Козим (лақаб)

Аз wikishia

Ин мақола дар бораи лақаби Имом Козим (а) аст. Барои ошноӣ бо шахсияти имом (а), мадхали Имом Мусои Козим алайҳиссаломро бубинед.

Козим (арабӣ: الكاظم) аз машҳуртарин лақабҳои Имом Мусо ибни Ҷаъфар (а) аст.[1]

Далели мулаққаб шудани имоми ҳафтуми шиаён ба козим, ин буд, ки хашми худро кантрол мекард.[2] Ва дар баробари ситамҳои золимон сабр мекарду казми ғайз менамуд.[3] Дар китобҳои ахлоқӣ низ омадааст, ба касе, ки бисёр хашми худро кантрол кунад, козим гуфта мешавад.[4]

Дар китоби Тазкират-ул-хавоси Сибт ибни Ҷавзӣ (даргузашти 654ҳ.қ.) омадааст, ки Имом Мусои Козим (а) ба он хотир «козим» номида шуд, ки ҳаргоҳ аз касе чизе ба ӯ мерасид, барояш моле мефиристод.[5] Сайид Ҳошим Маъруф ал-Ҳасанӣ (даргузашти 1984м.) ҳам дар китоби Сират-ул-аиммат-ил-исноъашар бо такя бар нақли Тазкират-ул-хавос мегӯяд, ӯ Козим номида мешуд, чун ҳаргоҳ аз касе бадие медид, амволе, ки ниёзи он касро бартараф месохт, барояш мефиристод.[6]

Гузоришҳои мухталифе дар манобеъ омадааст, ки Имом Козим (а) хашми худро дар баробари душманон ва касоне, ки ба ӯ бадӣ мекарданд, фурӯ мебурд.[7] Аз ҷумла гуфта шудааст, марде аз наводагони Умар ибни Хаттоб дар ҳузури Имом Козим, ба Имом Алӣ (а) тавҳин кард. Ҳамроҳони Имом хостанд ба ӯ ҳамла кунанд, аммо Имом монеъ шуд, сипас ба мазрааи он мард рафт. Мард бо дидани Имом Козим шурӯъ ба доду бедод кард, ки маҳсулашро лагадмол накунад. Имом ба ӯ наздик шуду аз ӯ пурсид, чиқадар харҷи кошти мазраат кардаӣ? Мард гуфт: 100 динор! Сипас пурсид: умед дорӣ чӣ андоза аз он бардошт кунӣ? Мард посух дод ғайб намедонам. Имом фармуд: гуфтам умед дорӣ чӣ андоза аз он бардошт кунӣ? Мард посух дод: 200 динор! Имом 300 динор ба ӯ доду гуфт: ин 300 динор барои туст ва маҳсулат ҳам бароят боқист. Сипас ба масҷид рафт. Он мард зӯдтар худро ба масҷид расонду бо дидани Имом Козим бархосту ин оятро баланд хонд: اللَّه أَعْلَمُ حَيْثُ يَجْعَلُ رِ‌سَالَتَهُ؛

Худо беҳтар медонад рисолаташро куҷо қарор диҳад Анъом[–124][8]

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. Ирбилӣ, Кашф-ул-ғумма, 1421ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.743.
  2. Ибни Асир, ал-Комил, 1385ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.164.
  3. Табарсӣ, Эълом-ул-варо, 1417ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.32.
  4. Нароқӣ, Ҷомеъ-ус-саъодот, муассисаи ал-Аъламӣ лилматбуот, ҷ.1, саҳ.333/ Ғаззолӣ, Эҳёи улумиддин, Дорулмаърифат, ҷ.3, саҳ.176.
  5. Сибт ибни Ҷавзӣ, Тазкират-ул-хавос, 1418ҳ.қ., саҳ.312.
  6. Алҳасанӣ, Сират-ул-аиммат-ил-исноъашар, 1382ҳ.қю, ҷ.3, саҳ.305.
  7. Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ, ҷ.2, саҳ.233/ Қурашӣ, Ҳаёт-ул-имом Мусо ибни Ҷаъфар, 1429ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.162 - 160.
  8. Бағдодӣ, Таърихи Бағдод, 1417ҳ.қ., ҷ.13, саҳ.30.

Сарчашма

  • Ибни Асир, ал-Комилу фи-т-таърих, Бейрут, Дорусодир, 1385ҳ.қ.
  • Ирбилӣ, Алӣ ибни Исо, Кашф-ул-ғумма фи маърифат-ил-аимма, Қум, Разӣ, 1421ҳ.қ.
  • Ал-Ҳасанӣ, Сайид Ҳошим, Сират-ул-аиммат-ил-исноашар, Наҷаф, ал-Мактабат-ул-ҳайдария, 1382ҳ.қ.
  • Сибт ибни Ҷавзӣ, Юсуф ибни Қазоуғлӣ, Тазкират-ул-хавос мин-ал-умма фи зикри хасоис-ил-аимма, Қум, маншуроти аш-Шариф ар-Разӣ, 1418ҳ.қ.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Эълом-ул-варо биаълом-ил-ҳудо, Қум, муассисаи Олулбайт, 1417ҳ.қ.
  • Ғаззолӣ, Муҳаммад ибни Муҳаммад, Эҳёи улумиддин, Бейрут, Дорулмаърифат, бе то.
  • Қурашӣ, Боқиршариф, Ҳаёт-ул-имом Мусо ибни Ҷаъфар алайҳимуссалом, Меҳри дилдор, 1429ҳ.қ.
  • Нароқӣ, Муҳаммадмаҳдӣ, Ҷомеъ-ус-саъодот, Бейрут, муассисаи ал-Аъламӣ лилматбуъот, бе то.