффорӣ, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1363ҳ.ш.
  • Масъудӣ, Муҳаммадфозил, Асрор-ул-фотимия, таҳқиқ: Сайид Одил Алавӣ, Муассисат-уз-зоир, 1420ҳ.қ.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, 1403ҳ.қ.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Ҷало-ул-уюни таърихи чаҳордаҳи маъсум, Қум, Сарвар, 1380ҳ.ш.
  • Шайх Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Илал-уш-шароеъ, Қум, Мактабат-уд-доварӣ, бе то.
  • Шайх Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, ал-Амолӣ, Қум, Муассисат-ул-биъса, 1417ҳ.қ.
  • Шайх Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, ал-Хисол, таҳқиқи Алиакбари Ғаффорӣ, Қум, Ҷомеъаи мударрисини Ҳавзаи илмияи Қум, 1362ҳ.ш.
  • Шуштарӣ, Нурулло ибни Шарифуддин, Эҳқоқ-ул-ҳаққи ва изҳоқ-ул-ботил, Қум, Китобхонаи умумии ҳазрати оятуллоҳ Маръашии Наҷафӣ (раҳ), 1409ҳ.қ.
  • ал-Қарамонӣ, Аҳмад ибни Юсуф, ал-Ахбор-уд-дували ва осор-ил-аввали фи-т-таърих, Бейрут, бе то.