Ҷаводулаимма (лақаб)
- Ин мақола дар бораи лақаби Имом Ҷавод (а) аст. Барои ошноӣ бо шахсияти Имоми нӯҳум, мадхали Имом Ҷавод алайҳиссаломро бубинед.
Ҷаводулаимма ё Ҷавод аз машҳуртарин алқоби Имом Муҳаммадтақӣ (а) - Имоми нӯҳуми шиаён аст.[1] Ҷавод, ба маънои саховат ва бахшиш аст.[2]
Нақл шуда чун Имоми нӯҳум аз афроде буд ки ба ҷӯду саховат шинохта мешуд, ба «ҷавод» мулаққаб гардид.[3] Ба гуфта Боқир Шарифи Қарашӣ (ваф. 1433ҳ.қ.), пажӯҳишгари таърихи ташайюъ, дар китоби Ҳаёту ал-Имом Муҳаммад ал-Ҷавод (а), Имом Муҳаммадтақӣ (а)-ро ба далели хайру некӣ ва эҳсони фаровоне, ки ба мардум мекард, лақаби Ҷавод доданд.[4] Ҷӯду бахшиши Имом Ҷавод (а) ба ҳадде буд, ки ӯро аз дигарон ҷудо месохт.[5]
Ҷусторҳои вобаста
Эзоҳ
Сарчашма
- Заҳабӣ, Таърих-ул-Ислом, таҳқиқ: Умар Абдусалом Тадаммурӣ, Бейрут, Дор-ул-китоб-ил-арабӣ, 1407ҳ.қ.
- Қарашӣ, Боқир Шариф, Ҳаёту ал-Имом Муҳаммад ал-Ҷавод (а), нашри Амир, 1418ҳ.қ.
- Фирӯзободӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Қомус-ул-муҳит, бе но, бе ҷо.
- Ханҷӣ, Фазлуллоҳи Рӯзбеҳон, Василат-ул-ходим ила-л-махдум дар шарҳи салавоти чаҳордаҳ маъсум алайҳимуссалом, Қум, Ансорён, 1375ҳ.ш.
- Шуштарӣ, Қозӣ Нуруллоҳи Маръашӣ, Эҳқоқ-ул-ҳақ ва изҳоқ-ул-ботил, Қум, Мактабату Оятуллоҳ ал-Маръашӣ ан-Наҷафӣ, 1409ҳ.қ.