Муҳаддаса (лақаб)
Бо муҳаддис иштибоҳ нашавад.
Муҳаддаса (арабӣ: المُحَدَّثة) аз лақабҳои ҳазрати Фотима (с) аст, ба маънои зане ки фариштагон бо ӯ сухан мегӯянд. Ин лақаб, дар ривоёт, дар бораи занони дигаре ҳамчун Марям (с) ва Сора низ ба кор рафтааст. Гуфта шуда фариштагон дар мавзуъоте монанди ибрози таслият, ахбори муъминон ва оянда, бо ҳазрати Заҳро (с) сухан гуфтаанд.
Имкони сухан гуфтани фариштагон бо имомон ва ҳазрати Фотима (с) аз ақоиди шиаён дониста шудааст. Бархе аз аҳли суннат, ба ҳамин далел, ба шиаён нисбат медиҳанд ки қоил ба набуввати имомон ҳастанд. Ба гуфтаи Аллома Аминӣ, нависандаи ал-Ғадир, имкони ҳамсуҳбатӣ бо малоика барои ғайри паёмбарон, мавриди иттифоқи шиаён ва аҳл суннат аст ва онҳо танҳо дар бораи масодиқи он ихтилофи назар доранд.
Муҳаддаса, лақаби ҳазрати Заҳро (с)
Бар асоси ривоёти шиа, лақаби муҳаддаса яке аз алқоби ҳазрати Заҳро (с)[1] ва яке аз номҳои нӯҳгонаи ӯст.[2] Албата мутобиқ бо ривоёти шиъӣ, лақаби муҳаддаса, барои ҳазрати Марям (с), модари ҳазрати Мӯсо (а) ва Сора низ ба кор рафтааст.[3]
Дар ривоёти марбут ба Мусҳафи Фотима ба гунаҳои мухталиф ба муҳаддаса будани ҳазрати Заҳро (с), тасреҳ шудааст.[4] Дар зиёратномаи ҳазрати Фотима низ аз ӯ бо унвон «ал-муҳаддасат-ул-ъалима» ёд шудааст.[5]
Маънои муҳаддаса
«Аз он ҷиҳат ҳазрати Фотима (с)-ро муҳаддаса номиданд, ки малоика аз осмон фурӯд меомаданд ва ҳамон гуна ки бо ҳазрати Марям (с) суҳбат мекарданд, бо ӯ низ суҳбат мекарданд ва мегуфтанд эй Фотима, Худованд туро баргузида ва поку тоҳир карда ва бар дигар занони баргузидаи ҷаҳон бартарӣ додааст.»
Муҳаддиса ба маънои касест, ки ба ӯ сухан гуфта мешавад.[6] Ба гуфтаи Аллома Аминӣ, нависандаи ал-Ғадир, истилоҳи муҳаддас барои касе ба кор меравад ки паёмбар нест; аммо фариштагон бо ӯ сухан мегӯянд.[7]
Бархе муҳтавои суҳбати малоика бо ҳазрати Фотимаро дар панҷ маврид хулоса кардаанд: таслияту таъзият, хабар аз Пайғамбар (с) ва ҷойгоҳи вай дар биҳишт, ахбори ҳаводиси оянда, ахбори фармонравоён ва ахбори муъминону кофарон.[8]
Бархе муҳаддаса ба маънои сухани гӯяндаро низ аз алқоби ҳазрати Фотима (с) донистаанд; чун мегӯянд Фотима замоне ки раҳими модараш буда бо ӯ сухан гуфтааст.[9]
Имкони сухани гуфтани Фариштагон бо ғайри анбиё
- Мақолаи аслӣ: Илҳом
Алломаи Аминӣ, эътиқод ба муҳаддас будани ҳазрати Заҳро (с) ва имомони маъсум (а)-ро аз ақоиди шиаён донистааст. Ба гуфтаи ӯ, бовар ба имкони сухани гуфтани малоика бо ғири паёмбарон мавриди иттфоқи шиа ва суннист.[11] Вай тасреҳ мекунад ки ихтилоф дар ин масаъла танҳо дар масодиқи ин афрод аст, ки ба унвони намуна шиаён бар хилофи аҳли суннат, Умар ибни Хаттобро муҳаддас намедонанд.[12]
Абдуллоҳи Қасимӣ, нависандаи салафии саъудӣ, дар китоби «ас-Сироъу байн-ал-Исломи ва-л-васания» ба ҳамин ҷиҳат, шиаёнро муттаҳам ба қабули мақоми набувват барои имомон ва ҳазрати Фотима (с) кардааст. Албата Аллома Аминӣ ба ин иттиҳом посух додааст.[13] Барои исботи ҳамсуҳбатии афроде ғайр аз паёмбарон бо фариштагон ба оёте чун ояти 42 сураи Оли Имрон, оёти 71–73 сураи Ҳуд ва ояти 7 сураи Қасас истинод кардаанд. Дар ин оёт, ба сухани гуфтани Фариштагон бо бархе аз занони покдоман дар умматҳои пешин ишора шудааст.[14]
Эзоҳ
- ↑ Шайхи Садуқ, Илал-уш-шароеъ, 1386ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.182; Табарӣ, Далоил-ул-имома, саҳ.81, ҳадиси 20; Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.14, саҳ.206, ҳадиси 23
- ↑ Шайхи Садуқ, ал-Амолӣ, 1376ҳ.ш., саҳ.592
- ↑ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.43, саҳ.79
- ↑ Ниг.: ас-Саффор, Басоир-уд-дараҷот, 1404ҳ.қ., саҳ.152; Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.18, саҳ.270, ҳадиси 34; Маҳдавирод, «Мусҳафи Фотима», саҳ.73
- ↑ Қумӣ, Мафотиҳ-ул-ҷинон, бе то, саҳ.317
- ↑ Раҳмонии Ҳамадонӣ, Фотимаи Заҳро фотимаи Заҳро (с) шодмонии дили Пайғамбар (с), 1381ҳ.ш., саҳ.244 (поварақӣ)
- ↑ Алломаи Аминӣ, ал-Ғадир, 1416ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.67
- ↑ Раҳмони Ситоиш, «Гуфтугӯи малоика бо ҳазрати Фотима (с)», саҳ.25–26
- ↑ Раҳмонии Ҳамадонӣ, Фотимаи Заҳрои Фотимаи Заҳро (с) шодмонии дили Пайғамбар (с), 1381ҳ.ш., саҳ.244 (поварақӣ)
- ↑ Қутби Ровандӣ, Алқоб-ур-Расули ва итратиҳӣ, нусхаи китобхонаи Маръашии Наҷафӣ, ба нақл аз Меҳризӣ, Садроии Хуӣ, Мироси ҳадиси шиа, 1380ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.38.
- ↑ Алломаи Аминӣ, ал-Ғадир, 1416ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.67–68
- ↑ Алломаи Аминӣ, ал-Ғадир, 1416ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.68–70
- ↑ Алломаи Аминӣ, ал-Ғадир, 1416ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.78
- ↑ Раҳмонии Ҳамадонӣ, Фотимаи Заҳрои Фотимаи Заҳро (с) шодмонии дили Пайғамбар (с), 1381ҳ.ш., саҳ.147–148; Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.43, саҳ.79
Ёддошт
Сарчашма
- Алломаи Аминӣ, Абдулҳусайн, ал-Ғадиру фи-л-китоби ва-с-суннати ва-л-адаб, Қум, Марказу ал-Ғадири ли-д-диросот-ил-исломия, 1416ҳ.қ.
- Маҳдавирод, Муҳаммадалӣ, «Мусҳафи Фотима», дар Донишномаи фотимӣ (с), ҷ.3, Теҳрон, Созмони интишороти Пажӯҳишгоҳи фарҳангу андешаи исломӣ, 1393ҳ.ш.
- Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, Муассисат-ул-вафо, 1403ҳ.қ.
- Раҳмони Ситоиш, Муҳаммадкозим, гуфтугӯи малоика бо ҳазрати Фотима (с), Ҳадиспажӯҳӣ, баҳору тобистони 1391ҳ.ш.
- Раҳмонии Ҳамадонӣ, Аҳмад, Фотимаи Заҳрои алайҳоссалом шодмонии дили Паёмбар, тарҷумаи Сайид Ҳасан Ифтхорзода Сабзаворӣ, Теҳрон, Дафтари таҳқиқоту интишороти бадар, чопи чорум, 1381ҳ.ш.
- Саффори Қумӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан ибни Фрўх, Басоир-уд-дараҷоти фи фазоили оли Муҳаммад, тасҳеҳу таълиқ: Мирзомуҳсини Кӯчабоғӣ Табрезӣ, Қум, Мактабату Оятуллоҳ-ил-ъузмо ал-Маръашӣ ан-Наҷафӣ, чопи дувум, 1404ҳ.қ.
- Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир ибни Рустам, Далоил-ул-имома, Қум, Беъсат, чопи аввал, 1413ҳ.қ.
- Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Илал-уш-шароеъ, Наҷаф, Мактабат-ул-ҳайдрия, 1386ҳ.қ.
- Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, ал-Амолӣ, Теҳрон, Китобчи, чопи шашум, 1376ҳ.ш.
- Қумӣ, Аббос, Мафотиҳ-ул-ҷинон, Қум, нашри Усва, бе то.