Абоабдиллоҳ (куния)

Аз wikishia

Абоабдиллоҳ, кунияи Имом Ҳусайн (а) ва Имом Содиқ (а). Куния дар фарҳанги арабӣ барои эҳтиром гузоштан ба афрод ба кор меравад. Дар ривоёт, аз имомони шиа бо кунияҳои онон ёд шуда аст. Дар китобҳои равоӣ онгоҳ ки калимаи «Абоабдиллоҳ» безикри номи аслӣ ба кор меравад, мурод Имом Содиқ (а) аст.

Куния дар фарҳанги арабӣ

Ҳамчунин бибинед: Куния

Дар фарҳанги арабӣ, куния номе аст ғайр аз номи аслии шахс, ки барои эҳтиром гузоштан ба афрод ба кор меравад.[1] Кунияҳо ғолибан бо «абу/اَبو», «або/اَبا» ва «абӣ/اَبی» ва (ба маънои падар) ва «умм/اُمّ» ( ба маънои модар) оғоз мешаванд, монанди Абулҳасан, Аболқосим, Абибакр ва Уммукулсум.[2]

Кунияҳои муштараки имомон

Дар бештари аҳодис, аз имомони шиа бо кунияи онҳо ном мебаранд.[3] Бештари кунияҳои имомон байни худашон муштарак аст.[4] Барои мисол кунияи Абуҷаъфар, байни Имом Боқир (а) ва Имом ҷавод (а) муштарак аст. Ҳамчунин панҷ Имом бо кунияи Абулҳасан хонда мешаванд: Имом Алӣ (а), Имом Саҷҷод (а), Имом Козим (а), Имом Ризо (а) ва Имом Ҳодӣ (а).[5]

Корбурдҳо

Абоабдиллоҳ, ки дар забони арабӣ ба сурати Абуабдуллоҳ ва Абиабдуллоҳ ҳам ба кор меравад, байни Имом Ҳусайн (а) ва Имом Содиқ (а) муштарак аст.[6] Бар тибқи китоби Тазаллум-уз-Заҳро, Пайғамбар (с) Имом Ҳусайн (а)-ро Абоабдиллоҳ номида аст.[7] Куния гирифтани Имом Содиқ (а) ба Абоабдиллоҳ низ ба хотири дуюмин фарзандаш Абдуллоҳи Афтаҳ буда аст.[8]

Дар китобҳои ривоӣ, аҳодиси чандоне аз Имом Ҳусайн (а) нақл нашуда аст.[9] Дар муқобил, бештари аҳодиси шиа аз Имом Содиқ (а) ривоят шуда аст,[10] аз ин рӯ, дар манобеи равоӣ вақте кунияи «Абоабдиллоҳ» ба танҳоӣ ба кор меравад, яъне қайди дигаре канори он зикр нашавад, манзур Имом Содиқ (а) аст.[11]

Эзоҳ

  1. Фарҳанги Амид, зайли калимаи «куния».
  2. Фарҳанги Деҳхудо, зери калимаи «кунят».
  3. Мудиршоначӣ, Илм-ул-ҳадис, 1381ҳ.ш., саҳ.192.
  4. Мудиршоначӣ, Илм-ул-ҳадис, 1381ҳ.ш., саҳ.192.
  5. Мудиршоначӣ, Илм-ул-ҳадис, 1381ҳ.ш., саҳ.192.
  6. Мудиршоначӣ, Илм-ул-ҳадис, 1381ҳ.ш., саҳ.192.
  7. Мавсуъату калимот-ил-Имом Ҳусайн, 1415ҳ.қ., саҳ.39.
  8. Покатчӣ, «Ҷаъфари Содиқ (а), Имом», саҳ.181.
  9. Мудиршоначӣ, Илм-ул-ҳадис, 1381ҳ.ш., саҳ.192.
  10. Шаҳидӣ, Зиндагонии Имом Содиқ, 1384ҳ.ш., саҳ.61.
  11. Сайфии Мозандаронӣ, Миқёс-ур-рувот, 1422ҳ.қ., саҳ.275/ Тафришӣ, Нақд-ур-риҷол, 1418ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.317.

Сарчашма

  • Покатчӣ, Аҳмад, «Ҷаъфари Содиқ (а), Имом», Теҳрон, Маркази Доират-ул-маъорифи бузурги исломӣ, 1389ҳ.ш.
  • Тафришӣ, Мустафо, Нақд-ур-риҷол, Қум, Муассисаи Ол-ул-Байт, 1418ҳ.қ.
  • Сайфии Мозандаронӣ, Алиакбар, Миқёс-ур-рувот фи куллиёти илм-ир-риҷол, муассисаи ан-Нашр-ус-саломӣ, Қум, 1422ҳ.қ.
  • Шаҳидӣ, Сайидҷаъфар, Зиндагонии Имом Содиқ Ҷаъфар ибни Муҳаммад (а), Теҳрон, Дафтари нашри фарҳанги исломӣ, 1384ҳ.ш.
  • Фарҳанги форсии Амид.
  • Луғатномаи Деҳхудо.
  • Мудиршоначӣ, Козим, Илм-ул-ҳадис, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, чопи шонздаҳум, 1381ҳ.ш.
  • Маъҳаду таҳқиқоти Боқир-ул-улум, Мавсуъату калимот-ил-Имом Ҳусайн, Қум, Дониш, чопи дувум, 1415ҳ.қ./1374ҳ.ш.