Jump to content

Соруллоҳ

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Сораллоҳ)

Соруллоҳ (арабӣ: ثارُ الله) ба маънии хуни Худо, аз лақабҳои Имом Ҳусайн (а) аст. Дар зиёрати Ошӯро ба ӯ бо ин унвон дуруд фиристода шудааст. Тафсирҳои мухталифе аз Соруллоҳ баён шудааст; аз ҷумла он ки Худованд, худ интиқомгирандаи хуни Имом Ҳусайн аст; ҳамчунин касе ки дар роҳи Худо хунхоҳӣ кардааст.

Лақаби Имом Ҳусайн (а)

Фарозе аз зиёрати Ошӯро:
السَّلاَمُ عَلَیكَ یا ثَارَ اللهِ وَ ابْنَ ثَارِهِ
[Ассалому алайка ё сораллоҳи вабна сориҳ]

Салом бар ту эй хуни Худо ва писари хуни Худо.[1]


Соруллоҳ аз лақабҳои Имом Ҳусайн (а) аст. Дар бархе аз матнҳои ривоӣ аз ҷумла зиёрати Ошӯро бар Имом Ҳусайн ба унвони соруллоҳ ва писари соруллоҳ дуруд фиристода шудааст.[2] Ба гуфтаи Аллома Маҷлисӣ дар бархе аз нусхаҳои китоби ал-Кофӣ[3] ثائرالله («Соируллоҳ») ба кор рафтааст.[4]

Соруллоҳ дар ашъори бархе шоирон корбурд доштааст. Барои намуна Ибни Румӣ, шоири шиъӣ (ваф.283ҳ.қ.) дар қасидае ки дар марсияи Яҳё ибни Умар сурудааст, таъбири соруллоҳро ба кор бурдааст.[5] Яҳё ибни Умар аз набераҳои Имом Ҳусайн (а) буд, ки алайҳи ал-Мунтасир аз халифаҳои Аббосӣ, қиём кард.[6]

Аз таъбири «السلام علیک یا ثارالله و ابن ثاره» дар зиёрати Ошӯро истифода шудааст, ки соруллоҳ лақаби Имом Алӣ (а) ва Имом Ҳусайн (а) аст.[7] Дар бораи иллати ин номгузорӣ гуфтаанд: чун танҳо ин ду имом бо шамшер ба шаҳодат расиданд ва хунашон бар замин рехт, дар ҳоле ки дигар имомон (а) масмум шуданд.[8]

Маънӣ

Сор аз «саър» (ثَأر) гирифта шудааст ва яке аз маъноҳояш хунхоҳӣ (талаби хуни мақтул)[9] ва хун аст.[10] Дар бархе аз ривоятҳо, пас аз ишора ба он ки Имом Ҳусайн «Соруллоҳ дар замин» аст, Худованд интиқомгирандаи хуни ӯ муаррифӣ шудааст, ки инсонҳоро ба хунхоҳии ӯ даъват мекунад.[11] Ба гуфтаи Аллома Маҷлисӣ, мақсуд аз Соруллоҳ он аст, ки худи Имом Ҳусайн дар даврони раҷъат, интиқоми хуни худ ва хонадонашро хоҳад гирифт.[12]

Эҳтимолоти панҷгона

Оятуллоҳ Ҷаводӣ Омулӣ
муҷтаҳид ва исломшинос:

Мо аз Худо мехоҳем ки хунбаҳои Ҳусайн ибни Алӣ (а)-ро бигирем, барои он ки мо фарзанди Ҳусайн ибни Алӣ (а) ҳастем. Чаро? Чун вуҷуди мубораки Пайғамбар (с) сареҳан эълом кард: «أنا و علی أبوا هذه الامّة». «Ман ва Алӣ ду падари ин уммат ҳастем.» Ин паёми Ошӯро аст, сухан аз имомат ва уммат нест, сухан аз падарӣ ва фарзандӣ аст. Дар ҳақиқат шиа, фарзанди Ҳусайн ибни Алӣ (а) аст. Ошӯро барои мо як мактаби фарҳангӣ ва фикрӣ аст ва мо ки шиа шудем, ин шиносномаро гирифтем ва шудем фарзандони Пайғамбар ва Алӣ ва Ҳусайн (а); бинобар ин мо хунхоҳи онҳо ҳастем.

Манбаъ: شیعه، فرزند حسین بن علی (ع) است و باید خونبهای او را بگیرد


Абулфазли Теҳронӣ дар китоби Шифоъ-ус-судур, ки дар шарҳи зиёрати Ошӯро навишта шудааст, барои соруллоҳ панҷ эҳтимол зикр кардааст:

  1. Соруллоҳ дар асл «аҳли соруллоҳ» будааст. Бинобар ин ба маънии касе аст, ки шоистаи он аст, ки Худованд хунхоҳии ӯро кунад.
  2. Кушташудае ки Худо хунхоҳи ӯст.
  3. Соруллоҳ дар асл الثائرُ لِله «ас-соиру ли-л-лоҳ» будааст, ки дар он тасҳиф рух додааст. Бинобар ин ба маънии касе аст, ки дар роҳи Худо ва барои Ӯ хунхоҳӣ кардааст.
  4. Соруллоҳ монанди айнуллоҳ (чашми Худо) ва ядуллоҳ (дасти Худо) аст, ки аз он маънии ҳақиқӣ ва зоҳирии хуни Худо ирода нашуда, балки монанди сифатҳои хабарӣ дар маънии маҷозӣ ба кор рафтааст.
  5. Сор ба маънии хуни талабшуда аст ва изофааш ба Худо аз он ҷиҳат аст, ки Худованд валии дами ҳақиқии ин хун аст.[13]

Теҳронӣ маънии аввалро ба Аллома Маҷлисӣ,[14] маънии дувумро ба Замхшарӣ, муфассири аҳли суннат, ва маънии севумро ба Турайҳӣ - нависандаи китоби Маҷмаъ-ул-баҳрайн[15] нисбат дода ва худ маънии панҷумро пазируфтааст. Барои маънии чаҳорум ҳам қоилеро зикр накарда ва онро баид донистааст.[16]

Хониши иҷтимоӣ

Алии Шариатӣ - назарияпардози муосир, миёни соруллоҳ ва мафҳуми ثَورَه («савра») ва وراثت («виросат») пайванд барқарор кардааст. Ба гуфтаи ӯ, соруллоҳ тафсиркунандаи фалсафаи таърихи инсон аст; чаро ки тамоми зиндагии инсон аз Одам то охируззамон барои таҳаққуқи хунхоҳии Ҳобил аст, ки аз насл ба насл мерасад ва дар ин хунхоҳӣ боз хунҳое рехта мешавад. Дар ин миён Имом Ҳусайн (а), ки ҳалқае аз занҷири Ҳазрати Одам то Охируззамон аст, вориси ин хунҳост, ки худ низ ба сурати «саър» даромадааст.[17]

Осори марбут

Алиакбар ибни Муҳаммадамини Лорӣ, дар қарни 13-уми ҳиҷрии қамарӣ рисолае бо номи «Шарҳи ҳадиси "Ё сораллоҳи вабна сориҳ"» навиштааст, ки мавзуи аслии он исботи тоҳорати хуни имомон аст. Дар ин рисола баҳсҳое низ дар бораи исмат вуҷуд дорад.[18] Нусхаи хаттии ин рисола ба рақами 4086 дар Китобхонаи Оятуллоҳ Маърашии Наҷафӣ мавҷуд аст.[19]

Дар ашъор

Сомити Буруҷердӣ

Бибар аз баҳри истишфо аз он турбат ба ҳамроҳат,
Гар аз маънои соруллоҳ хоҳӣ, созам огоҳат.[20]

Дар бораи Ҳазрати Зайнаб
Созгор

Эй вуҷудат тамоми соруллоҳ,
В-эй аломдори боми соруллоҳ.
Пойдори ҳамешаи тавҳид,
Посдори қиёми соруллоҳ.
Ба ту дин муттакист то маҳшар,
Аз ту поянда номи соруллоҳ.
Ба қиёми ҳусайнгунаи ту,
То қиёмат саломи соруллоҳ.
Ҳар каломи ту як ҳамосаи хун,
Ҳар нафас як паёми соруллоҳ,
Ҳамраҳу ҳаммарому ҳамсангар,
Ҳамдаму ҳамкаломи соруллоҳ.[21]


Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. Ибни Қулавайҳ, Камил-уз-зиёрот, 1356ҳ.ш., саҳ.176
  2. Барои намуна ниг.: Ибни Қулавайҳ, Камил-уз-зиёрот, 1356ҳ.ш., саҳ.176, 195, 196, 199; Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.576
  3. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.576
  4. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.98, саҳ.154–155
  5. Ибни Румӣ, Девон, 1411ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.27, ба нақл аз Донишномаи ҷаҳони Ислом, мадхали Соруллоҳ
  6. Абулфарҷи Исфаҳонӣ, Мақотил-ут-толибийин, Дор-ул-маърифа, саҳ.506
  7. Ризоӣ Теҳронӣ, Сад нукта аз ҳазорон, Муассисаи мутолеоти роҳбурдии улум ва маорифи исломӣ, 1392ҳ.ш., саҳ.295
  8. Ризоӣ Теҳронӣ, Сад нукта аз ҳазорон, 1392ҳ.ш., саҳ.295
  9. Фароҳидӣ, ал-Айн, 1410ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.236 (моддаи ثار)
  10. Забидӣ, Тоҷ-ул-арус, 1414ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.138
  11. Ибни Қулавайҳ, Камил-уз-зиёрот, 1356ҳ.ш., саҳ.218
  12. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.98, саҳ.151
  13. Теҳронӣ, Шифоъ-ус-судур, 1376ҳ.ш., саҳ.163–164
  14. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.98, саҳ.151; Маҷлисӣ, Миръот-ул-уқул, 1404ҳ.қ., ҷ.18, саҳ.298
  15. Турайҳӣ, Маҷмаъ-ул-баҳрайн, 1416ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.234–235
  16. Теҳронӣ, Шифоъ-ус-судур, саҳ.163–165
  17. Шариатӣ, Ҳусайн вориси Одам, 1381ҳ.ш., саҳ.95–106
  18. Ҳусайнӣ Ашкиварӣ, Феҳристи нусхаҳои хаттии Китобхонаи умумии Ҳазрати Оятуллоҳ Маърашии Наҷафӣ, 1354–1376ҳ.ш., ҷ.11, саҳ.99–100, ба нақл аз Донишномаи ҷаҳони Ислом, мадхали соруллоҳ
  19. «Маъхазшиносии зиёрати Ошӯро», Фарҳанги Кавсар, зимистони 1386ҳ.ш., №72, ба нақл аз Донишномаи ҷаҳони Ислом, мадхали соруллоҳ
  20. Сомити Буруҷардӣ, Ашъори мусибат рақами 26
  21. شعر مدح حضرت زينب (س) ( ای وجودت تمامِ ثارالله )

Сарчашма

  • Абулфарҷи Исфаҳонӣ, Мақотил-ут-толибийин, таҳқиқ: Сайид Аҳмад Сақр, Бейрут, Дор-ул-маърифа, бидуни таърих.
  • Забидӣ, Сайид Муҳаммад Муртазо, Тоҷ-ул-арус мин ҷавоҳир ул-қомус, таҳқиқ: Алӣ Ширӣ, Бейрут, Дор ул-Фикр, 1414ҳ.қ.
  • Ибни Румӣ, Алӣ ибни Аббос, Девон, чопи Абдуламир Алӣ Маҳно, Бейрут, 1411ҳ.қ./ 1991 м.
  • Ибни Қулавайҳ, Ҷаъфар ибни Муҳаммад, Камил-уз-зиёрот, таҳқиқ: Абдулҳусайн Аминӣ, Наҷаф, Дор ул-Муртазавия, 1356ҳ.ш.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, таҳқиқ: Алӣ Акбар Ғафорӣ ва Муҳаммад Охундӣ, Теҳрон, Дор ул-Кутуб ул-Исломия, 1407ҳ.қ.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, Дор Иҳёи Туроси Арабӣ, 1403ҳ.қ.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Миръот-ул-уқул фӣ шарҳи ахбори Оли Расул, таҳқиқ: Сайид Ҳошим Расулӣ Маҳаллотӣ, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1404ҳ.қ.
  • Ризоӣ Теҳронӣ, Алӣ, Сад нукта аз ҳазорон, нашри Муассисаи мутолеоти улуми маъорифи Ислом, Машҳад, 1392ҳ.ш.
  • Теҳронӣ, Абулфазл ибни Абулқосим, Шифоъ-ус-судур фи шарҳи зиёрат-ил-ошуро, Теҳрон, Муртазавӣ, 1376ҳ.ш.
  • Турайҳӣ, Фахруддин, Маҷмаъ-ул-баҳрайн, таҳқиқ: Сайид Аҳмад Ҳусайнӣ, Теҳрон, Китобфурӯшии Муртазавӣ, 1416ҳ.қ.
  • Фароҳидӣ, Халил ибни Аҳмад, Китоби ал-Айн, таҳқиқ: Маҳдӣ Махзумӣ ва Иброҳим Самароӣ, Қум, Ҳиҷрат, 1410ҳ.қ.
  • Шариатӣ, Алӣ, Ҳусайн вориси Одам, Теҳрон, 1381ҳ.ш.
  • Ҳусайнӣ Ашкурӣ, Аҳмад, Феҳристи нусхаҳои хаттии Китобхонаи умумии Ҳазрати Оятуллоҳ Узмо Маърашии Наҷафӣ, Қум, 1354–1376ҳ.ш.

Пайванд ба берун