Карими Аҳли Байт (лақаб)

Аз wikishia
Китобе аз Сайид Муҳаммадтақии Мударрисӣ, ки бо номи «Карими Аҳли Байт» дар бораи таърихи зиндагонии Имом Ҳасан (а) чоп ва мунташир шудааст.
Бо Каримаи Аҳли Байт иштибоҳ нашавад.
Ин мақола дар бораи яке аз лақабҳои Имом Ҳасан (а) аст. Барои ошноӣ бо шахсият ва зиндагии он ҳазрат, мадхали Имом Ҳасани Муҷтабо алайҳис-саломро бибинед.

Карими Аҳли Байт (форсӣ:کریمِ اهل‌بیت) ба маънои бахшандҳаи Аҳли Байт, яке аз лақабҳои Имом Ҳасани Муҷтабо (а) аст,[1] ки ба хотири саховату бахшиш, ба он мулаққаб шудааст.[2] Вожаи «карим» ҳарчанд дар тавсифи Ҳасан ибни Алӣ (а) дар манобеи аввалия ба кор рафтааст,[3] аммо дар зиндагонии Имом Ҳасан (а) ва дар бораи куняҳо ва лақабҳо, Карими Аҳли Байт дар ҳеҷ китоби таърихӣ ва ривоие ғайр аз манобеи мутааххир ба унвони лақаб барои ӯ зикр нашудааст.[4]

Шӯҳрати Имом Ҳасан ба Карими Аҳли Байтро ба хотири достонҳое медонанд, ки таърихнигорон аз саховати Имом нақл кардаанд.[5] Гуфта шудааст, Имом Ҳасан (а) ба қадре ба фақирону ниёзмандон инфоқ мекард, то онҷо ки дар таърихи зиндагонии ҳеҷ як аз бузургон, чунин чизе ба чашм намехӯрад.[6] Имоми Муҷтабо (а) бахшандатарин шахс дар замонаи худ ва дар саховатмандӣ, зарбулмасал буд ва бо инки ҳамаи Аҳли Байт, аҳли саховату каромат буданд, фақат ӯ ба «Карим» лақаб ёфтааст.[7]

Ибни Ҷавзӣ (ваф.654ҳ.қ.) - олими аҳли суннат, дар китоби Тазкират-ул-хавос, Имоми дувуми шиаёнро аз бузургони ҷӯду карам номида ва дар зикри фазоили ӯ менависад, ки Ҳасан ибни Алӣ дар умри худ ду бор амволу дороиҳояшро дар роҳи Худо бахшид ва се бор низ сарвати худро ба таври баробар ба фақирон тақсим кард,[8] ҳатто нақл шудааст, ки барои дархости як фақир, бист ҳазор дирҳам ба ӯ кумак кард.[9]

Боқиршарифи Қаршӣ (ваф.1433ҳ.қ.) - олими шиа, дар бораи лақаби Карими Аҳли Байт ривоятеро нақл мекунад, ки аз Имоми Муҷтабо (а) суол шуд, чаро ҳаргиз гадо ва талбандаеро ноумед намекунӣ? Имом дар ҷавоб гуфт: ман ҳам дар баробари Худованд, фақире ҳастам, ки аз Ӯ мехоҳам маро маҳрум насозад ва шарм медорам, ки бо чунин умеде, фақиронро ноумед созам ва Худованде, ки инояташро ба ман арзонӣ медорад, мехоҳад, ки ман ҳам ба мардум кумак кунам.[10]

Ба гуфтаи Сайидҳусайни Баҳрулъулм (ваф.1380ҳ.ш.) - муҳаққиқи китоби Талхис-уш-шофӣ, мавзӯи Карим будани Имом Ҳасан (а) бисёр густардатар аз он аст, ки битавон дар бораи он сухан гуфт.[11]

Шайх Ҳодӣ Оли Кошифулғито (ваф.1361ҳ.қ.) - олими шиа дар қасидае, ки дар васфи Имом Ҳасан (а) суруда аст, ба лақаби Карими Аҳли Байт ишора кардааст:

ان الامام الحسن مُهذّبا

خَیرُ الوَری جَدّاً و اُمّاً و اَبا

کریمُ اهل البیت اهلُ الکَرَم

علیهم بَعد الصَّلاة سلم[12]

Ҳамоно Имом Ҳасан поку муҳаззаб аст. Ҷад, падар ва модараш беҳтарин мардумонанд. Ӯ Карими Аҳли Байте аст, ки хонадони карам ҳастанд. Бар ин хонадон пас аз намоз дуруд бод!

Дар Эрон бархе аз муассисоти хайрия бо унвони Карими Аҳли Байт номгузорӣ шудаанд.[13]

Ҷусторҳои вобаста

Муҷтабо (лақаб)

Эзоҳ

  1. Ақил, Мин арваъи мо қола-л-Имом-ил-Ҳасан алайҳис-салом ал-Муҷтабо, 1430ҳ.қ., саҳ.7; Оли Сайф, Сайид-ул-ҷаннат ал-Имоми-л-Ҳасан алайҳис-салом, 1443ҳ.қ., саҳ.164.
  2. Ҳаким, Пешвоёни ҳидоят, 1385ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.46.
  3. Ниг.: Яъқубӣ, Таърихи Яъқубӣ, Дорусодир, ҷ.2, саҳ.226.
  4. Ниг.: “Чаро ба Имом Ҳасани Муҷтабо (а) карим мегӯянд?”, хабаргузории ЭСНО.
  5. Разавӣ, “Карими Аҳли Байт”, саҳ.46.
  6. Муҳаққиқи Урузгонӣ, Фазоили аиммаи атҳор алайҳимус-салом аз дидгоҳи аҳли суннат, 1395ҳ.ш., саҳ.103.
  7. Қаршӣ, Донишномаи Имом Амиралмуъминин (а), 1394ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.32.
  8. Ибни Ҷавзӣ, Тазкират-ул-хавос, 1376ҳ.ш., саҳ.176-178.
  9. Назарии Мунфарид, ас-Сулҳ-уд-домӣ, 1429ҳ.қ., саҳ.349.
  10. Қаршӣ, ан-Низом-ут-тарбавӣ фи-л-Ислом, Дорул-китобил-исломӣ, саҳ.248; Шуштарӣ, Эҳқоқ-ул-ҳақ, 1409ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.238.
  11. Тусӣ, Талхис-уш-шофӣ, 1382ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.179.
  12. Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, 1403ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.497.
  13. Ниг.: «Пойгоҳи итилоърасонии хайрияҳо ва саманҳои кишвар».

Сарчашма

  • Ақил, Муҳсин, Мин арваъи мо қола-л-Имом-ил-Ҳасан алайҳис-салом ал-Муҷтабо, Бейрут, Дорул-муҳаҷҷатил-байзоъ, 1430ҳ.қ.
  • Ибни Ҷавзӣ, Юсуф ибни Қазоуғлӣ, Тазкират-ул-хавос, Қум, Шариф Разӣ, 1376ҳ.ш.
  • Қаршӣ, Боқиршариф, ан-Низом-ут-тарбавӣ фи-л-Ислом, беҷо, Дорул-китобил-исломӣ.
  • Қаршӣ, Боқиршариф, Донишномаи Имом Амиралмуъминини Алӣ ибни Абитолиб, Қум, Дорул-таҳзиб, 1394ҳ.ш.
  • Муҳаққиқи Урузгонӣ, Қурбоналӣ, Фазоили аиммаи атҳор алайҳимус-салом аз дидгоҳи аҳли суннат, Қум, Маҷмаъи ҷаҳонии шиашиносӣ, 1395ҳ.ш.
  • Назарии Мунфарид, Алӣ, ас-Сулҳ-уд-домӣ, Бейрут, Дорул-Расулил-Акрам (с), 1429ҳ.қ.
  • Оқобузурги Теҳронӣ, Муҳаммадмуҳсин, аз-Зариъа ило тасониф-иш-шиъа, Бейрут, Дорул-азвоъ, 1403ҳ.қ.
  • Оли Сайф, Фавзӣ, Сайид-ул-ҷаннат ал-Имоми-л-Ҳасан алайҳис-салом, Бейрут, Дорул-муҳаҷҷатил-байзо, 1443ҳ.қ.
  • "Пойгоҳи итилоърасонии хайрияҳо ва саманҳои кишвар", боздид: 14 обони 1402ҳ.ш.
  • Разавӣ, Сайидаббос, “Карими Аҳли Байт”, Фарҳанги кавсар, № 55, поизи 1382ҳ.ш.
  • Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Талхис-уш-шофӣ, Қум, Муҳиббин, 1382ҳ.ш.
  • Ҳаким, Сайидмунзир, Пешвоёни ҳидоят, Қум, Маҷмаъи ҷаҳонии Аҳли Байт, 1385ҳ.ш.
  • "Чаро ба Имом Ҳасани Муҷтабо (а) карим мегӯянд?”, хабаргузории ЭСНО, дарҷи матлаб: 17 фарвардини 1402ҳ.ш., боздид: 7 обони 1402ҳ.ш.
  • Шуштарӣ, Қозӣ Нуруллоҳ, Эҳқоқ-ул-ҳақ ва изҳоқ-ул-ботил, муқаддима ва таълиқот аз Оятуллоҳилъузмо Маръашии Наҷафӣ, мактабат Оятуллоҳил-Маръашӣ ан-Наҷафӣ, Қум, чопи аввал, 1409ҳ.қ.
  • Яъқубӣ, Аҳмад ибни Абияъқуб, Таърих-ул-Яъқубӣ, Бейрут, Дорусодир, бе то.